НАМУНАЕ АЗ АВВАЛИНҲО ДАР БОЗОРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

 Аввалин ояте, ки ба Пайғамбари гиромии Ислом(с) нозил шуд он ҳазратро ба хондан амр кард.

  1. Худованди мутаол баъд аз офаридани нахустин инсон, яъне ҳазрати Одам (алайҳис-салом) барои мутақоид кардани малоикаҳо, ки забон ба эътироз кушода буданд, барои аввалин бор тамоми ному нишонаҳоро ба Одам(а) таълим дод: و علم آدم الآسماء كلها…«Ва Худованд тамоми ному нишонаҳоро ба Одам таълим дод».

2.Аввалин касоне, ки баъд аз худою фариштагон ба якка ва ягонагии Худованд шаҳодат медиҳанд соҳибони илм ҳастанд. (Эҳёи улуми дин ҷ. 1 с.11)

3. Ягона чизе, ки онро дар рўзи қиёмат бо хуни шаҳидон вазн мекунанд, қалами уламост, ки дар ин вазнкашӣ қаламии уламо бар хуни шаҳидон сангинӣ мекунад (Канзул-уммол/ 28714).

4.Аввалин касоне, ки ба дараҷаи нубувват наздиктар ҳастанд, аҳли илманд сипас гурўҳи аҳли ҷиҳод. (Эҳёи улуми дин ҷ. 1 с. 11)

5.Нахустин омўзгор ва мураббии уммати исломӣ ва аввалин бунёнгузори воқеии фанни таълим ва парваришу омўзиш дар Ислом ҳазрати хатми мартабат Муҳаммади Мустафо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳастанд.

6.Дар аввалин набард байни сипоҳи Ислом ва сипоҳи ширк, ки бо пирўзии мусалмонон хатм шуд, аввалин тасмими Пайғамбари гиромии Ислом(с) дар бораи асирони мушрик ин буд, ки ҳар кадом аз асирони босавод, баъд аз таълим додани хондану навиштан ба даҳ нафар навҷавони мусалмон, озод хоҳанд шуд.

7.Нахустин маркази илмӣ дар таърихи Ислом масҷиди Набавӣ дар Мадина аст, ки ба василаи Пайғамбари гиромӣ (с) пас аз ҳиҷрати он ҳазрат ба Мадина дар соли аввали иқоматашон дар шаҳр, сохта шуд.

8.Аввалин касе, ки навишт ва аз қалам ҳамчун василае барои навиштан истифода кард, пайғамбари илоҳӣ ҳазрати Идрис (а) буд. «Канз-ул-уммол/32249».

9.Нахустин китобхонаи умумии исломӣ «Байт-ул-ҳикма» буд, ки китобҳои арзишманде дар ҳамаи риштаҳои илмӣ ва ба забонҳои гуногун дар он мавҷуд буд. Ин китобхона маркази бузурге барои густариши андешамандии олимони Ислом дар асрҳои миёна ба шумор меомад. Ба назари баъзеҳо ин китобхона дар асри Ҳорунар-рашид таъсис шуд. Ин китобхона дар соли 656 ҳиҷрии қамарӣ бо ҳамлаи муғулҳо аз байн рафт.

  1.  Дар нимаи дуюми асри чаҳоруми ҳиҷрии  қамарӣ як нафар саҳҳоф ба номи Ибни Надим дар сарзамини исломӣ зиндагӣ мекард. Ў тамоми номи китобҳоеро, ки барои саҳҳофӣ кардан ба ў мерасид, ҳамроҳ бо номи муаллифаш дар дафтаре ёддошт мекард.

Баъд ба ин фикр афтод, ки номи тамоми китобҳоеро, ки дар замони ў дар кишварҳои исломӣ ҳаст, ёддошт кунад. Дар натиҷа маҷмўае аз исми китобҳо бо нависандагонаш ба вуҷуд омад, ки дар ҳоли ҳозир бо номи «Феҳрасти Ибни Надим» машҳур аст. Ин аввалин феҳрести китобҳои Ҷаҳони Ислом мебошад, ки бо гузашти ҳазор сол  аз таърихи навишта шудани он, пажўҳишгарон ҳамчунон аз он истифода мекананд. Яке аз пажўҳишгарони исломӣ ба номи Тарҷумон-ул-мамолик хост бидонад аз китобҳое, ки Ибни Надим дар феҳрасти худ навиштааст, кадом як имрўз вуҷуд дорад. Ин пажўҳишгар баъд аз чандин сол кўшиш натиҷаи таҳқиқи худро ироа дод ва маълум шуд, ки ба таври куллӣ аз китобҳое, ки Ибни Надим дар феҳрасти худ зикр карда, фақат 3 фоизаш боқӣ мондааст. Ва 97 фоиз аз китобҳои зикр шуда  дар феҳраст, ки дар асри чаҳоруми ҳиҷрии қамарӣ мавҷуд буда ва аз онҳо истифода мешудааст, он тавр аз байн рафтааст, ки ҳатто як нусха аз онҳоро дар ҳеҷ куҷо наметавон ёфт.

  1.  Аввалин китобҳои илмие, ки мусалмонон аз дигар забонҳо ба арабӣ тарҷума кардаанд, дар замони умавиён шурўъ шудааст. Ин кор дар замони хилофати аббосиён, махсусан дар замони Ҳорун ва Маъмун, равнақу ривоҷи бештаре пайдо кардааст. Маъмун — халифаи аббосӣ номае ба подшоҳи Рум навишт ва аз ў хост маҷмўае аз китобҳои қадимиро, ки дар шаҳрҳои Рум буд барои ў фиристад. Подшоҳи Рум пас аз гуфтугўи бисёр ин дархостро пазируфт.

Фиристодагони Маъмун ончиро, ки аз шаҳрҳои Рум ёфтанд ва писандиданд ҷамъоварӣ карда ба назди халифа бурданд. Маъмун дастур дод, то он китобҳоро тарҷума кунанд. Албатта ин ҳаракати илмӣ дар замони умавиёну аббосиён поягузорӣ нашуда буд, балки ин натиҷаи таълимоти арзишманди  Ислом дар заминаи илм буд: اطلبوا العم و لو بالصين«Илмро талаб кунед агарчӣ дар дуртарин нуқтаи олам бошад.»

  1.  Сидней Фишер (S.Fisher) дар яке аз мақолаҳояш иқрор мекунад, ки аввалин донишгоҳи исломӣ дар Ҷаҳони Ислом «Донишгоҳи Қуртуба» (дар Испониё) буд, ки ба дасти Абдураҳмони сеюм дар миёнаҳои асри даҳуми мелодӣ кушода шуд. Дар ҳоле ки қадимтарин донишгоҳҳои аврупоӣ дар асри давоздаҳуми мелодӣ таъсис шуда ва аз назари идорӣ ва омўзишӣ то ҳадди зиёде пайрави донишгоҳҳои исломӣ будааст.
  2.  Аввалин касе, ки дар Ислом илмро тақсимбандӣ кард, Расули Акрам (с) буданд. Ҳазрат фармуданд:

العلم علمان: علم الاد يان و علم الا بدان «Илм ба ду даста аст: Илми дин, шариат ва маънавият ва дигарӣ илми тану бадану ҷисмоният». Ҳазрати Алӣ (а) дар тақсимбандии дигаре мефармоянд:

العلوم اربعة الفقه للاديان والطب للابدان والنحو للسان والنجوم لمعرفة الا زمان

«Илмҳо чаҳор дастаанд: дастаи аввал илми фиқҳ аст, ки барои фаҳму дарки дину шарит мебошад, дастаи дуюм илми тиб аст, ки барои табобати инсонҳост, дастаи сеюм илми қоидаву қонуни забонҳост ва дастаи чаҳорўм илми нуҷум аст, ки барои шинохти вақту замон ба кор меояд». Аврупоиён нахустин радабандии илму донишро аз мусалмонон яъне аз радабандии Форобӣ гирифтаанд.

  1.  Нахустин илми назарие, ки донишмандони исломӣ ба он таваҷҷўҳ намуданд, илми ҳайат ва риёзиёт буд. Шукуфоии илми риёзӣ ба дасти мусалмонон ва ривоҷу равнақи он дар Ҷаҳони Ислом баъзеҳоро ба ин водор кардааст, ки онро мўъҷизаи исломӣ ба ҳисоб оваранд. Ҷино Лория (Gino Loria) як муҳаққиқи итолиёӣ ин воқеиятро дар фасле аз таърихи риёзиёти худ онҷо, ки дар бораи риёзиёти мусалмонон сухан мегўяд, мўъҷизаи арабӣ — исломӣ меномад.
  2.  Нахустин риёзидоне, ки дар бораи муодилоти дараҷаҳои аввал, дуюм ва сеюм таҳқиқи муназзам ва илмӣ анҷом дод ва барои он табақабандии дақиқе ташкил дод, Умари Хайём буд.
  3.  Аввалин касе, ки дар бораи замин назарияҳои дурустро матраҳ кард Абўрайҳони Берунӣ буд. Ў дар бораи замин гуфта буд: Заминдаргирдимеҳварихудмечархад”. Дар ҳоле ки бисёре аз донишмандони аврупоӣ ба беҳаракат будани замин эътиқод доштанд. Ў ҳамчунин аз пешгомони назарияи «таъини муҳити замин» ва «андозагириҳои дақиқ дар бораи нисф-ун-наҳор (нисфи рўз) буд».
  4.  Аввалин касе, ки вожаи «ҷабр»-ро ба кор бурд ва дар бораи илми «ҷабр» мутолиаҳои дақиқ ва муназзам анҷом дод ва онро аз илми «ҳисоб» ҷудо кард, Муҳаммад ибни Мўсои Хоразмӣ риёзидони бузурги исломӣ аст. Вай буд, ки аввалин китобро дар боби «ҷабру муқобила» таълиф кард. Номи Хоразмӣ ба шакли Алгоритм (Algorism) дар Аврупо баробари фанни муҳосиба қарор гирифт, чунончи номи китоб низ ба шакли Алгебра (Algebra) ба унвони илми ҷабр боқӣ монд.
  5.  Нақши мусалмонон дар ривоҷ ёфтани илмҳои ақлӣ монанди мантиқу фалсафа низ хеле муҳим буд.

Мусалмонон аввалин касоне буданд, ки китобҳои дар ин бора навишташударо аз юнонӣ ё суриёнӣ ба арабӣ тарҷума карданд, ки баъдан дар асрҳои миёна мавриди таваҷҷўҳи аврупоиён қарор гирифт. Дуруст аст, ки мусалмонон сармашқи илмии мантиқу фалсафаро аз навиштаҳои олимони юнонӣ гирифтаанд, вале чун аслу асоси он ду илмро пешвоёни дини Ислом баён карда буданд лизо мавриди таваҷҷўҳи мусалмонон қарор гирифт. Аз ҷумла фармоишоти бисёр амиқ ва файласуфонаи ҳазрати Алӣ(к) дар бораи зоту сифатҳои илоҳӣ гўёи ин матлаб аст. Ҳазрати Алӣ(к) аввалин тарроҳи баҳсҳои ақлӣ дар маорифи исломӣ ба ҳисоб меоянд. Мусалмонон баъд аз тарҷумаи китобҳои фалсафӣ, дар бораи он мутолиаҳои зиёд ва бисёр дақиқ анҷом доданд ва ба онҳо шарҳҳо ва таълиқаҳо навиштанд. Дар ҳақиқат назарияҳои донишмандони юнониро нақду баррасӣ карда баъд аз бартараф кардани камбудиҳояш онро комил намуданд. Аввалин номи дурахшон дар фалсафаи исломӣ иборат буд аз Яъқуб ибни Исҳоқи Киндӣ (вафот 260 ҳ.қ). Баъд аз ў Абўнасри Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Рушд, Умари Хайём ва ғайраро метавон аз аввалин пешгомони ин илм ба ҳисоб овард. Китобҳои баъзе аз ин олимон ҳанўз дар марказҳои илмии аврупо мавриди истифода қарор дорад. Фалсафаю ҳикмат ончунон дар домани ислом рушду шукуфоӣ намуд, ки баъзе аз муҳаққиқони аврупоӣ монанди Роҷер Бейкн тасреҳ мекарданд, ки фалсафаро бояд аз китобҳои арабӣ (исломӣ) ёд гирифт. Дар донишгоҳи Париж низ муддатҳои дароз фалсафаю ҳикмати исломӣ дарс дода мешуд.

  1.  Аввалин касе, ки барои аввалин бор назарияи пизишикиро дар бораи «айнияи чашм» матраҳ кард, табибу донишманди бузурги Ислом Абў-Алӣ ибни Сино буд. Қисмати рангинии чашмро «айния» мегўянд, ки гавҳараки чашм дар миёнаи он қарор дорад. Ибни Сино дар зимни мутолиоту таҳқиқоти тўлонӣ дар бораи айния фаҳмид, ки баъд аз ба вуҷуд омадани баъзе аз бемориҳо нишонаҳое дар айния зоҳир мешавад. То ҳатто ин донишманди бузург фаҳмида буд, ки баъзе аз бемориҳо пеш аз он ки зоҳир шавад лаккаҳои сафедеро дар атрофи доираи айния ба вуҷуд меоварад ва замоне, ки беморӣ ошкор шуд лаккаҳои сафед аз байн рафта ҷояшон тирамонанд мешавад. Ин яке аз иктишофоти табиби барҷаста Ибни Сино мебошад, ки то поёни асри 19 донишмандони илми тиб ба он таваҷҷўҳ накарда буданд.
  2.  Имрўзҳо аксарияти мардум тасаввур мекунанд, ки падидаи пайванд кардани узви бадани як нафар ба дигарӣ як падидаи ҷарроҳии асри бистум аст ва ҳол он ки табибони номдори исломӣ Абулқосим Заҳровӣ ва Ибни Сино ҳазор сол пеш аз ин мавзўъ огоҳӣ доштаанд.
  3.  Аввалин касе, ки соли 1745 дар Аврупо «оби марворид» (як навъ бемории чашм)-ро ҷарроҳӣ кард шахсе ба номи Давили Фаронсавӣ будааст. Вале 600 сол пеш ин гуна ҷарроҳӣ ба дасти табиби мусалмоне ба номи Имод ибни Алии Мувассалӣ анҷом гирифтааст.
  4.  Аввалин рисолаи муҳим дар бораи табобати касалиҳои чашмро мусалмонон тавассути Алӣ ибни Исои Бағдодӣ дар асри чаҳоруми ҳиҷрии қамарӣ навиштаанд ва онро «Тазкират-ул-куҳҳолин» номиданд.
  5.  Закариёи Розӣ нахустин бор спиртро ба унвони моеи зидди чирку бадбўӣ аз қатраҳои қанд ва нишоста (крахмал) ба даст овард.
  6.  Колбудшикофӣ (шикофтани бадан) аз навовариҳои табибони мусалмон ба шумор меояд.
  7.  Аввалин касе, ки ба робитаи U ва V пай бурд Ибни Ҳайсам физикдон ва нуршиноси бузурги Ислом буд. Ин кашфи Ибни Ҳайсам пояи асосӣ барои тарроҳӣ кардани василаҳои нурӣ монанди микроскоп ва телескоп қарор гирифт. Ибни Ҳайсамро аврупоиён ба сабаби номаш «Ал-Ҳасан» Alhasen мехонанд ва олимони асри миёнаи Аврупо борҳо номи ўро дар китобҳояшон зикр кардаанд. Ў ҳамчунин яке аз бузургтарин муҳаққиқони илми «манозир» (оптика) ба ҳисоб меояд.
  8. Аввалин касе, ки «устурлоб» (аз олатҳои нуҷумии қадим, ки барои баъзе аз андозагириҳои нуҷумӣ истифода мешавад) сохт, олими нуҷум Муҳаммади Фазории Атфонӣ (вафот 161 ҳ.қ.) будааст. Бархе сохтани устурлобро ба падари ў Иброҳими Фазорӣ нисбат додаанд.
  9. Абўмаъшари Балхӣ дар бораи илми нуҷум китобе навишт ба номи «Ал-Мадхал-ул-кабир». Ў дар ин китоб таъсири Моҳро дар масъалаи ҷазру мадд баррасӣ кард. Ва аврупоиён дар асрҳои миёна қонунҳои ҷазру маддро аз китоби вай омўхтанд. Волтер (1694-1778), яке аз донишмандони аврупоӣ мегўяд: «Дар давраҳои нодонӣ ва ваҳшигарӣ ва пас аз суқути императории Рум, масеҳиён ҳамаи чиз монанди ҳайат, химия, тиб, риёзиёт ва ғайраро аз мусалмонон омўхтанд». Масеҳиён ночор шуданд, ки аз   ҳамон асрҳои аввалияи ҳиҷрӣ барои гирифтани илмҳои рўзмарра ба сўи онон (мусалсонон) рўй оваранд.
  10. Ҷобир ибни Ҳайён яке аз шахсиятҳои бузурги илмист, ки дар фанни «химия» маҳорати фавқулодда дошт.

Ҷобир дар дунёи илм ба «падари кимиё» маъруф аст. Ў ҳар мавзўи илмиеро, ки баён мекунад онро ба Имом Содиқ(а) нисбат медиҳад. Дар Аврупо ўро ба номи Gebir мешиносанд.

  1. Абўрайҳони Берунӣ дар масъалаи вазни махсуси ҷисмҳо таҳқиқҳои илмӣ кард ва вазни 16 ҷисмро бо чунон диққате таъин намуд, ки тақрибан бо илми имрўз мувофиқ аст.
  2. Аввалин соат, ки аз бузургтарин асарҳои санъатӣ ба шумор меояд, дар замони Ҳорун — халифаи аббосӣ ба дасти мусалмонон ихтироъ шуд. Ҳорун соати ихтироъшударо барои подшоҳи он вақтаи Франсия ба унвони тўҳфа фиристод. Густав Ли Бен (G. Le Bon 1841-1931) мегўяд: «Аввалин бор мусалмонон буданд, ки раққосакро дар соат истифода карданд».

Сухани поёнӣ

Яке аз шарқшиносон ба номи Ҷозеф Маккобӣ мегўяд: «Хидмати мусалмонҳо танҳо ин набуд, ки илмро аз роҳи таҳқиқу иктишоф тараққӣ диҳанд, балки рўҳи махсусе ба колбуди он дамида ва ба василаи навиштану гуфтан, таҳриру нигориш ва мадрасаҳои олӣ онро дар дунё интишор доданд. Ва аз ин роҳ ба дунёи илму маорифи аврупо эҳсон намуданд, ки наметавон барои он ҳадде тасаввур кард. Мусалмонон асрҳо устоди илму дониши миллатҳои Аврупо буданд.

(Густав Ле Бон (G. le Bon) файласуфи аврупоӣ дар китоби худ «Тамаддуни ислом ва араб» менависад: «Мо (аврупоиён) дар ин рўзҳо ифтихор мекунем, ки ҳар кадом аз қисматҳои илму фанро ба воситаи кашфи ҳақиқатҳои нав дурусту равшан намуда онро аз назарияҳои ботилу нодурусти гузаштагон берун рондаем, аммо барои сабабу иллати кашфи ин ҳақиқатҳо ҳеҷ таваҷҷўҳе накардаем, ки аз куҷо ин фикр ва ҳаракати «ислоҳӣ» (дурусту равшан намудан) барои аврупоиён ҳосил гардид? Бояд бо камоли сароҳат гуфт: Ҳақиқат ин аст, ки таърихнигорони асрҳои гузашта аслан ҳеҷгоҳ ба ин нукта напардохтаанд ва ҳатто то 50 сол пеш касе набуд, ки бар ин ҳақиқат огоҳ бошад, зеро бисёрии нависандагон аз худ таассуби ҷоҳилона нишон медоданд. Ва аввалин касе, ки ин ҳақиқатро шуҷоона баён кард, Вашинкен Оминк буд, ки гуфт: Кохи тамаддуни мо (аврупоиҳо)-ро дастҳои тавонои илму фанну дониши мусалмонон бино намуданд ва миллатҳои аврупоию масеҳӣ ҳар куҷо ҳастанд мадюни мусалмонҳо мебошанд».

Хайруллоҳ Файзуллоҳ

 

 

 

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,