Қуръони карим ҳадяи илоҳӣ барои башар ва барои ҳидояту роҳнамоӣ ва ноҷоти ӯст. Китобе, ки лозим аст дар он тадаббур, тафаккур ва таъаққул намоем ва онро ба хубӣ бифаҳмем ва даркаш кунем ва ба хубӣ тафсираш намуда ва қонуни зиндагии хештан қарораш диҳем.
» الَر كِتَابٌ أَنزَلْنَاهُ إِلَيْكَ لِتُخْرِجَ النَّاسَ مِنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ بِإِذْنِ رَبِّهِمْ إِلَى صِرَاطِ الْعَزِيزِ الْحَمِيدِ «
Тарҷумаи оят:” Алиф, Лом, Ро китобест, ки онро ба сӯи ту фуруд овардем то мардумро ба изну иҷозаи Парвардигорашон аз торикиҳо ба сӯи рушаноӣ берун оварӣ. Ба сӯи он шикастнопазири сутуда ва ҳамид”. [1]
Худоро сипос мегӯем, ки ба мо тавфиқ иноят фармуд то дар масири нуронӣ ва муқаддаси хидмат ба остони ду сиқли ба амонат ниҳодаи Расули акрам (с) яъне, Қуръону Аҳли Байти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) гом бардорем ва ин роҳи мубораки ин бузургворонро улгӯ ва сармашқи хеш қарор диҳем то рӯҳи нозанини Расули Худо (с)-ро аз худ розӣ ва хушнуд гардонем.
”قال زيد بن أرقم رضي الله عنه: قال رسول الله صلى الله عليه (وآله) و سلم : إني تارك فيكم الثقلين كتاب الله و أهل بيتي و إنهما لن يتفرقا حتى يردا علي الحوض. “
Тарҷумаи ҳадис: Зайд ибни Арқам мегӯяд: Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи( ва олиҳи) ва саллам) фармуданд: Ман дар байни шумо ду чизи боарзишеро мегузорам ва он ду, китоби Худо ва Аҳли Байтам ҳастанд. Ҳамоно он ду ҳаргиз аз ҳам ҷудо намешаванд то ин ки дар сари ҳавз бар ман ворид шаванд.[2]
Тафсир ва тафосир
Худованд дар Қуръони маҷид хитоб ба ҳазрати Муҳаммад (с) ҳадаф аз фуру фиристодани Қуръонро тафсири он баро мардум дониста ва мефармояд:
« … وَأَنزَلْنَا إِلَيْكَ الذِّكْرَ لِتُبَيِّنَ لِلنَّاسِ مَا نُزِّلَ إِلَيْهِمْ وَلَعَلَّهُمْ يَتَفَكَّرُونَ »
Тарҷумаи оят: “… Ва ин Қуръонро ба сӯи ту фуруд овардем то барои мардум он чизеро, ки ба сӯи онҳо нозил шуда аст тавзеҳ диҳӣ. Ва умедворем, ки андеша кунанд”.[3]
Таърифи Тафсир
Тафсир дар луғат ба маънои “кашф”, “парда бардорӣ”, ва “баён” аст[4] ва дар истилоҳ ба маънои тавзеҳи ибҳомоти калимот ва ҷумлаҳои Қуръони карим ва баёни мақосиду аҳдофи онҳост.[5]
Ишорае ба таърихчаи Тафсир
Аввалин муфассири Қуръони маҷид, Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) аст, ки Худованд ба ӯ фармон дод то Қуръонро барои мардум тафсир ва нуктаҳои ногуфта ва мубҳаму равшан набудаи онро баён намояд.[6] Ба ҳамин хотир он ҳазрат матолиби оёти Қуръонро барои мардум тавзеҳ медоданд ва ё ба пурсишҳои асҳобашон дар мавриди оёт посух мегуфтанд. Баъд аз реҳлати Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) амири мӯъминон, ҳазрати Алӣ (саломуллоҳ алайҳ), ва фарзандони он бузургвор ва бахе аз саҳобагону тобеон низ ба тафсири Қуръон пардохтанд ва дар солҳои баъдӣ аҳодису ривоёти тафсирии онон навишта шуд ва тафсирҳои ривоӣ падид омад, ки ба чанд намуна аз ин тафосир аз муфассирони Ҷаъфарӣ ва Аҳли Суннат ишора мекунем.
Тафосири аҳли Ташаюъ
- Тафсири Айёшӣ, навиштаи Муҳаммад ибни Масъуди Айёшӣ (мутаваффои 320 ҳ.қамарӣ)
- Тафсири Софӣ, навиштаи Мулло Муҳсини Файзи Кошонӣ (мутаваффои 1091 ҳ.қамарӣ)
- Тафсири маъруфи Албурҳон, навиштаи Баҳронӣ (мутаваффои 1107 ҳ.қамарӣ)
- Тафсири Нуруссақалайн, навиштаи Ъурусӣ Ҳувайзӣ (мутаваффои 1112 ҳ.қамарӣ)
Тафосири аҳли Суннат
- Тафсири Ҷомеъулбаён, навиштаи Табарӣ (мутаваффои 1112 ҳ.қамарӣ)
- Тафсири Дуррулмансур, навиштаи Суютӣ (мутаваффои 1112 ҳ.қамарӣ)
Сипас дар қарнҳои баъдӣ тафсирҳои иҷтиҳодӣ ба вуҷуд омад, ки муфассирон илова бар аҳодис, дидгоҳҳои тафсирии худро низ баён мекарданд.
Тафсирҳои иҷтиҳодии Аҳли Ташаюъ
- Тафсири Тибён, навиштаи шайхи Тӯсӣ (мутаваффои 460 ҳ.қамарӣ)
- Тафсири Маҷмаъулбаён, навиштаи шайхи Табарсӣ (мутаваффои 548 ҳ.қамарӣ)
- Тафсири Равзулҷанон, навиштаи Абӯлвутуҳи Розӣ (қарни шашум)
- Тафсири Алмизон, навиштаи Аллома Таботабоӣ (мутаваффои 1402 ҳ.қамарӣ)
- Тафсири Намуна, навиштаи Алломаи фақеҳ, Макорими Шерозӣ (муъосир)[7]
Тафсирҳои иҷтиҳодии Аҳли Суннат
- Тафсири Кашшоф, навиштаи Замахшарӣ (мутаваффои 538 ҳ.қамарӣ)
- Тафсири Мафотиҳулғайб, навиштаи Фахри Розӣ (мутаваффои 602 ҳ.қамарӣ)
- Тафсири Анворуттанзил, навиштаи Байзовӣ (мутаваффои 691 ҳ.қамарӣ)
- Тафсири Фи-Зилолилқуръон, навиштаи Сайиди Қутб (мутаваффои 1386 ҳ.қамарӣ)
Равишҳо ва гиройишҳои тафсирӣ
Дар миёни муфассирон равишҳои тафсирии зиёд ва гуногуне пайдо мешавад, ки иборатанд аз:
Равиши тафсири Қуръон ба Қуръон
Равиши тафсири Ақлӣ
Равиши тафсири Ривоӣ
Равиши тафсири Қуръон ба Қуръон
Равиши тафсири Илмӣ
Равиши тафсири Ишорӣ[8]
Равиши тафсири ба Раъй
Равиш тафсири ба раъй дар миёни ҳамаи муфассирони исломӣ мамнӯъ буда ва “ҳаром” мебошад.[9] Ҳамон тавре ки дар ҷаҳон тафсири гиройишҳои Иҷтимоӣ, Фиқҳӣ, Каломӣ, Фалсафӣ, Адабӣ ва ғ. ба вуҷуд омад.[10]
Ин равишҳо гоҳе ба унвони тафсири тартибӣ -аз аввали ҳар сура то поёни он- ва гоҳе ба сурати тафсири мавзӯъӣ ба анҷом расида аст. Албатта лозим ба зикр аст, ки тавзеҳи таърихи тафсир ва баёни равишҳо ва гиройишҳо аз аҳдофи мо нест ва дар ин мухтасар ҳам наметавонем ба он бипардозем. Бинобарин ба баёни чанд нукта басанда ва иктифо мекунем.
Нуктаҳо
- Тафсири Қуръон, дониши шарифу пок ва дар ҷомеъаи башарӣ беандоза муҳим аст ва ин барои ҳеҷ касе пӯшида нест. Ҳамон тавре ки Қуръони карим сиқли акбар аст, дониши тафсир ва улуми Қуръон низ бо азамат буда ва имрӯза ба сурати як риштаи мустақил дар улуми исломӣ пайгирӣ мешавад. Ва зикри ин матлабро дар инҷо лозим медонам, ки дониши тафсир, мукаддимаи донишҳои дигар ҳамчун Фиқҳ, Каломи исломӣ ва ғ. низ ба шумор меравад.
- Ҳадафи Қуръони карим тарбияти инсон ва ҳидояти ӯ ба сӯи Парвардигори олам аст. Бинобарин барои қуръонпажӯҳ лозим ва зарурӣ аст, ки ба ин ҳадафи муқаддасу асосӣ таваҷҷӯҳ дошта бошад ва кӯшишу талош намояд то дармони дардҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ва ақидатии худро аз Қуръон бихоҳад ва оёти Қуръонро бар зиндагии хеш татбиқ дода ва пиёда созанд.
- Дониши тафсир, маротиб ва дараҷоти гуногун ва мутаъаддиде дорад ва барои фаҳму тафсири комили ҳар оят ё мвзӯъи қуръонӣ, лозим аст аз тамоми равишҳо ва гиройишҳои саҳеҳу дуруст –дар ҳар маврид ба таносуби он- истифода шавад. Ҳамон тавре ки лозим аст ба тафсирҳои гузаштагонамон муроҷиъа намуда ва ба тафаккур дар мавриди оёт бипардозем. Албатта ин матлаб ниёзманди талошу кӯшиш ва тахассуси кофӣ мебошад. Бинобарин дар гоми аввал беҳтар аст бо муҳтавои Қуръони карим ба сурати содда ва равон ошно шавем ва дар гомҳои баъдӣ аз тафсирҳои дигар ва равишҳо ва гиройишҳои мутанаввеъ истифода кунем.[11]
[1] Сураи Иброҳим, ояти 1
[2] Мустадраки Ҳоким, ҷ 3, саҳ 160, р 4711.
[3] Сураи Наҳл, ояти 44
[4] Муфрадоти Роғиби Исфаҳонӣ. Қомуси Қуръон, маддаи “фасара”-فَسَرَ-
[5] Тафсири Алмизон, ҷ 1, саҳ 4. Дароамде бар тафсири илмии Қуръон, Муҳаммадалии Ризоии Исфаҳонӣ, саҳ 935
[6] Сураи Наҳл, ояти 44
[7] Табақоти муфассирони Шиъа, навиштаи Ақиқии Бахшоишӣ. Равишҳои тафсири Қуръон, навиштаи Муаддаб
[8] Ботинӣ, Суфӣ, Шуҳӯдӣ
[9] Дарсномаи равишҳо ва гиройишҳои тафсирӣ, навиштаи Муҳаммадалии Ризоии Исфаҳонӣ.
Равишҳои тафсири Қуръон, навиштаи Муаддаб.
Равишҳо ва гиройишҳои тафсирӣ, навиштаи Алавимеҳр.
[10] Ҳамон мадрак
[11] Тафсири мавзӯъӣ, Муҳаммадалии Ризоии Исфаҳонӣ