Бисёре аз оёти Қуръон баёнгари ин ҳақиқатанд, ки Паёмбари Ислом(с) бар дигар паёмбарон бартарӣ дорад ва ончиро, ки анбиё аз Худованд дархост мекарданд, Худованд он чизҳоро бе он ки паёмбар дархост кунад ба Паёмбари Акрам(с) додааст. Дар ин навиштор намунаҳое аз он чи баён шуд пешкаши шумо мегардад.
1- Ҳазрати Одам(а) талаби мағфират кард.
[1]«وَإِن لَّمْ تَغْفِرْ لَنَا».
Худованд ба Паёмбари Акрам(с) муждаи мағфират дод.
[2]«لِيَغْفِرَ لَكَ اللَّهُ»
2- Ҳазрати Нуҳ(а) нобудии душманонро дархост кард.
[3] «وَقَالَ نُوحٌ رَّبِّ لَا تَذَرْ عَلَى الْأَرْضِ مِنَ الْكَافِرِينَ دَيَّارًا»
Худованд ба Паёмбари Акрам(с) мужда дод, ки шарри душманонро аз ту дур мекунем.
[4]«إِنَّا كَفَيْنَاكَ الْمُسْتَهْزِئِينَ»
3- Ҳазрати Иброҳим(а) аз Худованд хост то дар рӯзи қиёмат хору залил ва расво нашавад:
[5] «وَلَا تُخْزِنِي يَوْمَ يُبْعَثُونَ».
Худованд ба Паёмбари Акрам ваъдаи хор нашудан дод.
[6] «يَوْمَ لَا يُخْزِي اللَّهُ النَّبِيَّ»
4- Ҳазрати Шуайб(а) аз Худо талаби пирӯзӣ кард: [7] «رَبَّنَا افْتَحْ بَيْنَنَا»
Ба Паёмбари Акрам(с) муждаи нусрату пирӯзӣ дода шудааст.
[8]«وَيَنصُرَكَ اللَّهُ»
5- Ҳазрати Мӯсо(а) гуфт: Парвардигоро! Ба ман шарҳи садр иноят кун.
«قَالَ رَبِّ اشْرَحْ لِي صَدْرِي[9]»
Худованд ба Паёмбари Акрам(с) шарҳи садр иноят кард.
[10] «أَلَمْ نَشْرَحْ لَكَ صَدْرَكَ»
6- Ҳазрати Мӯсо(а) аз Худо осон шудани корҳоро дархост кард.
[11]«َيَسِّرْ لِي أَمْرِي»
Ба Паёмбари Акрам(с) муждаи осон шудани корҳо дода шуд.
[12]“وَنُيَسِّرُك لِلْيُسْرَى”
7- Ҳазрати Иброҳим(а) дар миёни шӯълаҳои оташ танҳо Худоро ба ёд овард ва гуфт: Худо маро бас аст: [13]«حَسْبِيَ اللّهُ»
Худованд ба ҳабибаш фармуд: Худо туро кифоят мекунад:
[14] «يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ حَسْبُكَ اللّهُ »
8- Ҳазрати Иброҳим (а) гуфт: [15]« إِنِّي ذَاهِبٌ إِلَى رَبِّيяъне “ман ба сӯи Парвардигорам раҳсипорам”.
Худованд Муҳаммад(с)-ро ба сӯи худаш бурд:
[16] « سُبْحَانَ الَّذِي أَسْرَى بِعَبْدِهِ لَيْلاً مِّنَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ».
9- Ҳазрати Иброҳим(а) аз Худованд дархост кард то номи некӯ барояш қарор диҳад:
[17]«وَاجْعَل لِّي لِسَانَ صِدْقٍ».
Худованд ба ҳабибаш фармуд: Ва ҳамоно мо ёди ту ва номи туро ба авҷи аъло расондем: [18]«وَرَفَعْنَا لَكَ ذِكْرَكَ».
10- Ҳазрати Иброҳим(а) ба Худованд савганд хӯрд:
[19]«وَتَاللَّهِ لَأَكِيدَنَّ أَصْنَامَكُم ».
Худованд ба ҷони Паёмбараш ҳазрати Муҳаммад(с) қасам хӯрд:
[20] «لَعَمْرُكَ…».
11- Ҳазрати Иброҳим(а) бо восита ба мақоми қурби Худованд расид:
«وَكَذَلِكَ نُرِي إِبْرَاهِيمَ مَلَكُوتَ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ[21]…».
Ҳабиби Худо(с) бевосита ба андозае ба Худо наздик мешавад, ки дар ақл наояд:
[22]«ثُمَّ دَنَا فَتَدَلَّى،فَكَانَ قَابَ قَوْسَيْنِ أَوْ أَدْنَى».
12- Ҳазрати Иброҳим аз Худованд дархост кард: Худоё! Худат ману фарзандонамро аз ибодати бутҳо дур кун:
[23] “وَاجْنُبْنِي وَبَنِيَّ أَن نَّعْبُدَ الأَصْنَامَ “
Худованд дар бораи аҳли байти ҳазрати Муҳаммад(с) мефармояд:
[24] « إِنَّمَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيُذْهِبَ عَنكُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ الْبَيْتِ وَيُطَهِّرَكُمْ تَطْهِيرًا »
Яъне ҳамоно Худованд мехоҳад, ки палидию нопокиро аз шумо “Аҳли байт” дур кунад ва шуморо поку тоҳир гардонад”.
Ин фазилат махсуси хонадони Паёмбар(с) аст ва ба ҳеҷ каси дигар дода нашудааст, зеро бо «إنما» ҳаср шудааст. Чӣ мақоме болотар аз ин, ки Худованд дар бораи Паёмбараш мефармояд: “Парвардигорат туро ба мақоми шоиста мабъус намояд”:
[25] «عَسَى أَن يَبْعَثَكَ رَبُّكَ مَقَامًا مَّحْمُودًا».
Марҳуми аллома Таботабоӣ мегӯяд: Худованд мақоми паёмбарашро бе ягон қайд ба «Маҳмуд» тавсиф кард, ин мақоме аст, ки ҳама ӯро ситоиш мекунад ва он кас, ки ҳама уро меситоянд бегумон мавриди пазириши ҳама аст ва ҳама аз ӯ баҳраманд мешаванд. Аз ин рӯ «мақоми Маҳмуд»-ро ба мақоме, ки тамоми халқ ӯро бар он сано мегӯяд ва он мақоми шафоати кубро дар рузи қиёмат аст тафсир кардаанд.[26]
Ғайр аз Паёмбари Акрам(с) кист, ки Худованд ва фариштагон барояш салому дуруд бифиристанд ва он гоҳ Худованд ба мӯъминон дастур диҳад, ки шумо ҳам бояд бар ӯ дуруд бифиристед:
« إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا[27]»
Гунаҳкорон ва табаҳкорон дар ҳар асре паёмбарашонро ба беақлӣ ва гумроҳӣ мутаҳам мекарданд, вале паёмбарон ба дастури Худо аз худ дифоъ карда мегуфтанд:,[28] вале вақте ин иттиҳомро ба паёмбари хотам нисбат доданд худи Худо аз расулаш дифоъ кард ва фармуд:[29]
Умедворем Худованд моро дар шинохти Паёмбар(с) ва шукри ин неъмати гаронбаҳояш тавфиқ диҳад.[30]
[1] . Аъроф, 23.
[2] . Фатҳ, 2.
[3] . Нуҳ, 26.
[4] . Ҳиҷр, 95.
[5] . Шуаро, 87.
[6] . Таҳрим, 8.
[7] . Аъроф, 89.
[8] . Фатҳ, 3.
[9] . Тоҳо, 25.
[10] . Шарҳ, 1.
[11] . Тоҳо 26.
[12] . Аъло, 8.
[13] . Тавба, 129.
[14] . Анфол, 64.
[15] . Соффот,99
[16] . Исро,1.
[17] . Шуаро,84.
[18] . Шарҳ, 4.
[19] . Анбиё,57.
[20] . Ҳиҷр, 72.
[21] . Анъом,75.
[22] . Наҷм, 8-9.
[23] . Иброҳим,35.
[24] . Аҳзоб,33.
[25] . Исро,79.
[26] . Алмизон, ҷ.13, с.175.
[27] . Аҳзоб, 56.
[28] . Аъроф 67.
[29] . Наҷм 2 Ҷаводии Омулӣ тафсири мавзӯии Қуръон, ҷ.9, с.95,.
[30] . Мустафо Амирӣ, маҷаллаи Башорат № 46, таҳияиДостони Ҳақназарзода.