Лутфи ҳақ

­Модари Мусо чу Мусоро ба Нил,

Дарфиканд аз гуфтаи Рабби Ҷалил.

Худ зи соҳил кард бо ҳасрат нигоҳ,

Гуфт к-эй фарзанди хурди бегуноҳ.

Гар фаромушат кунад лутфи Худой,

Чун раҳӣ з-ин киштии бенохудой.

Гар наёрад Эзади покат ба ёд,

Об, хокатро диҳад ногаҳ ба бод.

Ваҳй омад к-ин чи фикри ботил аст,

Раҳрави мо инак андар манзил аст.

Пардаи шакро барандоз аз миён,

То бубинӣ суд кардӣ ё зиён.

Мо гирифтем ончиро андохтӣ,

Дасти ҳақро дидиву нашнохтӣ.

Дар ту танҳо ишқу меҳри модарист,

Шеваи мо адлу бандапарварист.

Нест бозӣ кори ҳақ, худро мабоз,

Ончи бурдем аз ту, боз орем боз.

Парвини Эътисомӣ

 

Охирин матолиб

Хутбаи оташини Имом Ҳусейн(рз) дар Карбало

Хутбаи оташини Имом Ҳусайн(рз) ба лашкари Язид Матни хутбаи аввал: أَيُّهَا النَّاسُ اسْمَعُوا قَوْلِي وَ لَا تَعْجَلُوا حَتَّى أَعِظَكُمْ بِمَا يَحِقُّ لَكُمْ عَلَيَّ وَ حَتَّى...

Таъини ҳазрати Алӣ(рз) аз сӯи Паёмбар Акрам(с) ба унвони имому раҳбари уммати исломӣ

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим قال الله نعالی: وَمَا آتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانْتَهُوا ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۖ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ.  Ҳар ончӣ Паёмбар(с)...

Фазилати даҳаи аввали моҳи Зилҳиҷҷа

Фазилати даҳаи аввали моҳи Зилҳиҷҷа Расули Худо (с) мефармоянд: ما مِنْ أيامٍ العملُ الصالحُ فيهنَّ أحبُّ إلى اللهِ مِنْ هذهِ الأيامِ العشرِ Ҳеҷ айёме нест,...

Ҳасодат офати дин ва дӯнё

Ҳасад ҳолатест, ки инсон аз дидани неъмати дигарон нороҳат мешавад ва  ранҷ мебарад ва орзӯ мекунад, ки он неъмат аз онҳо гирифта шавад[1], ҳатто агар...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *