Далелҳои ҷашни мавлуди Паёмбари Раҳмат(с) 1

Mуқаддима

Маҳфили ҷашни мавлудии ҳазрати Расули Акрам(с) садҳо сол аст, ки дар кишварҳои исломӣ барпо мешавад ва бо истиқболи бисёр гарми мусулмонон рӯ ба рӯ аст.[Танҳо гуруҳе, ки худро ваҳҳобӣ ё салафӣ медонанд, бо он мухолифанд. Аз онҷое, ки Худои Мутаол номи ҳабибашро баланд гардонида аст, самараи ин каҷандешӣ ва мухолифатҳо чизе ҷуз исботи ҷаҳлу нодонии худи онон бар ҳамагон нест.]

Дар ин навишта саъй намудем то бархе далелҳои ҷоиз ва матлуб будани ҷашни мавлуди Набавӣ(с)-ро аз Қуръону аҳодис, суханони олимону далелҳои ақлӣ баён намоем:

1. Далелҳо аз Қуръон

а) Хушҳолӣ барои гаронбаҳотарин раҳмати Худо

Худои Мутаол мефармояд:

(قُلْ بِفَضْلِ اللَّهِ وَ بِرَحْمَتِهِ فَبِذلِكَ فَلْيَفْرَحُوا هُوَ خَيْرٌ مِمَّا يَجْمَعُون)

“Бигӯ ба фазлу раҳмати Худо, бояд хушҳол шаванд, ки ин аз он чизҳое, ки ҷамъ кардаанд, беҳтар аст.”[Сураи Юнус, ояти 58]

Худои Мутаол ба мо амр карда аст, ки бояд ба фазлу раҳматаш шодмон бошем ва Паёмбари Аъзам(с) бузургтарин ва гаронбаҳотарин фазлу раҳмати илоҳист, ки дар Қуръони Карим мехонем:

(وَ ما أَرْسَلْناكَ إِلاَّ رَحْمَةً لِلْعالَمين)

“Ва мо туро ҷуз барои раҳмати ҷаҳониён нафиристодем”.[Cураи Анбиё, ояти 107]

Пас барои ин раҳмат бояд хурсандӣ кунем.

б) Баланд кардани ному ёди Паёмбари Аъзам(с)

Дар Қуръони Карим мехонем:

(وَ رَفَعْنا لَكَ ذِكْرَك)

“Ва овозаи ёди (номи) туро баланд гардонидем.”[Cураи Иншироҳ, ояти 4]

Уммати исломӣ ба пайравӣ аз Қуръони Карим бояд ёду номи Расулуллоҳ(с)-ро дар ҷаҳон баланд кунанд. Агар тамоми мусулмонон бо забонҳои мухталиф ва бо ҳам ғайр аз он ки ба танҳоӣ ва ҳар рӯз анҷом медиҳанд, ба сурати ҷамъӣ низ анҷом диҳанд, таъсири хеле зиёде дорад.

2. Далелҳо аз ҳадис

а) Сабук шудани азоби дӯзах дар рӯзи таваллуди Паёмбар(с).

Дар китобҳои ҳадисӣ овардаанд: “Азоби оташи ҷаҳаннам барои Абӯлаҳаб дар рӯзҳои душанбе сабук мешавад, зеро вай канизаки худ “Сувайба”-ро ба хотири хушҳолӣ аз таваллуди ҳазрати Паёмбар(с) озод кардааст”.[Дар китоби Саҳеҳи Бухорӣ, китобунникоҳ, боби 21, ҳадиси 5101 ва низ Ибни Касир дар Сираи набавӣ, ҷ.2, саҳ. 273 ва ҳамчунин Ибни Носируддини Димишқӣ дар китоби Мавридуссодӣ фи мавлидилҳодӣ.]

Ҳофиз Носируддин дар ин маврид шеъре сурудааст:

إذا کـان هـذا کافراً جـاءَ دمّـه                    بتبّت یداه فی الجحیم مخلدا

أتی أنّه فی یوم الاثنین دائماً                      یخفف عنه للسرور بأحمدا

فما الظن بالعبد الذی کان عمره                   بأحمد مسروراً و مات موحّدا

“Агар ин (Абӯлаҳаби) кофир, ки дар Қуръони Карим мазаммат шуда ва дастонаш дар оташи ҷаҳаннам ҳамеша сӯзон (ва бурида) аст.

Аммо дар рӯзи душанбе ба ҷиҳати хушҳолияш ба (таваллуди) Аҳмад, азоби оташ барояш сабук шавад.

Пас чӣ гумон дорӣ нисбат ба бандае, ки тамоми умр ба Аҳмад хушҳол ва дар ҳоли муваҳҳид ва яктопараст будан аз дунё меравад?”

б)Гиромӣ доштани Паёмбари Акрам(с) рӯзи таваллуди худро.

Аз Расули Худо(с) дар бораи рӯзаи рӯзи душанбе пурсиданд. Ҳазрат(с) фармуд: “Ин рӯз рӯзе аст, ки ман дар он таваллуд шудам ва ҳам рӯзе аст, ки ба паёмбарӣ фиристода шудам (ё дар ин рӯз бар ман ваҳй фиристода шуд)”. [ Саҳеҳи Муслим, китобуссиём, ҷ.2, саҳ. 819]

Ҳофиз Ибни Раҷаби Ҳанбалӣ баъд аз нақли ин ривоят мегӯяд: “Дар ин ҳадис ишорае аст ба мустаҳаб будани рӯза гирифтан дар айёме, ки неъматҳои Худо дар он рӯзгор бар бандагонаш таҷдид меёбанд, зеро бузургтарин неъмати Худо бар ин уммат,зуҳури ҳазрати Расули Акрам(с) ва ба паёмбарӣ фиристодани ӯ ба сӯи мо аст, чунон ки Худо мефармояд: Ҳамоно миннат ниҳод Худованд бар мӯъминон, он ҷо ки ба сӯи эшон фиристодае аз ҷумлаи худашон барангехт”.[Сураи Оли Имрон, ояти 164]

Пас рӯза гирифтан дар рӯзе, ки ин неъмат аз ҷониби Худо бар бандагони мӯъминаш таҷдид меёбад, некӯ ва зебост ва ин рӯза гирифтан (ба худии худ мавзӯият надорад, балки) аз ҷиҳати шукргузории неъмат ба воситаи ибрози шукрона дар замонҳое аст, ки неъмат таҷдид меёбад. Мақсуд ва ҳадаф аз он ба даст овардани муҳаббати Худо ва Расули ӯст, ба воситаи ин тоат (ки рӯза бошад) ва чӣ басо, ки ин мақсуд ба ҳар василаи дигаре (ғайр аз рӯза гирифтан) низ ҳосил шавад. Ҳукми васоил (дар дурустӣ ва нодурустӣ) ҳам ҳукми мақосид ва аҳдофро дорад, ҳар гоҳ мақсад шаръӣ бошад”.[Латоифулмаориф, саҳ. 98]

Муроди Ибни Раҷаб аз ин, ки мегӯяд: “Ва чи басо ин мақсуд ба ҳар василаи дигаре (ғайр аз рӯза гирифтан) низ ҳосил шавад” ин аст, ки агар мо дар ин рӯз ба ҳар василае (ғайр аз рӯза гирифтан), ки моро ба мақсаду ҳадаф (ба дастоварии муҳаббати Худо ва Расулаш) мерасонад, даст занем, боке надорад ва қатъан баргузории ҷашни мавлуд бо мавлудхонӣ (мисли мавлиди «Барзанҷӣ») аз васоиле аст, ки моро ба ин ҳадаф мерасонад.

 

Идома дорад…

 

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,