Далелҳои ақлии ҳиҷоби занони мусалмон

Зани мусалмон дорои панҷ асл ва мабнои фикрӣ аст,ки мувофиқи он риояти ҳиҷобро барои худ лозим медонад.
1- Эътиқод ба Худои Ҳаким

Зани мусалмон медонад, ки дар ин дунё роҳҳо ва чоҳҳои зиёде вуҷуд дорад, ки барои роҳнамоӣ ва ҳидоят бояд даст ба домани Парвардигори ҷаҳон ва холиқи инсон бишавад ва аз дастуроти ӯ пайравӣ кунад, то ӯро ба беҳтарин роҳ ҳидоят намояд.

Дар чигуна либос пӯшидан ҳам, ки яке аз ҳазорон аъмолу рафтори зиндагӣ аст,ақлам ба ман мегӯяд бояд нигоҳ кунӣ, ки он Худованде, ки бо илми бениҳоят ва бо тадбиру дироят ҷаҳонро идора мекунад, дар ин бора ба ту чӣ мегӯяд? Худое, ки хайру салоҳ ва саодати туро мехоҳад. Ҳамин Худо дар Қуръони Карим ба ман ва ба дигар занони мӯъмин фармудааст:

« وَ قُل لِّلْمُؤْمِنَاتِ يَغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَرِهِنَّ وَ يحَْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ وَ لَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَ لْيَضْرِبْنَ بخُِمُرِهِنَّ عَلىَ‏ جُيُوبهِِنَّ وَ لَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا لِبُعُولَتِهِنَّ أَوْ ءَابَائهِنَّ أَوْ ءَابَاءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ أَبْنَائهِنَّ أَوْ أَبْنَاءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنىِ إِخْوَانِهِنَّ أَوْ بَنىِ أَخَوَاتِهِنَّ أَوْ نِسَائهِنَّ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُهُنَّ أَوِ التَّابِعِينَ غَيرِْ أُوْلىِ الْارْبَةِ مِنَ الرِّجَالِ أَوِ الطِّفْلِ الَّذِينَ لَمْ يَظْهَرُواْ عَلىَ‏ عَوْرَاتِ النِّسَاءِ وَ لَا يَضْرِبْنَ بِأَرْجُلِهِنَّ لِيُعْلَمَ مَا يخُْفِينَ مِن زِينَتِهِنَّ وَ تُوبُواْ إِلىَ اللَّهِ جَمِيعًا أَيُّهَ الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكمُ‏ْ تُفْلِحُون»[1]

“Ба занони мӯъмин бигӯ: Дидаҳои худро фурӯ андозанд ва иффату зинати худро ҳифз кунанд, ҷуз ба миқдоре, ки табиатан ошкор аст намоён накунанд ва сина ва гардани худро бипӯшонанд, ҷуз дар назди шавҳар ва падари худ …»[1]. Сураи Нур,ояти 31
2- Ҳифзи назми хонавода

Хонавода поя ва асоси ҷомеаи инсонӣ аст. Агар инсон бихоҳад аз зиндагии ҳайвонӣ хориҷ шавад ва дар марҳалаи зиндагии инсонӣ қадам бигузорад бояд ташкили хонавода диҳад.

Зани мусалмон медонад, ки меҳвар ва танзимкунандаи равобити хонавода мебошад, аз ин рӯ бояд бо тамоми вуҷуд барои доштани фазои ором, бонишот, гарму самимӣ барои аҳли хонавода ва таълиму тарбияти насли ояндаи ҷомеа ва ёдгорони худ талош кунад. Ин масъала сабаб мешавад, ки дар чигунагии равобити худ бо дигарон, махсусан берун аз хонаро тавре танзим кунад, ки осебе ба муҳит ва арзишҳои хонавода нарасад. Ва ин корро бо пӯшиши либоси махсуси худ, ба дигарон мефаҳмонам.

3- Ҳифз ва нигаҳдории ғариза

  Занимусалмон медонад, ки барои таъмини ғаризаи ҷинсӣ ва хости даруниам бояд ташкили хонавода диҳам, вале то расидани замони муносиб бо кӯмаки падару модар бояд гавҳари покӣ ва иффати худро нигоҳ дорам. Ва ҳангоме ки замони муносиб фаро расид, бо роҳнамоӣ ва дастгирии падару модар издивоҷ менамоям. Ва бо пӯшидани либоси муносиб ва мутобиқи шариат, ҳам худро аз ҳар нигоҳу ҳадафи нораво ҳифз менамоям ва ҳам дигаронро ба гуноҳ ва тамаъ намеандозам, балки онҳоро   мефаҳмонам, ки расидан ба хостаи издивоҷ шароите дорад.
4- Гувоҳии таърих

Ончи аз таърихи инсонӣ ба мо хабар медиҳад, ин аст, ки дар тули қарнҳои гузашта бонувон, мутобиқи фитрати поку солими хеш, ҳиҷоб ва пӯшиши беш аз мардонро бар тан мекарданд ва ҳатто дар Эрони Бостон ва дар миёни қавми Яҳуд ва эҳтимолан дар Ҳинд, ин пӯшиш вуҷуд доштааст.
5- Парҳез аз тақлиди куркурона ва носанҷида

Тақлиди куркурона сабаби нобудии мақоми инсоният аст, зеро дар ин сурат инсон шахсияти инсониашро фаромӯш мекунад ва зимоми хешро дар ихтиёри дигарон қарор медиҳад ва фурӯмоя мегардад.

Зани мусалмон чун танҳо ба дастури Худои худ гӯш мекунад ва аз ӯ итоат менамояд, фирефтаи найранги дигарон бо ҳар унвоне, ки бошад намешавад. Аз пешрафтҳои замона баҳраманд мешавад ва аз он истифода мекунад ва асири онҳо намегардад. Аз одот ва расму одоби хуби дигарон истиқбол мекунад, вале гирифтори ҳаво ва ҳаваси ғайри инсонии дигарон намегардад.

 

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...