Вазифаи мусулмонон нисбат ба ҳамдигар чист?
1- Иттиҳод ва парҳез аз тафриқа
«وَ اعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّهِ جَميعاً وَ لا تَفَرَّقُوا»[1]
»Ва ҳамагӣ ба ресмони Худо чанг бизанед ва пароканда нашавед«.
2- Меҳварияти Худо ва Пайғамбар (с)
«وَ أَطيعُوا اللَّهَ وَ رَسُولَهُ وَ لا تَنازَعُوا فَتَفْشَلُوا وَ تَذْهَبَ ريحُكُمْ وَ اصْبِرُوا إِنَّ اللَّهَ مَعَ الصَّابِرينَ»[2]
»Ва аз Худо ва фиристодаи ӯ итоат кунед ва бо ҳамдигар кашмакаш накунед, ки суст мешавед ва ҳайбати шумо аз байн меравад ва сабру шикебоӣ пеша кунед,чунки Худо бо собирон ва шикебоён аст«.
3- Бародарӣ ва ислоҳикорҳои ҳамдигар
«إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ إِخْوَةٌ فَأَصْلِحُوا بَيْنَ أَخَوَيْكُمْ وَ اتَّقُوا اللَّهَ لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ»[3]
»Дар ҳақиқат мӯъминон бародарони якдигаранд. Пас байни бародарони худ сулҳу оштӣ диҳед ва тақвои илоҳӣ пеша кунед то раҳмати Худованд шомили шумо шавад«.
4- Хайррасонӣ
«وَ تَعاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَ التَّقْوى وَ لا تَعاوَنُوا عَلَى الْإِثْمِ وَ الْعُدْوانِ وَ اتَّقُوا اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ شَديدُ الْعِقابِ»[4]
»Ва дар некӯкорӣ ва парҳезкорӣ бо якдигар ҳамкорӣ кунед ва дар гуноҳ ва ситам ба ҳам ёрӣ нарасонед ва аз Худованд битарсед, чунки Худованд сахт азоб мекунад«.
5- Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар
«كُنْتُمْ خَيْرَ أُمَّةٍ أُخْرِجَتْ لِلنَّاسِ تَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَ تَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنْكَروَ تُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ»[5]
»Шумо беҳтарин уммате ҳастед, ки барои мардум падидор шудаед. Ба хубиҳо фармон медиҳед ва аз бадиҳо ва зиштиҳо бозмедоред ва ба Худо имон доред«.
Таҳияи Ҷамшед Абдусамад