1.Муҳит:
Муҳит иборат аст аз маҷмӯае авомил ва шароите, ки фарзанд дар он рушд ва нумув пайдо карда ва зиндагӣ мекунад.
А) Хона: Авомили дигаре, ки дар тарбияти ахлоқи фарзандон муассир аст таъсироти муҳитӣ аст ва ғараз аз ин муҳит авомиле аст, ки кӯдакон дар он рушд ва зиндагӣ мекунанд. Ва ин авомил ба инсонӣ ва ғайри инсонӣ тақсим мешавад, ки манзур аз авомили инсонӣ ин аст, ки кӯдак дар чӣ хонаводае мутаваллид ва бо чӣ навъ рафторҳое ошно мегардад. Ва метавон гуфт, ки пояҳои тарбияти ахлоқии фард дар хона ниҳода шудааст. Ва хона асоси сиҳҳати ахлоқии кӯдакро бунёнгузорӣ мекунад ва арзишҳои ахлоқиро аз муҳити хона фаро мегирад. Ба хотири ҳамин, оёт ва ривоёте дорем, ки мефармоянд: Барои доштани фарзанди солим ва солеҳ дар интихоби ҳамсар камоли диққатро бинамоед. Чун Қуръон аз ҷинси зан таъбир ба “ҳарс” (замини қобили кишт) ва ё таъбир ба “ум” (реша ва асл) кардааст ва дар ривояте, ки Паёмбар(с) асҳобашро аз издивоҷ бо “خضراء الدمن”боз медорад вақте асҳоб аз эшон пурсиданд “خضراء الدمن” кист? Ҳазрат мефармоянд: Зеборӯёне, ки дар хонаводаи носолеҳ рушд кардаанд. Ин худ баёнгари сарнавиштсози хонавода дар тарбияти ахлоқии фарзанд аст. Бинобар ин агар модаре бо салоҳияте набошад наметавонад меваи ширин ба бор оварад. Аз ин рӯ поксозии муҳити хона ва ироаи улгуҳои шоиста аз масъулиятҳои ҷиддии волидайн аст. Ҳазрати имом Хумайнӣ(рҳ) бо ишора ба таъсири муҳити хона, махсусан нақши модар дар сарнавишти фарзанд мефармоянд: Домани модар бузӯргтарин мактабест, ки фарзанд дар он тарбият мешавад, фарзанд аз модар беҳтар мешунавад, то аз муаллим, пас аз байни аъзои хонавода муҳимтарин нақши тарбиятиро модар ҳатто дар даврони ҷанинӣ, рӯҳиёти модар рӯи фарзанд асари матлуб ё номуносиб дорад, лизо модаре, ки дар даврони бордорӣ тоҳир аст ва ё зикр мегӯяд ва аз ғизои ҳаром парҳез мекунад, ҳамаи инҳо дар рӯҳи фарзанд таъсири матлуб дорад ва бо ин аъмол модар базри покӣ ва таҳоратро дар рӯҳи фарзанди худ кишт мекунад.[1]
Б) Мактаб:
Конуни дуввуме, ки кӯдак пас аз хона ба онҷо пой мегузорад мактаб аст. Мактаб яке аз авомили муҳим дар тарбияти ахлоқӣ ва парвариши хусусиёти кӯдакон аст, ба ҳамин ҷиҳат даст ёфтан ба равиши саҳеҳи тадрис ва бархӯрд бо шогирдон аз аҳамияти зиёде бархӯрдор мебошад. Тамоми кормандони мактаб аз мудир гирифта, то кормандон ҳама нақши муассир дар тарбияти ахлоқӣ навниҳолон доранд. Пас бояд ҳама дар ҷиҳати рушд ва пешрафти кӯдакон бо ҳам ҳамоҳанг бошанд ва мавориди дарси низ аз фазои кофӣ бархӯрдор бошанд, то беҳтарин иттилоот дар ихтиёри донишҷӯ қарор гирад, заминаи рушди кӯдакон дар мактаб ба хотири рушди ҷисмӣ ва фикрӣ зиёд аст, тамоми барномаи мактаб аз дарсӣ. то ахлоқии ҳокима бар мактаб бар ӯ таъсир мегузорад. Пас бояд волидайн бибаранд ва аз ин таъсироти мусбат баҳраманд шаванд. Чун вақте донишомӯз аз муҳити хона ба муҳити мактаб мунтақил мешавад, шароити ҷадиде пеши рӯй қарор мегирад, аз иртибот бо дӯстон гирифта, то муаллим ва мудир ва ҳама барои ӯ тозагӣ ва таъсиргузор аст ва агар фард дар мактаб ба сурати саҳеҳ тарбият шавад дигар дар ҷомеа мушкилотофарин набуда ва фарди муқайяд хоҳад шуд. Хулоса нақши муҳит дар тарбияти кӯдакон хеле муҳим аст, пас барои тарбияти ахлоқии онҳо муҳитҳои солим интихоб шавад, то заминаи шукуфоии истеъдодҳои навниҳолон бештар фароҳам шавад ва қадам бардоштан дар роҳи хайр ва салоҳ барои кӯдакон осонтар шавад.[2]
[1]. Ҳамон, саҳ 75.
[2]. Ҳамон, саҳ 76.