ҲИҶОБИ ЗАНОН ДАР ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ(1)

Масъалаи ҳиҷоб яке аз масоиле аст, ки ба робитаи зан ва мард марбут мешавад, чун ки агар мавзӯи робита ва нигоҳ дар кор набошад, асосан тарҳи ҳиҷоб, амри беҳуда хоҳад буд. Асосан иллати лузуми пӯшиши бонувон низ ҳамин аст, ки дар маърази диди мардони номаҳрам, қарор мегиранд. Ва робитаи ҳисобнашуда дар миён, метавонад ҷарақаи шаҳавотро равшан сохта, хирмани саодати эшонро ба оташ кашад.

 Ва аз тарафи дигар ҳиҷоб яке аз аҳкоми зарурии Ислом ба шумор меояд[1]  ва ҳамаи мазоҳиб бар он иттифоқи назар доранд.

Дар Қуръони Карим ва ривояти расида аз Паёмбар(с) ва хонадонаш ва низ дар калимоти фуқаҳо, ба вуҷуби ҳиҷоб ва кайфияти он тасреҳ шудааст. Ислом аз инҳирофот ва ё зиёдаравӣ ва кутоҳие, ки дар пӯшиши занон вуҷуд дошта парҳез намуда ва дар қонунгузорӣ ҳадди мутаносиб бо хостаҳои инсониро дар назар гирифтааст.

Дар ҳиҷоби исломӣ осонгириҳои зарарнок ва сахтгириҳои бедалел вуҷуд надорад. Ҳиҷоби исломӣ он гуна, ки таммаддун ё фарҳанги  ғарб таблиғ мекунад, ба маънои ҳабси зан дар хона ё парданишинӣ ва дурӣ аз ширкат дар масоили иҷтимоӣ нест, балки ба ин маъно аст, ки зан дар муоширати худ бо мардони бегона мӯи сар ва андоми хешро бипӯшонад ва ба ҷилвагарӣ ва худнамоӣ напардозад. Чун майл ба худнамоӣ ва худороӣ, махсуси занон аст ва дар ҳеҷ ҷои дунё собиқа надорад, ки мардон аз либосҳои баданнамо ва ороишҳои таҳриккунанда истифода кунанд. Инҳирофи худнамоӣ ва бараҳнагӣ, аз инҳирофоти махсуси занон аст ва лизо дастури ҳиҷоб низ барои онон муқаррар шудааст.  Аммо ин тавр нест, ки мардон ҳиҷоб надошта бошанд, онон низ ҳиҷоб доранд, аммо ҳиҷоб ба он маънои мавриди назар, ки дар занон аст, дар мардон нест, зеро ки табиати зан ва мард бо ҳам фарқ дорад, вале аз назари луғавӣ, ҳиҷоб ба маънои пӯшиш ва сатр ва марзи зану  мард аст ва ин пӯшиш ва сатр ва марзро мардон ҳам бояд дошта бошанд. Аммо ҳиҷоб ба маънои истилоҳӣ бештар барои занон ба кор меравад ва вақте зан аъзои худро ҷуз рӯ ва дуто кафи даст аз номаҳрам бипӯшонад ва андозаи шаръие, ки дар Ислом баён шудаастро риоят намояд, мегуянд ҳиҷобро риоят кардааст. Ва дар Қуръони Карим ва ривоёт ба ин матлаб ошкоро ишора шудааст, ки дар бораи он тавзеҳ хоҳем дод.   

Ба назар мерасад, ки ҳукми вуҷуби ҳиҷоб дар соли шашуми ҳиҷрат ташреъ гардид. Шоҳид бар он, оёти сураи Нур аст, ки достони маъруфи Ифк дар он омадааст. Дар ҳамин замон буд, ки мунофиқин дар садад баромаданд бо эҷоди шоеа ва овоза  дар бораи занони Паёмбар(с) ва бо дуруст кардани музоҳиматҳое барои занони озода ба баҳонаи каниз ҳисобиданд онҳо қалби Паёмбар(с) ва мусалмононро ҷариҳадор бикунанд. Ба дунболи ин авзоъ ва шароит буд, ки Худованд оёти марбут ба пӯшишро барои бозгуӣ ба уммат нозил фармуд.

    Ҳиҷоби занон аз дидгоҳи Қуръон

Қуръони Карим китобе аст, ки барои саодат ва хушбахтии инсон омадааст. Дар ин китоби ҳидоят, оёти гуногун дар робита бо ҳудуд ва аҳкоми ҳиҷоб ва пӯшиши исломӣ, наҳваи муомила ва иртиботи занон ва мардон омадааст.

Лозим аст, ки барои огоҳии касоне, ки аз рӯи беиттилоӣ гоҳе мепурсанд, ки дар куҷои Қуръон риояти ҳиҷоби исломӣ воҷиб шудааст?! матолиберо дар ин бора ироа намоем.

Пас барои таваҷҷӯҳ ва диққати бештари мардум, ибтидо ба оёти махсус ба ҳиҷоб мепардозем, ки дар он ҳудуд ва пӯшиши зан назди марди маҳрам ва номаҳрам мушаххас шудааст. Ва дар идома низ оётеро, ки ҳудуд, шароит ва масоили марбут ба ҳиҷобро баҳс хоҳем кард.

1) Ҳиҷоб, марз ва андозаи он аз дидгоҳи Қуръони Карим  

Қуръони Карим дар бораи ҳиҷоби зан  таъкиди фаровоне намудааст, ки дар ин ҷо ба тавзеҳ ва тафсири баъзе аз  оёте, ки махсуси ҳиҷобанд мепардозем.

Дар сураи Нур чунин омадааст: 

 

>قُل لِّلْمُؤْمِنَاتِ يَغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَارِهِنَّ وَيَحْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ وَلاَ يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَلْيَضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَى‏ جُيُوبِهِنَّ وَلاَ يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا لِبُعُولَتِهِنَّ.<[2]

Ва ба занони боимон бигӯ: Чашмҳои худро (аз нигоҳи ҳавасолуд) фурӯ гиранд ва домани худро ҳифз кунанд ва зинати худро – ҷуз он миқдор, ки намоён аст – ошкор нанамоянд ва (атрофи) рӯсариҳои худро бар синаи худ афкананд, (то гардану сина бо он пӯшонида шавад) ва зинати худро ошкор насозанд, ..”

Ин оят андозаи пӯшиши, маҳорим ва ғайри маҳоримро муайян мекунад ва бар пӯшиши аврат бо ҳифозат таъкид мекунад.

А) Андозаи пӯшиш назди номаҳрам

1)  Ҳифзи аврат

<وَ يَحفَظنَ فُرُوجَهُنَّ>Занон аврати худро ҳифз намоянд. Ва чун ҳифозат ҳам ба маънои ҳифзи зоҳирӣ омада ва ҳам ба маънои ҳифзи ботинӣдар инҷо бо таваҷҷӯҳ ба қарина, мақсуд ҳифозати зоҳирӣ яъне пӯшиш аст.

Имом Ҷаъфари Содиқ(а) мефармоянд :

«کلّما کان في کتاب الله من ذکر حفظ الفرج فهو من الزنّا اِلاّ في هذا المواضع فانّه للحفظ من ان ينظر اليه.» [3]

“ Ҳарҷо ки дар Қуръон сухан аз ҳифзи фарҷ омадааст манзур покдоманӣ аз зиност, магар дар ин оят, ки манзур ҳифзи он аз нигоҳи дигарон аст.”

Ҳифз, ҳамон пӯшонидан аст бо таъкид ва шиддати бештар, зеро ҳифозат ҳамеша ҳамроҳ аст бо навъи муроқибат ва муҳкамкорӣ, ки шахсро аз ҳаводис ва иттифоқот маҳфуз бидорад.

Бинобар ин авратро бояд бодиққат ва эҳтиёти бештаре пӯшонид, то дар ҳолоти мухталиф ин пӯшиш дар ҷойгоҳи ошкор шудан қарор нагирад. Илова бар ин, ин қисмат аз оят аз умумияти бештаре бархурдор аст. Чаро ки дар ин ҳукм фарқи байни маҳорим ва ғайри маҳорим қоил нашудааст, лизо пӯшонидани он ҳатто дар муқобили маҳорим аз қабили падар, модар ва хоҳар ….. низ воҷиб аст ва танҳо мавриде, ки истисно шуда ҳамсар аст, ки далелҳои дигаре меояд ва ҳамсарро истисно мекунад.

2) Зинатҳои пинҳон ва ошкор

>وَ لاَ يُبدِينَ زِينَتَهُنَّ اِلاّ ما ظَهَرَ مِنها<

“Зинатҳои худро ошкор нанамоед, магар зинатҳое, ки пайдо аст.”

Дар ин қисмат аз оят Худованд бар занон ҳукм мекунад, ки зинатҳои худро бипӯшонанд, аммо ин ҳукмро дар мавриди зинатҳои ошкор истисно мекунад. Аввал асли матлаби зинатро баррасӣ намоем, ки дар фарҳанги исломӣ ба чӣ маъно мебошад?

Роғиби Исфаҳонӣ мегӯяд:

«والزّينَةُ بالقول المجُمَل ثلاثٌ: زِينَةٌ نَفسِيَّةٌ کالعلم والاعتِقاداتِ الحَسنةِ، و  زِينةٌ بَدَنِيَّهٌ کالقُوَّةِ و طُول القامَةِ، وَ زِينَةٌ خَارِجيَّة کالمالِ و الجاه.»

 Зинат се гуна аст:

1) Зинати нафсонӣ мисли илм ва эътиқодоти нек.

2) Зинати баданӣ монанди қувват ва баландии қомат. 

3) Зинати хориҷӣ мисли молу ҷоҳ. [4]

Дар Қуръони Карим барои зинат аз луғатҳои гуногуне истифода шудааст монанди ин оёт:

>وحَبَّبَ إِلَيْكُمُ الْإِيمَانَ وَزَيَّنَهُ فِي قُلُوبِكُمْ..<. [5]

“Худованд имонро маҳбуби шумо қарор дода ва онро дар дилҳоятон зинат бахшидааст ..”

>وأَنَّ الَّذِينَ لاَ يُؤْمِنُونَ بِالْآخِرَةِ زَيَّنَّا لَهُمْ أَعْمَالَهُمْ فَهُمْ يَعْمَهُونَ  [6]  <

“Касоне, ки ба рӯзи қиёмат имон надоранд, аъмоли   (бад) ононро барояшон зинат медиҳем, ки саргардон мешаванд.”

>زُيِّنَ لِلنَّاسِ حُبُّ الشَّهَوَاتِ مِنَ النِّسَآءِ وَالْبَنِينَ وَالْقَنَاطِيرِ الْمُقَنْطَرَةِ مِنَ الذَّهَبِ وَالْفِضَّةِ  وَالْخَيْلِ الْمُسَوَّمَةِ وَالْأَنْعَامِ وَالْحَرْثِ.< ...   [7]

Муҳаббати умури моддӣ, аз занон ва фарзандон ва амволи ҳангуфт(зиёд) аз тилло ва нуқра ва аспҳои мумтоз ва чаҳорпоён ва зироат, дар назари мардум зинат дода шудааст.”

>وَالْخَيْلَ وَالْبِغَالَ وَالْحَمِيرَ لِتَرْكَبُوهَا وَزِينَةً وَيَخْلُقُ  مَا لاَ تَعْلَمُونَ  [8] . <

“(Ҳамчунин) аспҳо ва хачир ва харҳоро офарид,  то бар онҳо савор шавед ва зинати шумо бошад ва чизҳое меофаринад, ки намедонед.”

>إِنَّا زَيَّنَّا السَّماءَ الدُّنْيَا بِزِينَةٍ الْكَوَاكِبِ[9]. <

“Мо осмони наздик (поин)ро бо ситорагон оростем.”

Дар ин оёт Худованд аз имон, амал, чаҳорпоён, хостаҳои фитрии Худододӣ, ситорагон ва зеваролот ба унвони зинат ном мебарад. Бинобар ин, зинати инсон чизе аст, ки мояи зебоии инсон бошад, чи зебоии маънавӣ монанди имон ва чи зебоиҳои ҷисмӣ монанди чеҳра ва бадан ва чи зебоиҳои хориҷӣ монанди ороиш ва либос ва зеваролот.

Дар оёти Қуръони Карим ва мавориди истифодаи ин вожа ба даст меояд, ки зинат чизе аст, ки сабаби зебоӣ мегардад, ҳол ин зебоӣ ҳақиқӣ бошад ё зоҳирӣ, зотӣ бошад ё сифотӣ, зебоии табиӣ бошад ё зебоии сохтагӣ.

Ҳол инки дар ояти ҳиҷоб наҳй шуда аз ошкор кардани зинатҳо албатта зинатҳое, ки худашон ошкоранд истисно қарор гирифтаанд. Идома дорад.

 



[1] . Баъзе аз фуқаҳои муосир мегӯянд: Асли ҳукми ҳиҷоб аз заруриёти  дини Ислом аст ва мункири он ҳукми мункири зарурӣ маҳкум ба куфр аст, магар инки маълум бошад , ки мункири Худо ё Расул нест.

[2]. Сураи Нур ояти 31

[3]. Манло яҳзараҳул фақиҳ, Шайх Садуқ, Аби Ҷаъфар, тасҳеҳи шайх Муҳаммади Охундӣ,  ҷ. 1, саҳ. 63, ҳадиси 11

[4] . Алмуфрадот фи ғарибил Қуръон, Роғиби Исфаҳонӣ, Абилқосим Ҳусейни ибни Муҳаммад, саҳ. 218

[5] . Сураи Ҳуҷурот, ояти 7

[6]. Сураи Намл, ояти 4

[7]. Сураи Оли Имрон, ояти 14

[8]. Сураи Наҳл, ояти 8

[9]. Сураи Соффот, ояти 6

Охирин матолиб

Наҳзати ҳусейнӣ ва низоми илоҳӣ2

Идомаи баҳс: Чунон ки қаблан ишора шуд, Язид касе буд, ки аҳкоми илоҳиро зойеъ мекард ва эътиқоде ба онҳо надошт. Дар маҳдудаи ҳукумати ӯ, исломи...

Тарҷумаи СУРАИ ТАВБА

СУРАИ ТАВБА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 129 оят дорад. [Ин эълони] безорӣ аст аз тарафи Худо ва Паёмбараш нисбат ба касоне аз...