Қуръон чигуна нозил шудааст?

Қуръон чигуна нозилшудааст?

Замоне ки зулм ва торикӣҳама ҷои заминро фаро гирфта буд,зурмандон ба мазлумон ситам мекарданд,мардум дар ҷаҳлунодонӣ басар мебурданд, хуни якдигарро мерехтанд ва дар як калом ба фармудаи Қуръон,дар замоне ки мардум бар лаби партгоҳи оташ қарор доштанд, (сураиОли Имронояти 103) Худо ба ҳазрати Муҳаммад(с) ваҳй фиристод ва ин гуна буд, ки аввалин ояти Қуръон бар Паёмбар (с) нозил шуд. Бештарисураҳои кӯчак монанди Ҳамд, Тавҳид вағайраба таври комил ва якҷо бар Паёмбар (с) нозил мешуд,масалан як бор,ки фиристодаи ваҳй назди Расули Худо(с) меомад,сураи Тавҳид нозилмешуд, пас аз муддате сураи дигаре нозил мешуд ва ҳамин тавр.

Вале дар ғолиби сураҳои бузург монанди БақараваНисо як сураи комил бар Паёмбар(с) нозил намешуд, балки чанд оят нозил мешуд.Барои мисол,шахсе назди Паёмбар (с) меомад ва масъалае мепурсид, пас аз муддате оят нозилмешуд ва он шахс посухи пурсиши худро дарёфт мекард ё мусулмонон гоҳе корҳои бисёр хубе, ки сазовори подоши илоҳӣ бошад анҷом медоданд ё кори зиште, ки сазовори сарзаниш бошад анҷом медоданд, дар ин сурат ояте нозил мешуд ва мусулмононро ба хотири кори хубашон ташвиқ ва ба хотири кори бадашон сарзаниш мекард. Аз кофирон мехост пайрави оини ҳақ бошанд,бо далелҳои муҳкам,вуҷуди Худованд ва қиёматро исбот мекард.[1]

Оятҳои Қуръон барои аввалин бор дар куҷо бар Паёмбар (с) нозил шуд?

Аҳолии шаҳри Макка шоҳид буданд, ки рӯзҳои пай дар пай, Муҳаммади Амин (с)аз кӯчаҳои танг ва борики шаҳр мегузашт ва ба болоикӯҳи »Ҳиро«меравад. Онҳо медонистанд, ки дар болои қуллаи кӯҳ ғори хурде вуҷуд дорад. Эҳтимол медоданд, ки Муҳаммади Амин (с), ки аз куфр ва бутпарастии онҳо ба танг омада буд болои он кӯҳ меравад. Медиданд,ки фақатҳамсараш Хадиҷа(рз)ва писарамӯи навҷавонаш Алӣ(к)ба назди ӯ мераванд ва барои »Амини Қурайш«об ва ғизо мебурданд. Оё мардуми он замон эҳтимол медоданд, ки бузургтарин ҳодисаи таърих рух медиҳад?

Муҳаммади Амин (с)дар парастишгоҳихудаш дар дили кӯҳ машғули ибодат буд ва рӯзҳо яке пас аз дигарӣмегузашт. Рӯзеҳазрати Муҳаммад(с) дар ғори Ҳиро машғули ибодати Худованд буд, ки ногаҳон бо лаззатбахштарин ва дар айни ҳол аҷоибтарин ҳодисаи умраш рӯ ба рӯ шуд. Вақте хуб муқобилашро нигоҳ кард,фариштаи ваҳй Ҷабраил(а)ро дид, киоятҳои аввали сураи “Иқраъ”-ро барояш овард ва ҳазрат ба паёмбарӣ мабъус шуд.[2]

 


[1]. Саидмуҳаммад Боқири Ҳуҷҷатӣ, Пажӯҳишҳое дар таърхи Қуръони Карим, саҳ. 66-70 ва Муҳаммадҳодии Маърифат, Таърихи Қуръони Карим, саҳ. 81-82.

[2]. Ҷаъфари Субҳонӣ, Фарозҳое аз таърихи Паёмбари Ислом(с), саҳ. 94.

Охирин матолиб

Одоби тиловати Қуръон

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...

тарҷума

Тарҷумаи СУРАИ ИСРО

СУРАИ ИСРО Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Муназзаҳ аст Зоте, ки бандаашро шабонгоҳе аз Масҷид-ул-ҳаром...