Шубҳаҳо нисбат ба ҳиҷоб ва посухи онҳо 5

6- Фалсафаи ҳиҷоб дар намоз чист? Худо, ки бо ҳама маҳрам аст. Бо вуҷуди ин ҳатто агар номаҳраме ҳам набошад, зан бояд бо пӯшиши комил намоз бихонад.

Ҷавоб:

Як: Худои Мутаол ҳаким аст. Ҳамаи аҳком ва дастурҳои дин низ дорои ҳикматҳои хоссе ҳастанд. Пай бурдан ба ҳамаи асрори ибодатҳо ва хостаҳои дин, барои мо мумкин нест, чун илми мо маҳдуд аст. Ин Худои Мутаол аст, ки бар ҳамаи замонҳо, ниёзҳо, қобилиятҳо ва… илм ва ишроф дорад. Пас агар хостае аз тарафи Худои Мутаол содир шудааст, бешак дорои осор ва ҳикматҳои зиёд ва мутааддиде аст.

Ду: Яке аз муҳимтарин аслҳои дин, даъват ва фарохони башар ба ибодат ва изҳори бандагӣ дар муқобили Худои меҳрубон аст. Мумкин аст огоҳӣ ба асрор ва ҳикматҳо, сабаби тақвияти ангезаҳо дар пайравӣ аз дастурҳои илоҳӣ шавад. Ба ҳамин далел иддае дар паи ёфтани асрор ва ҳикматҳои аҳком ҳастанд, вале сухани мо ин аст, ки набояд интизор дошта бошем тамоми осор ва асрори дастурҳои илоҳӣ барои мо равшан шавад, балки бояд бо равшан шудани як ё чанд ҳикмат, ҳамроҳ бо эътиқоде, ки ба Худои Мутаол ва таолими Ислом дорем, ба амал бипардозем.

Се: Риояти ҳиҷоб дар намоз, навъе тамрини доимӣ ва рӯзона барои ҳифзи ҳиҷоб мебошад ва яке аз авомиле аст, ки дар посдошти доимии пӯшиши исломии зан ва ҷилавгирӣ аз осебпазирии он, нақши муҳимме ифо мекунад.

Чаҳор: Вуҷуди пӯшиши якпорча барои тамоми бадан ва доштани пӯшиши махсус барои намоз, таваҷҷӯҳ ва ҳузури қалби инсонро бештар карда ва аз таваҷҷӯҳи зеҳн ба таҷаммӯлот ва чизҳои рангорангро кам мекунад, ба тавре ки арзиши намози шахс бештар мешавад.

Панҷ: Доштани пӯшиши комил дар намоз, навъе адабу эҳтиром ба мақоми бузурги Худои Мутаол аст. Аз ин рӯ ба тан кардани либоси дароз ва пӯшондани сар дар намоз, мустаҳаб ва суннат аст ва ҳамин адаби ҳузур дар пешгоҳи илоҳӣ, заминасози ҳузури маънавӣ ва ҳузур ёфтан ба маҳзари ҳақ мешавад.

Шаш: Ҳамон Худо чунин дастур додааст тавссути расулаш.
7- Худо зебост ва зебоиро дӯст дорад ва ҳиҷоб бо ин асли худоӣ дар тазод аст.
Ҷавоб:

Як: Дастур ва амр ба риояти ҳиҷоб тавассути ҳамон Худое содир шуда, ки зебост ва зебоиҳоро дӯст дорад ва асосан ҳамаи зебоиҳо офаридаи ӯст.

Ду: Дар дунё зебоиҳои зиёде вуҷуд дорад, вале барои дидани онҳо маҳдудиятҳое вуҷуд дорад. Масалан тамоми тиллоҳо ва зеваролоти ҷаҳон, тамоми осори бостонӣ ва тамоми гулҳое, ки дар табиат ёфт мешаванд, ин иҷоза мушкиле дар зебоии онҳо эҷод намекунад.

Се: Оё ҳиҷоб пӯшонандаи зан аст ё бимакунандаи зиндагии зебои ӯ?

«Ҳиҷоб ва посух ба шубаҳоти он», Аббос Р.

Охирин матолиб

Қориёни Қуръон

Қориёни Қуръон قالَ رَسُولُ اللّهِ (صَلَّىَ اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ) اَغْنَیَ النَّاسِ حَمَلَهُ الْقُرْآنِ، مَنْ جَعَلَهُ اللّهُ تَعَالی فِی جَوْفِهِ بی‌نیازترین مردم، حافظان...

Шаробхорӣ амали шайтонӣ

Шаробхорӣ амали шайтонӣ قالَ اللّهُ تَعالىَ في كّتابِهِ الْكَريمْ یأَیهَا الَّذِینَ ءَامَنُوا إِنَّمَا الخَمْرُ وَ الْمَیسرُ وَ الأَنصاب وَ الأَزْلَمُ رِجْسٌ مِّنْ عَمَلِ الشیطنِ فَاجْتَنِبُوهُ...

МАЛЪУН КИСТ?

МАЛЪУН КИСТ? قالَ رَسُولُ اللّهِ (صَلَّىَ اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ) مَلْعُونٌ مَنْ ضَارَّ مُؤْمِنًا أَوْ مَكَرَ بِهِ هر كه مؤمنى را آزار دهد...

Ёди ХУДО

Ёди ХУДО بِسْمِ اللّهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمْ قالَ اللّهُ تَعالىَ في كّتابِهِ الْكَريمْ أَلَا بِذِكْرِ اللَّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ آگاه باشید، تنها با یاد خدا دل‌ها آرامش...

Шинохти пояҳои имон

  Аз Алӣ(к) дар бораи имон пурсида шуд, фармуд: Имон бар чаҳор поя устувор аст; бар шикебоӣ, яқин, адолат ва ҷиҳод. (1) Шикебоӣ чаҳор шоха...