Шояд айб аз худамон бошад

Шояд айб аз худамон бошад

Марде мутаваҷҷеҳ шуд, ки шунавоии гӯши ҳамсараш кам шудааст. Вале намедонист ин мушкилро чигуна ба ӯ бифаҳмонад.

Аз ин сабаб, назди духтур рафт ва мушкилро ба духтур гуфт.

Духтур гуфт: Барои инки битавони дақиқтар ба ман бигӯӣ, ки андозаи ношунавоии ҳамсарат чиқадар аст, як озмоиши соддае аст, ки бо анҷом доданаш зуд маълум мешавад ва ҷавобашро ба ман бигӯ. Он озмоиш ин аст, ки дар фосилаи 4 метри бо ӯ бо садои маъмулӣ сухан бигӯ. Агар нашунид ҳамин корро дар фосилаи 3 метри такрор кун. Ва боз ҳам нашуд дар фосилаи 2 метри ва ба ҳамин тартиб, то ҷавоб бидиҳад ва он ҳад ва фосилааш мушаххас шавад.

Он шаб ҳамсари мард дар ошпазхона саргарми омода кардани таом ва мард бошад дар утоқаш нишаста буд.

Мард фикр кард аз утоқ то ошпазхона ҳудудан 4 метр аст, бигзор имтиҳон кунам ва саволашро баён кард. Баъд аз лаҳзае ҷавобе нашунид ва баъд аз ҷояш бархоста як метр ба тарафи ошпазхона рафт ва дубора пурсид ва боз ҳам чизе нашунид.

Боз ҳам пештар рафт ва саволашро бо овози маъмули такрор кард ва боз ҳам ҷавобе нашунид, ин бор, ки ҳудудан бо занаш як метр фосила дошт гуфт: “чи навъ таом омода мекунӣ?”.

Ва ин бор ҳамсараш бо овози баландтар гуфт: Азизам барои чаҳорумин бор мегӯям: “оши палав омода мекунам”.

Натиҷа: Гоҳе ҳам бад нест, ки нигоҳе ба даруни худамон бияндозем, шояд айбҳое, ки фикр ва тасаввур мекунем дар дигарон вуҷуд дорад, дар вуҷуди худамон бошад.

Охирин матолиб

Таъини ҳазрати Алӣ(рз) аз сӯи Паёмбар Акрам(с) ба унвони имому раҳбари уммати исломӣ

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим قال الله نعالی: وَمَا آتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانْتَهُوا ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۖ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ.  Ҳар ончӣ Паёмбар(с)...

Фазилати даҳаи аввали моҳи Зилҳиҷҷа

Фазилати даҳаи аввали моҳи Зилҳиҷҷа Расули Худо (с) мефармоянд: ما مِنْ أيامٍ العملُ الصالحُ فيهنَّ أحبُّ إلى اللهِ مِنْ هذهِ الأيامِ العشرِ Ҳеҷ айёме нест,...

Ҳасодат офати дин ва дӯнё

Ҳасад ҳолатест, ки инсон аз дидани неъмати дигарон нороҳат мешавад ва  ранҷ мебарад ва орзӯ мекунад, ки он неъмат аз онҳо гирифта шавад[1], ҳатто агар...

Коркарди ақл дар дини Ислом Ақл дар дини Ислом, дар фаҳм ва шинохтани ҳақиқат ва зиндагии худо писанд нақши бисёр ҳаётӣ дорад. Ақл дорои чандин...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *