Шароити муошират ва муомилаи иҷтимоӣ ва фардии зану мурд1

m z m

m z mЗан дорои ҷозибаи табиӣ барои ҷазби ҷинсӣ мухолиф(мард) аст. Яъне бе он ки худро биёрояд ва ҷозибаи худсохта барои худ фароҳам созад, ба хотири навъи хилқат ва зарофату назофату латофати табиӣ дар бадан, ҳаракоту рафтораш мардро ҷазб мекунад. Агар ба ин ҷозибаи табиӣ, ҷозибаҳои маснуие монанди ороишу атр ва …. бияфзояд, зиндагии дунёии инсонҳо ба муҳити саршор аз алоқаву ҷозиба табдил мешавад ва инсон аз вазоифу аҳдофи аслии худ боз мемонад

Дар баҳси қаблӣ ба яке аз таҳрикоти зану мард(нигоҳ) пардохтем ва ақсому мустаснаёти онро баррасӣ намудем. Акнун мехоҳем дар мавриди чигунагии муоширати занону мардон бипардозем, ба ин маъно ки риояти чӣ умуре дар баробари номаҳрам зарурӣ аст? Тарзи либос пӯшиданаш бояд чӣ гуна бошад? Навъ ва тарзи сухан гуфтану роҳ рафтани вай чӣ гуна бошад ва аз чӣ чизҳое ба унвони намунаҳои ороиш парҳез кунад ва ҷалби таваҷҷӯҳи номаҳрамон накунад? Албатта дар ин қисмат ба баъзе аз рафторҳое, ки вазифаи ҳарду(зану мард) аст низ ишора мекунем.

1-Наҳй аз худнамоӣ назди номаҳрам

Дини зиндагисози Ислом агарчи истифодаи занон аз ороиш ва бӯи хуш барои шавҳаронашонро тавсия мекунад ва ҳатто бар он таъкид дорад, вале аз тарафе истифода аз онҳоро барои бегонагон шадидан мазаммат кардааст.

Дар Қуръони Карим омадааст:

وَلَاتَبرََّجْنَتَبرَُّجَالْجَاهِلِيَّةِالْأُولى…< [1]

“Ва ҳамчун даврони ҷоҳилияти нахустин(ба худнамоӣ ва худороӣ) дар миёни мардум зоҳир нашавед….”

Муфассирон чанд маъно барои табарруҷ баён мекунанд; барои мисол дар китоби Маҳосинут таъвил дар ин боб, чанд маъно зикр шудааст:

1- Табахтур ва такаббур дар роҳ рафтан;

2- Зоҳир намудани зинат;

3- Либоси нозук пӯшидан[2]

Аммо бештари муфассирони Қуръони Карим табарруҷ ва худнамоиро ба маънои ошкор сохтани зинату зебоӣ медонанд. [3]

Қуртубӣ муфассири Қуръони Карим менависад: “Табарруҷ иборат аз ошкор намудани ончи, ки махфӣ аст, мебошад” [4]

Аз қавли Ибни Абифаҷиъ нақл шудааст

«التبرجهوالتَهتُکوابرازُالمرئةِمحاسنهاللرجال, وإظهارُزينتهالِلاَجانبَ»[5]

“Табарруҷ иборат аст аз инки зан, зебоиҳояшро барои мардон ошкор созад ва зинатҳояшро дар муқобили дидагони бегонагон қарор диҳад.”

Аз Паёмбари Акрам(с) нақл шудааст:

«عنالنبيفيحديثالمناهي: ونهياَنتنزينالمرأةلغيرزوجهافانفعلتکانحقاًعلياللهعزوجل انيحرقهابالنّار» [6]

“Паёмбар, дар ҳадисе, манъ фармуданд аз ин ки зан барои дигарон худро зебу зинат кунад, агар барои ғайри шавҳараш, худро ороиш намуд, лозим аст Худованд ӯро бо оташ бисӯзонад.”

Ва дар ҳадиси дигаре аз Паёмбари Акрам(с) нақл шудааст:

«مَثَلالرافلةِفيالذينَةِمِنغيرأهلهاکَمَثَلظُلمةيومالقيمةلانورَلها»[7]

Ҳикояти зане, ки доманкашон ва омехта ба зинат дар беруни хона роҳ меравад, чун зулумотест дар рӯзи қиёмат, ки нур надорад.”

Наҳй аз атр ва хушбӯй кардан назди номаҳрам

Дар ривоёте аз Паёмбари Акрам(с) омадааст, ки аз табарруҷ, худнамоӣ манъ шудааст, аз истеъмоли хушбӯӣ дар муқобили номаҳрам низ наҳй ва манъ шудааст, ки яке аз сабаби таҳрик ва аз масодиқи ороиш ба шумор меояд ва сабаби ҷалби таваҷҷӯҳи номаҳрамон мешавад ва чашми онҳоро ба дунболи худ мекашонад. Расули Акрам(с) дар ин замина мефармоянд:

«اذااستعطرتِالمرئةُضمرتعليالقومِليجدُواريحهافهيزانيةٌ»[8]

“Агар зане худро муаттар кунад ва бар қавме бигзарад, ки бӯи ӯро дарёбанд, зинокор аст.”

Дар ҳадиси дигаре аз Паёмбари Акрам(с) нақл шудааст:

«قالرسولالله » أيامرئَةِتطيبتلغيرزوجهاثمخَرجَتمنبيتهافهيتُلعَنُحتيتَرجَعَاليبيتها متيمارجعت»[9]

Ҳар гоҳ зане барои ғайри шавҳараш, худро муаттар намояд, сипас аз хонааш хориҷ шавад, то замоне ки ба манзилаш бармегардад, лаънат мешавад.”

[1]. Сураи Аҳзоб ояти 33

[2]. Маҳосинул таъвил, Қосими Муҳаммад Ҷамолиддин, , тасҳеҳи Муҳаммадҷавод Абдулбоқӣ, ҷ.13, саҳ 349.

[3]. Тарҷумаи тафсири Алмизон, Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусейн, ҷ.16, с 462. Низ: Табарсӣ, Абӯалӣ Фазл ибни Ҳасан, тарҷумаи Маҷмаул баён фи тафсирил Қуръон, ҷ20, с 106. Низ: Фахри Розӣ, ҷ25-26-27, саҳ 167.

[4]. Ансории Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Алҷоме лиаҳкомил Қуръон, ҷ.14, саҳ 180.

[5]. Аттафсирул мунир, ваҳбаҳ, зуҳайлӣ, ҷ.22, саҳ 10

[6]. Биҳорул анвор, Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, ҷ.103, саҳ 243.

[7]. Наҳҷул фасоҳа, Поянда, Абулкосим, саҳ. 562.

[8]. Биҳорул анвор, Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, ҷ.77, саҳ 34.

[9]. Васоил, Ҳури Омулӣ, Шайх Муҳаммад ибни Ҳасан, ҷ14, саҳ 114

Охирин матолиб

Наҳзати ҳусейнӣ ва низоми илоҳӣ2

Идомаи баҳс: Чунон ки қаблан ишора шуд, Язид касе буд, ки аҳкоми илоҳиро зойеъ мекард ва эътиқоде ба онҳо надошт. Дар маҳдудаи ҳукумати ӯ, исломи...

Тарҷумаи СУРАИ ТАВБА

СУРАИ ТАВБА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 129 оят дорад. [Ин эълони] безорӣ аст аз тарафи Худо ва Паёмбараш нисбат ба касоне аз...