Чаро Биҳишт зери қадамҳои модарон аст?

Оё ҳар зане, ки унвони модарӣ дошта бошад, Биҳишт армуғони ӯст? Мақсуд ва манзур аз инки мегӯянд: Биҳишт зери қадамҳои модарон аст, чист?

Оё эҳтиром гузоштани фарзанд ба модаре, ки ба фарзандонаш зулму ситам раво дошта аст ҷоиз аст?

Модар, ин неъмату муваҳҳибати илоҳӣ ва ин фариштаи заминӣ дар Қуръону ривоёт пайваста мавриди такриму тамҷид қарор гирифта аст. Худованди маннон илова бар ин ки ба мақому манзилати волидайн[1], подошу мукофоти азиме ваъда додаанд, таклифи фаровонеро бар уҳдаи фарзанд қарор дода аст. Расули Худо (с) ва авлиёи илоҳӣ дар ривоёти фаровоне ба баёни мақому манзилати волидайн пардохтаанд. Яке аз ин аҳодисе, ки баёнкунандаи мақоми бемислу монанди ин ҷилвае аз меҳру муҳаббати илоҳӣ мебошад, ривояти шарифаест, ки аз ҳазрати Хатми мартабат, Муҳаммади Мустафо (с) ба мо расида аст:

“عن النّبی (صلّی الله علیه و آله و سلّم):الجنة تحت أقدام الأمهات”

Расули Худо (с) фармуданд: Биҳишт зери қадамҳои модарон аст.

Дар тамоми футувватномаҳо ва ашъори шоирон барои эҳтиром ба модар аҳамияти хоссе қоил шудаанд. Дар футувватномаи Султонӣ дар фасли дуввум, боби панҷум дар тавзеҳи ин ҳадиси Расули Худо (с) омада аст: … Биҳишт зери қадамҳои модарон аст ва ҳосили ин суханро ризои Ҳақ дониста ва роҳи расидан ба равзаи Ризвонро бе ризояти модар муяссар намедонад.

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Хоҳӣ, ки ризои Ҳаққ биёбӣ,

Он кун, ки ризои модарон аст.[2]

Дар тафсири  ҳадиси зикршуда, ду ваҷҳ ба назар мерасад:

Аввал: дар зарбулмасалҳо, дар бораи шахсе, ки нисбат ба вазияти ҷуғрофиёӣ ва маконии шаҳре огоҳӣ дошта бошад, мегӯянд: “фалонӣ ҳамаи шаҳр зери пояш аст”, ин сухан киноя аз ин аст, ки ин шахс ба тамоми маконҳои шаҳр ва ҷойҳои он мусаллат аст. Ҳоло ин ҳадисе, ки Расули Худо (с) дар мавриди мақоми модар фармуд: Биҳишт зери пойи модарон аст, киноя аз ин аст, ки модар бар ҷой-ҷойи Биҳишт мусаллат аст. Агар фарзанд орзӯи Биҳштро дорад, бояд модар аз ӯ розӣ ва хушнуд бошад, чаро ки ризояти ӯ шарти вуруд ба Биҳишт аст. Агар ризояти волидайн набошад, фарзанд вориди Биҳишт намешавад.

Дуввум: ривояти дигаре, ки дар ин замина ба мо расида аст ба ин маъност, ки: “Дар зери қадамҳои модарон боғе аз боғҳои Биҳишт аст”.

Бо мушоҳидаи ин ду ривоят метавон дарёфт, ки ризоят ва хушнудии падару модар шарти ворид шудани фарзанд ба Биҳишт аст. Бар асоси ин ривоят Биҳишт дорои дараҷоти мухталифе аст, ки ҳар дараҷа тибқи лаёқат ва мақому манзалат ва истеҳқоқ ба афрод таъаллуқ мегирад. Дар ин ҳадис ҳам мартабае зикр шуда аст, ки бояд фарзандон ризояти модарро касб кунанд то мустаҳаққи ин имтиёз бошанд ва вориди Биҳишт шаванд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин матолибе, ки зикр намудем, равшан мешавад, ки маънои ривоят ин гуна нест, ки ҳар зане аз дунё биравад, вориди Биҳишт шавад, балки фақат ва фақат мақом ва қурбу манзалати модарро ба фарзанд ёдовар мешавад.

Ниёзмандиҳои кӯдак аз лиҳози рушди ҷисмӣ ва солим зистан, тағзияи кофӣ, маскан, тафреҳу саргармии солим ва беҳдошту дармон хулоса намешавад. Кӯдак замоне ниёзмандиҳояш таъмин мешавад, ки таҳти муроқибати махсус ва вижаи як инсони дилсӯз, самимӣ ва фидокор қарор гирад. Ин инсон касе ғайр аз модар наметавонад бошад. Ҳеҷ дасте барои навозиши кӯдак меҳрубонтар аз дасти модар ва ҳеҷ домане барои парвариши вай муҳимтар аз домани пур меҳру муҳаббати модар нест. Он касе, ки метавонад дар айни инки як инсони комил аст бо кӯдаки азизи худ дамсоз ва ҳамдаму ҳамроз бошад ва чун сару кораш бо кӯдак аст, забони кӯдакӣ бикушояд ва дар бархурд бо бузургсолон низ битавонад бо онҳо тафоҳум ва ҳамфикрӣ дошта бошад, “Модар” аст. Имом Хумайнӣ (рҳ) дар яке аз суханрониҳои боарзишашон фармуданд: “ аз домани зан мард ба меъроҷ меравад”. Яъне агар зан (модар) ахлоқи некӯ дошта бошад ва фарзандро дуруст ва саҳеҳ тарбият кунад, оқибати он фарзанд Биҳишт ва хушбахтӣ аст.

Савол: Оё ҳар зане, ки унвони модарӣ дошта бошад, Биҳишт армуғони ӯст? Мақсуд ва манзур аз инки мегӯянд: Биҳишт зери қадамҳои моарон аст, чист? Оё эҳтиром гузоштани фарзанд ба модаре, ки ба фарзандонаш зулму ситам раво дошта аст ҷоиз аст?

Расули Худо (с) фармуданд:

“ إذا کنت فی صلوة التّصرع فإن دعاک والدک فلا تقطعها  و إن دعتک والدک فاقطعها”

Ҳангоме ки дар ҳоли хондани намози мустаҳабӣ ҳастӣ ва падарат туро хонд ва садоят кард, намозатро қатъ накун вале агар модарат туро садо зад, намозатро қатъ кун ва ҷавобашро бидеҳ.

Луқмони ҳаким хитоб ба фарзанди хеш мефармояд:

“يا بني : إذا كنت في صلاة فاحفــــظ قلبك”

Эй фарзандам! Вақте дар пешгоҳи илоҳӣ ба намоз истодӣ, қалбатро аз фикр кардан ба ғайри Худо ҳифз ва нигаҳдорӣ кун.

Намоз бозӣ нест, ки ҳар вақт хостӣ аз он хориҷ шавӣ. Барои ворид шудан ба намоз ва хориҷ шудан аз он шароит ва вазоифи хоссе зикр намудаанд. Вале дар инҷо Расули Худо (с) мефармояд: вақте модарат садоят кард ва дар ҳангоми намози мустаҳабӣ будӣ, намозатро қатъ кун ва модаратро лаббайк гӯ.

Ҳамаи инҳо ҳикояткунандаи ин матлаб аст, ки эҳтиром ба модар бисёр лозим ва зарурӣ аст ва беэҳтиромӣ нисбат ба мақоми волои модар, ки ин ҳама заҳмату машаққатро ба хотири фарзанди азизаш таҳаммул карда ва ӯро ба воя расонда аст, оқибати шум ва нохушоянде хоҳад дошт.

Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Ранҷу заҳмати модар барои ҳеҷ бани башаре пӯшида нест ва ҳар фарди оқилу фаҳмдае аз ин мақоми шомихи модар воқиф ва огоҳ аст. Модар аз хушии хеш мегузарад то фарзандаш нохуш набошад. Модар аз хоби нози хеш мекоҳад ва то субҳ сари гаҳвораи фарзандаш бедор мемонад то фарзандаш роҳату осӯда бихобад. Ин заҳамот чизе нест, ки одам фаромӯш кунад. Ҳамаи инҳо дуруст ва айни савоб аст вале оё метавонад гӯёи ин бошад, ки зан маҳз ба хотири инки модар аст ба Биҳишт биравад? Равшан аст, ки ин гуна нест ва ворид шудан ба Биҳишти барини илоҳӣ, шароите дорад, ки барои вуруд бояд он шароит муҳаё шавад, ки ин шароит метавонад аъмолу кирдори неку писандида ва ғ. бошад. Пас Биҳишт рафтани ҳар касе бастагӣ ба аъмоли неки он фард дорад ва наметавон гуфт, ки маҳзи модар будан шароити вуруди Биҳиштро фароҳам месозад, чаро ки бисёре аз модарон вазифаи аслии хешро ба хубӣ анҷом надода ва аъмоли хуб ва шойистае ҳам надоранд.

Дар ҳадис омада аст, ки Биҳиш зери қадамҳои модарон аст на инки дар дасти онҳо бошад ва диагр аъмоли неку писандида анҷом надиҳанд.

Ҳазрати Заҳро (саломуллоҳ алайҳо) дар мавриди фалсафаи эҳсон ба падару модар мефармояд: Худованд некӣ ба падару модарро лозим ва зарурӣ намуд то шуморо аз ғазаби хеш ҳифз намояд. Ҳарчанд падару модар рафтори саҳеҳе бо фарзанд надошта бошанд вале фарзанд наметавонад нисбат ба онҳо беэҳтиромӣ намояд ва муваззаф аст, ки бо онон хушрафтор бошад ва онҳоро гиромӣ бидорад ва барои ҷалби ризояташон кӯшишу талош намояд ва набояд муқобила ба мисл кунад. Агар падару модар дар ҳаққи фарзанд кӯтоҳӣ намоянд, ин боис намешавад, ки фарзанд вазифаи хеш дар муқобили ононро нодида бигирад ва ба вазифааш амал накунад.[3]

 

 


[1] Падару модар

[2] Футувватномаи Султонӣ

[3] Канзулъуммол фи сунани валақвол,

Ислом ва ҳуқӯқи кӯдак,

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...