Тафовутҳо ва вижагиҳои таълиму тарбияти динӣ бо ғайри динӣ 5.

… Б. Мадрасаҳои динӣ.

Маҳалли дигари таълиму тарбияти динӣ, мадориси динӣ мебошад, ки қайди динӣ дар изофа бо ин макон баёнгари он аст, ки руйкарди ғайри динии таълиму тарбият, чунин чизеро надорад.

Албатта лозим ба ёдоварист, ки ин ду макон дар масъалаи таълиму тарбият дорои мазиятҳое мебошад, ки баёни онҳо муносиби ин ҷамол нест.

    1.Шахсҳо.

Аз дигар васоили таҳаққуқи таълиму тарбият чи динӣ ва чи ғайри динӣ истифода аз ашхос ва мурабӣ мебошад, ки чунон чи баён хоҳад шуд, фарқҳои таълиму тарбияти динӣ аз ғайри он, дар нафси истифода аз ин васила нест, балки дар шахсияти ин василааст ва метавон гуфт, се гурӯҳ аз ашхос, таълиму тарбиятро дар ин ду руйкард ба уҳда доранд ва он се гуруҳ иборатанд аз:

А. Муаллим ва мураббӣ.

Муаллим ва мураббӣ метавонад шомили падар ва модар ва онҳо, ки дар марокизи омӯзиши ва ғайра машғул ба таълиму тарбият ҳастанд мешавад, вале дар ин ҷо манзур ғайр аз падару модараст чунон чи маъмулан ҳамин маъно лиҳоз мегардад.

Дар таълиму тарбияти динӣ бояд муаллим ва мураббӣ диндор бошад. Бар ҳамин асос аст, ки дар адёни мухталиф, ба вижа Ислом руи шахсияти муаллим ва мураббӣ хеле таъкид шудааст, аммо дар руйкарди ғайри динӣ таълиму тарбият, агар чӣ огоҳии муаллим ва мураббӣ зарурист, вале тақаюди он ба бовари зарурат надорад. Лизо ин нукта тамоюзи таълиму тарбияти динӣ аз ғайри динӣ мебошад.

Б. Падару модар.

Гурӯҳи дигаре аз инсонҳо, ки таълиму тарбиятро дар ду навъи зикршудаи таълиму тарбият ба ӯҳда доранд падару модар мебошанд ва фарқи ин ду руйкард дар он аст, ки дар таълиму тарбияти динӣ бояд падару модар ба боварҳои динӣ муқайяд бошанд, чун дар таълиму тарбияти динӣ наметавонад касе ба иқомаи ин амри муҳим бипардозад, ки ба он дин имон надошта бошад, вале дар руйкарди ғайри динӣ таълиму тарбият ҳадафи таълиму тарбият муҳим аст, ҳол агар он тавассути падару модари мутадайин низ таҳаққуқ пайдо кунад низ ишколе надорад.

Ҷ. Ҳамнишинон.

Нақши ҳамнишин дар таълиму тарбият назди ҳарду руйкард дорои аҳаммияти фаровон аст, вале он чи нуктаи фарқи ин ду нигоҳ ба масъалаи таълиму тарбият мебошад он аст, ки монанди ду мавриди гузашта тақаюди ҳамнишин низ ба дин дар таълиму тарбияти динӣ зарурист шояд чунин амре дар руйкарди ғайри динӣ дорои зарурат набошад бар ҳамин асос аст, ки Мавлави аз нигоҳи Ислом ба ин зарурат ишора карда мефармояд:

Ҳар киро хоҳӣ шиносӣ ҳамнишинашро нигар

Зон ки муқбил дар ду олам ҳамнишини муқбиласт[1]

1-      Манобеъ.

Муҳтавои он чи тавассути он таълиму тарбият сурат мегирад (яъне василаи таълиму тарбият воқеъ мешавад) амри зарурӣ ва ҷудонопазир ин ҳавза аст, ки таҳаққуқи таълиму тарбият бидуни он имконпазир нест.

Фарқ миёни таълиму тарбияти динӣ аз ғайри динӣ дар муҳтаво он ҷост ки руйкарди динӣ ин ҳавза илова бар ёфтаҳои илм дар амри таълиму тарбият аз мутуни динӣ чи аз суханони оварандаи динӣ ва чи он чи он овардааст истифода мекунад, монанди дини Ислом. Агар чӣ бархе аз адён шояд фақат истифода аз манобеи диниро кофӣ бидонанд, вале дар таълиму тарбияти ғайри динӣ фақат аз ёфтаҳои илм истифода мешавад, ки баёни истифода аз ҳарду навъ манобеъ маҷоли густардаеро металабад.

Натиҷа:

Бар асоси он чи зикр шуд, метавон чунин натиҷа гирифт, ки ду руйкарди таълиму тарбияти динӣ ва ғайри динӣ, ҳам дар ҳадаф ва ҳам дар васила дар айни вуҷуди муштаракот мавориди имтиёзи зиёде доранд, ки ин тафовутҳо бештар рӯи ҷузъиёти як куллӣ, монанди ҳадаф ё васила аст, ки ин тамоюзҳо дар ҷузъиёт ё дар робита бо вуҷуд ё адами вуҷуди як амри ҷузъист монанди ҳадафҳои мовароуттабиӣ дар таълиму тарбияти динӣ ва адами вуҷуди он дар таълиму тарбияти ғайри динӣ, ё дар вижагии ин ҷузъиёт аст монанди зарурати мутадайин будани падару модар дар тарбияти динӣ ва ғайри он дар тарбияти ғайри динӣ.

Сулаймон Н.


[1]. Мавлавӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Девони Шамс, ғазали шумораи 402.

Охирин матолиб

Одоби тиловати Қуръон

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...

тарҷума

Тарҷумаи СУРАИ ИСРО

СУРАИ ИСРО Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Муназзаҳ аст Зоте, ки бандаашро шабонгоҳе аз Масҷид-ул-ҳаром...