Тарҷумаи тафсири сураи Саҷда (оёти 3 ва 4)

Ояти 3

>أَمْ يَقُولُونَ افْتَرَاهُ بَلْ هُوَ الْحَقُّ مِن رَّبِّكَ لِتُنذِرَقَوْمًا مَّا أَتَاهُم مِّن نَّذِيرٍ مِّن قَبْلِكَ لَعَلَّهُمْ يَهْتَدُونَ<

«Оё мегӯянд: (Паёмбар) Қуръонро ба дуруғ сохтааст? Балки он фақат ҳақ аз тарафи Парвардигорат аст, то қавмеро, ки қабл аз ту ҳеҷ ҳушдордиҳандае барояшон наёмада буд битарсонӣ, то шояд ҳидоят шаванд.»

Нуктаҳо

v   «Назир» тарсонанда, аз «инзор» ба тарсондани бо огоҳӣ гуфта мешавад, ки ҳамон ҳушдор аст.

v   Суол: Бо ин ки Қуръон мефармояд:<وَإِن مِّنْ أُمَّةٍ إِلَّا خلَا فِيهَا نَذِيرٌ>«Ҳеҷ уммате бе паёмбар набудааст»

Пас чигуна ин оя мефармояд, ки пеш аз ту ҳеҷ паёмбаре барои мардуми Макка наёмада буд?

Посух: То қабл аз Ислом, сокинони ҷазиратулараб ва мардуми Макка ба сурати уммат набуданд ва пароканда зиндагӣ мекарданд.

Паёмҳо

  1. Нақли шубоҳати динӣ ва суханони ботил, барои радди он монеъе надорад.
  2. Такзиби Қуръон, шеваи доимии куффор аст, вале шумо ҳақро бигӯед ва аз ҳидояти онон ноумед нашавед.
  3. Куффор, мантиқ надоранд, аз ин рӯ туҳмат мекунанд.
  4. Дар баробари талоши мухолифон барои тазъифи ҳақ, бояд ҳақ ва пайравони ҳақро тақвият кард.
  5. Худо сарчашмаи ҳақ аст.
  6. Худованд ба шахси Расули Акрам(с) инояти хос дорад.       
  7. Аз аҳдофи аслии беъсати анбиё(а), тарсондани мардум аст.
  8. Ошноӣ бо гузаштаи мухотаб, барои мубаллиғ лозим аст.      
  9. Инзор барои ҳидоят аст.
  10. Омадани китобу паёмбар барои маҷбур кардани инсон нест, балки ин худи инсон аст, ки бояд замина ва истеъдоди ҳидоятро дар худ ба вуҷуд оварад ва онро интихоб ва ихтиёр кунад.

 

 

Ояти 4

>اللَّهُ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا فِي سِتَّةِ أَيَّامٍ ثُمَّ اسْتَوَى عَلَى الْعَرْشِ مَا لَكُم مِّن دُونِهِ مِن وَلِيٍّ وَلَا شَفِيعٍ أَفَلَا تَتَذَكَّرُونَ<

«Худованд касест, ки осмонҳо ва замин ва ончиро миёни он ду аст, дар шаш рӯз офарид. Сипас бар арш истило ёфт. Барои шумо ҷуз ӯ ҳеҷ ёвар ва шафоаткунандае нест. Оё мутаззакир намешавед (ва панд намегиред?).»

Нуктаҳо

v   Дар забони арабӣ барои «рӯз» ду вожа ба кор меравад: яке «наҳор» ва яке «явм». Аввалӣ ба маънои рӯз дар муқобили шаб аст ва дувумӣ ба маҷмӯи рӯзу шаб ва даврае аз шабҳо ва рӯзҳо низ гуфта мешавад.

v   Бо он ки Худованд метавонист осмону заминро дар як лаҳза биёфаринад, аммо Ӯ ирода кардааст, ки офариниши мавҷудот тадриҷӣ бошад. Ин оя мефармояд: Осмонҳо ва замин дар шаш давра офарида шуданд.

Паёмҳо

  1.           Барои маҳви ширк, бояд аз қудрати Илоҳӣ ва офариниши осмонҳо ва замин сухан гуфт.
  2.             Офариниш ва мудирияти ҳастӣ, аз якдигар ҷудо нест. 
  3.            Арш, маркази тадбир ва идораи ҷаҳон аст.
  4.           Яке аз роҳҳои инзор ин аст, ки такягоҳҳо ва дилбастагиҳои моддӣ ва ғайри илоҳӣ, пучу беасар баён шаванд.
  5.             Роҳи дигари инзор, ёдоварии неъматҳост.

 Ин ҳама нақши аҷаб бар дару девори вуҷуд

Ҳар ки фикрат накунад нақш бувад бар девор

6.          Инсон дар фитрати худ ҳақоиқеро меёбад, лекин бояд бо тазаккур ва ёдоварӣ, ӯро ғафлатзудоӣ намуд.

Охирин матолиб

Қориёни Қуръон

Қориёни Қуръон قالَ رَسُولُ اللّهِ (صَلَّىَ اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ) اَغْنَیَ النَّاسِ حَمَلَهُ الْقُرْآنِ، مَنْ جَعَلَهُ اللّهُ تَعَالی فِی جَوْفِهِ بی‌نیازترین مردم، حافظان...

Шаробхорӣ амали шайтонӣ

Шаробхорӣ амали шайтонӣ قالَ اللّهُ تَعالىَ في كّتابِهِ الْكَريمْ یأَیهَا الَّذِینَ ءَامَنُوا إِنَّمَا الخَمْرُ وَ الْمَیسرُ وَ الأَنصاب وَ الأَزْلَمُ رِجْسٌ مِّنْ عَمَلِ الشیطنِ فَاجْتَنِبُوهُ...

МАЛЪУН КИСТ?

МАЛЪУН КИСТ? قالَ رَسُولُ اللّهِ (صَلَّىَ اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ) مَلْعُونٌ مَنْ ضَارَّ مُؤْمِنًا أَوْ مَكَرَ بِهِ هر كه مؤمنى را آزار دهد...

Ёди ХУДО

Ёди ХУДО بِسْمِ اللّهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمْ قالَ اللّهُ تَعالىَ في كّتابِهِ الْكَريمْ أَلَا بِذِكْرِ اللَّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ آگاه باشید، تنها با یاد خدا دل‌ها آرامش...

Шинохти пояҳои имон

  Аз Алӣ(к) дар бораи имон пурсида шуд, фармуд: Имон бар чаҳор поя устувор аст; бар шикебоӣ, яқин, адолат ва ҷиҳод. (1) Шикебоӣ чаҳор шоха...