Тарҷумаи Сураи Ҳаҷ

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 78 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1          Эй мардум! Аз (азоби) Парвардигоратон битарсед, ки зилзилаи растохез амри бузурге аст

!

2          Рўзе, ки онро мебинед, (он чунон ваҳшат саропои ҳамаро фаро мегирад, ки) ҳар модари ширдеҳе кўдаки ширхораашро фаромўш мекунад ва ҳар бордоре ҷанини худро бар замин мениҳад ва мардумро маст мебинӣ, дар ҳоле, ки маст нестанд, вале азоби Худо шадид аст!

3          Гурўҳе аз мардум, бе ҳеҷ илму донише ба муҷодила дар бораи Худо бармехезанд ва аз ҳар шайтони саркаше пайравӣ мекунанд.

4          Бар ў навишта шуда, ки ҳар кас вилояташро бар гардан ниҳад, ба таври ҳатмӣ гумроҳаш месозад ва ба оташи сўзон роҳнамоияш мекунад.

5          Эй мардум! Агар дар растохез шак доред, (ба ин нукта таваҷҷўҳ кунед, ки:) Мо шуморо аз хок офаридем, сипас аз нутфа ва баъд аз хуни басташуда, сипас аз «музға» (чизе шабеҳи гўшти ҷавидашуда), ки баъзе дорои шаклу хилқат аст ва баъзе бе шакл, то барои шумо равшан созем, (ки бар ҳар чиз қодирем). Ва ҷанинҳоеро, ки бихоҳем, то муддати муайяне дар раҳим (-и модарон) қарор медиҳем (ва он чиро бихоҳем соқит мекунем), баъд шуморо ба сурати тифл берун меоварем, сипас мақсад ин аст, ки ба ҳадди рушду булуғи худ бирасед. Дар ин миён баъзе аз шумо мемиранд ва баъзе он қадар умр мекунанд, ки ба бадтарин марҳалаи зиндагӣ (ва пирӣ) мерасанд, он чунон, ки баъд аз илму огоҳӣ, чизе намедонанд. (Аз сўи дигар), заминро (дар фасли зимистонд) хушку мурда мебинӣ, аммо ҳангоме, ки оби борон бар он мефиристем, ба ҳаракат дармеояд ва мерўяд ва аз ҳар гуна гиёҳони зебо мерўёнад.

6          Ин ба хотири он аст, ки (бидонед) Худованд ҳақ аст ва Ўст, ки мурдагонро зинда мекунад ва бар ҳар чизе Тавоност.

7          Ва ин ки растохез омаданӣ аст ва шакке дар он нест ва Худованд тамоми касонеро, ки дар қабрҳо ҳастанд, зинда мекунад.

8          Ва гурўҳе аз мардум, бе ҳеҷ дониш ва ҳеҷ ҳидоят ва китоби равшанибахше дар бораи Худо муҷодила мекунанд.

9          Онҳо бо такаббур ва беэътиноӣ (нисбат ба суханони илоҳӣ), мехоҳанд мардумро аз роҳи Худо гумроҳ созанд. Барои онон дар дунё расвоӣ аст ва дар қиёмат, азоби сўзон ба онҳо мечашонем!

10       Ва ба онон мегўем:) Ин дар баробари чизе аст, ки дастҳоятон аз пеш барои шумо фиристода ва Худованд ҳаргиз ба бандагон зулм намекунад.

11        Аз миёни мардум касе аст, ки Худоро танҳо бо забон мепарастад (ва имони қалбияш бисёр заиф аст). Ҳамин, ки (дунё ба ў рў кунад ва нафъ ва) хайре ба ў бирасад, ҳолати итминон пайдо мекунад, аммо агар мусибате барои имтиҳон ба ў бирасад, дигаргун мешавад (ва ба куфр рў меоварад). (Ба ин тартиб) ҳам дунёро аз даст додааст ва ҳам охиратро. Ва ин ҳамон хусрон ва зиёни ошкор аст.

12        Ў ҷуз Худо касеро мехонад, ки на зиёне ба ў мерасонад ва на суде. Ин ҳамон гумроҳии бисёр амиқ аст.

13        Ў касеро мехонад, ки зиёнаш аз нафъаш наздиктар аст, чӣ мавло ва ёвари баде ва чӣ мўнис ва муошири баде!

14        Худованд касонеро, ки имон оварда ва аъмоли солеҳ анҷом додаанд, дар боғҳое аз биҳишт дохил мекунад, ки наҳрҳо аз зери дарахтонаш ҷорӣ аст. (Оре), Худо ҳар чиро ирода кунад, анҷом медиҳад.

15        Ҳар кас гумон мекунад, ки Худо Пайғамбарашро дар дунё ва охират ёрӣ нахоҳад кард (ва аз ин назар асабонӣ аст, ҳар коре аз дасташ сохта аст, бикунад), ресмоне ба сақфи хонаи худ овезад ва худро ҳалқовез ва нафси худро қатъ кунад (ва то лабаи партгоҳи марг пеш равад), бубинад оё ин кор хашми ўро фурў менишонад?!

16        Ин гуна мо он (Қуръон)-ро ба сурати оятҳои равшане нозил кардем ва Худованд ҳар касро бихоҳад, ҳидоят мекунад.

17        Ҳатман касоне, ки имон овардаанд ва яҳуд ва собион (ситорапарастон) ва насоро ва маҷус ва мушрикон, Худованд дар миёни онон рўзи қиёмат доварӣ мекунад (ва ҳақро аз ботил ҷудо месозад). Худованд бар ҳар чиз гувоҳ (ва аз ҳама чиз огоҳ) аст.

18        Оё надидӣ, ки тамоми касоне, ки дар осмонҳо ва касоне, ки дар заминанд, барои Худо саҷда мекунанд?! Ва (ҳамчунин) хуршеду моҳ ва ситорагон ва кўҳҳо ва дарахтон ва ҷунбандагон ва бисёре аз мардум! Аммо бисёре (ибо доранд ва) фармони азоб дар бораи онон ҳатмӣ аст. Ва ҳар касро Худованд хор кунад, касе ўро гиромӣ нахоҳад дошт. Худованд ҳар корро бихоҳад (ва салоҳ бидонад), анҷом медиҳад.

19        Инҳо ду гурўҳанд, ки дар бораи Парвардигорашон ба мухосимаву ҷидол пардохтанд. Касоне, ки кофир шуданд, либосҳое аз оташ барои онҳо бурида шуда ва мойеи сўзон ва ҷўшон бар сарашон рехта мешавад.

20        Он чунон ки ҳам дарунашон бо он об мешавад ва ҳам пўстҳояшон.

21        Ва барои онҳо гурзҳое аз оҳан (-и сўзон) аст.

22        Ҳар гоҳ бихоҳанд аз ғаму андўҳҳои дўзах хориҷ шаванд, онҳоро ба он бозмегардонанд ва (ба онон гуфта мешаванд:) Бичашед азоби сўзонро!

23        Худованд касонеро, ки имон оварда ва аъмоли солеҳ анҷом додаанд, дар боғҳое аз биҳишт дохил мекунад, ки аз зери дарахтонаш наҳрҳо ҷорӣ аст. Онон бо дастбандҳое аз тилло ва марворид зинат мешаванд ва дар он ҷо либосҳояшон аз ҳарир аст.

24        Ва ба сўи суханони покиза ҳидоят мешаванд ва ба роҳи Худованди шоистаи ситоиш, роҳнамоӣ мегарданд.

25        Касоне, ки кофир шуданд ва мўъминонро аз роҳи Худо боздоштанд ва (ҳамчунин) аз Масҷид-ул-ҳаром, ки онро барои ҳамаи мардум, баробар қарор додем, чӣ касоне, ки дар он ҷо зиндагӣ мекунанд ё аз нуқоти дур дохил мешаванд, (мустаҳиққи азоби дардноканд). Ва ҳар кас бихоҳад дар ин сарзамин аз роҳи ҳақ мунҳариф гардад ва даст ба ситам занад, мо аз азоби дардноке ба ў мечашонем!

26        (Ба хотир биёвар) замонеро, ки ҷои хона (-и Қаъба)-ро барои Иброҳим омода сохтем, (то хонаро бино кунад. Ва ба ў гуфтем:) Чизеро ҳамтои Ман қарор мадеҳ ва хонаамро барои тавофкунандагон ва қиёмкунандагон ва рукўъкунандагон ва суҷудкунандагон (аз олудагии бутҳо ва аз ҳар гуна олудагӣ) пок соз.

27        Ва мардумро даъвати умумӣ ба ҳаҷ кун, то пиёда ва савора бар маркабҳои лоғар аз ҳар роҳи дуре ба сўи ту биёянд,

28        То шоҳиди манофеи гуногуни худ (дар ин барномаи ҳаётбахш) бошанд. Ва дар айёми муайяне номи Худоро, бар чаҳорпоёне, ки ба онон додааст, (дар ҳангоми қурбонӣ кардан) бибаранд. Пас аз гўшти онҳо бихўред ва бенавои фақирро низ итъом намоед.

29        Сипас, бояд олудагиҳояшонро бартараф созанд ва ба назрҳои худ вафо кунанд ва бар гирди хонаи гиромии Каъба, тавоф кунанд.

30        (Маносики ҳаҷ) ин аст. Ва ҳар кас барномаҳои илоҳиро бузург дорад, назди Парвардигораш барои ў беҳтар аст. Ва чаҳорпоён барои шумо ҳалол шудааст, магар он чӣ (манъ буданаш) бар шумо хонда мешавад. Аз бутҳои палид дурӣ кунед ва аз сухани ботил парҳез кунед.

31        (Барнома ва маносики ҳаҷро анҷом диҳед), дар ҳоле, ки ҳамагӣ холис барои Худо бошад. Ҳеҷ гуна ҳамтое барои Ў қоил нашавед. Ва ҳар кас ҳамтое барои Худо қарор диҳад, гўё аз осмон суқут кардааст ва паррандагон (дар васати ҳаво) ўро мерубоянд ва ё тундбод ўро ба ҷои дурдасте партоб мекунад.

32        Ин аст (маносики ҳаҷ). Ва ҳар кас шаоири илоҳиро бузург дорад, ин кор нишонаи тақвои дилҳост.

33        Дар он (ҳайвоноти қурбонӣ), манфиатҳое барои шумост, то замон муайяне (рўзи зибҳи онҳо), сипас маҳалли он, хонаи қадимӣ ва гиромӣ (-и Қаъба) аст.

34        Барои ҳар уммате қурбонгоҳе қарор додем, то номи Худоро (дар ҳангоми қурбонӣ) бар чаҳорпоёне, ки ба онон рўзӣ додаем бибаранд. Ва Худои шумо Маъбуди Воҳиде аст, дар баробари (фармони) Ў таслим шавед. Ва башорат деҳ мутавозеон ва таслимшавандагонро.

35        Ҳамонҳо, ки чун номи Худо бурда мешавад, дилҳояшон пур аз хавф (-и Парвардигор) мегардад. Ва шакебоён дар баробари мусибатҳое, ки ба онон мерасад ва онҳо, ки намозро барпо медоранд ва аз он чӣ ба онон рўзӣ додаем, бахшиш мекунанд.

36        Ва шутурҳои фарбеҳро (дар маросими ҳаҷ) барои шумо аз шаоири илоҳӣ қарор додем, дар онҳо барои шумо хайру баракат аст, номи Худоро (ҳангоми қурбонӣ кардан) дар ҳоле, ки ба саф истодаанд, бар онҳо бибаред ва ҳангоме, ки паҳлўҳояшон ором гирифт (ва ҷон доданд), аз гўшти онҳо бихўред ва мустамандони қонеъ ва фақиронро низ аз он итъом кунед. Ин гуна мо онҳоро мусаххаратон сохтем, то шукри Худоро ба ҷо оваред.

37        На гўштҳо ва на хунҳои онҳо, ҳаргиз ба Худо намерасад. Он чӣ ба Ў мерасад, тақво ва парҳезгории шумост. Ин гуна Худованд онҳоро мусаххари шумо сохтааст, то Ўро ба хотири он ки шуморо ҳидоят кардааст, бузург шуморед. Ва башорат деҳ некўкоронро.

38        Худованд аз касоне, ки имон овардаанд дифоъ мекунад. Худованд ҳеҷ хиётанкори носипосеро дўст надорад.

39        Ба касоне, ки ҷанг бар онон таҳмил гардидааст, иҷозати ҷиҳод дода шудааст, зеро мавриди ситам қарор гирифтаанд ва Худо бар ёрии онҳо тавоност.

40        Ҳамонҳо, ки аз хона ва шаҳри худ, ба ноҳақ ронда шуданд, ҷуз ин ки мегуфтанд: «Парвардигори мо, Худои Яктост!». Ва агар Худованд баъзе аз мардумро ба василаи баъзеи дигар дафъ накунад, дайрҳо ва савмааҳо ва маъбадҳои яҳуд ва насоро ва масҷидҳое, ки номи Худо дар он бисёр бурда мешавад, вайрон мегардад. Ва Худованд касонеро, ки ёрии Ў кунанд (ва аз оинаш дифоъ намоянд), ёрӣ мекунад. Худованд қавӣ ва шикастнопазир аст.

41        Ҳамон касоне, ки ҳар гоҳ дар замин ба онҳо қудрат бахшидем, намозро барпо медоранд ва закот медиҳанд ва амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар мекунанд ва поёни ҳамаи корҳо аз они Худост.

42        Агар туро инкор кунанд, (кори наве нест), пеш аз онҳо қавми Нўҳ ва Од ва Самуд (пайғамбаронашонро) инкор карданд.

43        Ва ҳамчунин қавми Иброҳим ва қавми Лут.

44        Ва Асҳоби Мадян (қавми Шуайб) ва низ Мўсо (аз сўи фиръавниён) инкор шуд, аммо Ман ба кофирон мўҳлат додам, сипас онҳоро муҷозот кардам. Дидӣ чӣ гуна (амали онҳоро) инкор намудам (ва чӣ гуна ба онон ҷавоб гуфтам?!).

45        Чӣ бисёр шаҳрҳо ва ободиҳое, ки онҳоро нобуд ва ҳалок кардем, дар ҳоле, ки (мардумаш) ситамгар буданд, ба гунае, ки бар сақфҳои худ фурў рехт! (Нахуст сақфҳо вайрон гашт ва баъд деворҳо бар рўи сақфҳо!). Ва чӣ бисёр чоҳи пуроб, ки бесоҳиб монд ва чӣ бисёр қасрҳои маҳкам ва муртафаъ!

46        Оё онон дар замин сайр накарданд, то дилҳое дошта бошанд, ки ҳақиқатро бо он дарк кунанд ё гўшҳои шунавое, ки бо он (нидои ҳақро) бишунаванд?! Чаро, ки чашмҳои зоҳир нобино намешавад, балки дилҳое, ки дар синаҳост, кўр мешавад.

47        Онон аз ту дархости шитоб дар азоб мекунанд, дар ҳоле, ки Худованд ҳаргиз аз ваъдаи худ тахаллуф нахоҳад кард. Ва як рўз назди Парвардигорат, монанди ҳазор сол аз солҳое аст, ки шумо мешуморед!

48        Ва чӣ бисёр шаҳрҳо ва ободиҳое, ки ба онҳо мўҳлат додам, дар ҳоле, ки ситамгар буданд, (аммо аз ин мўҳлат барои ислоҳи худ истифода накарданд). Сипас онҳоро муҷозот кардам ва бозгашт танҳо ба сўи Ман аст.

49        Бигў: «Эй мардум! Ман барои шумо хавфдиҳандаи ошкоре ҳастам.

50        Онҳо, ки имон оварданд ва аъмоли солеҳ анҷом доданд, омурзиш ва рўзии пурарзише барои онҳост.

51        Ва онҳо, ки дар (маҳви) оятҳои мо талош карданд ва чунин мепиндошатанд, ки метавонанд бар иродаи ҳатмии мо ғолиб шаванд, асҳоби дўзаханд».

52        Ҳеҷ пайғамбареро пеш аз ту нафиристодем, магар ин ки ҳар гоҳ орзу мекард (ва тарҳе барои пешбурди ҳадафҳои илоҳии худ мерехт), шайтон илқооте дар он мекард, аммо Худованд илқооти шайтонро аз миён мебурд, сипас оятҳои худро истеҳком мебахшид. Ва Худованд Алим ва Ҳаким аст.

53        Ҳадаф ин буд, ки Худованд илқооти шайтонро имтиҳоне қарор диҳад барои онҳо, ки дар дилҳояшон беморӣ аст ва онҳо, ки сангдиланд. Ва золимон дар адовати шидид дур аз ҳақ қарор гирифтаанд.

54        Ва (низ) ҳадф ин буд, ки огоҳон бидонанд ин ҳаққе аст аз сўи Парвардигорат ва дар натиҷа ба он имон биёваранд ва дилҳояшон дар баробари он хозеъ гардад. Ва Худованд касонеро, ки имон оварданд, ба сўи сироти мустақим ҳидоят мекунад.

55        Кофирон ҳамвора дар бораи Қуръон дар шак ҳастанд, то он ки рўзи қиёмат ба таври ногаҳонӣ фаро расад, ё азоби рўзи ақим (рўзе, ки қодир бар ҷуброни гузашта нестанд), ба суроғашон ояд!

56        Ҳукумат ва фармонравоӣ дар он рўз аз они Худост ва миёни онҳо доварӣ мекунад: Касоне, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, дар боғҳои пурнеъмати биҳиштанд.

57        Ва касоне, ки кофир шуданд ва оятҳои моро инкор карданд, азоби хоркунандае барои онҳост!

58        Ва касоне, ки дар роҳи Худо ҳиҷрат карданд, сипас кушта шуданд ё ба марги табии аз дунё рафтанд, Худованд ба онҳо рўзии некўе медиҳад, ки Ў беҳтарин рўзидиҳандагон аст.

59        Худованд ононро дар маҳалле дохил мекунад, ки аз он хушнуд хоҳанд буд. Ва Худованд Доно ва Бурдбор аст.

60        (Оре, матлаб) чунин аст! Ва ҳар кас ба ҳамон миқдор, ки ба ў ситам шудааст, муҷозот кунад, сипас мавриди таҷовуз қарор гирад, Худо ўро ёрӣ хоҳад кард. Яқинан Худованд Бахшанда ва Омурзанда аст.

61        Ин (ваъдаи нусрати илоҳӣ) ба хотири он аст, (ки Ў бар ҳар чиз қодир аст. Худованде), ки шабро дар рўз ва рўзро дар шаб дохил мекунад. Ва Худованд Шунаво ва Биност.

62        Ин ба хотири он аст, ки Худованд ҳақ аст ва он чиро ғайр аз Ў мехонанд, ботил аст. Ва Худованд воломақом ва бузург аст.

63        Оё надидӣ Худованд аз осмон, обе фиристод ва замин (бар асари он) сарсабзу хуррам мегардад?! Ва Худован Латиф ва Огоҳ аст.

64        Он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, аз они Ўст. Ва Худованд бениёз ва шоистаи ҳар гуна ситоиш аст.

65        Оё надидӣ, ки Худованд он чиро дар замин аст, мусаххари шумо кард ва (низ) киштиҳоеро, ки ба фармони Ў бар сафҳаи уқёнусҳо ҳаракат мекунанд ва осмон (куррот ва сангҳои осмонӣ)-ро нигоҳ медорад, то ҷуз ба фармони Ў бар замин фурў наафтанд?! Худованд нсибат ба мардум Раҳим ва Меҳрубон аст.

66        Ва Ў касе аст, ки шуморо зинда кард, сипас мемиронад, бори дигар зинда мекунад, аммо ин инсон бисёр носипос аст.

67        Барои ҳар уммате ибодате қарор додем, то он ибодатро (дар пешгоҳи Худо) анҷом диҳанд. Пас набояд дар ин амр бо ту ба низоъ бархезанд! Ба сўи Парвардигорат даъват кун, ки бар ҳидояти мустақим қарор дорӣ ( ва роҳи рост ҳамин аст, ки ту мепўӣ).

68        Ва агар онон бо ту ба ҷидол бархезанд, бигў: «Худо аз корҳое, ки шумо анҷом медиҳед, огоҳтар аст.

69        Ва Худованд дар рўзи қиёмат, миёни шумо дар он чӣ ихтилоф мекардед, доварӣ мекунад».

70        Оё намедонистӣ Худованд он чиро дар осмон ва замин аст, медонад?! Ҳамаи инҳо дар китобе сабт аст, (ҳамон китоби илми бепоёни Парвардигор). Ва ин бар Худованд осон аст.

71        Онҳо ғайр аз Худованд, чизҳоеро мепарастанд, ки Ў ҳеҷ гуна далеле бар он нозил накардааст ва чизҳоеро, ки илму огоҳӣ ба он надоранд. Ва барои ситамгарон ёвар ва роҳнамое нест.

72        Ва ҳангоме, ки оятҳои равшани мо бар онон хонда мешавад, дар чеҳраи кофирон осори инкор мушоҳида мекунӣ, он чунон ки наздик аст бархезанд ва бо мушт ба касоне, ки оятҳои моро бар онҳо мехонанд, ҳамла кунанд! Бигў: «Оё шуморо ба бадтар аз ин хабар диҳам? Ҳамон оташи сўзанда (-и дўзах), ки Худо ба кофирон ваъда додааст ва саранҷоми баде аст!».

73        Эй мардум! Масале задашуда аст, ба он гўш фаро диҳед: Касонеро, ки ғайр аз Худо мехонед, ҳаргиз наметавонанд магасе биёфаринанд, ҳар чанд барои ин кор даст ба дасти ҳам диҳанд. Ва ҳар гоҳ магас чизе аз онҳо бирубояд, наметавонанд онро пас гиранд. Ҳам ин талабкунандагон нотавонанд ва ҳам он матлубон, (ҳам ин обидон ва ҳам он маъбудон).

74        Худоро он гуна, ки бояд бишносанд, нашинохтанд. Худованд қавӣ ва шикастнопазир аст.

75        Худованд аз фариштагон расулоне бармегузинад ва ҳамчунин аз мардум. Худованд Шунаво ва Биност.

76        Он чиро дар пеши рўи онҳо ва пушти сари онҳост, медонад ва ҳамаи умур ба сўи Худо бозгардонида мешавад.

77        Эй касоне, ки имон овардаед! Рукўъ кунед ва суҷуд ба ҷо оваред ва Парвардигоратонро ибодат кунед ва окри нек анҷом диҳед, шояд растагор шавед.

78        Ва дар роҳи Худо ҷиҳод кунед ва ҳаққи ҷиҳодашро адо намоед. Ў шуморо баргузид ва дар дин (-и Ислом) кори сангин ва сахте бар шумо қарор надод. Аз оини падаратон Иброҳим пайравӣ кунед. Худованд шуморо дар китобҳои пешин ва дар ин китоби осмонӣ «мусулмон» номид, то Пайғамбар гувоҳ бар шумо бошад ва шумо гувоҳони бар мардум. Пас намозро барпо доред ва закотро бидиҳед ва ба Худо тамассук ҷўед, ки Ў мавло ва сарпарасти шумост. Чӣ мавлои хубе ва чӣ ёвари шоистае!

Охирин матолиб

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.