ТАРҶУМАИ СУРАИ ЮНУС

 

 

 

 

Ин сура дар Макка нозил шуда ва дорои 109 оят аст.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1               Алиф, Лом, Ро. Ин оятҳои китоби устувор ва ҳикматомез аст.

 

2               Оё барои мардум, сабаби ҳайрат буд, ки ба марде аз онҳо ваҳй фирисодем, ки: «мардаумро (аз оқибати куфру гуноҳ) битарсон. Ва ба касоне, ки имон овардаанд, башорат деҳ, ки барои онҳо собиқаи нек (ва подошҳои ҳатмӣ) назди Парвардигорашон аст?!». (Аммо) кофирон гуфтанд: «Ин мард соҳири ошкоре аст!».

3               Парвардигори шумо, Худованде аст, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рўз (шаш даврон) офарид, сипас бар тахт (қудрат) қарор гирифт ва ба тадбири кор (-и ҷаҳон) пардохт. Ҳеҷ шафоаткунандае ҷуз бо изни Ў нест, ин аст Худованд, Парвардигори шумо! Пас ўро парастиш кунед. Оё мутазаккир намешавед?!

4               Бозгашти ҳамаи шумо ба сўи Ўст. Худованд ваъдаи ҳаққе фармудааст, Ў офаринишро оғоз мекунад, сипас онро бозмегардонад, то касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ба адолат ҷазо диҳад ва барои касоне, ки кофир шуданд, нўшиданӣ аз мойеи сўзон аст ва азобе дарднок, ба хотири он ки куфр меварзиданд!

5               Ў касе аст, ки хуршедро равшаноӣ ва моҳро нур қарор дод ва барои он манзилгоҳҳое муқаддар кард, то адади солҳо ва ҳисоб (-и корҳо)-ро бидонед. Худованд инро ҷуз ба ҳақ наофаридааст. Ў оёти (худро) барои гурўҳе, ки аҳли донишанд, шарҳ медиҳад.

6               Ҳатман дар рафту омади (ихтилофи) шабу рўз ва он чӣ Худованд дар осмонҳо ва замин офаридааст, оёт (ва нишонаҳе) аст барои гурўҳе, ки парҳезгоранд (ва ҳақоиқро мебинанд).

7               Онҳо, ки имон ба мулоқоти мо (ва рўзи растохез) надоранд ва ба зиндагии дунё хушнуд шуданд ва бар он такя карданд ва онҳо, ки аз оёти мо ғофиланд,

8               (Ҳамаи) онҳо ҷойгоҳашон оташ аст, ба хотири корҳое, ки анҷом медоданд.

9               (Вале) касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, Парвардигорашон онҳоро дар партави имонашон ҳидоят мекунад. Аз зери (қасрҳои) онҳо дар боғҳои биҳишт, наҳрҳо ҷорӣ аст.

10           Гуфтор (ва дуои) онҳо дар биҳишт ин аст, ки: «Худовандо, муназзаҳӣ ту!». Ва таҳияти онҳо дар он ҷо: «салом» ва охирин суханонашон ин аст, ки: «ҳамд, махсуси Худо, Парвардигори оламиён аст».

11           Агар ҳамон гуна, ки мардум барои ба даст овардани хубиҳо шитоб доранд, Худованд дар муҷозоташон шитоб мекард, (ба зудӣ) умрашон ба поён мерасид (ва ҳамагӣ нобуд мешуданд), вале касонеро, ки имон ба лиқои мо надоранд, ба ҳоли худ раҳо мекунем, то дар туғёнашон саргардон шаванд.

12           Ҳангоме, ки ба инсон зиён (ва нороҳатӣ) расад, моро (дар ҳар ҳол:) дар ҳоле, ки ба паҳлў хобида ё нишаста ё истодааст, мехонад. Аммо ҳангоме, ки нороҳатиро аз ў бартараф сохтем, чунон меравад, ки гўё ҳаргиз моро барои ҳалли мушкиле, ки ба ў расида буд, нахонда аст. Ин гуна барои исрофкорон, аъмолашон зинат дода шудааст, (ки зиштии ин амалро дарк намекунанд).

13           Мо умматҳои пеш аз шуморо, ҳангоме, ки зулм карданд, ҳалок намудем, дар ҳоле, ки пайғамбаронашон далелҳои равшан барои онҳо оварданд, вале онҳо имон наоварданд, ин гуна гурўҳи муҷримонро кайфар медиҳем!

14           Сипас шуморо ҷонишинони онҳо дар рўи замон – пас аз онҳо – қарор додем, то бибинем шумо чӣ гуна амал мекунед.

15           Ва ҳангоме, ки оёти равшани мо бар онҳо хонда мешавад, касоне, ки имон ба лиқои мо (ва рўзи растохез) надоранд, мегўянд: «Қуръоне ғайр аз ин биёвар ё онро табдил кун. (Ва оятҳои накўҳиши бутҳоро бардор)». Бигў: «Ман ҳақ надорам, ки аз пеши худ онро тағйир диҳам, фақат аз чизе, ки бар ман ваҳй мешавад, пайравӣ мекунам. Ман агар Парвардигорамро нофармонӣ кунам, аз муҷозоти рўзи бузург (қиёмат) метарсам!».

16           Бигў: «Агар Худо мехост, ман ин оятҳоро бар шумо намехондам. Ва Худованд аз он огоҳатон намекард, чӣ ин ки муддатҳо пеш аз ин, дар миёни шумо зиндагӣ намудам (ва ҳаргиз ояте наовардам). Оё намефаҳмед?!».

17           Чӣ касе ситамкортар аст аз он кас, ки бар Худо дурўғ мебандад ё оятҳои Ўро инкор мекунад?! Ҳатман муҷримон растагор нахоҳанд шуд.

18           Онҳо ғайр аз Худо, чизҳоеро мепарастанд, ки на ба онон зиён мерасонад ва на суде мебахшад. Ва мегўянд: «Инҳо шафеони мо назди Худо ҳастанд». Бигў: «Оё Худоро ба чизе хабар медиҳед, ки дар осмонҳо ва замин суроғ надорад?!». Муназзаҳ аст Ў ва бартар аст аз он ҳамтоёне, ки қарор медиҳанд!

19           (Дар оғоз) ҳамаи мардум уммати воҳиде буданд, сипас ихтилоф карданд. Ва агар фармоне аз тарафи Парвардигорат (дар бораи шитоб накардан дар муҷозоти онҳо) аз пеш содир нашуда буд, дар миёни онҳо дар он чӣ ихтилоф доштанд, доварӣ мешуд (ва сипас ҳамагӣ ба муҷозот мерасиданд).

20           Мегўянд: «Чаро мўъҷизае аз Парвардигораш бар ў нозил намешавад?!». Бигў: «Ғайб (ва мўъҷизаҳо) танҳо барои Худо (ва ба фармони Ў) аст. Шумо дар интизор бошед, ман ҳам бо шумо дар интизорам! (Шумо дар интизори мўъҷизаҳои баҳонаҷўёна бошед ва ман ҳам дар интизори муҷозоти шумо!)».

21           Ҳангоме, ки ба мардум, пас аз нороҳатӣ, ки ба онҳо расидааст, раҳмате бичашонем, дар оятҳои мо найранг мекунанд (ва барои он неъмат ва раҳмат, тавҷеҳоти нораво мекунанд). Бигў: «Худованд зудтар аз шумо макр (чораҷўӣ) мекунад ва расулони (фариштагони) мо он чӣ найранг мекунед (ва нақша мекашед), менависанд».

22           Ў касе аст, ки шуморо дар хушкӣ ва дарё сайр медиҳад, замоне, ки дар киштиҳо қарор мегиред ва онҳо бо бодҳои мувофиқ онро (ба сўи мақсад) ҳаракат медиҳад ва хушҳол мешаванд, ногаҳон тўфони шадиде мевазад ва мавҷҳо аз ҳар сў ба суроғи онҳо меояд ва гумон мекунанд, ки ҳалок хоҳанд шуд, дар он ҳангом Худоро аз рўи ихлос мехонанд, ки: «Агар моро аз ин гирифторӣ наҷот диҳӣ, ҳатман аз сипосгузорон хоҳем буд».

23           Аммо ҳангоме, ки Худо онҳоро раҳоӣ бахшид, (боз) ба но ҳақ, дар замин ситам мекунанд. Эй мардум! Ситамҳои шумо, ба зиёни худи шумост. Аз зиндагии дунё баҳра (мебаред), сипас бозгашти шумо ба сўи мост ва мо шуморо ба он чӣ амал мекардед, хабар медиҳем.

24           Масали зиндагии дунё монанди обе аст, ки аз осмон нозил кардаем, ки дар пайи он гиёҳони (гуногуни) замин, — ки мардум ва чаҳорпоён аз он мехўранд – мерўяд, то замоне, ки замин зебоии худро ёфта ва ороста мегардад ва аҳли он мутмаин мешаванд, ки метавонанд аз он баҳраманд гарданд, (ногаҳон) фармони мо шабҳангом ё дар рўз, (барои нобудии он) фаро мерасад, (хунукӣ ё соиқаеро бар он мусаллат месозем) ва он чунон онро дирав мекунем, ки гўё дирўз ҳаргиз (чунин киштзоре) набудааст! Ин гуна оятҳои худро барои гурўҳе, ки меандешанд, шарҳ медиҳем.

25           Ва Худованд ба сарои сулҳу саломат даъват мекунад ва ҳар касро бихоҳад (ва шоиставу лоиқ бибинад), ба роҳи рост ҳидоят менамояд.

26           Касоне, ки некӣ карданд, подоши нек ва афзун бар он доранд. Ва торикиву зиллат чеҳраҳояшонро намепўшонад. Онҳо аҳли биҳиштанд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд.

27           Аммо касоне, ки муртакиби гуноҳон шуданд, ҷазои баде ба миқдори он доранд. Ва зиллату хорӣ, чеҳраи ононро мепўшонад ва ҳеҷ чиз наметавонад онҳоро аз (муҷозоти) Худо нигаҳ дорад. (Чеҳраҳояшон он чунон торик аст, ки) гўё бо пораҳое аз шаби торик, чеҳраи онҳо пўшида шудааст! Онҳо аҳли дўзаханд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд.

28           (Ба хотир биёваред) рўзеро, ки ҳамаи онҳоро ҷамъ мекунем, сипас ба мушрикон мегўем: «Шумо ва маъбудҳоятон дар ҷои худатон бошед, (то ба ҳисобатон расидагӣ шавад)». Сипас онҳоро аз ҳам ҷудо месозем (ва аз ҳар як ҷудогона савол мекунем). Ва маъбудҳояшон (ба онҳо) мегўянд: «Шумо (ҳаргиз) моро ибодат намекардед!

29           (Онҳо дар ҷавоб мегўянд:) Ҳамин бас, ки Худо миёни мо ва шумо гувоҳ бошад, ба яқин мо аз ибодати шумо ғофил будем».

30           Дар он ҷо, ҳар кас амалеро, ки пеш аз он анҷом додааст, меозмояд. Ва ҳамагӣ ба сўи «Аллоҳ» — мавло ва сарпарасти ҳақиқии худ – бозгардонида мешаванд. Ва чизҳоеро, ки ба дурўғ ҳамтои Худо қарор дода буданд, гум ва нобуд мешаванд.

31           Бигў: «Чӣ касе шуморо аз осмону замин рўзӣ медиҳад? Ё чӣ касе молик (ва холиқи) гўшу чашмҳост? Ва чӣ касе зиндаро аз мурда ва мурдаро аз зинда берун меоварад? Ва чӣ касе корҳо (-и ҷаҳон)-ро тадбир мекунад?». Ба зудӣ (дар ҷавоб) мегўянд: «Худо». Бигў: «Пас чаро тақво пеша намекунед (ва аз Худо наметарсед?!).

32           Он аст Худованд, Парвардигори ҳаққи шумо (ҳамаи ин сифатҳоро дорад)! Бо ин ҳол баъд аз ҳақ, чӣ чизе ҷуз гумроҳӣ вуҷуд дорад?! Пас чаро (аз парастиши Ў) рўйгардон мешавед?!».

33           Ин чунин фармони Парвардигорат бар фосиқон ҳатмӣ шудааст, ки онҳо (пас аз ин ҳама саркашӣ ва гуноҳ), имон нахоҳанд овард.

34           Бигў: «Оё ҳеҷ як аз маъбудҳои шумо, офаринишро эҷод мекунад ва сипас боз мегардонад?!». Бигў: «Танҳо Худо офаринишро эҷод карда, сипас бозмегардонад, бо ин ҳол чаро аз ҳақ рўйгардон мешавед?!».

35           Бигў: «Оё ҳеҷ як аз маъбудҳои шумо ба сўи ҳақ ҳидоят мекунад?!». Бигў: «Танҳо Худо ба ҳақ ҳидоят мекунад. Оё касе, ки ба сўи ҳақ ҳидоят мекунад, барои пайравӣ шоистатар аст ё он кас, ки худ ҳидоят намешавад, магар ҳидояташ кунанд?! Шуморо чӣ мешавад, чӣ гуна доварӣ мекунед?!».

36           Ва бештари онҳо, ҷуз аз гумон (ва пиндорҳои беасос) пайравӣ намекунанд, (дар ҳоле, ки) гумон, ҳаргиз (инсонро) аз ҳақ бениёз намесозад (ва ба ҳақ намерасонад). Ба яқин, Худованд аз он чӣ анҷом медиҳанд, огоҳ аст.

37           Шоиста набуд (ва имкон надошт), ки ин Қуръон бидуни ваҳйи илоҳӣ ба Худо нисбат дода шавад, вале тасдиқе аст барои он чӣ пеш аз он аст, (аз китобҳои осмонӣ) ва шарҳу тафсиле бар онҳост, шакке дар он нест ва аз тарафи Парвардигори ҷаҳониён аст.

38           Оё онҳо мегўянд: «Ў Қуръонро ба дурўғ ба Худо нисбат додааст?!». Бигў: «Агар рост мегўед, як сура монанди он биёваред ва ғайр аз Худо, ҳар касро метавонед, (ба ёрӣ) талабед!».

39           (Вале онҳо аз рўи илму дониш Қуръонро инкор накарданд), балки чизеро инкор карданд, ки огоҳӣ аз он надоштанд ва ҳанўз ҳақиқаташ бар онон равшан нашудааст. Пешиниёни онҳо низ ҳамин гуна инкор карданд, пас бинигар оқибати кори золимон чӣ гуна буд!

40           Баъзе аз онҳо ба он имон меоваранд ва баъзе имон намеоваранд. Ва Парвардигорат ба муфсидон огоҳтар аст (ва онҳоро беҳтар мешиносад).

41           Ва агар туро инкор карданд, бигў: «Амали ман барои ман ва амали шумо барои шумост. Шумо аз он чӣ ман анҷом медиҳам безоред ва ман (низ) аз он чӣ шумо анҷом медиҳед безорам».

42           Гурўҳе аз онон ба сўи ту гўш фаро медиҳанд, (аммо гўё ҳеҷ намешунаванд ва кар ҳастанд). Оё ту метавонӣ сухани худро ба гўши карон бирасонӣ, ҳар чанд нафаҳманд?!

43           Ва гурўҳе аз онон ба сўи ту менигаранд, (аммо гўё ҳеҷ намебинанд!). Оё ту метавонӣ нобиноёнро ҳидоят кунӣ, ҳар чанд набинанд?!

44           Худованд ба мардум ҳеҷ ситаме намекунад, вале ин мардуманд, ки ба худ ситам мекунад.

45           (Ба ёд овар) рўзеро, ки (Худованд) онҳоро ҷамъ (ва маҳшур) месозад, он чунон, ки (эҳсос мекунанд), гўё ҷуз соате аз рўз, (дар дунё) таваққуф накарданд, ба он миқдор, ки якдигарро (бибинанд ва) бишносанд. Ҳатман онҳо, ки лиқои Худованд (ва рўзи растохез)-ро инкор карданд, зиён бурданд ва ҳидоят наёфтанд.

46           Агар мо порае аз муҷозотҳоеро, ки ба онҳо ваъда дадаем, (дар ҳоли ҳаёти ту) ба ту нишон диҳем ва ё (пеш аз он ки гирифтори азоб шаванд), туро аз дунё бибарем, дар ҳар ҳол, бозгашташон ба сўи мост. Сипас Худованд бар он чӣ онҳо анҷом медоданд, гувоҳ аст.

47           Барои ҳар уммате, расуле аст, ҳангоме, ки расулашон ба сўи онон биёянд, ба адолат дар миёни онҳо доварӣ мешаванд ва ситаме ба онҳо нахоҳад шуд.

48           Ва мегўянд: «Агар рост мегўӣ, ин ваъда (-и муҷозот) кай хоҳад буд?».

49           Бигў: «Ман (ҳатто) барои худам зиён ва судеро молик нестам, (то чӣ расад барои шумо), магар он чӣ Худо бихоҳад. (Ин миқдор медонам, ки) барои ҳар қавму миллате, саромаде аст, ҳангоме, ки аҷали онҳо фаро расад (ва фармони муҷозот ё маргашон содир шавад), на соате таъхир мекунанд ва на пешӣ мегиранд.

50           Бигў: «Ба ман хабар бидиҳед, агар муҷозоти Ў, шабҳангом ё дар рўз ба суроғи шумо ояд, (оё метавонед онро аз худ дафъ кунед?!)», пас муҷримон барои чӣ шитоб мекунанд?!

51           Сипас оё он гоҳ, ки воқеъ шуд, ба он имон меоваред?! (Ба шумо гуфта мешавад:) Ҳоло?! Дар ҳоле, ки қаблан барои он шитоб мекардед! (Вале акнун чӣ суд?!).

52           Сипас ба касоне, ки ситам карданд, гуфта мешавад: Азоби абадиро бичашед! Оё ҷуз ба он чӣ анҷом медодед, кайфар дода мешавед?!».

53           Аз ту мепурсанд: «Оё он (ваъдаи муҷозоти илоҳӣ) ҳақ аст?». Бигў: «Оре, ба Парвардигорам савганд, ҳатман ҳақ аст ва шумо наметавонед аз он пешгирӣ кунед».

54           Ва ҳар кас, ки ситам кардааст, агар тамомии он чӣ рўи замин аст, дар ихтиёр дошта бошад, (ҳамаро аз ваҳшати азоб), барои наҷоти худ медиҳад. Ва ҳангоме, ки азобро бибинанд, (пушаймон мешаванд, аммо) пушаймонии худро мепўшонанд, (мабодо расвотар шаванд). Ва дар миёни онҳо, ба адолат доварӣ мешавад ва ситаме бар онҳо нахоҳад шуд.

55           Огоҳ бошед, он чӣ дар осмонҳову замин аст, аз они Худост. Огоҳ бошед, ваъдаи Худо ҳақ аст, вале бештари онҳо намедонанд.

56           Ўст, ки зинда мекунад ва мемиронад. Ва ба сўи Ў бозгардонида мешавед.

57           Эй мардум! Андарзе аз сўи Парвардигоратон барои шумо омадааст ва дармоне барои он чӣ дар синаҳост, (дармоне барои дилҳои шумо) ва ҳидояту раҳмате аст, барои мўъминон.

58           Бигў: «Ба фазлу раҳмати Худо бояд хушҳол шаванд, ки ин аз тамоми он чӣ гирдоварӣ кардаанд, беҳтар аст».

59           Бигў: «Ба ман хабар бидиҳед, оё рўзиҳоеро, ки Худованд бар шумо нозил кардааст, дидаед, ки баъзе аз онро ҳалол ва баъзеро ҳаром намудаед?!». Бигў: «Оё Худованд ба шумо иҷозат додааст ё бар Худо тўҳмат мебандед (ва аз пеши худ ҳалол ва ҳаром мекунед?!)».

60           Онҳо, ки бар Худо тўҳмат мебанданд, дар бораи (муҷозоти) рўзи растохез, чӣ меандешанд?! Худованд нисбат ба ҳамаи мардум фазл (ва бахшиш) дорад, аммо бештари онҳо сипосгузорӣ намекунанд.

61           Дар ҳеҷ ҳол (ва андешае) нестӣ ва ҳеҷ қисмате аз Қуръонро тиловат намекунӣ ва ҳеҷ амалеро анҷом намедиҳед, магар ин ки мо гувоҳ бар шумо ҳастем, дар он ҳангом, ки дохили он мешавед. Ва ҳеҷ чиз дар замину осмон аз Парвардигори ту пўшида намемонад, ҳатто ба андозаи сангинии заррае. Ва на кўчактар аз он ва на бузургтар аз он нест, магар ин ки (ҳамаи онҳо) дар китоби ошкор (ва лавҳи маҳфузи илми Худованд) сабт аст.

62           Огоҳ бошед! (Дўстон ва) авлиёи Худо, на тарсе доранд ва на ғамгин мешаванд.

63           Ҳамонҳо, ки имон оварданд ва (аз мухолифати фармони Худо) парҳез мекарданд.

64           Дар зиндагии дунё ва дар охират, шод (ва масрур)-анд, ваъдаҳои илоҳӣ тахаллуфнопазир аст. Ин аст, он растагории бузург!

65           Сухани онҳо туро ғамгин насозад! Тамоми иззат (ва қудрат) аз они Худост ва Ў Шунаво ва Доност.

66           Огоҳ бошед, тамоми касоне, ки дар осмонҳову замин ҳастанд, аз они Худо мебошанд. Ва онҳо, ки ғайри Худоро ҳамтои Ў мехонанд, (аз мантиқу далеле) пайравӣ намекунанд. Онҳо фақат аз пиндоре беасос пайравӣ мекунанд ва онҳо фақат дурўғ мегўянд.

67           Ў касе аст, ки шабро барои шумо офарид, то дар он оромиш биёбед ва рўзро равшанибахш, (то ба талоши зиндагӣ бипардозед). Дар инҳо нишонаҳое аст, барои касоне, ки гўши шунаво доранд.

68           Гуфтанд: «Худованд фарзанде барои худ интихоб кардааст». (Аз ҳар айбу нақсу ниёзе) муназзаҳ аст! Ў бениёз аст. Аз они Ўст, он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст. Шумо ҳеҷ гуна далеле бар ин иддио надоред. Оё ба Худо нисбате медиҳед, ки намедонед?!

69           Бигў: «Онҳо, ки ба Худо дурўғ мебанданд, (ҳаргиз) растагор намешаванд.

70           Баҳраи (ночизе) аз дунё доранд, сипас бозгашташон ба сўи мост. Ва баъд, ба онҳо муҷозоти шадид ба сазои куфрашон мечашонем!».

71           Саргузашти Нўҳро бар онҳо бихон, дар он ҳангом, ки ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман! Агар тазаккуроти ман нисбат ба оятҳои илоҳӣ, бар шумо вазнин (ва ғайри қобили таҳаммул) аст, (ҳар коре аз дастатон сохтааст, бикунед). Ман бар Худо таваккул кардаам. Фикри худ ва қудрати маъбудҳоятонро ҷамъ кунед, сипас ҳеҷ чиз бар шумо пўшида намонад, (тамоми ҷавониби коратонро бинигаред), сипас ба ҳаёти ман поён диҳед ва (лаҳзае) мўҳлатам надиҳед! (Аммо тавоноӣ надоред!).

72           Ва агар аз қабули даъватам рўй бигардонед, (кори нодурусте кардаед, зеро ки) ман аз шумо музде намехоҳам, музди ман, танҳо бар Худост. Ва ман маъмурам, ки аз муслимин (таслимшудагон дар баробари фармони Худо), бошам».

73           Аммо онҳо ўро инкор карданд ва мо ў ва касонеро, ки бо ў дар киштӣ буданд, наҷот додем ва ононро ҷонишин (ва вориси кофирон) қарор додем. Ва касонеро, ки оятҳои моро инкор карданд, ғарқ намудем. Пас бибин, оқибати кори касоне, ки инзор шуданд (ва ба инзори илоҳӣ аҳамият надоданд), чӣ гуна буд!

74           Сипас баъд аз Нўҳ, расулоне ба сўи қавмашон фиристодем, онон далелҳои равшан барояшон оварданд, аммо онҳо ба чизе, ки пеш аз он инкор карда буданд, имон наёварданд. Ин чунин бар дилҳои таҷовузкорон мўҳр мениҳем, (то чизеро дарк накунанд).

75           Баъд аз онҳо, Мўсо ва Ҳорунро бо оятҳои худ ба сўи Фиръавн ва атрофиёнаш фиристодем, аммо онҳо такаббур карданд (ва зери бори ҳақ нарафтанд, чаро, ки) онҳо гурўҳи муҷриме буданд.

76           Ва ҳангоме, ки ҳақ аз назди мо ба суроғи онҳо омад, гуфтанд: «Ин сеҳри ошкоре аст!».

77           Мўсо гуфт: «Оё дар бораи ҳақ, ҳангоме, ки ба сўи шумо омад, (чунин) мегўед?! Оё ин сеҳр аст?! Дар ҳоле, ки соҳирон (ҳаргиз) растагор (ва пирўз) намешаванд».

78           Гуфтанд: «Оё омадаӣ, ки моро аз он чӣ падаронамонро бар он ёфтем, мунсариф созӣ. Ва бузургӣ (ва раёсат) дар рўи замин аз они шумо ду тан бошад?! Мо (ҳаргиз) ба шумо имон намеоварем!».

79           Фиръавн гуфт: «(Биравед ва) ҳар ҷодугар (ва сеҳргари) доноеро назди ман оваред».

80           Ҳангоме, ки сеҳргарон (ба майдони мубориза) омаданд, Мўсо ба онҳо гуфт: «Он чӣ (аз василаҳои сеҳр)-ро метавонед бияфканед, бияфканед!».

81           Ҳангоме, ки афканданд, Мўсо гуфт: «Он чӣ шумо овардед, сеҳр аст, ки Худованд ба зудӣ онро ботил мекунад, чаро, ки Худованд (ҳаргиз) амали муфсидонро ислоҳ намекунад.

82           Ў ҳақро ба ваъдаи худ таҳаққуқ мебахшад, ҳар чанд муҷримон кароҳат дошта бошанд».

83           (Дар оғоз), ҳеҷ кас ба Мўсо имон наовард, магар гурўҳе аз фарзандони қавми ў, (он ҳам) бо тарс аз Фиръавн ва атрофиёнаш, мабодо онҳоро шиканҷа кунанд, зеро Фиръавн бартариҷўӣ дар замин дошт ва аз исрофкорон буд.

84           Мўсо гуфт: «Эй қавми ман! Агар шумо ба Худо имон овардаед, бар Ў таваккул кунед, агар таслими фармони Ў ҳастед».

85           Гуфтанд: «Танҳо бар Худо таваккул дорем, Парвардигоро! Моро мавриди шиканҷаи гурўҳи ситамгар қарор мадеҳ.

86           Ва моро бо раҳматат аз (дасти) қавми кофир раҳоӣ бахш».

87           Ва ба Мўсо ва бародараш ваҳй кардем, ки: «Барои қавми худ, хонаҳое дар сарзамини Миср интихоб кунед. Ва хонаҳоятонро муқобили якдигар (ва мутамаркиз) қарор диҳед. Ва намозро барпо доред ва ба мўъминон башорат деҳ, (ки саранҷом пирўз мешаванд)».

88           Мўсо гуфт: «Парвардигоро! Ту Фиръавн ва атрофиёнашро зинат ва амволи (саршоре) дар зиндагии дунё додаӣ, Парвардигоро! Дар натиҷа (бандагонатро) аз роҳи Ту гумроҳ месозанд. Парвардигоро! Амволашонро нобуд кун. Ва (ба ҷурми гуноҳонашон), дилҳояшонро сахту сангин соз, ба гунае, ки имон наоваранд, то азоби дарднокро бибинанд».

89           Фармуд: «Дуои шумо пазируфта шуд. Истиқомат ба харҷ диҳед ва аз роҳ (ва расми) касоне, ки намедонанд, пайравӣ накунед».

90           (Саранҷом), Банӣ Исроилро аз дарё (руди бузурги Нил) гузар додем ва Фиръавн ва лашкариёнаш аз сари зулму таҷовуз дар пайи онҳо рафтанд. Ҳангоме, ки ғарқоб домани ўро гирифт, гуфт: «Имон овардам, ки ҳеҷ маъбуде, ҷуз касе, ки Банӣ Исроил ба ў имон овардаанд, вуҷуд надорад ва ман аз муслимин ҳастам».

91           (Аммо ба ў хитоб шуд:) Акнун?! Дар ҳоле, ки қаблан исён кардӣ ва аз муфсидон будӣ!

92           Вале имрўз, баданатро (аз об) наҷот медиҳем, то барои ояндагон ибрат бошӣ. Ва бисёре аз мардум аз оятҳои мо ғофиланд.

93           (Сипас), Банӣ Исроилро дар ҷойгоҳи сидқ (ва ростӣ) манзил додем ва аз рўзиҳои покиза ба онҳо ато кардем, (аммо онҳо ба низоу ихтилоф бархостанд). Ва ихтилоф накарданд, магар баъд аз он ки илму огоҳӣ ба суроғашон омад. Парвардигори ту рўзи қиёмат, дар он чӣ ихтилоф мекарданд, миёни онҳо доварӣ мекунад.

94           Ва агар дар он чӣ бар ту нозил кардаем, шакке дорӣ, аз касоне, ки пеш аз ту китоби осмониро мехонданд, бипурс. Ба яқин, ҳақ аз тарафи Парвардигорат ба ту расидааст. Бинбар ин ҳаргиз аз шаккунандагон мабош! (Ҳатман ў шак надошт, ин дарсе барои мардум буд).

95           Ва аз онҳо мабош, ки оятҳои Худоро инкор карданд, ки аз зиёнкорон хоҳӣ буд.

96           (Ва бидон) онҳо, ки фармони Парвардигори ту бар онон таҳаққуқ ёфтааст (ва ба ҷурми аъмолашон, тавфиқи ҳидоятро аз онҳо гирифтааст, ҳаргиз) имон намеоваранд,

97           Ҳар чанд тамоми оятҳо (ва нишонаҳои илоҳӣ) ба онон бирасад, то замоне ки азоби дарднокро бибинанд! (Зеро торикии гуноҳ, қалбҳояшонро фаро гирифта ва роҳе ба равшаноӣ надоранд).

98           Чаро ҳеҷ як аз шаҳрҳо ва ободиҳо имон наоварданд, ки (имонашон ба ҷо бошад ва) ба ҳолашон фоидаовар бошад?! Магар қавми Юнус, ҳангоме, ки онҳо имон оварданд, азоби расвокунандаро дар зиндагии дунё аз онон бартараф сохтем ва то муддати муайяне (поёни зиндагӣ ва аҷалашон), онҳоро баҳраманд сохтем.

99           Ва агар Паравардигори ту мехост, тамоми касоне, ки рўи замин ҳастанд, ҳамагӣ ба (маҷбурӣ) имон меоварданд. Оё ту мехоҳӣ мардумро маҷбур созӣ, ки имон биёваранд?! (Имони маҷбурӣ чӣ суде дорад?!).

100       (Аммо) ҳеҷ кас наметавонад имон биёварад, ҷуз ба фармони Худо (ва тавфиқу ёрӣ ва ҳидояти Ў). Ва палидии (куфру гуноҳ)-ро бар касоне қарор медиҳад, ки намеандешанд.

101       Бигў: «Нигоҳ кунед, чӣ чиз (аз оятҳои Худо ва нишонаҳои тавҳидаш), дар осмонҳо ва замин аст?», аммо ин оятҳо ва инзорҳо ба ҳоли касоне, ки (ба хотири саркашӣ) имон намеоваранд, фоидаовар нахоҳад буд.

102       Оё онҳо (чизе) ҷуз монанди рўзҳои пешиниён (ва балоҳову муҷозотҳояшон)-ро интизор мекашанд?! Бигў: «Шумо интизор бикашед, ман низ бо шумо интизор мекашам!».

103       Сипас (ҳангоми нозил шудани балову муҷозот), фиристодагони худ ва касонеро, ки (ба онон) имон меоваранд, наҷот медодем ва ҳамин гуна бар мо ҳақ аст, ки мўъминон (-и ба ту)-ро (низ) раҳоӣ бахшем.

104       Бигў: «Эй мардум! Агар дар ақидаи ман шак доред, ман онҳоеро, ки ҷуз Худо мепарастед, намепарастам. Танҳо Худовандеро парастиш мекунам, ки шуморо мемиронад. Ва ман маъмурам, ки аз мўъминон бошам.

105       Ва (ба ман дастур дода шуда, ки:) рўи худро ба оине мутаваҷҷеҳ соз, ки аз ҳар гуна ширк, холӣ аст. Ва аз мушрикон мабош!

106       Ва ҷуз Худо чизеро, ки на суде ба ту меравсонад ва на зиёне, махон, ки агар чунин кунӣ, аз ситамкорон хоҳӣ буд.

107       Ва агар Худованд, (барои имтиҳон ё кайфари гуноҳ), зиёне ба ту расонад, ҳеҷ кас ҷуз Ў онро бартараф намесозад. Ва агар иродаи хайре ба ту кунад, ҳеҷ кас монеи фазли Ў нахоҳад шуд. Онро ба ҳар кас аз бандагонаш бихоҳад, мерасонад. Ва Ў Ғафур ва Раҳим аст».

108       Бигў: «Эй мардум! Ҳақ аз тарафи Парвардигоратон ба суроғи шумо омадааст, ҳар кас (дар партави он) ҳидоят ёбад, барои худ ҳидоят шудааст ва ҳар кас гумроҳ гардад, ба зиёни худ гумроҳ мегардад. Ва ман маъмур (ба маҷбур кардани) шумо нестам».

109       Ва аз он чӣ бар ту ваҳй мешавад пайравӣ кун ва шакебо бош (ва истиқомат намо), то Худованд фармони (пирўзи)-ро содир кунад. Ва Ў беҳтарини ҳокимон аст.

 

ЁСИН

 

 

 

 

Охирин матолиб

Одоби тиловати Қуръон

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...

тарҷума

Тарҷумаи СУРАИ ИСРО

СУРАИ ИСРО Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Муназзаҳ аст Зоте, ки бандаашро шабонгоҳе аз Масҷид-ул-ҳаром...