Тарҷумаи сураи Аъроф

Ин дар сура дар Макка нозил шуда ва дорои 206 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1               Алиф, Лом, Мим, Сод.

 

2               Ин китобе аст, ки бар ту нозил шуда – пас набояд аз ноҳияи он, нороҳатӣ дар сина дошта бошӣ — то ба василаи он, (мардумро аз оқибатҳои эътиқодоти бадашон ва амалҳои нодурусташон) бим диҳӣ. Ва тазаккуре аст, барои мўъминон.

3               Аз чизе, ки аз тарафи Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, пайравӣ кунед. Ва аз авлиё ва маъбудҳои дигар, ҷуз Ў пайравӣ накунед. Аммо камтар мутазаккир мешавед.

4               Чӣ бисёр шаҳрҳо ва ободиҳо, ки онҳоро (бар асари гуноҳи фаровонашон), ҳалок кардем ва азоби мо шабҳангом ё дар рўз, ҳангоме, ки истироҳат карда буданд, ба суроғашон омад.

5               Ва дар он ҳангом, ки азоби мо ба суроғи онҳо омад, сухане надоштанд, ҷуз ин ки гуфтанд: «Мо золим будем». (Вале ин эътироф ба гуноҳ, дигар дер шуда буд ва суде ба ҳолашон надошт).

6               Ба яқин, (ҳам) аз касоне, ки пайғамбарон ба сўи онҳо фиристода шуданд, савол хоҳем кард ва (ҳам) аз пайғамбарон савол мекунем.

7               Ва ҳатман (аъмолашонро) бо илм (-и худ) барои онон шарҳ хоҳем дод. Ва мо ҳаргиз ғоиб набудем, (балки ҳама ҷо ҳозиру нозири аъмоли бандагон ҳастем).

8               Вазн кардан (-и аъмол ва санҷиши арзиши онҳо) дар он рўз, ҳақ аст. Касоне, ки мизонҳои (амали) онҳо сангин аст, ҳамон растагоронанд.

9               Ва касоне, ки мизонҳои (амали) онҳо сабук аст, ашхосе ҳастанд, ки сармояи вуҷуди худро, ба хотири зулму ситаме, ки нисбат ба оятҳои мо мекарданд, аз даст додаанд.

10           Мо тасаллут ва моликият ва ҳукумат бар заминро барои шумо қарор додем ва анвои василаҳои зиндагиро барои шумо фароҳам сохтем, аммо камтар шукргузорӣ мекунед.

11           Мо шуморо офаридем, сипас суратбандӣ кардем, баъд ба фариштагон гуфтем: «Барои Одам хузўъ кунед». Онҳо ҳама саҷда карданд, ҷуз Иблис, ки аз саҷдакунандагон набуд.

12           (Худованд ба ў) фармуд: «Дар он ҳангом, ки ба ту фармон додам, чӣ чиз туро монеъ шуд, ки саҷда кунӣ?!», гуфт: «Ман аз ў беҳтарам, маро аз оташ офаридаӣ ва ўро аз гил!».

13           Гуфт: «Аз он (мақому мартабаат) фуруд ой. Ту ҳақ надорӣ дар он (мақому мартаба) такаббур кунӣ. Берун рав, ки ту аз ашхоси пасту кўчакӣ.

14           Гуфт: «Маро то рўзе, ки (мардум) барангехта мешаванд, мўҳлат деҳ (ва зинда бугузор)».

15           Фармуд: «Ту аз мўҳлатдодашудагонӣ».

16           Гуфт: «Акнун, ки маро гумроҳ сохтӣ, ман бар сари роҳи мустақими ту, дар баробари онҳо камин мекунам.

17           Сипас аз пеши рў ва аз мушти сар ва аз тарафи рост ва аз тарафи чапи онҳо, ба суроғашон меравам ва бештари онҳоро шукргузор нахоҳӣ ёфт».

18           Фармуд: «Аз он (мақом) бо нангу ору хорӣ берун рав! Ва савганд ёд мекунам, ки ҳар кас аз онҳо аз ту пайравӣ кунад, ҷаҳаннамро аз шумо ҳамагӣ пур кунам.

19           Ва эй Одам! Ту ва ҳамсарат дар биҳишт сокин шавед ва аз ҳар ҷо, ки хостед бихўред, аммо ба ин дарахт наздик нашавед, ки аз ситамкорон хоҳед буд».

20           Сипас шайтон он дуро васваса кард, то он чиро аз андомашон пинҳон буд, ошкор созад ва гуфт: «Парвардигоратон шуморо аз ин дарахт наҳй накардааст, магар ба хотири ин ки (агар аз он бихўред), фаришта хоҳед шуд ё ҷовидона (дар биҳишт) хоҳед монд».

21           Ва барои онҳо савганд ёд кард, ки ман барои шумо аз хайрхоҳонам.

22           Ва ба ин тартиб, онҳоро бо фиреб (аз мақомашон) фуруд овард. Ва ҳангоме, ки аз он дарахт чашиданд, андомашон (авраташон) бар онҳо ошкор шуд ва шурўъ карданд ба қарор додани баргҳои (дарахтони) биҳиштӣ бар худ, то онро бипўшонанд. Ва Парвардигорашон онҳоро нидо дод, ки: «Оё шуморо аз он дарахт наҳй накардам ва нагуфтам, ки шайтон барои шумо душмани ошкоре аст?!».

23           Гуфтанд: «Парвардигоро! Мо ба худ ситам кадем ва агар моро набахшӣ ва бар мо раҳм накунӣ, аз зиёнкорон хоҳем буд».

24           Фармуд: «(Аз мақоми худ) фуруд оед, дар ҳоле, ки баъзе аз шумо нисбат ба баъзе дигар, душман хоҳед буд. (Шайтон душмани шумост ва шумо душмани ў). Ва барои шумо дар замин қароргоҳ ва василаи баҳрагирӣ то замони муайяне хоҳаб буд».

25           Фармуд: «Дар он (замин) зинда мешавед ва дар он мемиред ва (дар растохез) аз он хориҷ хоҳед шуд».

26           Эй фарзандони Одам! Либосе барои шумо фиристодем, ки андоми шуморо мепўшонад ва сабаби зинати шумост, аммо либоси парҳезгорӣ беҳтар аст. Инҳо (ҳама) аз оятҳои Худост, то мутазаккир (-и неъматҳои Ў) шаванд.

27           Эй фарзандони Одам! Шайтон шуморо нафиребад, он гуна, ки падару модари шуморо аз биҳишт берун кард ва либосашонро аз танашон берун сохт, то авратоашонро ба онҳо нишон диҳад. Зеро, ки ў ва ҳамкоронаш шуморо мебинанд, аз ҷое, ки шумо онҳоро намебинед, (аммо бидонед) мо шаётинро авлиёи касоне қарор додем, ки имон намеоваранд.

28           Ва ҳангоме, ки кори нописанде анҷом медиҳанд, мегўянд: «Падарони худро бар ин амал ёфтем ва Худованд моро ба он дастур додааст». Бигў: «Худованд (ҳаргиз) ба кори нописанд фармон намедиҳад. Оё чизе ба Худо нисбат медиҳед, ки намедонед?!».

29           Бигў: «Парвардигорам амр ба адолат кардааст. Ва диққати худро дар ҳар масҷид (ва дар ҳангоми ибодат) ба сўи Ў кунед ва Ўро бихонед, дар ҳоле, ки дин (-и худ)-ро барои Ў холис гардонед. (Ва бидонед), ҳамон гуна, ки дар оғоз шуморо офарид, (бори дигар дар растохез) боз мегардед.

30           Ҷамъеро ҳидоят карда ва ҷамъе, (ки шоистагӣ надоштаанд), гумроҳӣ бар онҳо ҳатмӣ шудааст. Онҳо (касоне ҳастанд, ки) шаётинро ба ҷои Худованд, авлиёи худ интихоб карданд ва гумон мекунанд ҳидоят ёфтаанд.

31           Эй фарзандони Одам! Зинати худро дар ҳангоми рафтан ба масҷид, бо худ бардоред ва (аз неъматҳои илоҳӣ) бихўред ва биёшомед, вале исроф накунед, ки Худованд мусрифонро дўст намедорад.

32           Бигў: «Чӣ касе зинатҳои илоҳиро, ки барои бандагони худ офарида ва рўзиҳои покизаро ҳаром кардааст?!». Бигў: «Инҳо дар зиндагии дунё барои касоне аст, ки имон овардаанд, (агар чӣ дигарон низ бо онҳо мушорикат доранд, вале) дар қиёмат холис (барои мўъминон) хоҳад буд». Ин гуна оятҳо (-и худ)-ро барои касоне ки огоҳанд, шарҳ медиҳем.

33           Бигў: «Худованд танҳо аъмоли нописандро, чӣ ошкор бошад чӣ пинҳон, ҳаром кардааст. Ва (ҳамчунин) гуноҳу ситами ба ноҳақро ва ин ки чизеро, ки Худованд далеле барои он нозил накардааст, шарики Ў қарор диҳед ва ба Худо матлабе нисбат диҳед, ки намедонед».

34           Барои ҳар қавму ҷамъияте, замон ва саромад (-и муайяне) аст. Ва ҳангоме, ки саромади онҳо фаро расад, на лаҳзае аз он таъхир мекунанд ва на бар он пешӣ мегиранд.

35           Эй фарзандони Одам! Агар расулоне аз худи шумо ба суроғатон биёянд, ки оятҳои моро барои шумо бозгў кунанд, (аз онҳо пайравӣ кунед). Касоне, ки парҳезгорӣ пеша кунанд ва амали солеҳ анҷом диҳанд (ва дар ислоҳи худ ва дигарон бикўшанд), на тарсе бар онҳост ва на ғамнок мешаванд.

36           Ва онҳо, ки оятҳои моро инкор кунанд ва дар баробари он такаббур варзанд, аҳли дўзаханд, ҷовидона дар он хоҳанд монд.

37           Чӣ касе ситамкортар аст аз онҳо, ки бар Худо дурўғ мебанданд, ё оятҳои Ўро инкор мекунанд?! Онҳо насибашонро аз он чӣ муқаддар шуда, (аз неъматҳо ва мавоҳиби ин ҷаҳон), мебаранд, то замоне, ки фиристодагони мо (фариштагони қабзи арвоҳ) ба суроғашон раванд, ки ҷонашонро бигиранд, аз онҳо мепурсанд: «Куҷоянд маъбудҳое, ки ғайр аз Худо мехондед?! (Чаро ба ёрии шумо намеоянд?!)». Мегўянд: «Онҳо (ҳама) гум шуданд (ва аз мо дур гаштанд)». Ва бар зидди худ гувоҳӣ медиҳанд, ки кофир буданд.

38           (Худованд ба онҳо) мегўяд: «Дар сафи гурўҳҳои мушобеҳи худ аз ҷинну инс, дар оташ дохил шавед!». Ҳар замон, ки гурўҳе дохил мешаванд, гурўҳи дигарро лаънат мекунанд, то ҳамагӣ бо зиллат дар он қарор гиранд. (Дар ин ҳангом) гурўҳи пайравон дар бораи пешвоёни худ мегўянд: «Худовандо! Инҳо буданд, ки моро гумроҳ сохтанд, пас кайфари онҳоро аз оташ ду баробар кун. (Кайфаре барои гумроҳияшон ва кайфаре ба хотири гумроҳ сохтани мо)». Мефармояд: «Барои ҳар кадом (аз шумо) азоби дучандон аст, вале намедонед. (Чаро, ки пайравон агар гирди пешвоёни гумроҳро нагирифта буданд, қудрате бар иғвои мардум надоштанд)».

39           Ва пешвоёни онҳо ба пайравони худ мегўянд: «Шумо имтиёзе бар мо надоштед, пас бичашед азоб (-и илоҳӣ)-ро дар баробари он чӣ анҷом медодед!».

40           Касоне, ки оятҳои моро инкор карданд ва дар баробари он такаббур варзиданд, (ҳаргиз) дарҳои осмон ба рўяшон кушода намешавад ва (ҳеҷ гоҳ) дохили биҳишт нахоҳанд шуд, магар ин ки шутур аз сўрохи сўзан бигузарад! Ин гуна гунаҳкоронро ҷазо медиҳем.

41           Барои онҳо бистаре аз (оташи) дўзах ва рўи онҳо пўшишҳое (аз он) аст. Ва ин чунин золимонро ҷазо медиҳем.

42           Ва касоне, ки имон оварда ва аъмоли солҳе анҷом додаанд – албатта ҳеҷ касро ҷуз ба миқдори тавоноияш, таклиф намекунем – онҳо аҳли биҳиштанд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд.

43           Ва он чӣ дар дилҳо аз кинаву ҳасад доранд, бар меканем, (то дар сафову самимият бо ҳам зиндагӣ кунанд). Ва аз зери (қасрҳо ва дарахтони) онҳо наҳрҳо ҷараён дорад, мегўянд: «Ситоиш махсуси Худованде аст, ки моро ба ин (ҳама неъматҳо) раҳнамун шуд. Ва агар Худо моро ҳидоят накарда буд, мо (ба инҳо) роҳ намеёфтем. Ҳатман фиристодагони Парвардигори мо ҳақро оварданд». Ва (дар ин ҳангом) ба онон нидо дода мешавад, ки: «Ин биҳиштро дар баробари аъмоле, ки анҷом медодед, ба ирс бурдед».

44           Ва биҳиштиён дўзахиёнро садо мезананд, ки: «Он чиро Парвардигорамон ба мо ваъда дода буд, ҳамаро ҳақ ёфтем, оё шумо ҳам он чиро Парвардигоратон ба шумо ваъда дода буд ҳақ ёфтед?!». Дар ин ҳангом, нидодиҳандае дар миёни онҳо нидо медиҳад, ки: «Лаънати Худо бар ситамгарон бод!

45           Ҳамонҳо, ки (мардумро) аз роҳи Худо бозмедоранд ва (бо илқои шубаҳот) мехоҳанд, онро каҷу килеб нишон диҳанд. Ва онҳо ба охират кофиранд».

46           Ва дар миёни он ду, (биҳиштиён ва дўзахиён) ҳиҷобе аст. Ва бар «аъроф» мардоне ҳастанд, ки ҳар як аз он дуро аз чеҳраҳояшон мешиносанд. Ва ба биҳиштиён садо мезананд, ки: «Дуруд бар шумо бод!», аммо дохили биҳишт намешаванд, дар ҳоле, ки умеди онро доранд.

47           Ва ҳангоме, ки чашмашон ба дўзахиён меафтад, мегўянд: «Парвардигоро! Моро бо гурўҳи ситамгарон қарор мадеҳ».

48           Ва асҳоби аъроф, мардоне (аз дўзахиёнро), ки аз симояшон онҳоро мешиносанд, садо мезананд ва мегўянд: «(Дидед, ки) гирдоварии шумо (аз молу сарвату зану фарзанд) ва такаббурҳои шумо, ба ҳолатон суде надорад!».

49           Оё инҳо (ин дармондагони бар аъроф) ҳамонҳо нестанд, ки савганд ёд кардед, раҳмати Худо ҳаргиз шомили холашон нахоҳад шуд?! (Вале Худованд ба хотири имон ва баъзе аъмоли хайрашон, онҳоро бахшид, ҳамакнун ба онҳо гуфта мешавад:) Дохили биҳишт шавед, ки на тарсе доред ва на ғамнок мешавед.

50           Ва дўзахиён биҳиштиёнро садо мезананд, ки: «(Муҳаббат кунед ва) миқдоре об ё аз он чӣ Худо ба шумо рўзӣ додааст. ба мо бубахшед». Онҳо (дар ҷавоб) мегўянд: «Худованд инҳоро бар кофирон ҳаром кардааст».

51           Ҳамонҳо, ки дину оини худро саргармиву бозича гирифтанд ва зиндагии дунё ононро мағрур сохт, имрўз мо онҳоро фаромўш мекунем, ҳамон гуна, ки лиқои чунин рўзеро фаромўш карданд ва оятҳои моро инкор намуданд.

52           Мо китобе барои онҳо овардем, ки (асрору рамзҳои) онро бо огоҳӣ шарҳ додем, (китобе), ки сабаби ҳидояту раҳмат барои ҷамъияте аст, ки имон меоваранд.

53           Оё онҳо ҷуз интизори таъвили оятҳо (ва фаро расидани таҳдидҳои илоҳӣ), доранд?! Он рўз, ки таъвили онҳо фаро расад, (кор аз кор гузашта ва пушаймонӣ суде надорад ва) касоне, ки қаблан онро фаромўш карда буданд, мегўянд: «Фиристодагони Парвардигори мо ҳақро оварданд, оё (имрўз) шафеоне барои мо вуҷуд доранд, ки барои мо шафоат кунанд ё (ба мо иҷозат дода шавад ба дунё) бозгардем ва аъмоле ғайр аз он чӣ анҷом медодем, анҷом диҳем?!». (Вале) онҳо сармояи вуҷуди худро аз даст додаанд ва маъбудҳоеро, ки ба дурўғ сохта буданд, ҳамагӣ аз назарашон гум мешаванд. (На роҳи бозгашт доранд ва на шафоаткунандагоне).

54           Парвардигори шумо, Худованде аст, ки осмонҳо ва заминро да шаш рўз (шаш даврон) офарид, сипас ба тадбири ҷаҳони ҳастӣ пардохт, бо (пардаи торики) шаб рўзро мепўшонад ва шаб дар пайи рўз бо шитоб дар ҳаракат аст. Ва худршеду моҳу ситорагонро офарид, ки мусаххари фармони Ў ҳастанд. Огоҳ бошед, ки офаринишу тадбир (-и ҷаҳон) аз они Ў (ва ба фармони Ў) аст. Пурбаракат (ва заволнопазир) аст, Худованде, ки парвардигори ҷаҳониён аст.

55           Парвардигори худро (ошкоро) аз рўи тазаррўъ ва дар пинҳонӣ бихонед. (Ва аз таҷовуз даст бардоред, ки) Ў мутаҷовизонро дўст намедорад.

56           Ва дар замин пас аз ислоҳи он фасод накунед ва Ўро бо хавфу раҷо бихонед. (Хавф аз масъулиятҳо ва умед ба раҳматаш. Ва некӣ кунед), зеро раҳмати Худо ба некўкорон наздик аст.

57           Ў касе аст, ки бодҳоро башоратдиҳанда дар пешопеши (борони) раҳматаш мефиристад, то абрҳои вазнинборро (бар дўш) кашанд, (сипас) мо онҳоро ба сўи заминҳои мурда мефиристем ва ба василаи онҳо оби (ҳаётабахш)-ро нозил мекунем ва бо он аз ҳар гуна мевае (аз хоки тира) берун меоварем, ин гуна, (ки заминҳои мурдаро зинда кардем), мурдагонро (низ дар қиёмат) зинда мекунем, шояд (бо таваҷҷўҳ ба ин мисол) мутазаккир шавед.

58           Сарзамини покиза (ва ширин), гиёҳонаш ба фармони Парвардигор мерўяд, аммо сарзаминҳои бадтинат (ва шўразор), ҷуз гиёҳи ночизу беарзиш аз он намерўяд. Ин гуна оятҳо (-и худ)-ро барои онҳо, ки шукргузоранд, баён мекунем.

59           Мо Нўҳро ба сўи қавмаш фиристодем, ў ба онон гуфт: «Эй қавми ман! (Танҳо) Худованди Ягонаро парастиш кунед, ки маъбуде ҷуз Ў барои шумо нест. (Ва агар ғайри Ўро ибодат кунед), ман бар шумо аз азоби рўзи бузург метарсам!».

60           (Вале) бузургони қавмаш ба ў гуфтанд: «Мо туро дар гумроҳии ошкор мебинем».

61           Гуфт: «Эй қавми ман! Ҳеҷ гуна гумроҳӣ дар ман нест, вале ман фиристодае аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониёнам.

62           Рисолатҳои Парвардигорамро ба шумо иблоғ мекунам ва хайрхоҳи шумо ҳастам ва аз Худованд чизҳоеро медонам, ки шумо намедонед.

63           Оё ҳайрат кардаед, ки дастури огоҳкунандаи Парвардигоратон ба василаи марде аз миёни шумо ба шумо бирасад, то (аз оқибатҳои аъмоли хилоф) биматон диҳад ва (дар партави ин дастур), парҳезгорӣ кунед ва шояд машмули раҳмат (-и илоҳӣ) гардед?!».

64           Аммо саранҷом ўро инкор карданд ва мо ў ва касонеро, ки бо вай дар киштӣ буданд, раҳоӣ бахшидем ва касоне, ки оятҳои моро инкор карданд, ғарқ кардем, зеро, ки онҳо гурўҳи нобино (ва кўрдиле) буданд.

65           Ва ба сўи қавми Од, бародарашон «Ҳуд»-ро (фиристодем), гуфт: «Эй қавми ман! (Танҳо) Худоро парастиш кунед, ки ҷуз Ў маъбуде барои шумо нест. Оё парҳезгорӣ пеша намекунед?!».

66           Ашрофи кофири қавми ў гуфтанд: «Мо туро дар сафоҳат (ва нодонӣ ва сабукмағзӣ) мебинем ва мо ҳатман туро аз дурўғгўён медонем».

67           Гуфт: «Эй қавми ман! Ҳеҷ гуна сафоҳате дар ман нест, вале фиистодае аз тарафи Парвардигори ҷаҳониёнам.

68           Рисолатҳои Парвардигорамро ба шумо иблоғ мекунам ва ман хайрхоҳи амине барои шумо ҳастам.

69           Оё ҳайрат кардаед, ки дастури огоҳкунандаи Парвардигоратон ба василаи марде аз миёни шумо, ба шумо бирасад, то (аз муҷозоти илоҳӣ) биматон диҳад?! Ва ба ёд оваред ҳангоме, ки шуморо ҷонишинони қавми Нўҳ қарор дод ва шуморо аз ҷиҳати хилқат (-и ҷисмонӣ), густариш (ва қудрат) дод, пас неъматҳои Худоро ба ёд оваред , шояд растагор шавед».

70           Гуфтанд: «Оё ба суроҳи мо омадаӣ, ки танҳо Худои Ягонаро бипарастем ва он чиро падарони мо мепарастиданд, раҳо кунед?! Пас агар рост мегўӣ он чиро (аз боло ва азоби илоҳӣ) ба мо ваъда медиҳӣ, биёвар!».

71           Гуфт: «Палидӣ ва ғазаби Парвардигоратон шуморо фаро гирифтааст. Оё бо ман дар мавриди номҳое муҷодила мекунед, ки шумо ва падаронатон (ба унвони маъбуд ва Худо бар бутҳо) гузоридаед, дар ҳоле, ки Худованд ҳеҷ далеле дар бораи он нозил накардааст?! Пас шумо мунтазир бошед, ман ҳам бо шумо интизор мекашам! (Шумо интизори шикасти ман ва ман интизори азоби илоҳӣ барои шумо!)».

72           Саранҷом ў ва касонеро, ки бо ў буданд, ба раҳмати худ наҷот бахшидем ва решаи касоне, ки оятҳои моро инкор карданд ва имон наоварданд қатъ кардем.

73           Ва ба сўи (қавми) Самуд, бародарошон Солеҳро (фиристодем), гуфт: «Эй қавми ман! (Танҳо) Худоро бипарастед, ки ҷуз Ў маъбуде барои шумо нест. Далели равшане аз тарафи Парвардигоратон барои шумо омадааст: Ин «ноқа» (шутури мода)-и илоҳӣ барои шумо мўъҷиза аст, ўро ба ҳоли худ раҳо кунед, ки дар замини Худо (аз алафҳои биёбон) бихўрад  ва онро озор нарасонед, ки азоби дардноке шуморо хоҳад гирифт!

74           Ва ба хотир биёваред, ки шуморо ҷонишинони қавми «Од» қарор дод ва дар замин мустақар сохт, ки дар даштҳояш қасрҳо барои худ бино мекунед. Ва дар кўҳҳо барои худ хонаҳо метарошед. Бинобар ин, неъматҳои Худоро мутазаккир шавед ва дар замин ба фасод накўшед».

75           (Вале) ашрофи мутакаббири қавми ў, ба мустазъафоне, ки имон оварда буданд, гуфтанд: «Оё (ба ростӣ) шумо яқин доред, ки Солеҳ аз тарафи Парвардигораш фиристода шудааст?!». Онҳо гуфтанд: «Мо ба он чӣ ў ба он маъмурият ёфтааст, имон овардаем».

76           Мутакаббирон гуфтанд: «(Вале) мо ба он чӣ шумо ба он имон овардаед, кофирем».

77           Сипас «ноқа»-ро пай карданд ва аз фармони Парвардигорашон сарпечӣ намуданд ва гуфтанд: «Эй Солеҳ! Агар ту аз фиристодагон (-и Худо) ҳастӣ, он чӣ моро бо он таҳдид мекунӣ, биёвар!».

78           Саранҷом заминларза онҳоро фаро гирифт ва субҳгоҳон (танҳо) ҷисми беҷонашон дар хонаҳояшон боқӣ монда буд.

79           (Солеҳ) аз онҳо рўй гардонд ва гуфт: «Эй қавм! Ман рисолати Парвардигорамро ба шумо иблоғ кардам ва шарти хайрхоҳиро анҷом додам, вале (чӣ кунам, ки) шумо хайрхоҳонро дўст надоред».

80           Ва (ба хотир оваред) Лутро, ҳангоме, ки ба қавми худ гуфт: «Оё амали бисёр бадеро анҷом медиҳед, ки ҳеҷ як аз ҷаҳониён пеш аз шумо анҷом надодааст?!

81           Оё шумо аз рўи шаҳват ба ҷои занон ба суроғи мардон меравед?! Шумо гурўҳи исрофкор (ва мунҳарифе) ҳастед.

82           Вале ҷавоби қавмаш чизе ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Инҳоро аз шаҳру диёри худ берун кунед, ки инҳо мардуме ҳастанд, ки покдоманиро металабанд (ва бо мо ҳамсадо нестанд)».

83           (Чун кор ба ин ҷо расид), мо ў ва хонадонашро раҳоӣ бахшидем, ҷуз ҳамсараш, ки аз бозмондагон (дар шаҳр) буд.

84           Ва (сипас чунон) бороне (аз санг) бар онҳо фиристодем, (ки онҳоро дарҳам кўбид ва нобуд сохт). Пас бинигар саранҷоми кори муҷримон чӣ шуд!

85           Ва ба сўи Мадян, бародарашон Шуайбро (фиристодем), гуфт: «Эй қавми ман! Худоро бипарастед, ки ҷуз Ў маъбуде надоред. Далели равшане аз тарафи Парвардигоратон барои шумо омадааст, бинобар ин ҳаққи паймона ва вазнро адо кунед. Ва аз амволи мардум чизе накоҳед ва дар рўи замин баъд аз он ки (дар партави имон ва даъвати анбиё), ислоҳ шудааст, фасод накунед. Ин барои шумо беҳтар аст, агар бо имон ҳастед.

86           Ва бар сари ҳар роҳ нанишинед, ки (мардуми бо имонро) таҳдид кунед ва мўъминонро аз роҳи Худо боздоред ва бо (илқои шубаҳот) онро каҷу килеб нишон диҳед. Ва ба хотир биёваред замонеро, ки андак будед ва Ў шуморо фузунӣ дод. Ва бинигаред саранҷоми муфсидон чӣ гуна буд!

87           Ва агар гурўҳе аз шумо ба он чӣ ман ба он фиристода шудаам, имон овардаанд ва гурўҳе имон наёвардаанд, сабр кунед, то Худованд миёни мо доварӣ кунад, ки Ў беҳтарини дорварон аст».

88           Ашрофи зўрманд ва мутакаббир аз қавми ў гуфтанд: «Эй Шуайб! Ба яқин ту ва касонеро, ки ба ту имон овардаанд, аз шаҳру диёри худ берун хоҳем кард, магар ин ки  ба оини мо боз гардед». Гуфт: «Оё (мехоҳед моро бозгардонед), агар чӣ моил набошем?!

89           Агар мо ба оини шумо боз гардем, баъд аз он ки Худо моро аз он наҷот бахшидааст, ба Худо дурўғ бастаем. Ва шоиста нест, ки мо ба он боз гардем, магар ин ки Худое, ки Парвардигори мост, бихоҳад. Илми Парвардигори мо ба ҳамаи чиз иҳота дорад. Танҳо бар Худо таваккул кардаем. Парвардигоро! Миёни мо ва қавми мо ба ҳақ доварӣ кун, ки ту беҳтарини доваронӣ».

90           Ашрофи зўрманд аз қавми ў, ки кофир шуда буданд, гуфтанд: «Агар аз Шуайб пайравӣ кунед, шумо ҳам зиёнкор хоҳед шуд».

91           Сипас заминларза онҳоро фаро гирфт ва субҳгоҳон ба сурати ҷасадҳои беҷоне дар хонаҳояшон монда буданд.

92           Онҳо, ки Шуайбро инкор карданд, (он чунон нобуд шуданд, ки) гўё ҳаргиз дар он (хонаҳо) сукунат надоштанд! Онҳо, ки Шуайбро инкор карданд, зиёнкор буданд.

93           Сипас аз онон рўй гардонд ва гуфт: «Эй қавми ман! Ман рисолоатҳои Парвардигорамро ба шумо иблоғ кардам ва барои шумо хайрхоҳӣ намудам, бо ин ҳол чӣ гуна бар ҳоли қавми беимон афсўс бихўрам?!».

94           Ва мо дар ҳеҷ шаҳру ободӣ, пайғамбаре нафиристодем, магар ин ки аҳли онро ба нороҳатиҳо ва хасоратҳо гирифтор сохтем, шояд (ба худ оянд ва ба сўи Худо) бозгарданд ва тазаррўъ кунанд.

95           Сипас (ҳангоме, ки ин ҳушдорҳо дар онон асар нагузошт), некӣ (ва фаровонии неъмат ва рафоҳ)-ро ба ҷои бадӣ (ва нороҳатӣ ва гирифторӣ) қарор додем, он чунон, ки фузунӣ гирифтанд (ва ҳама гуна неъмат ва баракт ёфтанд ва мағрур шуданд) ва гуфтанд: «(Танҳо мо набудем, ки гирифтори ин мушкилот шудем), ба падарони мо низ тангдастӣ ва тавонгарӣ расид». Чун чунин шуд, онҳоро ногаҳон (ба сабаби аъмолашон) гирифтем (ва муҷозот кардем), дар ҳоле, ки намефаҳмиданд.

96           Ва агар аҳли шаҳрҳо ва ободиҳо, имон меоварданд ва тақво пеша мекарданд, баракоти осмону заминро бар онҳо мекушодем, вале (онҳо ҳақро) инкор карданд, мо ҳам ононро ба кайфари аъмолашон муҷозот кардем.

97           Оё аҳли ин ободиҳо аз ин дар амонанд, ки азоби мо шабона ба суроғи онҳо биёяд, дар ҳоле, ки дар хоб бошанд?!

98           Оё аҳли ин ободиҳо, аз ин дар амонанд, ки азоби мо ҳангоми рўз ба суроғашон биёяд, дар ҳоле, ки саргарми бозӣ ҳастанд?!

99           Оё онҳо худро аз макри илоҳӣ дар амон медонанд?! Дар ҳоле, ки ҷуз зиёнкорон, худро аз макр (ва муҷозоти) Худо дар амон намедонанд.

100       Оё касоне, ки вориси рўи замин баъд аз соҳибони он мешаванд, ибрат намегиранд, ки агар бихоҳем, онҳоро низ ба гуноҳонашон ҳалок мекунем ва бар дилҳояшон мўҳр мениҳем, то (садои ҳақро) нашунаванд?!

101       Инҳо, шаҳрҳо ва ободиҳое аст, ки қисмате аз ахбори онро барои ту шарҳ медиҳем. Пайҳамбаронашон делелҳои равшан барои онон оварданд, (ваел онҳо чунон саркаш буданд, ки) ба он чӣ пеш аз он инкор карда буданд, имон намеоварданд. Ин гуна Худованд бар дилҳои кофирон мўҳр мениҳад (ва бар асари саркашӣ ва идомаи гуноҳ, ҳисси ташхисашонро салб мекунад).

102       Ва бештари онҳоро бар сари паймони худ наёфтем, (балки) аксари онҳоро фосиқу гунаҳкор ёфтем.

103       Сипас дар пайи онҳо (пайғамбарони пешин), Мўсоро бо нишонаҳои худ ба сўи Фиръавн ва атрофиёни ў фиристодем, аммо онҳо (бо напазируфтан), ба он (нишонаҳо) зулм карданд. Бибин оқибати муфсидон чӣ гуна буд!

104       Ва Мўсо гуфт: «Эй Фиръавн! Ман фиристодае аз сўи Парвардигори ҷаҳониёнам.

105       Сазовор аст, ки бар Худо ҷуз ҳақ нагўям. Ман далели равшан аз Парвардигоратон барои шумо овардаам, пас Банӣ Исроилро бо ман бифирист».

106       (Фиръавн) гуфт: «Агар нишонае овардаӣ, нишон бидеҳ, агар аз ростгўёнӣ».

107       (Мўсо) асои худро афканд, ногаҳон аждаҳои ошкоре шуд.

108       Ва дасти худро (аз гиребон) берун овард, сафед (ва дурахшон) барои бинандагон буд.

109       Атрофиёни Фиръавн гуфтанд: «Бешак ин соҳири моҳир ва доное аст.

110       Мехоҳад шуморо аз сарзаминатон берун кунад, (назари шумо чист ва) дар баробари ў чӣ дастуре доред?».

111       (Сипас ба Фиръавн) гуфтанд: «(Кори) ў ва бародарашро ба таъхир андоз ва ҷамъоварӣ кунандагонро ба ҳамаи шаҳрҳо бифирист,

112       То ҳар соҳири доно (ва корозмудае)-ро ба хидмати ту биёваранд».

113       Соҳирон назди Фиръавн омаданд ва гуфтанд: «Оё агар мо пирўз гардем, аҷру подоши муҳимме хоҳем дошт?!».

114       Гуфт: «Оре, ва шумо аз муқаррабон хоҳед буд».

115       (Рўзи мубориза фаро расид. Соҳирон) гуфтанд: «Эй Мўсо! Ё ту (василаҳои сеҳратро) бияфкан ё мо меафканем».

116       Гуфт: «Шумо бияфканед». Ва ҳамагӣ, (ки василаҳои сеҳри худро) афканданд, мардумро чашмбандӣ карданд ва тарсонданд ва сеҳри бузурге падид оварданд.

117       (Мо) ба Мўсо ваҳй кардем, ки: «Асои худро бияфкан». Ногаҳон (ба сурати мори бузурге даромад, ки) васоили дурўғини онҳоро бо шитоб бармегирифт.

118       (Дар ин ҳангом), ҳақ ошкор шуд ва он чӣ онҳо сохта буданд, ботил гашт.

119       Ва дар он ҷо (ҳамагӣ) мағлуб шуданд ва хору кўчак гаштанд.

120       Ва соҳирон (бе ихтиёр) ба саҷда афтоданд.

121       Ва гуфтанд: «Мо ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем:

122       Парвардигори Мўсо ва Ҳорун».

123       Фиръавн гуфт: «Оё пеш аз он ки ба шумо иҷозат диҳам, ба ў имон овардед?! Ҳатман ин найранг ва тавтиае аст, ки дар ин шаҳр (ва диёр) чидаед, то аҳлашро аз он берун кунед, вале ба зудӣ хоҳид донист!

124       Савганд мехўрам, ки дастҳо ва поҳои шуморо ба таври мухолиф (дасти рост бо пои чап ё дасти чап бо пои рост) қатъ мекунам, сипас ҳамагиро ба дор меовезам!».

125       (Соҳирон) гуфтанд: «(Муҳим нест), мо ба сўи Парвардигорамон бозмегардем.

126       Интиқоми ту аз мо, танҳо ба хотири ин аст, ки мо ба оятҳои Парвардигори худ – ҳангоме, ки ба суроғи мо омад – имон овардем. Бор Илоҳо! Сабру истиқомат бар мо фурў рез. (Ва охирин дараҷаи шакебоиро ба мо марҳамат фармо). Ва моро мусулмон бимирон».

127       Ва ашрофир қавми Фиръавн (ба ў) гуфтанд: «Оё Мўсо ва қавмашро раҳо мекунӣ, ки дар замин фасод кунанд ва ту ва худоёнатро раҳо созад?!». Гуфт: «Ба зудӣ писаронашонро мекушем ва духтаронашонро зинда нигаҳ медорем, (то ба мо хидмат кунанд). Ва мо бар онҳо комилан мусаллат ҳастем».

128       Мўсо ба қавми худ гуфт: «Аз Худо ёрӣ ҷўед ва истиқомат пеша кунед, ки замин аз они Худост ва онро ба ҳар кас аз бандагонаш, ки бихоҳад, вогузор мекунад. Ва саранҷом (-и нек) барои парҳезгорон аст».

129       Гуфтанд: «Пеш аз он ки ба сўи мо биёӣ, озор дидем, (ҳамакнун) пас аз омаданат низ озор мебинем! (Кай ин озорҳо поён мерасад?)». Гуфт: «Умед аст, Парвардигоратон душмани шуморо ҳалок кунад ва шуморо дар замин ҷонишин (-и онҳо) созад ва бингарад чӣ гуна амал мекунед».

130       Ва мо наздикони Фиръавн (ва қавми ў)-ро ба хушксолӣ ва камбуди меваҳо гирифтор кардем, шояд мутазаккир гарданд.

131       (Аммо онҳо на танҳо панд нагирифтанд, балки) ҳангоме, ки некӣ (ва неъмат) ба онҳо мерасид, мегуфтанд: «Ба хотири худи мост». Вале вақте, ки бадӣ (ва бало) ба онҳо мерасид, мегуфтанд: «Аз шумии Мўсо ва касони ўст». Огоҳ бошед, сарчашмаи ҳамаи инҳо назди Худост, вале бештари онҳо намедонанд.

132       Ва гуфтанд: «Ҳар замон нишона ва мўъҷизае барои мо биёварӣ, ки сеҳрамон кунӣ, мо ба ту имон намеовардем».

133       Сипас (балоҳоро пушти сари ҳам бар онҳо нозил кардем:) тўфон ва малах ва офати гиёҳӣ ва қурбоқаҳо ва хунро – ки нишонаҳое аз ҳам ҷудо буданд – бар онҳо фиристодем, (вале боз бедор нашуданд ва) такаббур варзиданд ва ҷамъияти гунаҳкоре буданд.

134       Ҳангоме, ки бало бар онҳо мусаллат мешуд, мегуфтанд: «Эй Мўсо! Аз Худоят барои мо бихоҳ, ба аҳде, ки бо ту кардааст, рафтор кунад. Агар ин балоро аз мо муртафаъ созӣ, ҳатман ба ту имон меоварем ва Банӣ Исроилро бо ту хоҳем фиристод».

135       Аммо ҳангоме, ки балоро пас аз муддати муайяне, ки ба он мерасиданд, аз онҳо бармедоштем, паймони худро мешикастанд.

136       Саранҷом аз онҳо интиқом гирифтем ва ононро дар дарё ғарқ кардем, зеро нишонаҳои моро инкор карданд ва аз он ғофил буданд.

137       Ва машриқҳо ва мағрибҳои пурбаракати заминро ба он қавми ба заъф кашонидашуда (зери занҷири зулму ситам), вогузор кардем. Ва ваъдаи неки Парвардигорат бар Банӣ Исроил, ба хотири сабру истиқомате, ки ба харҷ доданд, таҳаққуқ ёфт. Ва он чӣ Фиръавн ва фиръавниён (аз кохҳои муҷаллал) месохтанд ва он чӣ аз боғҳои ховозадор фароҳам сохта буданд, дарҳам кўбидем!

138       Ва Банӣ Исроилро (солим) аз дарё гузар додем, (ногоҳ) дар роҳи худ ба гурўҳе расиданд, ки атрофи бутҳояшон бо тавозўъ ва хузўъ гирд омада буданд. (Дар ин ҳангом Банӣ Исроил) ба Мўсо гуфтанд: «Ту ҳам барои мо маъбуде қарор деҳ, ҳамон гуна, ки онҳо маъбудон (ва худоёне) доранд». Гуфт: «Шумо ҷамъияти ҷоҳилу нодоне ҳастед.

139       Инҳо (-ро, ки мебинаед), саранҷоми корашон нобудӣ аст. Ва он чӣ анҷом медиҳанд, ботил (ва беҳуда) аст».

140       (Сипас) гуфт: «Оё ғайр аз Худованд, маъбуде барои шумо биталабам?! Дар ҳоле, ки Ў шуморо бар ҷаҳониён (ва мардуми асратон) бартарӣ дод».

141       (Ба хотир биёваред) замонеро, ки аз (чанголи) фиръавниён наҷотатон бахшидем. Онҳо, ки пайваста шуморо ба бадтарин тарз шиканҷа медоданд, писаронатонро мекуштанд ва занонатонро (барои хидматгузорӣ) зинда мегузоштанд. Ва дар ин, имтиҳони бузурге аз сўи Худо барои шумо буд.

142       Ва мо бо Мўсо сӣ шаб ваъда гузоштем, сипас онро бо даҳ шаб (-и дигар), комил намудем. Ба ин тартиб, меоди Парвардигораш (бо ў) чиҳил шаби комил шуд. Ва Мўсо ба бародараш Ҳорун гуфт: «Ҷонишини ман дар миёни қавмам бош ва (онҳоро) ислоҳ кун ва аз равиши муфсидон пайравӣ манамо».

143       Ва ҳангоме, ки Мўсо ба меодгоҳи мо омад ва Парвардигораш бо ў сухан гуфт, арз кард: «Парвардигоро! Худатро ба ман нишон деҳ, то Туро бубинам». Гуфт: «Ҳаргиз маро нахоҳӣ дид. Вале ба кўҳ бинигар, агар дар ҷои худ собит монд, маро хоҳӣ дид». Аммо ҳангоме, ки Парвардигораш бар кўҳ ҷилва кард, онро монанди хок қарор дод ва Мўсо мадҳуш ба замин афтод. Чун ба ҳуш омад, гуфт: «Худовандо! Муназзаҳӣ Ту, (аз ин ки бо чашм туро бубинам!). Ман ба сўи Ту боз гаштам. Ва ман нахустин мўъминонам».

144       (Худованд) фармуд: «Эй Мўсо! Ман туро бо рисолатҳои худ ва б сухан гуфтанам (бо ту), бар мардум бартарӣ додам ва баргузидам, пас он чиро ба ту додаам, бигир ва аз шукргузорон бош».

145       Ва барои ў дар лавҳҳо, андарзе аз ҳар мавзўе навиштем. Ва баёне аз ҳар чиз кардем. «Пас онро бо ҷиддият бигир ва ба қавми худ бигў: ба некўтарини онҳо амал кунанд. (Ва онҳо, ки ба мухолифат бархезанд, кайфарашон дўзах аст). Ва ба зудӣ ҷойгоҳи фосиқонро ба шумо нишон хоҳам дод!».

146       Ба зудӣ касонеро, ки дар рўи замин ба ноҳақ такаббур меварзанд, аз (имон ба) оятҳои худ мунсариф месозам. Онҳо чунонанд, ки агар ҳар оят ва нишонаеро бибинанд, ба он имон намеоваранд, агар роҳи ҳидоятро бубинанд, онро роҳи худ интихоб намекунанд ва агар тариқи гумроҳиро бубинанд, онро роҳи худ интихоб мекунанд. (Ҳамаи инҳо) ба хотири он аст, ки нишонаҳои моро инкор карданд ва аз он ғофил буданд.

147       Ва касоне, ки оятҳо ва дидори растохезро инкор кунанд, аъмолашон нобуд мегардад. Оё ҷуз он чиро амал мекарданд, подош дода мешаванд?!

148       Қавми Мўсо баъд (аз рафтани) ў (ба меодгоҳи Худо), аз зеварҳои худ гўсолае сохтанд. Ҷасади беҷоне, ки садои гўсола дошт. Оё онҳо намедиданд, ки бо онон сухан намегўяд ва ба роҳи (рост) ҳидояташон намекунад?! Онро (худои худ) интихоб карданд ва золим буданд.

149       Ва ҳангоме, ки ҳақиқат ба дасташон афтод ва диданд гумроҳ шудаанд, гуфтанд: «Агар Парвардигорамон ба мо раҳм накунад ва моро наёмурзад, ба таври ҳатмӣ аз зиёнкорон хоҳем буд».

150       Ва ҳангоме, ки Мўсо хашмгину андўҳнок ба сўи қавми худ бозгашт, гуфт: «Пас аз ман ҷонишинони баде бароям будед (ва оини маро зойеъ кардед). Оё дар мавриди фармони Парвардигоратон (ва тамдиди муддати меоди Ў), шитоб намудед (ва зуд қазоват кардед?!)». Сипас лавҳҳоро афканд ва сари бародари худро гирифт (ва бо асабоният) ба сўи худ кашид, ў гуфт: «Фарзанди модарам! Ин гурўҳ, маро дар фишор гузоштанд ва нотавон карданд ва наздик буд маро бикушанд, пас коре накун, ки душманон маро шамотат кунанд ва маро бо гурўҳи ситамкорон қарор мадеҳ».

151       (Мўсо) гуфт: «Парвардигоро! Ман ва бародарамро биёмурз ва моро дар раҳмати худ дохил фармо ва Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ».

152       Касоне, ки гўсоларо (маъбуди худ) қарор доданд, ба зудӣ хашми Парвардигорашон ва зиллат дар зиндагии дунё ба онҳо мерасад. Ва ин чунин касонеро, ки (бар Худо) ифтиро мебанданд, кайфар медиҳем!

153       Ва онҳо, ки гуноҳ карданд ва баъд аз он тавба намуданд ва имон оварданд, (умеди афви Ўро доранд, зеро) Парвардигори ту, дар пайи ин кор Омурзанда ва Меҳрубон аст.

154       Ҳангоме, ки хашми Мўсо фурў нишаст, алвоҳ (Таврот)-ро баргирифт ва дар навиштаҳои он, ҳидоят ва раҳмат барои касоне буд, ки аз Парвардигои худ метарсанд (ва аз мухолифати фармонаш хавф доранд).

155       Мўмо аз қавми худ ҳафтод тан аз мардонро барои меодгоҳи мо баргузид ва ҳангоме, ки заминларза онҳоро фаро гирифт (ва ҳалок шуданд), гуфт: «Парвардигоро! Агар мехостӣ, метавонистӣ онҳо ва маро пеш аз ин низ ҳалок кунӣ. Оё моро ба он чӣ сафеҳонамон анҷом додаанд, (муҷозот ва) ҳалок мекунӣ?! Ин ҷуз имтиҳони Ту, чизи дигаре нест, ки ҳар касро бихоҳӣ (ва мустаҳақ бидонӣ), ба василаи он гумроҳ месозӣ ва ҳар касро бихоҳӣ (ва шоиста бубинӣ), ҳидоят мекунӣ. Ту сарпарасти мо ҳастӣ пас моро биёмурз ва бар мо раҳм кун ва Ту беҳтарин омурзандагонӣ.

156       Ва барои мо, дар ин дунё ва сарои дигар некӣ муқаррар намо, зеро ки мо ба сўи Ту бозгашт кардаем». (Худованд дар баробари ин дархтост, ба Мўсо) гуфт: «Муҷозотамро ба ҳар кас бихоҳам мерасонам ва раҳматам ҳамаи чизро фаро гирифтааст. Ва онро барои онҳо, ки тақво пеша кунанд ва закотро бипардозанд ва онҳо, ки ба оятҳои мо имон меоваранд, муқаррар хоҳам дошт.

157       Ҳамонҳо, ки аз фиристодаи (Худо), Пайғамбари «Уммӣ» пайравӣ мекунанд, Пайғамбаре, ки сифатҳояшро дар Тарврот ва Инҷиле, ки наздашон аст, меёбанд. Онҳоро ба маъруф дастур медиҳад ва аз мункар бозмедорад. Чизҳои покизаро барои онҳо ҳалол мешуморад ва нопокиҳоро ҳаром мекунад. Ва борҳои вазнин ва занҷирҳоеро, ки бар онҳо буд, (аз дўшу гарданашон) бармедорад, пас касоне, ки ба ў имон оварданд ва ҳимояту ёриаш карданд ва аз нуре, ки бо ў нозил шудааст, пайравӣ намуданд, онон растагоронанд».

158       Бигў: «Эй мардум! Ман фиристодаи Худо ба сўи ҳамаи шумо ҳастам, ҳамон Худое, ки ҳукумати осмонҳо ва замин аз они Ўст, маъбуде ҷуз Ў нест, зинда мекунад ва мемиронад, пас имон оваред ба Худо ва фиристодааш, он Пайғамбари дарснахондае, ки ба Худо ва калимоташ имон дорад. Ва аз ў пайравӣ кунед, то ҳидоят ёбед».

159       Ва аз қавми Мўсо, гурўҳе ҳастанд, ки ба сўи ҳақ ҳидоят мекунанд ва ба ҳаққу адолат ҳукм менамоянд.

160       Мо онҳоро ба дувоздаҳ гурўҳ – ки ҳар як шохае (аз насли Исроил) буд – тақсим кардем. Ва ҳангоме, ки қавми Мўсо (дар биёбон) аз ў дархости об карданд, ба ў ваҳй фиристодем, ки: «Асои худро бар санг бизан». Ногаҳон дувоздаҳ чашма аз он берун ҷаст, он чунон, ки ҳар гурўҳ, чашма ва обишхўри худро мешинохт. Ва абрро бар сари онҳо соябон сохтем ва бар онҳо «ман» ва «салво» фиристодем. (Ва ба онон гуфтем:) Аз рўзиҳои покизае, ки ба шумо додаем, бихўред (ва шукри Худоро ба ҷо оваред. Онҳо нофармонӣ ва ситам карданд, вале) ба мо ситам накарданд, локин ба худашон ситам менамуданд.

161       Ва (ба хоти биёваред) ҳангомеро, ки ба онҳо гуфта шуд: «Дар ин шаҳр (-и Байтулмуқаддас) сокин шавед ва аз ҳар ҷо (ва ба ҳар кайфият) бихоҳед, аз он бихўред (ва баҳра гиред) ва бигўед: «Худовандо! Гуноҳони моро бирез». Ва аз дар (-и Байтулмуқаддас) бо тавозўъ дохил шавед, ки агар чунин кунед, гуноҳони шуморо мебахшем. Ва некўкоронро подоши бештар хоҳем дод».

162       Аммо ситамгарони онҳо, ин сухан (ва он фармонҳо)-ро ба ғайри он чӣ ба онҳо гуфта шуда буд, тағйир доданд, аз ин рў ба хотири ситаме, ки раво медоштанд, балое аз осмон бар онҳо фиристодем (ва муҷозоташон кардем).

163       Ва аз онҳо дар бораи (саргузашти) шаҳре, ки дар соҳили дарё буд, бипурс. Замоне, ки онҳо дар рўзҳои шанбе, таҷовауз (ва нофармонии Худо) мекарданд. Ҳамон ҳангом, ки моҳиёнашон, рўзи шанбе, (ки рўзи таътилу истироҳат ва ибодат буд, бар сатҳи об) ошкор мешуданд, аммо дар ғайри рўзи шанбе ба суроғи онҳо намеомаданд. Ин чунин онҳоро ба чизе имтиҳон кардем, ки нофаромонӣ мекарданд.

164       Ва (ба ёд ор) ҳангомеро, ки гурўҳе аз онҳо (ба гурўҳи дигар) гуфтанд: «Чаро ҷамъе (гунаҳкор)-ро андарз медиҳед, ки саранҷом Худованд онҳоро ҳалок хоҳад кард ё ба азоби шадиде гирифтор хаҳад сохт?! (Онҳоро ба ҳоли худ гузоред, то нобуд шаванд)». Гуфтанд: «(Ин андарзҳо) барои эътизор (ва рафъи масъулият) дар пешгоҳи Парвардигори шумост, ба илова, шояд онҳо (бипазиранд ва аз гуноҳ бозистанд ва) тақво пеша кунанд».

165       Аммо ҳангоме, ки тазаккуротеро, ки ба онҳо дода шуда буд, фаромўш карданд, (лаҳзаи азоб фаро расид ва) наҳйкунандагони аз бадиро раҳоӣ бахшидем ва касонеро, ки ситам карданд, ба хотири нофармонияшон ба азоби шадиде гирифтор сохтем.

166       (Оре), ҳангоме, ки дар баробари он чӣ аз он наҳй шуда буданд, саркашӣ карданд, ба онҳо гуфтем: «Ба шакли маймунҳои тардшудае дароед!».

167       Ва (низ ба хотир биёвар) ҳангомеро, ки Парвардигорат эълом кард: то доманаи қиёмат касеро бар онҳо мусаллат хоҳад сохт, ки ҳамвора онҳоро дар азоби сахте қарор диҳад, зеро Парвардигорат, муҷозоташ зудрас (ва дар айни ҳол нисбат ба тавбакорон), Омурзанда ва Меҳрубон аст.

168       Ва онҳоро дар замин ба сурати гурўҳҳое, пароканда сохтем. Гурўҳе аз онҳо солеҳ ва гурўҳ носолеҳанд. Ва онҳоро бо некиҳо ва бадиҳо озмудем, шояд бозгарданд.

169       Пас аз онҳо, фарзандоне ҷои онҳоро гирифтанд, ки вориси китоб (-и осмонӣ, Таврот) шуданд, (аммо бо ин ҳол) матои ин дунёи пастро гирифта, (бар итоати фармони Худо тарҷеҳ медиҳанд) ва мегўянд: «(Агар мо гунаҳкорем, тавба мекунем ва) ба зудӣ бахшида хоҳем шуд». Аммо агар матои дигаре монанди он ба дасташон бияфтад, онро (низ) мегиранд (ва боз ҳукми Худоро пушти сар меафкананд). Оё паймони китоб (-и Худо) аз онҳо гирифта нашуда, ки бар Худо (дурўғ набанданд ва) ҷуз ҳақ нагўянд ва онон борҳо онро хонадаанд?! Ва сарои охират барои парҳезгорон беҳтар аст, оё намефаҳмед?!

170       Ва онҳо, ки ба китоб (-и Худо) чанг зананд ва намозро барпо доранд, (подоши бузурге хоҳанд дошт, зеро) мо подоши муслиҳонро зойеъ нахоҳем кард.

171       Ва (низ ба хотир биёвар) ҳангоме, ки кўҳро ҳамчун соябоне бар фарози онҳо баланд кардем, он чунон, ки гумон карданд, бар онон фуруд меояд (ва дар ҳамин ҳол аз онҳо паймон гирифтем ва гуфтем:) Он чиро (аз аҳкому дастурҳо) ба шумо додаем, бо қувват (ва ҷиддият) бигиред. Ва он чӣ дар он аст, ба ёд дошта бошед (ва амал кунед), то парҳезгор шавед.

172       Ва (ба хотир биёвар) замонеро, ки Парвардигорат аз пушт ва сулби фарзандони Одам, зуррияи онҳоро баргирифт ва онҳоро гувоҳ бар худ сохт (ва фармуд:) «Оё ман Парвардигори шумо нестам?». Гуфтанд: «Чаро, гувоҳӣ медиҳем». (Чунин кард, мабодо) рўзи растохез бигўед: «Мо аз ин ғофил будем (ва аз паймони фитрии тавҳид бехабар мондем)».

173       Ё бигўед: «Падаронамон пеш аз мо мушрик буданд, мо ҳам фарзандоне баъд аз онҳо будем (ва чорае ҷуз пайравӣ аз онон надоштем). Оё моро ба он чӣ ботилгароён анҷом доданд, муҷозот мекунӣ?!».

174       Ин гуна оятҳоро шарҳ медиҳем ва шояд ба сўи ҳақ боз гарданд (ва бидонанд, нидои тавҳид дар даруни ҷонашон, аз рўзи нахуст будааст).

175       Ва бар онҳо бихон саргузашти он касро, ки оятҳои худро бар ў додем, вале (саранҷом) худро аз он холӣ сохт ва шайтон дар пайи ў афтод ва аз гумроҳон шуд.

176       Ва агар мехостем, (мақоми) ўро бо ин оятҳо (ва илмҳову донишоҳо) боло мебурдем, (аммо маҷбур кардан бар хилофи суннати мост, пас ўро ба ҳоли худ раҳо кардем) ва ў ба пастӣ гароид ва аз ҳавои нафси худ пайравӣ кард. Масали ў ҳамчун саг (-и ваҳшӣ) аст, ки агар ба ў ҳамла кунӣ, даҳонашро боз ва забонашро берун меоварад ва агар ўро ба ҳоли худ гузорӣ, боз ҳамин корро мекунад, (гўё чунон ташнаи дунёпарастӣ аст, ки ҳаргиз сероб намешавад). Ин масали гурўҳе аст, ки оятҳои моро инкор карданд, ин достонҳоро (барои онҳо) бозгў кун, шояд андеша кунанд (ва бедор шаванд).

177       Чӣ масале бад доранд, гурўҳе, ки оятҳои моро инкор карданд ва танҳо ба худашон ситам менамуданд!

178       Он касро, ки Худо ҳидоят кунад, ҳидоят ёфта (-и ҳақиқӣ) ўст. Ва касонеро, ки (ба хотири аъмолашон) гумроҳ созад, зиёнокрон (-и ҳақиқӣ) онҳо ҳастанд.

179       Ба яқин гурўҳи бисёре аз ҷинну инсро барои дўзах офаридем. Онҳо дилҳо (ақлҳо)-е доранд, ки бо он (андеша намекунанд ва) намефаҳманд. Ва чашмоне, ки бо он намебинанд. Ва гўшҳое, ки бо он намешунаванд. Онҳо ҳамчун чаҳорпоёнанд, балки гумроҳтар! Инон ҳамон ғофилонанд, (чаро, ки бо доштани ҳама гуна имконоти ҳидоят, боз ҳам гумроҳанд).

180       Ва барои Худо номҳои нек аст. Худоро ба он (номҳо) бихонед. Ва касонеро, ки дар номҳои Худо таҳриф мекунанд (ва бар ғайри Ў мениҳанд ва шарик барояш қоил мешаванд), раҳо созед. Онҳо ба зудӣ ҷазои аъмолеро, ки анҷом медоданд, мебинанд.

181       Ва аз онҳо, ки офаридем, гурўҳе ба ҳақ ҳидоят мекунанд ва ба ҳақ иҷрои адолат менамоянд.

182       Ва онҳо, ки оятҳои моро инкор карданд, ба тадриҷ аз ҷое, ки намедонанд, гирифтори муҷозоташон хоҳем кард.

183       Ва ба онҳо мўҳлат медиҳам, (то муҷозоташон дардноктар бошад), зеро тарҳу нақшаи ман, қавӣ (ва ҳисобшуда) аст. (Ва ҳеҷ касро қудрати гурез аз он нест).

184       Оё фикр накарданд, ки ҳамнишини онҳо (пайғамбар), ҳеҷ гуна (асаре аз) ҷунун надорад?! (Пас чӣ гуна чунин нисбати норавое ба ў медиҳанд?!). Ў фақат бимдиҳандаи ошкоре аст, (ки мардумро мутаваҷҷеҳи вазифаҳояшон месозад).

185       Оё дар ҳукумат ва низоми осмонҳо ва замин ва он чӣ Худо офаридааст, (аз рўи диққату ибрат) назар наафканданд?! (Ва оё дар ин низ андеша накарданд, ки) шояд поёни зиндагии онҳо наздик шуда бошад?! (Агар ба ин китоби осмонии равшан имон наоварданд), баъд аз он ба кадом сухан имон хоҳанд овард?!

186       Ҳар касро Худовнад (ба ҷурми аъмоли зишташ) гумроҳ созад, ҳидояткунандае надорад. Ва онҳоро дар туғёну саркашиашон раҳо месозад, то саргардон шаванд.

187       Дар бораи қиёмат аз ту савол мекунанд, кай фаро мерасад? Бигў: «Илмаш фақат назди Парвардигори ман аст ва ҳеҷ кас ҷуз Ў, (наметавонад) вақти онро ошкор созад, (аммо қиёми қиёмат, ҳатто) дар осмонҳо ва замин, вазнин (ва бисёр пураҳамият) аст. Ва ҷуз ба таври ногаҳонӣ, ба суроғи шумо намеояд». (Боз) аз ту савол мекунанд, чунон ки гўё ту аз замони вуқўи он бохабарӣ. Бигў: «Илмаш танҳо назди Худост, вале бештари мардум намедонанд».

188       Бигў: «Ман молики суду зиёни худ нестам, магар он чиро Худо бихоҳад (ва аз ғайб ва асрори ниҳон низ хабар надорам, магар он чӣ Худованд ирода кунад). Ва агар аз ғайб бохабар будам, суди фаровоне барои худ фароҳам мекардам ва ҳеҷ бадӣ (ва зиёне) ба ман намерасид. Ман фақат бимдиҳанда ва башоратдиҳандаам, барои гурўҳе, ки имон меоваранд (ва омодаи пазириши ҳақ ҳастанд)».

189       Ў Худое аст, ки (ҳамаи) шуморо аз як шахс офарид. Ва ҳамсарашро низ аз ҷинси ў қарор дод, то дар канори ў биёсояд. Сипас ҳангоме, ки бо ў омезиш кард, ҳамли сабуке бардошт, ки бо вуҷуди он, ба корҳои худ идома медод. Ва чун вазнин шуд, ҳар ду аз Худованд ва Парвардигори худ хостанд: «Агар фарзанди солеҳе ба мо диҳӣ, аз шокирон хоҳем буд».

190       Аммо ҳангоме, ки Худованд фарзанди солеҳе ба онҳо дод, (мавҷудоти дигарро дар ин неъмат муассир донистанд ва) барои Худо, дар ин неъмат, ки ба онҳо бахшида буд, ҳамтоёне қоил шуданд. Худованд бартар аст, аз он чӣ ҳамтои Ў қарор медиҳанд.

191       Оё мавҷудотеро ҳамтои Ў қарор медиҳанд, ки чизеро намеофаринанд ва худашон махлуқанд.

192       Ва наметавонанд ононро ёрӣ кунанд ва на худашонро ёрӣ медиҳанд.

193       Ва ҳар гоҳ онҳоро ба сўи ҳидоят даъват кунед, аз шумо пайравӣ намекунанд ва барои шумо яксон аст, чӣ онҳоро даъват кунед ва чӣ хомўш бошед?!

194       Онҳоеро, ки ғайр аз Худо мехонед (ва парастиш мекунед), бандагоне ҳамчун худи шумо ҳастанд, онҳоро бихонед ва агар рост мегўед, бояд ба шумо ҷавоб диҳанд (ва дархостатонро бароваранд!).

195       Оё (онҳо ҳадди ақал монанди худи шумо), поҳое доранд, ки бо он роҳ бираванд?! Ё дастҳое доранд, ки бо он чизеро бигиранд (ва коре анҷом диҳанд?!). Ё чашмоне доранд, ки бо он бубинанд?! Ё гўшҳое доранд, ки бо он бишунаванд?! (На, ҳаргиз, ҳеҷ кадом). Бигў: «(Акнун, ки чунин аст), бутҳои худро, ки шарики Худо қарор дадаед, (бар зидди ман) бихонед ва барои ман нақша бикашед ва лаҳзае мўҳлат надиҳед, (то бидонед коре аз онҳо сохта нест)!

196       Валӣ ва сарпарасти ман Худое аст, ки ин китобро нозил карда ва Ў ҳамаи солеҳонро сарпарастӣ мекунад.

197       Ва онҳоеро, ки ҷуз Ў мехонед, наметавонанд ёриятон кунанд. Ва на (ҳатто) худашонро ёрӣ диҳанд.

198       Ва агар онҳоро ба ҳидоят фаро хонед, суханонатонро намешунаванд. Ва онҳоро мебинӣ, (ки бо чашмҳои сохтагияшон) ба ту нигоҳ мекунанд, аммо дар ҳақиқат намебинанд!».

199       (Ба ҳар ҳол), бо онҳо мудоро кун ва узрашонро бипазир ва ба некиҳо даъват намо ва аз ҷоҳилон рўй бигардон (ва бо онон ситеза макун).

200       Ва ҳар гоҳ васвасае аз шайтон ба ту расад, ба Худо паноҳ бар, ки Ў Шунаванда ва Доност.

201       Парҳезгорон ҳангоме, ки гирифтори васвасаҳои шайтон шаванд, ба ёди (Худо ва подошу кайфари Ў) меафтанд ва (дар партави ёди Ў, роҳи ҳақро мебинанд ва) ногаҳон бино мегарданд.

202       Ва (нопарҳезгоронро) бародаронашон (аз шаётин), пайваста дар гумроҳӣ пеш мебаранд ва боз намеистанд.

203       Ҳангоме, ки (дар нузули ваҳй таъхир афтад ва) ояте барои онон наоварӣ, мегўянд: «Чаро худат (аз пеши худ) онро барнагузидӣ?!». Бигў: «Ман танҳо аз чизе пайравӣ мекунам, ки бар ман ваҳй мешавад. Ин василаи биноӣ, аз тарафи Парвардигоратон ва сабаби ҳидояту раҳмат аст, барои ҷамъияте, ки имон меоваранд».

204       Ҳангоме, ки Қуръон хонда шавад, гўш фаро диҳед ва хомўш бошед, шояд машмули раҳмати Худо шавед.

205       Парвардигоратро дар дили худ, аз рўи тазаррўъ ва хавф, оҳиставу ором, субҳгоҳону шомгоҳон, ёд кун ва аз ғофилон мабош.

206       Онҳо, ки (дар мақоми қурб), назди Парвардигори ту ҳастанд, (ҳеҷ гоҳ) аз ибодаташ такаббур намеварзанд ва Ўро тасбеҳ мегўянд ва барояш саҷда мекунанд.

 

 

 

 

 

 

Охирин матолиб

Омӯзиши рӯхонии Қуръони Карим

 Муқаддима  قَال» مَا مِن مُومِن؛ ذَکَرٍ اَو اُنثَی؛ حُرٍّ اَو مَملُوکٍ اِلَّا وَ لِلّهِ عَلَیهِ حَقٌّ وَاجِبٌ اَن يَتَعَلَمَ مِنَ القُرآنِ وَ یَتَفَقَّهُ فِیهِ» Пайғамбари...

Чаро Қуръон комилтарин китоб аст?

Дӯст дорам пеш аз посух додан чанд савол аз шумо бипурсам: —Агар китоберо як доинишманд бинависад, комилтар аст, ё фарди ғайри донишманд?

Роҳкорҳои ҳифзи шахсияти афроди ҷомеа 1

Роҳкорҳои ҳифзи шахсияти афроди ҷомеа Авомили ихтилофоти иҷтимоӣ ва одоби муоширати саҳеҳ Муқаддима Қуръони карим дар ояи ёздаҳуми сураи муборакаи Ҳуҷурот бархе “авомили ихтилоф” мисли...

Тарҷумаи СУРАИ КАҲФ

СУРАИ КАҲФ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 110 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худоро, ки бар бандааш Китоб (Қуръон)-ро нозил...