СУХАНИ КӮТОҲЕ АЗ САЪДӢ

Ном ва таърихи вилодат

Ба ривояти Ибни Футӣ (м. 723 ҳ.қ.) ки муосири Саъдӣ буда ва бо ӯ номанигорӣ доштааст, номи ӯ «Муслиҳиддин» ва куняаш «Абӯмуҳаммад»,  лақабаш  «Мушрифуддин» ё «Шарафуддин» ва тахаллусаш «Саъдӣ» аст.

Дар таърихи вилодати ӯ ихтилоф аст. Таваллуди ӯро бархе дар соли 604-и ҳиҷрииқамарӣ ва бархе дигар, дар соли 606-и ҳ.қ. гуфтаанд. Аммо бархе аз муҳаққиқон, монанди Аббоси Иқбол, соли таваллуди ӯро миёни солҳои 610 ва 615 ҳ.қ. донистаанд.

Дар таърихи вафоти ӯ низ ихтилоф аст, аммо маъруф  он аст, ки ӯ дар соли 691 ё 694 ҳ.қ. зиндагӣро видоъ гуфтааст.

Гӯшае аз саргузашти Саъдӣ

Саъдӣ, бинобар гӯфтаи худаш, дар кӯдакӣ падарро аз даст додааст, чунон ки мегӯяд:

  Маро бошад аз дарди тифлон хабар,

                              Ки дар тифлӣ аз сар бирафтам падар.  

Хонадони ӯ аз олимони дин будаанд. Пас аз даргузашти падар таҳти назари падарбузурги модариаш, Масъуд ибни Муслиҳи Форсӣ тарбият ёфт ва улуми муқаддамотиро фаро гирифт.

Пас аз он, ба Бағдод рафт ва дар Низомияи Бағдод таҳсили илмро идома дод. Ин муҳоҷират ҳудуди соли 620 ҳ.қ. рӯй дод.

Саъдӣ даврони ҷавониро дар Низомия сипарӣ кард ва  пас аз он ки тӯшаи кофӣ аз дониши замона бар гирифт, роҳии Шом ва Ҳиҷоз ва Мағрибзамин шуд ва се сол, яъне аз соли 626 ё 627 ҳ.қ. дар Шом басар бурд.

Ӯ ҳикоятҳо ва хотироти ширини фаровоне аз ин сафарҳоро дар осори худ, аз ҷумла «Гулистон» овардааст.

Шоири мо, дар масҷиди шаҳри Баълабак бар минбар мерафт ва мардумро панду андарз медод. Дар ҷангҳои салибӣ, ба дасти салибиён асир шуд ва дар хандақи Тароблус бо яҳудиён ба кори гил гумошта шуд, ки яке аз раисҳои Ҳалаб ӯро шинохт ва ба даҳ динор ӯро харид ва озод кард ва ба хона бурд ва духтарашро ба ақди ӯ  даровард. Саъдӣ достони ин асорат ва раҳоиро дар «Гулистон» овардааст.

Албатта бояд таваҷӯҳ дошт, ки ҳамаи достонҳои ёдшуда дар осори Саъдӣ, воқеӣ нест, балки бархе аз онҳо мусаллам сохтагӣ аст ва Саъдӣ онҳоро барои натиҷагирии ахлоқӣ пардохтааст.

Саъдӣ пас аз ҳудуди сӣ сол сайру саёҳат дар сарзаминҳои мухталиф, дар ҳоле, ки 48 ё 50 сол дошт,  ба зодгоҳаш Шероз боз гашт. Дар он замон ҳокими Шероз, Атобек Абӯбакр Саъд-ибни Зангӣ буд ва шаҳри Шероз амният ва оромиши матлубро дошт ва аз инрӯ, Саъдӣ онҷо монд.

Ӯ «Бустон»ро дар соли 655 ҳ.қ. ва «Гулистон» ро дар соли 656 ҳ.қ. тасниф кард. Дар 658 ҳ.қ. Атобек Абӯбакр вафот ёфт ва писараш Саъд-ибни Абӯбакр низ даргузашт, авзои Форс ошуфта шуд ва муғулон дар соли 662 ҳ.қ. силсилаи Атобекони Салғуриро мунқариз карданд. Аз инрӯ, Саъдӣ бори дигар ба қасди зиёрати ҳаҷ, аз Шероз хориҷ шуд. Дар бозгашт аз ин сафар, ба Осиёи Сағир ва аз онҷо ба Озарбойҷон рафт ва ба эҳтимоли зиёд, бинобар гуфтаи муаррихон, дар «Рум» бо Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мулоқот кард.

 Саъдӣ ба Шероз боз омад ва дар хонақоҳи Маҳмуд иқомат гузид ва то поёни умр дар онҷо бизист

   Осори Саъдӣ

   Осори шайхи суханвари мо, батаври комил дар маҷмӯае ба номи Куллиёти Саъдӣ гирд омадааст. Осори мавҷуд дар ин маҷмӯа иборатанд аз: Гулистон, Бӯстон, Ғазалиёт, Мавоиз, Маросӣ, Қасоиди арабӣ, Рубоиёт, Маснавиёт, Муфрадот, Мулҳақот, Расоили наср, Маҷолиси панҷгона ва Тақрироти салоса.

   Дар поён, барои ошноии бештар бо шайх Саъдӣ ҳикоятеро аз «Гулистон» меоварем.

Ҳикояти подшоҳ ва марди асир ва сухани вазир

Подшоҳеро шинидам ба куштани асире ишорат кард. Бечора дар он ҳолати навмедӣ, маликро дашном додан гирифт ва сақат гуфтан, ки гуфтаанд: Ҳар, ки даст аз ҷон бишӯяд ҳар чи дар дил дорад, бигӯяд.

Вақти зарурат чу намонад гурез,

Даст бигирад сари шамшери тез.

           

 اذا يئس   الانسان   طال لسانه

كسنور مغلوب يصول علي الكلب[1]

Малик пурсид: Чӣ мегӯяд? Яке аз вузарои некмаҳзар гуфт: Эй худованд, ҳамегӯяд:            

[2]والکاظمين الغيظ و العافين عن الناس

Маликро раҳмат омад ва аз сари хуни ӯ даргузашт. Вазири дигар, ки зидди ӯ буд, гуфт: «Абнои ҷинси моро нашояд дар ҳазрати подшоҳон ҷуз ба ростӣ, сухан гуфтан; ин маликро дашном дод ва носазо гуфт». Малик рӯй аз ин сухан дар ҳам омад ва гуфт: Он дуруғи вай писандидатар омад маро зин рост, ки ту гуфтӣ, ки рӯи он дар маслиҳате буд ва бинои ин, бар хубсе ва хирадмандон гуфтаанд: Дурӯғи маслиҳатомез беҳ, ки росте фитнаангез.

Ҳар, ки шоҳ он кунад, ки ӯ гӯяд,

Ҳайф бошад, ки ҷуз накӯ гӯяд.

Бар тоқи айвони Фаридун набишта буд:

Ҷаҳон эй бародар намонад ба кас,

Дил андар ҷаҳонофарин банду  бас.

Макун такия бар мулки дунёву пушт,

Ки бисёр кас чун ту парвараду кушт.

Чу оҳанги рафтан кунад ҷони пок,

Чи бар тахт мурдан, чи бар рӯи хок.


 



[1] Яъне: Ҳангоме,ки ноумедӣ бар инсон ғалаба намояд, забони ӯ дароз мешавад ҳамонанди гурбаи шикастхӯрдае, ки бар саг ҳамла кунад.

[2] Яъне: Фурӯхӯрандагони хашм, афвкунандагони мардуманд.

 

Ном ва таърихи вилодат
Ба ривояти Ибни Футӣ (м. 723 ҳ.қ.) ки муосири Саъдӣ буда ва бо ӯ номанигорӣ доштааст, номи ӯ «Муслиҳиддин» ва куняаш «Абӯмуҳаммад»,  лақабаш  «Мушрифуддин» ё «Шара-фуддин» ва тахаллусаш «Саъдӣ» аст.
Дар таърихи вилодати ӯ ихтилоф аст. Таваллуди ӯро бархе дар соли 604-и ҳиҷрии қамарӣ ва бархе дигар, дар соли 606-и ҳ.қ. гуфтаанд. Аммо бархе аз муҳаққиқон, монанди Аббоси Иқбол, соли таваллуди ӯро миёни солҳои 610 ва 615 ҳ.қ. донистаанд.
Дар таърихи вафоти ӯ низ ихтилоф аст, аммо маъруф  он аст, ки ӯ дар соли 691 ё 694 ҳ.қ. зиндагӣро видоъ гуфтааст.
Гӯшае аз саргузашти Саъдӣ
Саъдӣ, бинобар гӯфтаи худаш, дар кӯдакӣ падарро аз даст додааст, чунон ки мегӯяд:
  Маро бошад аз дарди тифлон хабар,
                              Ки дар тифлӣ аз сар бирафтам падар.   
Хонадони ӯ аз олимони дин будаанд. Пас аз даргузашти падар таҳти назари падарбузурги модариаш, Масъуд ибни Муслиҳи Форсӣ тарбият ёфт ва улуми муқаддамотиро фаро гирифт.
Пас аз он, ба Бағдод рафт ва дар Низомияи Бағдод таҳсили илмро идома дод. Ин муҳоҷират ҳудуди соли 620 ҳ.қ. рӯй дод.
Саъдӣ даврони ҷавониро дар Низомия сипарӣ кард ва  пас аз он ки тӯшаи кофӣ аз дониши замона бар гирифт, роҳии Шом ва Ҳиҷоз ва Мағрибзамин шуд ва се сол, яъне аз соли 626 ё 627 ҳ.қ. дар Шом басар бурд.
Ӯ ҳикоятҳо ва хотироти ширини фаровоне аз ин сафарҳоро дар осори худ, аз ҷумла «Гулистон» овардааст.
Шоири мо, дар масҷиди шаҳри Баълабак бар минбар мерафт ва мардумро панду андарз медод. Дар ҷангҳои салибӣ, ба дасти салибиён асир шуд ва дар хандақи Тароблус бо яҳудиён ба кори гил гумошта шуд, ки яке аз раисҳои Ҳалаб ӯро шинохт ва ба даҳ динор ӯро харид ва озод кард ва ба хона бурд ва духтарашро ба ақди ӯ  даровард. Саъдӣ достони ин асорат ва раҳоиро дар «Гулистон» овардааст.
Албатта бояд таваҷӯҳ дошт, ки ҳамаи достонҳои ёдшуда дар осори Саъдӣ, воқеӣ нест, балки бархе аз онҳо мусаллам сохтагӣ аст ва Саъдӣ онҳоро барои натиҷагирии ахлоқӣ пардохтааст.
Саъдӣ пас аз ҳудуди сӣ сол сайру саёҳат дар сарзаминҳои мухталиф, дар ҳоле, ки 48 ё 50 сол дошт,  ба зодгоҳаш Шероз боз гашт. Дар он замон ҳокими Шероз, Атобек Абӯбакр Саъд-ибни Зангӣ буд ва шаҳри Шероз амният ва оромиши матлубро дошт ва аз ин рӯ, Саъдӣ онҷо монд.
Ӯ «Бустон»-ро дар соли 655 ҳ.қ. ва «Гулистон» ро дар соли 656 ҳ.қ. тасниф кард. Дар 658 ҳ.қ. Атобек Абӯбакр вафот ёфт ва писараш Саъд-ибни Абӯбакр низ даргузашт, авзои Форс ошуфта шуд ва муғулон дар соли 662 ҳ.қ. силсилаи Атобекони Салғуриро мунқариз карданд. Аз ин рӯ, Саъдӣ бори дигар ба қасди зиёрати ҳаҷ, аз Шероз хориҷ шуд. Дар бозгашт аз ин сафар, ба Осиёи Сағир ва аз онҷо ба Озарбойҷон рафт ва ба эҳтимоли зиёд, бинобар гуфтаи муаррихон, дар «Рум» бо Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мулоқот кард.
 Саъдӣ ба Шероз боз омад ва дар хонақоҳи Маҳмуд иқомат гузид ва то поёни умр дар онҷо бизист
   Осори Саъдӣ
   Осори шайхи суханвари мо, ба таври комил дар маҷмӯае ба номи Куллиёти Саъдӣ гирд омадааст. Осори мавҷуд дар ин маҷмӯа иборатанд аз: Гулистон, Бӯстон, Ғазалиёт, Мавоиз, Маросӣ, Қасоиди арабӣ, Рубоиёт, Маснавиёт, Муфрадот, Мулҳақот, Расоили наср, Маҷолиси панҷгона ва Тақрироти салоса.
   Дар поён, барои ошноии бештар бо шайх Саъдӣ ҳикоятеро аз «Гулистон» меоварем.
Ҳикояти подшоҳ ва марди асир ва сухани вазир
Подшоҳеро шинидам ба куштани асире ишорат кард. Бечора дар он ҳолати навмедӣ, маликро дашном додан гирифт ва сақат гуфтан, ки гуфтаанд: Ҳар, ки даст аз ҷон бишӯяд ҳар чи дар дил дорад, бигӯяд.
Вақти зарурат чу намонад гурез,
Даст бигирад сари шамшери тез.
            
 اذا يئس   الانسان   طال لسانه
كسنور مغلوب يصول علي الكلب  
Малик пурсид: Чӣ мегӯяд? Яке аз вузарои некмаҳзар гуфт: Эй худованд, ҳамегӯяд:             
 والکاظمين الغيظ و العافين عن الناس
Маликро раҳмат омад ва аз сари хуни ӯ даргузашт. Вазири дигар, ки зидди ӯ буд, гуфт: «Абнои ҷинси моро нашояд дар ҳазрати подшоҳон ҷуз ба ростӣ, сухан гуфтан; ин маликро дашном дод ва носазо гуфт». Малик рӯй аз ин сухан дар ҳам омад ва гуфт: Он дуруғи вай писандидатар омад маро з-ин рост, ки ту гуфтӣ, ки рӯи он дар маслиҳате буд ва бинои ин, бар хубсе ва хирадмандон гуфтаанд: Дурӯғи маслиҳатомез беҳ, ки росте фитнаангез.
Ҳар, ки шоҳ он кунад, ки ӯ гӯяд,
Ҳайф бошад, ки ҷуз накӯ гӯяд.
Бар тоқи айвони Фаридун набишта буд:
Ҷаҳон эй бародар намонад ба кас,
Дил андар ҷаҳонофарин банду  бас.
Макун такия бар мулки дунёву пушт,
Ки бисёр кас чун ту парвараду кушт.
Чу оҳанги рафтан кунад ҷони пок,
Чи бар тахт мурдан, чи бар рӯи хок.

Охирин матолиб

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.