Сохти дубораи ҷаҳон

 

Сохти дубораи ҷаҳон

Падар рӯзнома мехонд, аммо писараш мисли ҳамеша музоҳимаш мешуд. Вақте падар дид, ки аз дасташ чизе намеояд, барои ором кардани писарбачааш, як сафҳа аз рӯзномаро, ки нақшаи ҷаҳонро намоиш медод, ҷудо ва пора-пора кард ва ба писараш доду гуфт:

Биё як коре бароят дорам. Як нақшаи дунё барои ту медиҳам, ку бубинам метавонӣ онро дақиқан ҳамон тавре ки ҳаст дуруст кунӣ? Ва худаш машғули хондани рӯзномааш шуд.

Падар медонист, ки писараш тамоми рӯз гирифтори ин кор аст, аммо баъд аз 20 дақиқа писарак бо нақшаи комил баргашт. Падар бо тааҷҷуб пурсид: “Модарат ба ту нақшаро ёд дод? Писар ҷавоб дод: Не худам дуруст кардам.

Пушти ин сафҳа тасвири як одам буд. Вақте тавонистам он одамро дубора бисозам, дунёро ҳам дубора сохтам.

Натиҷа:

Дар ҳалли масъала бояд ба тарафҳои мухталифи масъала таваҷҷӯҳ кард. Баъзе вақтҳо ҳалли як масъала ба равиши ғайри мустақим имконпазир аст. Ҳалли як масъалаи соддатар, мункин аст сабаби ҳалли як масъалаи печидатар шавад. Агар одамҳо дуруст шаванд, дунё дуруст хоҳад шуд.!!!

Охирин матолиб

Мусулмонони ҳақиқӣ

Паёмбари Аакрам (с) мефармоянд: مَثَلُ الْمُؤْمِنِينَ فِي تَوَادِّهِمْ وَتَرَاحُمِهِمْ وَتَعَاطُفِهِمْ، كَمَثَلِ الْجَسَدِ إِذَا اشْتَكَى مِنهُ عُضْوٌ تَدَاعَى لَهُ سَائِرُ الجَسَدِ بِالسَّهَرِوَالْحُمَّى Мусулмонони ҳақиқӣ дар дӯстӣ,...

Табрики моҳи шарифи Рамазон

Фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба ҳамаи шумо муборак бод! Дар ин моҳи муборак ба ҳамаи шумо афкори пок, амали нек, рушди доимӣ ва маънавӣ, хушбахтӣ,...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *