СИМОИ СУРАИ ҲАМД

Сураи Ҳамд дар шаҳри муқаддаси Макка нозил шуда ва дорои ҳафт оя, 29 калима ва 142 ҳарф аст ва дар тартиби феълӣ ва кунунии Қуръони карим, аввалин сура ба шумор меравад. Ин сура панҷумин сураи Қуръон аст, ки дар Макка ва баъзе ҳам бар ин ақидаанд, ки дар Мадина бар қалби поки Паёмбари акрам (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) нозил шуда аст.[1]

Номҳои сураи Ҳамд

Номҳои ин сура иборатанд аз: Фотиҳатулкитоб, Ҳамд, Вофия, Шукр, Сабъулмасонӣ, Нур, Уммулкитоб, Асос, Кофия, Канз, Уммулқуръон, Муноҷот, Шифо, Дуо ва Салот.

Ин сураро “Фотиҳатулкитоб” ба маънои “кушояндаи Қуръон” номидаанд; чаро ки оғозгари Қуръон аст ва ба сабаби ҳамд ва ситойише, ки дар он аз Худованди маннон шуда аст, “Ҳамд” номида шуд ва дар ояи аввали он “Алҳамду лиллоҳ” омада аст.

Фазилати сураи Ҳамд

Дар мавриди фазилати хондани сураи муборакаи Ҳамд, аз Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)  ривоят шуда аст, мефармоянд: “Ҳар мусалмоне, ки сураи Ҳамдро бихонад, подошу савоби ӯ ба андозаи касе аст, ки аз се, ду қисмати Қуръонро хонда бошад.”[2]

Нукта: Шояд таъбири “аз се, ду қисмати Қуръон” ба ин хотир бошад, ки дар сураи Ҳамд ба ду бахши “Тавҳид ва Қиёмат” аз мабоҳиси кулли Қуръон –ки аз Тавҳид, Қиёмат ва Аҳком ташкил шуда-  ишора шуда аст.

Вижагии хосси сураи Ҳамд

Бо таваҷҷӯҳ ба сураҳои Қуръони карим, ба ин матлаб пай хоҳем бурд, ки ҳамаи сураҳои ин китоби муқаддасу арзишманд, сухани Худованди маннон (ҷалла ҷалолуҳ) ва хитоби он маъмулан ба мардум буда аст, аммо оҳанг ва сохтори ин сура ба гунаест, ки сухангӯ, мардум ва мухотаб Худованд қарор гирифта аст.

Ин чӣ шева ва равишест, ки Худованд дар ин сура ба кор гирифта аст?

Худованд дар ин сураи муборака равиши муноҷот ва сухан гуфтан бо худашро ба мардум омӯзиш дода аст.

Аҳдофи сураи Ҳамд

Ҳадаф ва мақсади ниҳоии ин сура иборат аст аз:

  1. Баёни усули асосии дин, ки ҳамон Тавҳид, Нубувват ва Қиёмат аст.
  2. Сураи Ҳамд баёнгари ниёзу ишқу дуост. Аввали он ситоиш, миёнаи он ихлос ва поёни он ниёиш аст. Ин сура танбури ниёиши бевосита бо Худованд буда ва тарзи сухан гуфтани софу сода ва мустақим бо Ӯст.

Матолиби муҳимми сураи Ҳамд

Дар ин сура муҳимтарин матолибе, ки ба назар мерасад, иборатанд аз:

  • Таъкид бар раҳмату раҳмонияти Худованд, меҳрварзии Ӯ ба унвони асоси хилқат, тарбият ва ҳокимияти Парвардигор:

» … الرَّحمنِ الرَّحِیمِ … «

  • Неъматҳо ва тарбияти ҳамаи мавҷудот аз зоти муқаддаси Худованд сарчашма мегирад:

» … رَبِّ العالَمِینَ … «

  • Таваҷҷӯҳ ба Қиёмат ва ҳокимияти мутлақ ва беқайду банди Худованд дар рӯзи растохез:

» … مَـــلِکِ یَومِ الدِّینِ … «

  • Тавҳид дар ибодат ва итоат:

» … إِیّاکَ نَعبُدُ وَ إِیّاکَ نَستَعِینُ … «

  • Дархости роҳнамоӣ ба роҳи рости пешвоёни барҳақ:

» … اهدِنَا الصِّراطَ المُستَقِیمَ … «

  • Дар ин сура, роҳи мустақим аз роҳи ғазабшудагону гумроҳон ҷудо шуда аст.

Гирдоваранда: Сайидолими СИРОҶ

ЁСИН


[1] Аттамҳид, ҷ 1, саҳ 135 ва 147

[2] Бурҳон, ҷ 1, саҳ 42. Маҷмаъулбаён ва тафсири Намуна дар бораи сураи Ҳамд

Охирин матолиб

Қориёни Қуръон

Қориёни Қуръон قالَ رَسُولُ اللّهِ (صَلَّىَ اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ) اَغْنَیَ النَّاسِ حَمَلَهُ الْقُرْآنِ، مَنْ جَعَلَهُ اللّهُ تَعَالی فِی جَوْفِهِ بی‌نیازترین مردم، حافظان...

Шаробхорӣ амали шайтонӣ

Шаробхорӣ амали шайтонӣ قالَ اللّهُ تَعالىَ في كّتابِهِ الْكَريمْ یأَیهَا الَّذِینَ ءَامَنُوا إِنَّمَا الخَمْرُ وَ الْمَیسرُ وَ الأَنصاب وَ الأَزْلَمُ رِجْسٌ مِّنْ عَمَلِ الشیطنِ فَاجْتَنِبُوهُ...

МАЛЪУН КИСТ?

МАЛЪУН КИСТ? قالَ رَسُولُ اللّهِ (صَلَّىَ اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ) مَلْعُونٌ مَنْ ضَارَّ مُؤْمِنًا أَوْ مَكَرَ بِهِ هر كه مؤمنى را آزار دهد...

Ёди ХУДО

Ёди ХУДО بِسْمِ اللّهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمْ قالَ اللّهُ تَعالىَ في كّتابِهِ الْكَريمْ أَلَا بِذِكْرِ اللَّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ آگاه باشید، تنها با یاد خدا دل‌ها آرامش...

Шинохти пояҳои имон

  Аз Алӣ(к) дар бораи имон пурсида шуд, фармуд: Имон бар чаҳор поя устувор аст; бар шикебоӣ, яқин, адолат ва ҷиҳод. (1) Шикебоӣ чаҳор шоха...