Омӯзиши рӯхонии Қуръони Карим

 Муқаддима

 قَال» مَا مِن مُومِن؛ ذَکَرٍ اَو اُنثَی؛ حُرٍّ اَو مَملُوکٍ اِلَّا وَ لِلّهِ عَلَیهِ حَقٌّ وَاجِبٌ اَن يَتَعَلَمَ مِنَ القُرآنِ وَ یَتَفَقَّهُ فِیهِ»

Пайғамбари Акрам (с) фармуданд: Ҳеҷ мард ё зани мӯъмине нест хоҳ озод бошад ё каниз, магар инки

Худованд ҳаққи воҷиб (бар гардани ӯ) дорад ва он инки Қуръонро биёмӯзад ва дар маънои он андеша кунад.[1]

Ё дар ҳадиси дигаре  фармудаанд: “خَیرُکُم مَن تَعَلَمَ اَلقُرآنَ وَ عَلَمَهُ”

Беҳтарини шумо касе аст, ки Қуръонро биёмузад ва ба дигарон ёд бидиҳад.[2]

Дар бораи ҷойгоҳ ва азамати Қуръон ва зарурати омӯхтан ва омӯзондани он барои ҳар марду зани мусулмон ҳадисҳои зиёде аз Пайғамбари Аъзам (с) ба мо расидааст. Ин марҳала илова бар доштани подошҳо ва баракатҳои фаровон бояд муқаддимаи амал ва зиндагӣ кардан бо ин китоби илоҳӣ бошад, то дар дунё ва охират саодатманд гардем иншоаллоҳ.

Барои фаҳмидани маънои Қуръон пеш аз ҳар чиз бояд аввал бо хондани он ошно шавем, чун Қуръон бо забони арабӣ аст ва то бо қоидаҳои он ва хондани он ошно нашавем наметавонем маънои онро бифаҳмем. Пас аввал ошноӣ бо чигуна хондани он лозим аст.

Ин китоб чигунагии ёдгирии аломатҳо ва қоидаҳои хондани Қуръонро ёд медиҳад, ки иншоаллоҳ ба осонӣ ояҳои Қуръонро хонда метавонед.

Бояд ёдовар шавем, ки дар аввали ҳар дарс барои инки аз суханони гуҳарбори Расули Худо(с)баҳраманд шавем як ҳадис дар фазилати Қуръони Карим ва ёд гирифтан ва хондани он ва баракатҳои он дар дунё ва охират овардем.

Идома дорад…

 

 


[1]. Тафсири Равҳул-ҷинон, ҷ. 1, с. 549.

[2] . Саҳеҳ Бухорӣ, китоби фазоили Қуръон, б. 21, с. 2029.

Охирин матолиб

Намоз

Рӯзи маҳшар, ки ҷонгудоз бувад,  Аввали пурсиш аз намоз бувад. Намоз робитаи мӯъминон бо Худо аст.  Намоз аввалин фармон аст.  Намоз маросими махсусе барои парастиши...

Тавсифи Худо аз забони ҳазрати Алӣ(к)

Он чи дар пеши рӯ доред, тарҷумаи калимоте аст гуҳарбор, аз пешвои яктопарастон, шогирди шоистаи Расули Аъзам(с) ҳазрати Алӣ(к), ки дар ҷавоби шахсе, ки аз...

АҲАММИЯТИ ТАВҲИД ВА ХУДОШИНОСӢ

Марде назди Расули Худо(с) омад ва ба ӯ арз кард: “Ба  ман  донишҳои ғариба ва навпайдоро биомӯз!” Пайғамбар(с) ба ӯ фармуданд: “Бо асоси дониш чӣ...