НАҚШИ ТАРБИЯТ ДАР ХОНАВОДА(3)

 

 

 

 

 

Як тавсия

 Барои онки ҷомеаи мо солим бошад ва аз нуфузи бегонагон дар амон бошад бояд фарзандони мо дар ҷомеа аз саломати нафс бархурдор бошанд, то дар мавқеиятҳои зарурӣ битавонанд эҳсосоти худро бозгӯ намоянд ва дар баробари норавоиҳо битавонанд аз ҳуқуқи худ ва ҷомеаи худ дифоъ кунанд.

Иллатҳои дигаре низ сабаби беинзиботӣ ва бадхулқии фарзандон мегардад:

Дурии фарзандон аз волидайн. Гоҳе чунин мешавад, ки падару модар ҳамеша машғули коранд ва ба ҳамин хотир хеле кам дар канори фарзандони худ мемонанд. Ин чиз сабаб мешавад, ки падару модар аз рафтору кирдори фарзандон бехабар монанд ва рафту омади онҳоро наметавонанд зери назар дошта бошанд. Дар натиҷа фарзандон бо одамони бероҳа дӯст мешаванд, ки таъсири бисёр баде дар ахлоқи онҳо хоҳад дошт.

Ҷанҷолҳои хонаводагӣ. Дар баъзе хонаводаҳо зану шавҳар бо ҳамдигар хеле зиёд ҷанҷол мекунанд. Фарзандон дар чунин хонаводаҳое одатан ҷанҷолию бадахлоқ мешаванд, зеро аз назари рӯҳӣ чунин хислатро ба худ гирифтаанд. Ё ин ки ингуна фарзандон ба хотири надоштани оромиш дар хона, барои ёфтани оромиш ва отифа ба ҷойҳои дигар мераванд ва бисёр мешавад, ки ба доми одамони нобоб гирифтор мешаванд.

 Луқмаи ҳаром

Парҳез аз ҳаром нақши барҷастае дар тарбият ва ояндаи хонавода ва сарнавишти фарзандон дорад. Вақте ба оёти Қуръон ва ривоёт диққат кунем мебинем, ки таъкид ва тавсияҳои фаровоне дар ин бора шудааст.

Аз ҷумла Имом Алӣ(а) мефармояд: Агар аз пай каромат ва бузургворӣ ҳастӣ бояд аз ҳаромҳо дурӣ кунӣ.[1]

Ҳамчунин Имом Боқир(а) дар мавриди осори нохушоянди моли ҳаром мефармояд: Ҳар гоҳ инсон моли ҳаром ба даст оварад на ҳаҷҷе аз ӯ қабул мешавад

 ва на умрае ва на силаи раҳиме ва ҳатто дар издивоҷ ва заношӯии ӯ таъсири бад дорад.[2]

Барои падарону модарон лозим аст ба ин масъала таваҷҷӯҳи зиёд намоянд.

Дар инҷо қисмате аз номаи ҳазрати Алӣ(а) ба фарзандашон Имом Ҳасан(а)-ро меоварем, то аз роҳнамоиҳои он бузургвор дар мавриди тарбияти фарзанд баҳраманд шавем, зеро васияти он ҳазрат барои тамоми башар аст: “…Пеш аз он ки хоҳишҳо ва дигаргуниҳои дунё ба ту ҳуҷум оваранд ва пазиришу итоат мушкил гардад, дар тарбияти ту шитоб кардам, чунки қалби навҷавон ҳамчун замини киштнашуда омодаи  пазириши ҳар базру донае аст, ки дар он пошида шавад ва пеш аз он ки дили ту сахт шавад ва ақли ту ба чизи дигаре машғул гардад ва ба истиқболи корҳое биравӣ, ки  соҳибони таҷриба заҳмати таҷрибаи онро кашидаанд ва туро аз талош ва ёфтани роҳи дуруст бениёз сохтаанд, (яъне роҳи дурусту хато ошкор гаштааст ва лозим нест, ки шумо ҷавонон ба ҳар роҳе биравед) (ва туро огоҳ кардам) то бо ақлу хиради худ бо корҳо рӯбарӯ шавӣ … Пас оғоз кардам ёд додани китоби Худо ва таъвили он ва роҳҳои (ҳақиқати) Ислом ва аҳкоми ҳалолу ҳароми онро ба ту…. Бидон, эй писарам беҳтарин чизе, ки ту аз васияти ман фаро мегирӣ парҳезкорию тарс аз Худо ва иктифо кардан ба ончи, ки Худо бар ту воҷиб кардааст мебошад…”[3] 

Ин намунае аз суханони он бузургвор аст, ки дар номае ба фарзанди худ навиштааст. Он нома маъно ва мазмуни хеле баланде дорад, ки ҷо дорад ҳама онро бидонанд ва ҳар ҷумлаи он шиори зиндагии мо бошад.

Дар поён аз Худованд мехоҳем, ки ба мо тавфиқ диҳад то мувофиқи васияти ҳазрати Алӣ(а) пеш аз онки муҳит ва афроди нопоку бегона ба фарзандони мо таъсир гузоранд, худи мо битавонем ба таври шоиста фарзандонамонро тарбият кунем.

Худоё чунон кун поёни кор,

Ту хушнуд бошиву мо растагор.

 Омин.

Саид Тоҷуддин Ҳисомуддин

 

 



[1] . Мунтахаби Мизон-ул-ҳикма, с.145.

[2] . Ҳамон.

[3] . Наҳҷ-ул-балоға номаи 31, тарҷумаи Муҳаммади Даштӣ ва Файзулислом .

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...