Майдони озодӣ ва иродаи инсон

Бадеҳист, ки инсон дар ҳамон ҳоле ки озодӣ дорад барои сохтани андомҳои равонии худ ва тағйир атрофи худ ба шакле, ки мехоҳад ва сохтани ояндаи худ он чуноне ки худ мехоҳад маҳдудиятҳои зиёде дорад ва озодияш озодии нисбӣ аст, яъне озодӣ дар дохили як доираи маҳдуд, дар даруни ҳамин доираи маҳдуд аст, ки метавонад ояндаи саодатбахш барои худ интихоб кунад ва ҳам ояндаи шақоватолуд.

Маҳдудиятҳои инсон аз чанд ноҳия аст:

    1.Виросат

Инсон бо табиати инсонӣ ба дунё меояд. Аз он ҷиҳат ки падару модараш инсон будаанд, ӯ ҳам аз рӯи иҷбор як фарди инсон ба дунё меояд. Ва аз тарафи дигар падару модараш як сифоти виростии худро дар фарзандашон ба ёдгор мегузоранд, ки инҳо низ аз рӯи иҷбор ҳамроҳи ин афрод ҳаст, монанди ранги пуст, ранги чашм, хусусиятҳои ҷисмие, ки мумкин аст аз чанд пушт ба ирс бирасад. Инсон ҳеҷ як аз инҳоро барои худ “интихоб” накардааст, балки аз рӯи иҷбор инҳоро виросат ба ӯ додааст.

    2.Муҳити табиӣ ва ҷуғрофиёӣ

Муҳити табиӣ ва ҷуғрофиёии инсон ва минтақае, ки дар он рушд мекунад, хоҳу нохоҳ як асарҳои қаҳрие бар рӯи андому рӯҳияи инсон мегузорад. Минтақаҳои сардсер ва минтақаҳои гармсер ва минтақаҳои муътадил ҳар кадом як навъе аз рӯҳия ва ахлоқро ба вуҷуд меоваранд, ҳамчунин минтақаи куҳистонӣ ё минтақаи саҳроӣ ва ғайра.

    3.Муҳити иҷтимоӣ

Муҳити иҷтимои як таъсири асосӣ дар хусусиёти рӯҳӣ ва ахлоқии инсон дорад. Забони инсон, одоби иҷтимоъӣ, дину мазҳаб, бештар ҳамон чизе аст, ки муҳити иҷтимоӣ бар инсон бор мекунад.

    4.Таърих ва таъсири замонӣ

Аз диди муҳити иҷтимоӣ инсон танҳо таҳти таъсири замони ҳол нест, замони гузашта ва ҳодисаҳое, ки дар гузашта руй додааст низ дар сохтани ӯ таъсири асосие дорад. Ба таври куллӣ миёни гузашта ва ояндаи ҳар мавҷуде робитаи қатъӣ ва мусаллам бар қарор аст. Гузашта ва оянда монанди ду нуқтаи ҷудо аз якдигар нестанд, балки монанди ду қитъа аз ҷараёне давом доранд. Гузашта, нутфа ва ҳастаи оянда аст.

Дасисаи инсон бар зидди маҳдудиятҳо

Инсон дар ҳамон ҳоле ки наметавонад робитаашро бо виросат, муҳити табиӣ, муҳити иҷтимоӣ ва таъриху замон ба куллӣ аз байн бибарад, метавонад та ҳадди зиёде бар зидди ин маҳдудиятҳо дасиса кунад. Худро аз қайди ҳукумати ин сабабҳо озод созад. Инсон ба ҳукми нерӯи ақл аз як тараф ва нерӯи ирода ва имон аз тарафи дигар тағйироте дар ин сабабҳо эҷод мекунад ва онҳоро бо хостаҳои худ баробар месозад ва худ соҳиби сарнавишти хеш мегардад.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *