МАВҶУДИ ЧАНДҶИҲАТӢ

Аз он чи гуфта шуд маълум шуд, ки инсон бо ҳамаи хислатҳои муштараке, ки бо дигар ҷондорҳо дорад, фарқҳои зиёде бо онҳо пайдо кардааст. Инсон мавҷуди моддӣ-маънавӣ аст. Як фарқи асосӣ ва решаӣ бо онҳо дорад, ки ҳар як аз онҳо ҷиҳати ҷудогона ба ӯ мебахшад ва риштае ҷудогона дар бофти ҳастии ӯ ба ҳисоб меравад. Ин фарқҳо дар се ҷиҳат аст:

  1. Ҷиҳати фаҳм ва кашфи худ ва ҷаҳон.
  2. Ҷиҳати ҷозибаҳое, ки бар инсон иҳота дорад.
  3. Ҷиҳати чигунагии асаргузории ҷозибаҳо бар инсон ва интихоби онҳо.

Аммо дар ҷиҳати фаҳму кашфи ҷаҳон. Ҳисҳои  ҳайвон василае барои огоҳии ҳайвон ба ҷаҳон аст. Инсон дар ин ҷиҳат бо ҳайвонҳои дигар муштарак аст ва гоҳе баъзе ҳайвонҳо аз инсон қавитар ҳастанд. Огоҳӣ ва шинохте, ки ҳисҳо ба ҳайвон ва ё инсон медиҳад зоҳирӣ аст. Ба чистӣ, зоти чизҳо ва робитаҳои мантиқии онҳо дахл надорад. Вале дар инсон нерӯи дигаре барои дарку кашфи худ ва ҷаҳон вуҷуд дорад, ки дар ҷондорони дигар вуҷуд надорад. Он нерӯи пуррамзу роз, тааққулу андеша аст. Инсон бо нерӯи андеша қонунҳои куллии ҷаҳонро кашф мекунад ва бар асоси шинохти куллии ҷаҳон ва кашфи қонунҳои куллии табиат, табиатро ба хидмат мегирад ва дар ихтиёри худ қарор медиҳад. Дар баҳсҳои гузашта низ ба ин гуна шинохт, ки махсуси инсон аст ишора кардем ва гуфтем, ки шинохти низоми андешаварзӣ аз печидатарин низомҳои вуҷуди инсон аст. Диққат дар ҳамин низоми печида дарвозаи ҳайратангезеро барои шинохти инсон боз мекунад ва ҳақиқатҳои бисёреро, мисли шинохти Худо, ки ҳиссӣ нестанд кашф мекунад.

Аммо дар ҷиҳати ҷозибаҳо. Инсон монанди дигар ҷондорон аз ҷозибаҳову кашишҳои моддӣ ва табиӣ асар мепазирад. Майл ба хӯрок, хоб, корҳои ҷинсӣ, истироҳату осоиш ва монанди инҳо ӯро ба сӯи модда ва табиат мекашад. Аммо фақат ин ҷозибаҳо нестанд, бакли кашишҳои дигар, инсонро ба сӯи конунҳои ғайримоддӣ, яъне умуре, ки на ҳаҷм дорад ва на сангинӣ ва онҳоро бо умури моддӣ санҷида нашавад, мекашонад. Усули ҷозибаҳои маънавӣ, ки то имрӯз шинохта шуда ва мавриди қабул аст умури зер аст:

1)             Илму доноӣ

Инсон донишу огоҳиро танҳо аз он ҷиҳат, ки табиатро ба хидмати худ дароварад ва ба фоидаи зиндагии моддии ӯст, намехоҳад. Дар инсон ғаризаи ҳақиқатҷӯӣ ва таҳқиқ вуҷуд дорад. Худи илму огоҳӣ барои инсон матлуб ва лаззатбахш аст. Худи илм, ғайр аз он ки василае барои беҳтар зиндагӣ кардан ва хуб аз ӯҳдаи масъулият баромадан мебошад, матлуби башар аст. Инсон агар бидонад розе дар пушти каҳкашонҳо вуҷуд дорад ва донистану надонистани он асаре дар зиндагии ӯ надорад, боз ҳам мехоҳад бидонад. Инсон аз ҷаҳлу нодонӣ мегурезад ва ба сӯи илму доноӣ мешитобад. Бинобар ин илму огоҳӣ яке аз ҷиҳатҳои маънавии вуҷуди инсон аст.

2)             Хайри ахлоқӣ

Баъзе аз корҳоро инсон анҷом медиҳад на ба хотири фоида бурдан аз онҳо ва бартараф кардани зиёне ба василаи онҳо, балки танҳо як отифае, ки отифаи ахлоқӣ номида мешавад дар ӯ асар мегузорад ва бар ин бовар аст, ки инсоният инчунин талаб мекунад. Фарз кунед инсоне дар шароити сахт, дар биёбони хатарноке аст ва ҳар лаҳза хатари марг ӯро метарсонад, озуқа ва василае барои наҷоти худ надорад. Дар ин вақт инсони дигаре пайдо мешавад ва ба ӯ кӯмак мекунад ва ӯро аз хатари марги ҳатмӣ наҷот медиҳад. Баъд ин ду инсон аз якдигар ҷудо мешаванд ва якдигарро намебинанд. Солҳо баъд он фарде, ки рӯзе гирифтор шуда буд наҷотдиҳандаи худро мебинад, ки ба ҳоли сахте афтодааст. Ба ёдаш меафтад, ки рӯзе ҳамин шахс ӯро наҷот додааст. Оё виҷдони ин инсон дар ин ҷо ҳеҷ фармоне намедиҳад? Оё ба ӯ намегӯяд, ки подоши некӣ, некӣ аст? Оё намегӯяд, ки сипосгузории касе, ки кори нек кардааст, зарурист? Посух «бале» аст.

Оё агар ин инсон ба он шахс кӯмак кард, виҷдони инсонҳои дигар чӣ мегӯяд? Ва агар аҳамият надод ва кӯмаке накард, виҷдони дигарон чӣ мегӯяд?

Дар ҳақиқат дар сурати аввал дигар виҷдонҳо аз ӯ ба некӯӣ ёд мекунанд ва ба ӯ офарин мегӯянд ва дар сурати дуюм мазаммату нафрин мекунанд. Ин ки виҷдони он инсон ҳукм мекунад “подоши некӣ, некӣ аст”[1] ва ҳам ин ки виҷдони инсонҳо инро мегӯянд, ки “подоши некидиҳандаро бояд ба некӣ ҷавоб дод ва инсони беэътиноро бояд мазаммат кард” аз виҷдони ахлоқӣ сарчашма мегирад ва ин гуна аъмолро хайри ахлоқӣ мегӯянд.

Меъёри бисёре аз корҳои инсон “хайри ахлоқӣ” аст ва бисёре аз корҳоро инсон ба ҷиҳати “арзиши ахлоқӣ” анҷом медиҳад на ба ҷиҳати касби моддиёт. Ин низ махсуси инсон аст ва ба ҷанбаи маънавии инсон дахл дорад ва яке аз ҷиҳатҳои маънавии ӯст. Дигар ҷондорон ҳаргиз чунин меъёре надоранд. Барои ҳайвон “хайри ахлоқӣ” маъно надорад ва “арзиши ахлоқӣ” бемаъно аст.

3)             Ҷамолу зебоӣ

Яке аз ҷиҳатҳои маънавии дигари инсон, дӯст доштани ҷамолу зебоӣ аст. Қисмати муҳимме аз зиндагии инсонро ҷамолу зебоӣ ташкил медиҳад. Инсон ҷамолу зебоиро дар ҳамаи ҳолатҳои зиндагӣ дахолат медиҳад. Барои гармӣ ва хунукӣ ҷома мепӯшад ба ҳамон андоза ҳам ба зебоӣ ва рангу дӯхти ҷома аҳамият медиҳад, барои сокин шудан, хона месозад ва беш аз ҳар чиз ба зебоии хона диққат дорад ва ҳатто суфрае, ки барои ғизо хӯрдан паҳн мекунад ва зарфе, ки дар он хӯрок мерезад ва ҳам тартиби рехтани ғизо дар зарфҳо, ҳама бар асоси зебоӣ аст. Инсон дӯст медорад рангу рӯяш зебо бошад, номаш зебо бошад, ҷомааш зебо бошад, хаташ зебо бошад, шаҳру кӯчааш зебо бошад, манзараҳои пеши чашмаш зебо бошад ва саросари зиндагӣ пур аз зебоӣ бошад.

Барои ҳайвон масъалаи зебоӣ матраҳ нест. Он чи барои ҳайвон матраҳ аст охур аст, аммо ин ки охур зебо бошад ё нозебо матраҳ нест. Барои ҳайвон либоси зебо, табиати зебо, хонаи зебо ва ғайра матраҳ нест.

4)             Тақдису парастиш

Яке аз пойдортарину қадимитарин таҷаллиёти рӯҳи одамӣ ва яке аз асилтарин ҷиҳатҳои вуҷуди одамӣ, ҳисси ниёишу парастиш аст. Баррасии асарҳои зиндагии башар нишон медиҳад, ки ҳар замону ҳар куҷо, ки башар вуҷуд доштааст, ниёишу парастиш ҳам вуҷуд доштааст ва танҳо фарқ дар маъбуд ва наҳваи парастиш он будааст. Паёмбарон(а) асли парастишро наёварданд, балки чигунагӣ– яъне одобу аъмоли- парастишро ба башар омӯхтанд ва дигар ин ки аз парастиши ғайри Худои Ягона (ширк) пешгирӣ карданд.

Аз назари қатъиёти динӣ ва ҳамчунин аз назари бархе олимони диншинос[2] башар дар оғоз ягонапараст будааст ва Худовандро мепарастида аст. Парастиши бут ё моҳ ва ё ситора ё инсон аз навъи каҷравиҳоест, ки баъдҳо ба вуҷуд омадааст, яъне чунин набудааст, ки башар парастишро аз бут ё инсон ё дигар махлуқ оғоз карда бошад ва баъд аз ба камол расидани тамаддун ба парастиши Худои Ягона расида бошад. Ҳисси парастиш, ки гоҳе аз он ба “ҳисси динӣ” ишора мешавад, дар ҳамаи инсонҳо вуҷуд дорад.

Ирик Фурум дар ин бора мегӯяд:

Инсон мумкин аст ҷондорон ё дарахтон ё бутҳои зинатӣ ё санге ё худои нодиданӣ ё марде ё пешвои шайтонсифатро бипарастад, метавонад наздикон ё миллат ё табақа ё ҳизби худ ё пул ва комёбиро бипарастад… ӯ мумкин аст аз маҷмӯаи боварҳояш ба унвони дин, ки ҷудо аз боварҳои ғайридинӣ огоҳ бошад ва мумкин аст таври дигар фикр кунад, ки ҳеҷ дине он фикрро надорад. Масъала бар сари ин нест, ки дин дорад ё надорад, масъала бар сари ин аст, ки кадом динро дорад.[3]

Вилём Ҷеймз ба гуфтаи Иқбол мегӯяд:

Ангезаи ниёиш натиҷаи зарурии ин амр аст, ки дар ҳамон ҳол ки дар қавитарин қисмат аз худҳои ихтиёрӣ ва амалӣ ҳар кас худе аз навъи иҷтимоӣ аст, бо вуҷуди ин мусоҳиби комили худро фақат дар ҷаҳони андеша (дарунандешӣ) метавонад пайдо кунад… бештари мардум хоҳ ба сурати пайваста ва хоҳ ба сурати тасодуфӣ дар дили худ ба он бармегарданд. Хортарин фард дар рӯи замин бо ин диққати боло, худро воқеӣ ва боарзиш эҳсос мекунад.[4]

Вилём Ҷеймз дар бораи ҳамагонӣ будани ин ҳис дар ҳамаи инсонҳо чунин мегӯяд:

Эҳтимол дорад, ки мардум аз лиҳози дараҷаи асарпазирӣ аз эҳсоси як бинандаи дарунӣ дар вуҷудашон бо якдигар ихтилоф дошта бошанд. Барои баъзе аз мардум ин диққат, асоситарин қисмати худогоҳиро ташкил медиҳад. Онон, ки бештар чунин ҳастанд ба эҳтимоли зиёд диндортаранд, вале бовар дорам, ки он касоне ҳам мегӯянд, ки ба куллӣ аз он эҳсос дуранд, худро фиреб медиҳанд ва дар ҳақиқат то ҳадде диндор ҳастанд.[5]

Сохтани қаҳрамонҳои афсонаӣ аз паҳлавонон ва ё донишмандон ва ё бузургони динӣ, пайдошуда аз ҳисси тақдиси башар аст, ки мехоҳад мавҷуди қобили ситоишу тақдис дошта бошад ва ӯро ошиқона ва дар ҳадди ғайритабиӣ ситоиш намояд. Ситоишҳои муболиғаомези башари имрӯз аз қаҳрамонҳои ҳизбӣ ё миллӣ, дамзадан аз парастиши ҳизб, маром, маслак, парчам, обу хок, ва эҳсоси майл ба фидокорӣ дар роҳи инҳо ҳама аз ин ҳис ба вуҷуд омадааст.

Эҳсоси ниёиш ниёзи ғаризист ба як камоли бартар, ки дар ӯ нақсе нест ва ҷамоле, ки дар он зиштӣ вуҷуд надорад. Парастиши махлуқот ба ҳар шакл, навъе каҷравии ин ҳис аз роҳи аслӣ аст.

Инсон дар ҳоли парастиш, аз вуҷуди маҳдуди худ мехоҳад парвоз кунад ва ба ҳақиқате бипайвандад, ки дар он ҷо нақсу фано ва маҳдудият вуҷуд надошта бошад. Энштейн мегӯяд:

Дар ин ҳол фард ба кӯчакии орзуҳо ва ҳадафҳои башарӣ пай мебарад ва бузургӣ ва ҷалолеро, ки дар пушти падидаҳои табиӣ ва фикрҳо ошкор мешавад, ҳис мекунад.[6]

Иқбол мегӯяд:

Ниёиш кори ҳаётӣ ва шинохташудаест, ки ба василаи он ҷазираи кӯчаки шахсияти мо шароити худро дар кул бузургтар аз ҳаёт кашф мекунад.[7]

Ибодату парастиш нишондиҳандаи як “имкон” ва як “майл” дар инсон аст. Имкони берун рафтан аз марзи умури моддӣ ва майл ба пайвастан ба уфуқи болотар ва густардатар. Чунин майл ва чунин ишқе махсус ба инсон аст.

Ин аст, ки парастишу ниёиш яке дигар аз ҷиҳатҳои маънавии рӯҳи инсон аст.

Аммо фарқи инсон дар чигӯнагии қарор гирифтан таҳти асарпазирии ҷозибаҳо ва интихоби яке аз онҳо, матлабе аст, ки дар баҳси оянда матраҳ мешавад.



[1] — Қуръони Карим мефармояд: هَلْ جَزَاءُ الْإِحْسَانِ إِلَّا الْإِحْسَانُ (ар-Раҳмон\60).

[2] Ба монанди Мокс Мулер.

[3] — Ҷаҳоне аз хуб бегона, саҳ.100.

[4] — Эҳёи фикри динӣ, саҳ.105.

[5] — Ҳамон.

[6] — Дунёе, ки ман мебинам, саҳ.56.

[7] — Эҳёи фикри динӣ дар Ислом, саҳ.105.

Охирин матолиб

Наҳзати ҳусейнӣ ва низоми илоҳӣ2

Идомаи баҳс: Чунон ки қаблан ишора шуд, Язид касе буд, ки аҳкоми илоҳиро зойеъ мекард ва эътиқоде ба онҳо надошт. Дар маҳдудаи ҳукумати ӯ, исломи...

Тарҷумаи СУРАИ ТАВБА

СУРАИ ТАВБА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 129 оят дорад. [Ин эълони] безорӣ аст аз тарафи Худо ва Паёмбараш нисбат ба касоне аз...