ЛАТИФАҲО

Мусофири Охират
Ба шахсе, ки рӯза намегирфт, гуфтанд:
    -Чаро рӯза намегирӣ ?    
Гӯфт :    
    ¬-Магар Қуръон нахондаӣ, ки мегӯяд:
   « وَ مَن کان مَر یضاً او علی سَفَرٍ فَعِدَةٌ مِن ایامٍ اخر»

« Ҳар кас, ки мусофир аст, рӯза  бар ӯ нест» ¬ ( Сураи Бақара, ояти 185 ). Ман ҳам дар ин дунё мусофир ҳастам; рӯзе ба дунё омада ва рӯзе ҳам меравам, бинобар ин наметавонам рӯза бигирам!.
 Анҷир нахӯред
Марди гуруснае назди шахсе, ки анҷир мехӯрд, рафт.Он шахс, чун марди гуруснаро дид, барои ин ки анҷирҳояшро ба ӯ надиҳад, зуд анҷирҳоро зери ҷомааш пинҳон кард.  Марди гурусна омад ва нишаст. Он шахс гуфт:
    ــ Агар Қуръон медонӣ, бароям бихон. Марди гурусна шурӯъ ба тиловат кард:
    ـــ«Ваз-зайтун ва тури синин…»(Сураи Тин, ояти 1 ва 2 ).
Он шахс аз марди гурусна пурсид:
ـــ  Пас калимаи «Ват-тин», ки ба маънои анҷир аст, куҷо рафт?
    Марди гурусна ҳозирҷавобӣ карда гуфт:

 ــ Ват-тин зери ҷомаи шумо рафт.
Писари ҳушёр    
Марде ду халта гандум бар пушти хараш гузошта буд ва ба осиёб мебурд. Дар роҳ ба қаҳвахона расид. Харро ба дарахт баст ва ба қаҳвахона рафт. Вақте ки берун омад харро надид. Дар ҳоле ки ба дунболи хар мегашт чашмаш ба писаре афтод аз ӯ пурсид: ту хари маро надидӣ?
Писар пурсид: ҳамон харе, ки чашми чапаш кӯр буд, пои росташ мелангид ва бори гандум мебурд?
Мард хушҳол шуд  гуфт: нишонаҳояш дуруст аст. Онро куҷо дидӣ?
Писар ҷавоб дод: ман харро надидам.
Мард хашмгин шуд ва писарро пеши ҳоким бурд.
Ҳоким гуфт: писарҷон, агар ту харро надида будӣ чӣ тавр нишонаҳояшро дорӣ?
Писар гуфт: сари роҳам радди пои хареро дидам, ки ҷои пои росташ камтар аз пои чапаш из гузошта буд. Фаҳмидам пои рости харе, ки аз ин ҷой гузаштааст ланг будааст. Алафҳои самти рости роҳ хӯрда шуда буд, аммо алафҳои тарафи чап дастнахӯрда монда буд. Аз инҷо фаҳмидам хар алафҳои тарафи чапро надидааст. Ба ҳамин далел ҳадс задам чашми чапаш кӯр будааст, аз донаҳои гандуме, ки рӯи замин рехта буд фаҳмидам, ки бораш гандум будааст.
Ҳоким ба ҳуш ва фаҳми писар офарин гуфт ва мард аз ӯ маъзарат хост.  

 

 

 

 

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *