Дуоҳои қуръонӣ

Омӯзиш

Чаро дуоҳоямонро бо «Раббано» оғоз кунем?

Вақте дар оёти Қуръони Карим диққат кунем мебинем, ки анбиё, фариштагон ва авлиёи илоҳӣ дуоҳои худро бо ибораи “Раббано” ё “Рабб” оғоз мекарданд. Аз ҷумлаи онҳо ҳазрати Одам(а) ва Ҳаво(а),[1]  ҳазрати Нӯҳ(а),[2]  ҳазрати Иброҳим (а),[3]  ҳазрати Юсуф(а),[4]  ҳазрати Мусо(а),[5]  ҳазрати Сулаймон(а),[6]  ҳазрати Исо(а),[7]  ҳазрати Муҳаммад(с),[8]  мӯъминони ростин[9]  ва ғайра.

Аз ин ибораҳо ба хубӣ фаҳмида мешавад, ки беҳтарин дуо он аст, ки бо масъалаи рубубият ва тарбияти илоҳӣ оғоз шавад. Бо вуҷуди ин ки номи мубораки Аллоҳ исми ҷомеи Худованд аст, вале ба хотири ин ки дархост ва талаб  аз Парвардигор бо сифати рубубият муносиб аст, садо задани Худованд бо ин сифат шоистатар аст.[10]

Мо ҳам бо нияти ошноӣ бо дуоҳои Қуръонӣ бахши дуввуми онро пешкаши шумо менамоем.

 رَبَّنَا لاَ تُزِغْ قُلُوبَنَا بَعْدَ إِذْ هَدَيْتَنَا وَهَبْ لَنَا مِن لَّدُنكَ رَحْمَةً إِنَّكَ أَنتَ الْوَهَّابُ[11]

«Парвардигоро! Пас аз он ки моро ҳидоят кардӣ,дилҳои моро ба ботил моил магардон ва аз сӯи худ барои мо раҳмате бибахш.»

 Ба ростӣ, ки ту бисёр бахшандаӣ.

Худоё   зи    баъди   ҳидоят   дигар,

Магардон дили мо  ба  оини  шар.

Зи алтофи хосат ба мо  кун нисор,

Ки   бисёр   бахшандаӣ  Кирдигор.

Паёмҳо:

  1. Ба илм ва дониши худ мағрур нашавем, балки аз Худованд

ҳидоят бихоҳем.  «رَبَّنَا لاَ تُزِغْ قُلُوبَنَا»

  1. Маркази ҳидоят ва гумроҳӣ қалб ва афкори инсонӣ аст.

«لاَ تُزِغْ قُلُوبَنَا»

  1. Дар роҳ будан муҳим нест, балки муҳим ин аст, ки аз

роҳ хориҷ нашавем.« بَعْدَ إِذْ هَدَيْتَنَا»

  1. Фақат Худованд аст, ки ҳадя ва бахшиши доимӣ ва беминнат дорад . «إِنَّكَ أَنتَ الْوَهَّابُ»

                                    [12]رَبَّنَا إِنَّنَا آمَنَّا فَاغْفِرْ لَنَا ذُنُوبَنَا وَقِنَا عَذَابَ النَّارِ

  “Парвардигоро! Ба ростӣ, ки мо имон овардем, пас гуноҳони моро бибахш ва моро аз азоби оташи дӯзах ҳифз кун.

Касоне,  ки   гӯянд   эй   Кибриё,

Ки моем мӯъмин ба ту эй Худо.

Бибахшо гуноҳони мо эй ғафур,

Зи сӯзанда оташ нигаҳ дор дур.

Паёмҳо:

  1. Дархости афви илоҳӣ вақте фоида дорад, ки мо имон дошта  бошем. «رَبَّنَا إِنَّنَا آمَنَّا فَاغْفِرْ لَنَا»
  2. Бахшиши Парвардигор нишонаи тарбият кардани бандагон аст. «رَبَّنَا فَاغْفِرْ لَنَا»
  3. Аз нишонаҳои тақво ин аст, ки аз қаҳру азоби Худованд битарсем. «وَقِنَا عَذَابَ النَّار»
  4. Набояд ба  корҳои хубамон такя  кунем, балки бо вуҷуди ин ки аҳли тақво ҳастем, боз ҳам  бояд аз қаҳри илоҳӣ битарсем. «وَقِنَا عَذَابَ النَّار»

رَبَّنَا آمَنَّا بِمَا أَنزَلَتْ وَاتَّبَعْنَا الرَّسُولَ فَاكْتُبْنَا مَعَ الشَّاهِدِينَ[13]

Парвардигоро! Ба ончи фиристодаӣ, имон овардем ва аз паёмбар пайравӣ намудем. Пас моро дар гурӯҳи гувоҳон бинавис.»

                               Худоё   бар   ончи   фиристодаӣ,

                               Бар ончи ба пайғамбарат додаӣ.

                                Бикардем   онро   якояк   қабул,

                                Итоат  кунем  аз   Масеҳу  Расул.

                                     Ту дар байни афроди шоҳид ба дин,

                                 Ҳаме сабт кун номи моро чунин.

Паёмҳо:

  1. Мӯъмин бояд аз паёмбар итоат кунад. « آمَنَّا وَاتَّبَعْنَا الرَّسُولَ»
  2. Бояд ба тамоми дастурҳои Худованд имон дошта бошем.

« آمَنَّا بِمَا أَنزَلَتْ»

  1. Аз Худованд бихоҳем, ки имони моро мустаҳкам карда ва моро аз ҳомиёни паёмбарон гардонад. «فَاكْتُبْنَا مَعَ الشَّاهِدِينَ»

 

 

 

[1] . Аъроф, 23.

[2] . Нӯҳ(а), 28.

[3] . Бақара, 126-128.

[4] . Юсуф(а), 101.

[5] . Қасас, 24.

[6] . Намл, 19.

[7] . Моида, 114.

[8]. Мӯъминун, 97.

[9] . Оли Имрон 191 ва 194.

[10] . Тафсири Кабири Фахри Розӣ зери оёти мавриди баҳс ба нақл аз тафсири Намуна ҷ. 20, с.34.

[11] . Оли Имрон 8.

[12] . Оли Имрон 16.

[13] . Оли Имрон 53.

 

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...