Далелҳои ҷашни мавлуди Паёмбари Раҳмат(с) 4

3. Дидгоҳи олимон

а) Ҳофиз Ҷалолуддини Суютӣ

Ҳофиз Ҷалолуддини Суютӣ рисолае ба унвони “Ҳуснулмақсад фи амалилмавлид” дорад, ки дар он мегӯяд: “Суоле бароям доданд дар бораи мавлуди набавӣ дар моҳи Рабиулаввал, ки ҳукми он аз назари шариат чист? Ҷавоби ман чунин аст: Ҷашн гирифтани мавлуди Паёмбар(с), ки мардум дар он рӯз гирд меоянд ва аз Қуръон ҳар он чӣ муяссар аст, тиловат мекунанд ва ахбори ворида дар оғози беъсат ва он чи аз нишонаҳо ва мӯъҷизотеро, ки дар рӯзи таваллуди он ҷаноб(с) воқеъ шудааст, мехонанд, сипас барояшон таом пешкаш мешавад ва ҳамагон онро тановул менамоянд, чунин аъмоле бидуни зиёдатии чизе дигар, аз навъи бидъати ҳасана аст, ки анҷомдиҳандаи он савоб мебарад, чун дар ин аъмол бузургдошт ва таъзими қадру манзилати ҳазрати Паёмбар(с) ва изҳори хушҳолӣ аз вилодати он ҷаноб(с) нуҳуфта аст”[Алҳовӣ лилфатово, ҳадиси 1189].

б) Аҳмад ибни Муҳаммади Қасталонӣ

Қасталонӣмегӯяд: “Аҳли Ислом ҳамвора дар моҳе, ки ҳазрати Паёмбар(с) дар он таваллуд ёфтааст, гирди ҳам меоянд, валимаҳо ва анвои садақот барои бенавоён медиҳанд, хушҳолӣ менамоянд, қасидаи мавлуди шарифро мехонанд ва он гоҳ аз каромоти он рӯз барояшон фазлу баракоти зиёде зоҳир мешавад… Пас раҳмати Худо бод бар он марде, ки айёми моҳи мавлуди муборакро ид мегирад!”[Қасталонӣ, Алмавоҳибулладуния, ҷ.1, саҳ. 148]

в) Абӯшомаи Мақдисӣ

Мақдисӣ мегӯяд: “Аз некӯтарин бидъатҳои ҳасана, ки дар замони мо одат гардидааст, ҷашни мавлуд аст, ки дар рӯзи таваллуди ҳазрати Паёмбар(с) мӯъминон онро анҷом медиҳанд, ҳадяҳо мебахшанд ва хушҳолӣ мекунанд. Бешак дар ин амал илова бар эҳсон бар фуқаро, навъе изҳори муҳаббат ба ҳазрати Паёмбар(с) нишон дода мешавад”[Мақдисӣ, Сираи Ҳалабӣ, ҷ.1, саҳ. 83-84 ].

г) Ибни Уббод

Ибни Уббоддар «Расоили Кубро»-и хеш мегӯяд: “Аммо дар робита бо ҷашни мавлуд, он чи ба назари ман мерасад ин аст, ки ин рӯз яке аз идҳои мусулмонон ба шумор меравад ва ҳар он чи дар ин рӯз анҷом мешавад аз изҳори хушҳоливу сурур ба сабаби мавлиди мубораки он ҳазрат(с), шамъ рӯшан кардан, зинат намудани хеш ба либосҳои фохир, савор шудан бар зеботарин маркабҳо ва ғайра ҳамагӣ амри мубоҳ буда ва касеро аз анҷоми онҳо манъ карда намешавад”[Ибни Уббод, Алқавлулфасл фи ҳукмилиҳтифол би мавлиди хайриррусул, саҳ. 175].

е) Абдуллоҳи Ҳиравӣ

Шайх Абдуллоҳи Ҳиравӣ маъруф ба «Ҳабашӣ» мегӯяд: “Пас аз он чи гуфтам, рӯшан гардид, ки ҷашн гирифтани мавлуди набавӣ бидъатест ҳасана ва далеле барои инкори он вуҷуд надорад, балки сазовор аст, ки «суннати ҳасана» номида шавад, зеро аз ҷумлаи чизҳое хоҳад буд, ки ин гуфтори Расули Акрам(с) шомили он мешавад: “Ҳар он касе, ки одати некӯе гузорад, барои вай подоши он ва подоши касоне, ки ба он амал кардаанд, хоҳад буд”[Ҳиравӣ, Арравоиҳуззакия, саҳ. 33-34].

4. Далелҳои ақлӣ

а) Шояд касе бигӯяд, ки чаро дар як рӯзи муайян ва мушаххас ин корро мекунед ва бузургдошти Паёмбар(с)-ро дар як рӯз маҳдуд мекунед?

Дар ҷавоб мегӯем, ки мо бузургдошти Паёмбар(с)-ро маҳдуд намекунем ҳам дар дигар рӯзҳо ба сурати гурӯҳҳои кӯчак мегӯему мекунем ва ҳам дар як вақти муайян ва мушаххас бо ҷамъ шудан ҳамроҳии тамоми мусулмонон ва мункири ин нестем, ки дар дигар рӯзҳо нашавад. Дар дигар рӯзҳо ҳам шавад ва дар як рӯзи муайян ва мушаххас ҳам ба сурати ҷамъӣ шавад.

Хулоса ин таъзим ва бузургдошт фақат махсус ба ҳамон рӯзи вилодат нест, балки дар он рӯз ба таври хусус ва дар рузҳои дигар ба таври умум таъзим карда мешавад.

б) Ҷашни мавлуд ваҳшат ва нигаронӣ бар дили душманони Ислом меандозад, чун дар ин рӯз мусулмонон ба нияти як кор ва бо як ҳадаф ҷамъ мешаванд. Ин гуна ҷамъомадҳо душманро ноумед мекунад.

в) Ҷашни мавлуд- тазаккур ва ёдоварӣ

Дар  Қуръон дар бораи ёдоварӣ мехонем:“Тазаккур бидеҳ ва ёдоварӣ кун, ки ёдоварӣ барои мӯъминон фоида мебахшад. [Сураи Зориёт, ояти 55]”

г)Ҷашни мавлуд шукргузорӣ аз Худо дар муқобили фиристодани ин неъмати бузург барои бандагонаш мебошад.

д) Ҷашни мавлуд фурсатест, то бахше аз зиндагии Расули Худо(с) гуфта шавад. Зиндагии Паёмбар(с) дар тули шасту се сол воқеаҳо ва рухдодҳои фаровоне дорад ва тамоми зиндагияшон барои мо дарс аст. Озору азиятҳое, ки он ҳазрат дар тули ин солҳо кашиданд, аз ятимӣ гирифта то қаҳрӣ кардани баъзе хешовандон, то душмании душманон, то шикастани дандони мубораки ишон, то рехтани шикамбаи гусфанд бар сари эшон ва ғ., ки инҳоро дар як рӯзу як моҳу сол намешавад гуфт ва тамоми умр ҳам наметавон зиндагии он ҷаноб(с)-ро тавсиф кард. Ҳар соате аз зиндагии ишон дарс аст, ки бояд то ҷои имкон гуфта шавад. Пас аз ҳар фурсат ва лаҳзае истифода бояд кард ва талош намуд, ки бахше аз зиндагии ишонро ба ҳамдигар ёдоварӣ намоем ва мавлуди ишон ҳам яке аз беҳтарин фурсатҳо барои ин гуна ёдовариҳост.

е) Ҷашни мавлуд фақат ба ин мақсад нест, ки он бузургвор дар ин рӯз ба дунё омадааст, балки ҳадафи болотар ва муқаддаси зинда нигаҳдоштани мактабу маром ва фикру роҳу равиши ишон ва бузургдошти шахсияти ишон аст. Пас агар бузургдошти шахсияти ишонро ҳеҷ кас ҳам накарда бошад, мо бояд бикунем.

ё) Ҷашни мавлуд сабаби нороҳатии душманони Ислом мегардад, ҳамчуноне ки ҷашн нагирифтани мавлуди ишон сабаби хушҳолии онон мегардад.

ж) Ҷашни мавлуд сабаби ҳайбату азамати Ислом мешавад, ки бузургтарин таъсирро дар ҷаҳон дорад. Мусулмонон дар як замони хос дар тамоми ҷаҳон ҷамъ шуда ва ҳамаи онҳо аз Паёмбар(с) сухан бигӯянд, як фикрашро бикунед чӣ мешавад?!

Душман аз ин корҳои боҳайбат ва боазамат ва аз ин ҷамъомадҳо метарсад, аз ин рӯ бо бидъат гуфтани мавлуди Паёмбар(с) мувофиқ аст ва хушҳол мешавад.

 

 

Share on facebook
Share on twitter
Share on vk
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on whatsapp
Share on email
Share on print

Охирин матолиб

Симои бисмиллоҳ

Дар миёни қавмҳо ва миллатҳои гуногун одат ин аст, ки корҳои муҳим ва боарзишро ба номи бузурге аз бузургони худ, ки мавриди эҳтиром ва алоқаи...

555

Подоши зинда кардани суннат

РасулиХудо (с) фармуданд: То метавонӣ кушиш кун, ки субҳу шом дар қалбат (ҳатто) қасди фиребу найранги касе набошад, чаро ки ин аз суннатҳои ман аст...

Дуоҳои қуръонӣ

Чаро дуоҳоямонро бо «Раббано» оғоз кунем? Вақте дар оёти Қуръони Карим диққат кунем мебинем, ки анбиё, фариштагон ва авлиёи илоҳӣ дуоҳои худро бо ибораи “Раббано”...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *