ГУФТУГУ БО ҚУРЪОН(2)

  Ман, ки мусулмонам бояд сармашқ ва намуна дар зиндагиям кӣ бошад?

لَقَدْ كَانَ لَكُمْ فِي رَسُولِ اللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ لِّمَن كَانَ يَرْجُو اللَّهَ وَالْيَوْمَ الْآخِرَ وَذَكَرَ اللَّهَ كَثِيرًا[1]

  Дар ҳақиқат барои шумо дар зиндагӣ Расули Худо сармашқ ва намунаи некӯе аст барои касоне, ки ба раҳмати Худо ва рӯзи қиёмат умедворанд ва бисёр Худоро  ёд мекунанд.

Паёмбари Акрам(c) барои ҳидоят ва саодати башарият чӣ қадар заҳмат кашиданд?

لَعَلَّكَ بَاخِعٌ نَّفْسَكَ أَلَّا يَكُونُوا مُؤْمِنِينَ[2]

 (Ба қадре ошиқи ҳидоят ва саодати мардум буд, ки Худованд фармуд:) Шояд худатро ҳалок кунӣ ба хотири ин ки инҳо имон намеоранд

[3].لَقَدْ جَاءكُمْ رَسُولٌ مِّنْ أَنفُسِكُمْ عَزِيزٌ عَلَيْهِ مَا عَنِتُّمْ حَرِيصٌ عَلَيْكُم بِالْمُؤْمِنِينَ رَؤُوفٌ رَّحِيمٌ

 Ҳақиқатан ба сӯи шумо расуле аз миёни худатон омад, ки (дидани)

ранҷу зарари шумо барояш хеле сахт аст. Ва барои имон овардан ва ба

 камол расидани шумо ҳарис аст ва бо муъминон рауфу раҳим аст.

Вазифаи Паёмбари Акрам(c) чист?

وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا كَافَّةً لِّلنَّاسِ بَشِيرًا وَنَذِيرًا وَلَكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ[4]

Туро ба паёмбарӣ нафиристодем магар барои ҳамаи мардум то (солеҳон ва парҳезгоронро саранҷоми некӯ) мужда бидиҳӣ ва (бадкорон ва золимон-ро аз азоб ва оқибати корҳояшон) битарсонӣ вале бештари мардум намедонанд.



[1] . Аҳзоб, 21.

[2] . Шуаро, 3.

[3] . Тавба, 128.

[4] . Сабаъ, 28.

Охирин матолиб

Ҳасодат офати дин ва дӯнё

Ҳасад ҳолатест, ки инсон аз дидани неъмати дигарон нороҳат мешавад ва  ранҷ мебарад ва орзӯ мекунад, ки он неъмат аз онҳо гирифта шавад[1], ҳатто агар...

Коркарди ақл дар дини Ислом Ақл дар дини Ислом, дар фаҳм ва шинохтани ҳақиқат ва зиндагии худо писанд нақши бисёр ҳаётӣ дорад. Ақл дорои чандин...

Мусулмонони ҳақиқӣ

Паёмбари Аакрам (с) мефармоянд: مَثَلُ الْمُؤْمِنِينَ فِي تَوَادِّهِمْ وَتَرَاحُمِهِمْ وَتَعَاطُفِهِمْ، كَمَثَلِ الْجَسَدِ إِذَا اشْتَكَى مِنهُ عُضْوٌ تَدَاعَى لَهُ سَائِرُ الجَسَدِ بِالسَّهَرِوَالْحُمَّى Мусулмонони ҳақиқӣ дар дӯстӣ,...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *