Вижагиҳои қироати Осим ба ривояти Ҳафс

Вижагиҳои қироати Осим ба ривояти Ҳафс

Дар миёни қироатҳои мухталиф, ягона қироате, ки дорои санади саҳеҳ ва бо пуштивонаи ҷумҳури мусалмонон истеҳком ёфта, “қироати Осим ба ривояти Ҳафс” аст. Ин қироат дар тӯли қарнҳои пайдарпай то имрӯз, ҳамвора миёни мусулмонон мутадовил буда ва ҳаст, ки ин тадовул ба чанд сабаб аст:

  1. 1. Шойеъ будани он дар миёни оммаи мусалмонон: Дар ҳақиқат қироати Ҳафс ҳамон қироати оммаи мусалмонон аст; зеро Ҳафс ва устоди ӯ (Осим) шадидан ба ончи ки бо қироати оммаи мардум ва ривояти саҳеҳ ва мутавотир миёни мусалмонон мувофиқ буда, пойбанд буданд. Ин қироатро Осим аз шайхи худ, Абуабдураҳмони Сулламӣ, ва ӯ аз Имом Алӣ ва Ибни Масъуд дарёфт кардааст ва он ду бузургвор низ бо насси аслии ваҳй, ки бар Паёмбари Акрам (с) нозил шуда ва миёни мусалмонон мутавотир буда, қироат мекард.
  2. 2. Сиқа будани ровиён: Осим дар байни қуррои маъруф ба хусусиёт ва хислатҳое мумтоз буда, ки шахсияти қобили таваҷҷӯҳ ба ӯ бахшидааст. Вай дар дарёфти Қуръон аз дигарон бисёр муҳтот будааст. Лизо қироатро аз касе ғайр аз Абуабдураҳмони Сулламӣ, ки аз Алӣ ибни Абитолиб (рз) фаро гирифта буд, дарёфт намекард. Ибни Айёш мегӯяд: “Осим ба ман гуфт: ҳеҷ кас ҳарфе аз Қуръонро барои ман қироат накард, магар Абуабдураҳмони Сулламӣ, ки Қуръонро аз Алӣ (рз) дарёфт карда буд.”[1]

Ҳамчунин Ҳафс, ки қироати Осимро дар манотиқи мухталиф ривоҷ додааст, ба инзибот ва шоистагӣ маъруф буд ва дар миёни асҳоби Осим нисбат ба қироати ӯ аълам буд; аз ин ҷиҳат, ҳамаи мусалмонон алоқаманд буданд, то қироати Осимро аз вай дарёфт кунанд.

Абуамри Дотнӣ мегӯяд: “Ҳафс касе аст, ки қироати Осимро барои мардум тиловат мекард ва дар тарвиҷи он мекушид. Ӯ дар бағдод ва дар Макка ба омӯзиши қироати Осим ҳиммат гумошт”[2]. Шотибӣ дар бораи вай мегӯяд: “Ҳафс ба ҷиҳати диққат ва итқон дар қироат, бартар аз дигарон шумурда мешуд.”[3]

  1. 3. Пазируфта шудани он аз сӯи бузургон: Дар тамоми давраҳои таърих, қироати Осим қироате буд, ки бар ҳамаи қироатҳо тарҷеҳ дошта ва байни оммаи мусалмонон ва дар манотиқи мухталиф ривоҷ доштааст; ба унвони мисол: дар ибтидои қарни чорум, дар ҷаласаи қироати Ибни Муҷоҳид (қории Бағдод) понздаҳ тан мутахассиси қироати Осим вуҷуд доштааст ва Ибни Муҷоҳид танҳо қироати Осимро ба онҳо таълим медод.[4] Ё Нафтавия Иброҳим ибни Муҳаммад (даргузашата ба соли 323), ки панҷоҳ сол омӯзиши қироатро ба ӯҳда дошт, ҷаласоти худро бо қироати Осим оғоз мекард ва сипас ба қироатҳои дигар мепардохт.[5] Аҳмад ибни Ҳанбал низ гуфтааст: “Осим мавриди вусуқ буд ва ман қироати ӯро ихтиёр кардаам”.[6] Ҳамчунин аксари аиммаи қироат кӯшидаанд, то асноди қироати худро ба Осим муттасил кунанд. Илова бар ин тамоми тафсирҳое, ки бар Қуръон нигошта шудааст, зимни таваҷҷӯҳ ба соири қироатҳо, меҳвари кори худро қироати Осим қарор додаанд. Дар воқеъ метаваон гуфт, ки иллати аслии шуҳрат ва пазириши қироати Осим ба ривояти Ҳафс мутобиқати он бо қироати мутавотир ва роиҷи муслимин будааст.

 


[1] . Маърифат-ул қурро-ил кибор, ҷ.1, с.75.

[2] . Ибни Ҷазарӣ, Шамсиддин Абулхайр, Ғоят-ул ниҳояти фи табақот-ил қурро,ҷ.1, с.254.

[3] . Абулқосим Азрӣ, Шарҳу шотибия (Сироҷ-ул қори), с.14.

[4] . Маърифат-ул қурро-ил кибор, ҷ.1, с.217.

[5] . Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Лисон-ул мизон, ҷ.1, с.109.

[6] . Заҳабӣ, Шамсиддин, Мизон-ул эътидол фи нақди риҷол, ҷ.2, с.358.

Охирин матолиб

Қориёни Қуръон

Қориёни Қуръон قالَ رَسُولُ اللّهِ (صَلَّىَ اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ) اَغْنَیَ النَّاسِ حَمَلَهُ الْقُرْآنِ، مَنْ جَعَلَهُ اللّهُ تَعَالی فِی جَوْفِهِ بی‌نیازترین مردم، حافظان...

Шаробхорӣ амали шайтонӣ

Шаробхорӣ амали шайтонӣ قالَ اللّهُ تَعالىَ في كّتابِهِ الْكَريمْ یأَیهَا الَّذِینَ ءَامَنُوا إِنَّمَا الخَمْرُ وَ الْمَیسرُ وَ الأَنصاب وَ الأَزْلَمُ رِجْسٌ مِّنْ عَمَلِ الشیطنِ فَاجْتَنِبُوهُ...

МАЛЪУН КИСТ?

МАЛЪУН КИСТ? قالَ رَسُولُ اللّهِ (صَلَّىَ اللّهُ عَلَیْهِ وَ آلِهِ وَ سَلَّمَ) مَلْعُونٌ مَنْ ضَارَّ مُؤْمِنًا أَوْ مَكَرَ بِهِ هر كه مؤمنى را آزار دهد...

Ёди ХУДО

Ёди ХУДО بِسْمِ اللّهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمْ قالَ اللّهُ تَعالىَ في كّتابِهِ الْكَريمْ أَلَا بِذِكْرِ اللَّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ آگاه باشید، تنها با یاد خدا دل‌ها آرامش...

Шинохти пояҳои имон

  Аз Алӣ(к) дар бораи имон пурсида шуд, фармуд: Имон бар чаҳор поя устувор аст; бар шикебоӣ, яқин, адолат ва ҷиҳод. (1) Шикебоӣ чаҳор шоха...