Вазоифи падару модар нисбат ба фарзандон

Муқаддима

Падару модари мусулмон ба иқтизои диндории худ аз ҳамон лаҳзаҳои аввали таваллуди фарзанд бояд корҳоеро ба унвони суннат ва одоби исломӣ анҷом диҳанд,

ки дар сохтан ва шаклгирии шахсияти фарзанд хеле муассир ҳастанд. Дар сурати анҷоми  ин корҳо савоб хоҳанд гирифт. Ҳатто омӯзиши фарзанд, ки махсуси диндорон нест агар падару модари мусулмон онро ба қасди итоат аз фармони Худо, ки хеле ба он таъкид намудааст анҷом диҳанд  савоб ҳам мебаранд. Барои ошноӣ бо ин умур ба баҳсу баррасии он мепардозем.

1) Гуфтани азон ва қомат дар гӯши фарзандон

Аввалин коре, ки Расули Худо(с) ба он хеле супориш намудаанд ин аст, ки падару модар пас аз таваллуди навзодашон, дар гӯши рости ӯ азон ва дар гӯши чапаш қомат бигӯянд. Ин амал осори бисёр муфиди рӯҳӣ дар вуҷуди навзод хоҳад дошт, зеро бешак гуфтани ҷумлаҳои:«اللهُ أَكْبَرُ»، «أَشْهَدُ أَنْ لاَ اِلَهَ إِلاَّ اللهُ»، «أَشْهَدُ أَنَّ مُحَمّداً رَسُوْلُ اللهِ» аз аввалин лаҳзаҳои зиндагӣ, гӯши тифлро бо нидои тавҳид ва рисолати тавҳидӣ ошно хоҳад кард ва саҳифаи пок ва нуронии рӯҳи кӯдак, ин паёмҳоро дар худ мунъакис хоҳад намуд.

Оре, паёмҳои тавҳидӣ ҳамчун оби ҳаёт, фитрати илоҳиашро сероб карда ӯро барои ҳаракат дар шоҳроҳи саодат омодатар мекунад ва ҳамчунон ки илми равоншиносии имрӯзӣ собит кардааст, рӯҳи кӯдак дар шаш соли аввали зиндагӣ бисёр қабулкунанда, ҳассостар ва нақшпазиртар аз давраҳои дигари зиндагиаш аст ва ончиро, ки дар худ ҷазб мекунад, ба сахтӣ метавонад осори мусбат ё манфии онҳоро дар бузургсолӣ аз хештан бизудояд. Дар ҳоле ки бар асоси тасаввури омиёнаи бисёре аз мардум, кӯдак дар ин син чизе намефаҳмад.

Олимони динӣ дар баҳси тарбиятпазирии кӯдак гуфтаанд:

Инсоне, ки ба дунё омадааст, «حديث العهد بالربّ», яъне тоза аз ҳузури зоти поки Худованд поин омада ва ба Худо аҳди тавҳидии рубубӣ баста ва ба ёди ӯст, Худоро хуб мешиносад ва ба маводе, ки бар асоси он ба Худо аҳди тавҳиди рубубӣ бастааст, огоҳ аст ва бо сармояи илҳом ва огоҳӣ فَأَلْهَمَها فُجُورَها وَ تَقْواها 1 ба дунё омада ва ҳанӯз ранги тираи табиат ӯро рангин накарда ва қобили тараққӣ ва рушд аст.

Агар дастури дин ин аст, ки аввалин сухане, ки кӯдак мешунавад азон дар гӯши рост ва қомат дар гӯши чапи ӯ бошад, барои он аст, ки кӯдак воқеан ин суханҳоро мефаҳмад. Ҳамон тавр ки  أَلَسْتُ بِرَبِّكُمْ2 ро шуниду фаҳмид ва посухи дурусте дод, ҷумлаи أَشْهَدُ أَنْ لاَ اِلَهَ إِلاَّ اللهُ وَ اَشهَدُ أَنَّ مُحَمَّداً رَسُولُ الله -ро ҳам ба хубӣ мефаҳмад ва ба тавҳиду рисолат шаҳодат медиҳад ва намоз ва растгорӣ ва амали хайр ва такбирро ба хубӣ мефаҳмад ва мепазирад.

Баракоти азон ва қомат

1 — Сабаби дурии Шайтон аз навзод

Дар ривояте имом Содиқ(а) аз қавли Паёмбар(с) фармуданд:

مَنْ وُلِدَ لَهُ مَوْلُودٌ فَلْيُؤَذِّنْ فِي أُذُنِهِ الْيُمْنَى بِأَذَانِ الصَّلَاةِ وَ لْيُقِمْ فِي أُذُنِهِ الْيُسْرَى فَإِنَّهَا عِصْمَةٌ مِنَ الشَّيْطَانِ الرَّجِيْمِ 3

«Касе, ки соҳиби фарзанд шавад, дар гӯши росташ азон бигӯяд ва дар гӯши чапаш қомат, зеро ин амал фарзандро аз (васвасаҳои) шайтони рондашуда муҳофизат мекунад».

Дар ривояте имом Алӣ(к) ин суннатро аз Паёмбари Акрам(с) нақл мекунад, ки он ҳазрат фармуданд: فَإِنَّ ذَلِكَ عِصْمَةٌ مِنَ الشَّيْطَانِ الرَّجِيمِ وَ الْإِفْزَاعُ لَهُ 4. «Ин амал (гуфтани азон ва қомат дар гӯши навзод) сабаб мешавад то кӯдак аз бадиҳои шайтон дар амон монад ва дар хоб натарсад».

Ҳамчунин Паёмбари Акрам(с) ба ҳазрати Алӣ(к) чунин супориш мефармояд:

يا عَلِىُّ اِذا وُلِدَ لَكَ غُلامٌ اَو جارِيَۀٌ فَاَذِّنْ فِى اُذُنِهِ اْليُمْنى وَ اَقِمْ فِى اْليُسْرى فَاِنَّهُ لايَضُرُّهُ الشَّيْطانُ اَبَدا 

«Эй Алӣ! Вақте соҳиби писар ё духтар шудӣ, дар гӯши росташ азон ва дар гӯши чапаш қомат бигӯ, ки барои ҳамеша аз газанд ва зарари шайтон дар амон хоҳад буд«. 5

—    Гирифтор нашудан ба бемории уммуссибён

Имом Ҳусайн(а) аз Паёмбари Аъзам(с) нақл мекунад, ки ҳазрат фармуданд: مَن وُلِدَ لَهُ وَلَدٌ فَاَذّنَ فِى اُذُنِهِ اْليُمْنى و اَقامَ فِى اُذُنُهِ اْليُسْرى لَم تَضُرّهُ اُمُ الصِّبْيانِ

«Ҳар касе, ки соҳиби фарзанд шавад ва дар гӯши росташ азон ва дар гӯши чапаш қомат бигӯяд, ҳаргиз ба бемори уммуссибён гирифтор нахоҳад шуд.6

Азони Паёмбари Худо(с) дар гӯши имом Ҳасан ва имом  Ҳусайн(а)

Нақл шудааст, ки «Паёмбар(с) дар гӯши имом Ҳасан(а) ва имом Ҳусейн(а) азон гуфт ва ба чунин коре супориш фармуд.»

إِنَّ اْلنَّبِيَّ أَذَّنَ فِيْ أُذُنِ اْلحَسَنِ وَ اْلحُسَيْنِ حِيْنَ وُلِدَا وَ أَمَرَ بِهِ 

Аз ҳазрати Алӣ(к) нақл шудааст, ки Паёмбар(с) фармуд:

8.أَمَرَ أَنْ يُفْعَلَ ذَلِكَ بِالْحَسَنِ وَ الْحُسَيْنِ وَ أَنْ يُقْرَأَ مَعَ الْأَذَانِ فِي أُذُنِهِمَا فَاتِحَةُ الْكِتَابِ وَ آيَةُ الْكُرْسِيِّ وَ آخِرُ سُورَةِ الْحَشْرِ وَ سُورَةُ الْإِخْلَاصِ وَ الْمُعَوِّذَتَانِ

«Дар гӯши Ҳасанайн азон ва қомат гуфта шавад ва илова бар он, сураи Ҳамд  ва Оятулкурсӣ ва ояти охири сураи Ҳашр ва сураҳои Ихлос ва Нос ва Фалақ ба ҳамроҳи азон хонда шавад».

2) Бардоштани коми навзод9

Дуввумин суннате, ки бояд падарон ва модарони азиз ҳангоми таваллуди фарзанди худ риоят кунанд, бардоштани коми навзод аст, ки аз суннатҳои исломӣ ва равиши пешвоёни дин ва аз супоришоти онон аст. Он бузургворон, коми фарзандони худро бо чизҳое мисли хурмо мебардоштанд. Бардоштани коми навзод бо ин маворид осори хубе рӯи фарзанд мегузорад.10 Масалан Абубасир аз имом Содиқ(а) ва эшон аз ҳазрати Алӣ(к) чунин нақл мекунанд, ки он ҳазрат фармуд:

بِالْحَسَنِ وَ الْحُسَيْنِ3 حَنِّكُوا أَوْلَادَكُمْ بِالتَّمْرِ 

فَكَذَا فَعَلَ رَسُولُ اللَّهِ.

«Коми фарзандони худро бо хурмо бардоред, зеро Паёмбари Акрам(с) коми Ҳасан ва Ҳусайнро бо хурмо бардоштанд.»

3- Хатна кардани писарон

Сеюмин суннате, ки бояд дар ҳафтаи аввали таваллуди навзоди писар риоят кард, хатна кардани ӯст, ки пешвоёни дин супориши зиёде доштаанд ва рӯзи ҳафтуми таваллудро барои он муайян карда ва ҳикматҳое низ барои он баён фармудаанд, ки ба ду ривоят ишора мешавад:11

Имом Алӣ(к) аз Паёмбари Акрам(с) нақл мекунад, ки фармуд:

اخْتِنُوا أَوْلَادَكُمْ يَوْمَ السَّابِعِ فَإِنَّهُ أَطْهَرُ وَ أَسْرَعُ لِنَبَاتِ اللَّحْمِ و اَرُوحُ لِلْقَلْبِ 12

«Фарзандони худро дар рӯзи ҳафтум хатна кунед, зеро ин амал барои навзод покизатар ва дар суръати рушд ва нумувви ҷисмонии ӯ муассиртар ва мояи таровати бештари рӯҳ аст.»

Ҳамчунин ҳазрати Алӣ(к) фармуд:

اِخْتِنُوا أَوْلَادَكُمْ يَوْمَ السَّابِعِ وَ لايَمْنَعُكُمْ حَرٌّ وَ لابَرْدٌ فَاِنَّهُ طُهْرٌ لِلْجَسَدِ

«Фарзандони худро рӯзи ҳафтуми таваллуд хатна кунед ва ҳеҷ гоҳ гармо ё сармо шуморо аз ин амал боз надорад, зеро хатна мояи таҳорат ва покии ҷисм аст».

4- Тарошидани сари навзод

Чаҳорумин суннате, ки дар ибтидои таваллуд бояд анҷом шавад ва мавриди инояти падару модар бошад, тарошидани мӯи сари навзод аст, ки мустаҳаб аст дар рӯзи ҳафтум анҷом шавад. Имом Содиқ(а) аз падаронаш чунин ривоят мекунад:

أَمَرَ بِحَلْقِ شَعْرِ الصَّبِيِّ الَّذِي يُولَدُ بِهِ الْمَوْلُودُ عَنْ رَأْسِهِ يَوْمَ سَابِعِهِ3أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ13.

«Паёмбари Акрам(с) дастур дод то сари навзод дар рӯзи ҳафтуми таваллуд тарошида шавад».

Садақа ҳамвазни мӯи сари навзод

Имом Содиқ(а) мефармояд:

وَ تَصَدَّقَتْ بِوَزْنِ شَعْرِهِمَا فِضَّةً — رُءُوسَهُمَا — الحَسَنِ وَ اْلحُسَيْن Jوَ حَلَقَتْ فَاطِمَةُ

«Фотима(а) сари ду фарзанди худ (имом Ҳасан ва имом Ҳусайн(а) -ро тарошид ва ҳамвазни мӯи сари онон нуқра садақа дод.»

شَعْرَ حَسَنٍ وَحُسَيْنٍ وَزَيْنَبَ وَأُمِّ كُلْثُومٍ فَتَصَدَّقَتْ بِزِنَةِ ذَلِكَ فِضَّةً 3وَزَنَتْ فَاطِمَةُ بِنْتُ رَسُولِ اللَّهِ 14.

«Ҳазрати Фотима духтари Расули Худо(с) мӯи Ҳасан ва Ҳусайн ва Зайнаб ва Умми Кулсумро вазн кард ва ба андозаи он нуқра садақа намуд».

5-  Интихоби ном

Панҷумин суннат аз суннатҳое, ки дар оғози таваллуди навзод мавриди таваҷҷӯҳи падару модар қарор мегирад интихоби ном аст.

Интихоби ном масъалаи бисёр боаҳамият аст. Падару модар бояд фикр кунанд, ки ин навзод дар оянда ба таври ҳамеша бо ин ном сару кор хоҳад дошт ва ҳама ӯро бо ин ном садо хоҳанд кард ва ном сабабе барои таваҷҷӯҳ ба шахсияти тифл хоҳад буд. Агар номи нописанд ва мояи танаффури мардум бошад, бешак мавриди тамасхур қарор гирифта ва сабаби ранҷи рӯҳӣ ва озурдагии хотири кӯдак хоҳад шуд. Табиист, ки кӯдак сабаби ин нороҳатиҳоро интихоби нодурусти падар ва модар медонад.

Аз ин рӯ бояд диққат кард то аз номҳои хуб истифода шавад, ҳамчунон ки дар ривоёт ворид шуда барои фарзандони худ аз беҳтарин номҳо истифода кунед ва беҳтарин номҳо он аст, ки нишонаи бандагии Парвардигор ва ёдовари фазоил ва макорими ахлоқӣ бошад15. Инак назари шуморо ба гузидае аз ривоёт дар ин бора ҷалб менамоем.

1) Суннати номгузорӣ

Имом Содиқ(а) фармуд: لاَ يُولَدُ لَنَا مَوْلُودٌ إِلَّا سَمَّيْنَاهُ مُحَمَّداً فَإِذَا مَضَى سَبْعَةُ أَيَّامِ فَإِذَا شِئْنَا غَيَّرْنَا وَ إِلَّا تَرَكْنَا .

«Ҳеҷ навзоде таваллуд намешавад, магар ин ки нахуст ӯро Муҳаммад меномем ва пас аз ҳафт рӯз, агар хостем номашро тағйир медиҳем вагарна ҳамон номро бар ӯ мегузорем».

2) Номи хуб ва ҳаққи фарзанд

Ибни Аббос аз Паёмбар(с) нақл мекунад, ки ҳазрат фармуд:

مِنْ حَقِّ الْوَلَدِ عَلَى الْوَالِدَيْنِ يُحَسِّنُ اسْمَهُ وَ يُحَسِّنُ أَدَبَهُ .16 «Ҳаққи фарзанд бар падару модар он аст, ки номи неке бар ӯ биниҳанд ва ба беҳтарин шакл ӯро тарбият намоянд».

3) Беҳтарин ҳадя ба фарзанд

Ҳазрати Алӣ(к) аз Паёмбар(с) нақл мекунад, ки он ҳазрат фармуд:

إِنَّ أَوَّلَ مَا يَنْحَلُ أَحَدُكُمْ وَلَدَهُ الِاسْمُ الْحَسَنُ فَلْيُحْسِنْ أَحَدُكُمْ اسْمَ وَلَدِهِ . «Аввалин ҳадяе, ки ҳар яке аз шумо ба фарзандаш мебахшад номи хуб аст, пас беҳтарин номро барои фарзанди худ интихоб кунед.»

4) Беҳтарин ном барои писарон

Дар ривоёт номҳои фаровоне барои писарон зикр гардида, вале рӯи чанд ном ба унвони беҳтарин номҳо таъкиди бештаре шудааст.

Ибни Умар аз Паёмбар(с) нақл мекунад, ки ҳазрат фармуд:

[أَحَبُّ الأَسْمَاءِ إِلَى اللَّهِ عَزَّ وَجَلَّ عَبْدُ اللَّهِ وَعَبْدُ الرَّحْمَنِ].17 «Маҳбубтарин номҳо назди Худованд, Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон аст».

Аз Паёмбар(с) ривоят шудааст, ки фармуданд:

مَنْ وُلِدَ لَهُ أَرْبَعَةُ أَوْلَادٍ وَ لَمْ يُسَمِّ أَحَدَهُمْ بِاسْمِي فَقَدْ جَفَانِي «Ҳар кӣ соҳиби чаҳор фарзанд шавад ва яке аз онҳоро ба номи ман нагузорад дар ҳаққи ман ҷафо кардааст»

Дар ривояте аз Паёмбар(с) омадааст, ки фармуд:

ومَنْ وُلِدَ لَهُ مَولُودُ ذَكَرٍ فَسَّماهُ مُحَمَّدًا حُبًا لِي َتَبَرُّكاً بِاسْمِي، كانَ هُوَ و مَولُودُهُ فِي اْلجَنَّةِ»18

«Ҳар киро писаре ба дунё ояд ва аз сари меҳру муҳаббат ва барои табаррук ҷустан ба номи ман ӯро Муҳаммад биномад, худ ва навзодаш ҳар ду дар биҳишт хоҳанд буд.»

Ҷобир ба нақл аз Расули Худо(с) мегӯяд:

ما مِنْ بَيْتٍ فِيْهِ اِسْمُ مُحَمَّدٍ إلّا أوْسَعَ اللهُ عَلَيْهِمُ الرِّزْقَ فَإذا سَمَّيْتُمُوهُمْ فَلا تَضْرِبُوهُمْ وَ لا تَشْتِمُوهُمْ .

«Хонае, ки номи Муҳаммад дар он бошад Худованд ризқу рӯзии он хонаро густарда гардонад, пас агар фарзандатонро Муҳаммад ном гузоштед, ӯро назанед ва дашномаш надиҳед.»

5) Беҳтарин ном барои духтарон

Сакунӣ яке аз асҳоби имом Содиқ(а) мегӯяд:

دَخَلْتُ عَلَى أَبِي عَبْدِ اللَّهِ وَ أَنَا مَغْمُومٌ مَكْرُوبٌ فَقَالَ لِي يَا سَكُونِيُّ مَا غَمُّكَ؟ فَقُلْتُ وُلِدَتْ لِي ابْنَةٌ فَقَالَ يَا سَكُونِيُّ عَلَى الْأَرْضِ ثِقْلُهَا وَ عَلَى اللَّهِ رِزْقُهَا تَعِيشُ فِي غَيْرِ أَجَلِكَ وَ تَأْكُلُ مِنْ غَيْرِ رِزْقِكَ فَسَرَى وَ اللَّهِ عَنِّي فَقَالَ: مَا سَمَّيْتَهَا؟ قُلْتُ: فَاطِمَةَ: قَالَ: آهِ آهِ آهِ ثُمَّ وَضَعَ يَدَهُ عَلَى جَبْهَتِهِ إِلَى أَنْ قَالَ: أَمَا إِذَا سَمَّيْتَهَا فَاطِمَةَ فَلَا تَسُبَّهَا وَ لَا تَلْعَنْهَا وَ لَا تَضْرِبْهَا.

«Назди имом Содиқ(а) рафтам, дар ҳоле ки ғамгин ва андуҳгин будам. Имом ба ман фармуд: Эй Сакунӣ! Чаро андуҳгинӣ? Гуфтам соҳиби духтаре шудаам. Имом фармуд: Эй Сакунӣ! Сангиниаш бар замин аст ва рӯзиаш бар Худо, умраш аз умри ту ҷудо ва рӯзие, ки мехӯрад ғайр аз рӯзии туст. Сакунӣ гӯяд: Ба Худо савганд! Ғаму андуҳ аз ман дур шуд. Сипас Имом фармуд: Ӯро чӣ номидӣ? Арз кардам: Фотима. Ҳазрат се маротиба фармуд: Оҳ, оҳ, оҳ. Онгоҳ дасти худро бар пешонӣ ниҳод… Сипас фармуд: Ҳоло ки ӯро Фотима номидӣ ҳаргиз дашномаш мадеҳ, нафринаш макун ва ҳаргиз ӯро мазан».19

Хулоса

Бар асоси омӯзаҳои динӣ падару модари мусулмон баъд аз таваллуди фарзанди худ корҳоеро бояд анҷом диҳанд, ки таъкиди фаровоне шудаанд ва дар шахсияти кӯдак ва ояндаи ӯ нақши муассире доранд. Монанди гуфтани азон ва қомат дар гӯши фарзандон, ки яке аз осораш дурии шайтон аз навзод мебошад, бардоштани коми навзод, хатна кардан дар зудтарин замон, ки сабаби суръати рушду нумӯи ҷисмонӣ ва мояи таҳорат ва покизагии ҷисм ва таровати бештари рӯҳ мешавад, тарошидани мӯи сари навзод, ки мустаҳаб аст дар рӯзи ҳафтум анҷом шавад, интихоби номи некӯ, ки беҳтарин номҳо он аст, ки нишонаи бандагии Парвардигор ва ёдовари фазоил ва макорими ахлоқӣ бошад.

 

[1]. «Ва бадкорӣ ва порсоиашро ба ӯ илҳом кард» Шамс/8.

[2]. «Оё Парвардигори шумо нестам?» Аъроф/ 172.

[3].Мустадрак, ҷ.4, саҳ.62.

[4]. Ҳамон, ҷ.15, саҳ.138.

[5]. Туҳаф-ул-уқул, саҳ .10.

[6]. Ҷалолуддини Суютӣ, Ҷамъ-ул-ҷавомеъ ав ҷомеъ-ул-кабир, ҷ.7, с.90, «Бемори уммуссибён навъе бемори саръ  аст, ки хосси бачаҳои навзод мебошад ва сабаби ғаш мегардад.» Аҳмади Сайёҳ, Фарҳанги бузурги ҷомеъ, ҷ.1, саҳ.45.

[7]. Канз-ул-уммол, ҷ.16, саҳ.837.

[8]. Мустадрак, ҷ.15, саҳ.137.

[9]. Мақсуд тар кардани ангушти сабоба бо хурмо ё… ва сипас бардоштани он  ба коми навзод аст.

[10]. Муҳаммадҷаводи Мураввиҷӣ, Ҳуқуқи фарзандон дар мактаби Аҳли Байт(а), саҳ.27.

[11]. Содиқи Эҳсонбахш, Нақши дин дар хонавода, ҷ.2, саҳ.124.

[12]. Мустадрак, ҷ.15, саҳ.149, Канз-ул-уммол, ҷ.16, саҳ.587.

[13]. Мустадрак, ҷ.15, саҳ.142.

[14]. Муваттаъ, ҷ.2, саҳ.631.

[15]. Саидалӣ Ҳусейнзода, Тарбияти фарзанд, саҳ.66.

[16]. Ҷамъ-ул-ҷавомеъ ва ҷомеъ-ул-кабир, ҷ.7, саҳ.304.

[17]. Сунани Ибни Моҷа, ҷ.2, саҳ.1229, Сунани Абудовуд, ҷ.4, саҳ. 443.

[18]. Канз-ул-уммол, ҷ.16, сағ.555

[19]. Қоимӣ Муқаддам, Равишҳои осебзо дар тарбият, саҳ.17.

Ҳалимҷони Ҳакимҷон

Фаслномаи Оина

Охирин матолиб

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...