Аҳаммият ва ҳикмати Ҳаҷ дар Ислом

Ҳаҷ яке аз аркони муҳимми Ислом ва яке аз бузургтарин фароизи динӣ аст.
Қуръони маҷид дар як иборати кӯтоҳ ва пурмаъно мефармояд:

« وَ لِلهِ عَلَی‌ الناسِ حِجُّ الْبَیْتِ مَنِ اسْتَطاعَ إِلَیْهِ سَبیلاً؛ »

Бар мардум воҷиб аст, ки барои Худо Ҳаҷҷи хонаи Ӯ кунанд касоне, ки тавоноии[1] рафтан ба сӯи Ӯ доранд.
Ва ҳамчуин дар идомаи ҳамин ояи шарифа мефармояд:

« وَ مَنْ کَفَرَ فَإِنَّ اللهَ غَنِی‌ُّ عَنِ الْعالَمینَ؛ »

Ва ҳар касе, ки куфр варзад (ва ҳаҷро тарк кунад, ба худ зиён расонида), Худованд аз ҳамаи ҷаҳонён бениёз аст.
Ҷумлаи “Бар мардум воҷиб аст…” ва ҳамчунин идомаи ин оя, ки Худованд таъбири куфр варзиданро изофа намуда, дар мавриди касоне аст, ки ҳаҷҷи воҷибро тарк мекунанд ва ин амр аҳамияти бениҳоят болои онро дар Исломи азиз комилан равшан месозад.
Расули акрам (с) дар ҳадиси гуҳарборашон мефармоянд:

« اَلْحجُّ المَبْرُورُ لَيْسَ لَهُ جَزاء اِلَّا الجَنَّ‍ﮥ؛ »

Ҳаҷҷе, ки ба даргоҳи илоҳӣ қабул шавад, подошу мукофоте ҷуз Биҳишт надорад.
Ҳамчунин дар ҳадиси дигаре аз ҳамони ҳазрат мехонем, ки фармудаанд:

«مَنْ حَجَّ الْبَيْتَ… خَرَجَ مِنْ ذُنُوبِهِ كَيَومٍ وَلَدَتْهُ اُمُّهُ؛»
 

Касе, ки Ҳаҷ ба ҷой оварад, аз гуноҳ пок мешавад, ҳамонанди рӯзе, ки аз модар мутаваллид шуда аст.
Ва ин бузургтарин лутфу раҳамат ва бартирн ифтихор ва болтарин подош аст, ки насиби ҳар бандае намешавад.
Дар ин ҷо метавон ба матлабе, ки дар тафсири ояи шарифаи 27 сураи Исро аз имом Ҷаъфари Содиқ (а) нақл шуда аст таваҷҷӯҳе намоем.
Худованд мефармояд:

«وَ مَنْ کانَ فی‌ هذِهِ أَعْمی‌ فَهُوَ فِی‌ اْلا´خِرَﮤِ أَعْمی‌ وَ أَضَلُّ سَبیلاً»

Аз имом Ҷаъфари Содиқ (а) ривоят шуда аст, ки яке аз маъонии ин ояи шарифа, дар бораи касе аст, ки ҳаҷҷи воҷиби худро пайваста ба таъхир меандозад  то марги ӯ фаро мерасад (ӯ дар қиёмат нобино хоҳад буд).
Дар ҳадси дигаре омада аст: «ҳар касе ҳаҷҷи воҷибро бидуни узр тарк кунад, рӯзи қиёмат Яҳудӣ ё Насронӣ маҳшур мешавад.»
Ва дар муқобил, барои Ҳаҷ, чунон подошу мукофотҳои азиме дар ривоёти исломӣ ворид шуда аст, ки дар бораи камтарин амале дида мешавад.
Ҳамчунин дар ҳадиси дигаре аз имом Ҷаъфари Содиқ (а) ривоят шуда аст, ки мефармояд: «касоне, ки Ҳаҷ ва Умра ба ҷой оваранд, меҳмони Худои субҳон ҳастанд, ҳар чӣ бихоҳанд Худо ба онҳо медиҳад ва ҳар дуое, ки кунанд ба иҷобат мерасад, ва агар дарбораи касе шафоате намоянд пазируфта мешавад … ва агар дар ин роҳ бимиранд Худованд тамоми гуноҳони онҳоро бо фазлу раҳмати хеш мебахшад.»

Асрори Ҳаҷ

Бидуни шакк савобҳои азим ва бе мислу монанде, ки барои Ҳаҷ дар ахбори боло ва дигар ривоёти омада, ва ҳамчунини кайфару муҷозоти сахте, ки барои тарки он дар Қуръони маҷид ва ривоёти исломӣ зикр шуда аст, ҳама ба хотири асрор ва фалсафаҳои муҳимме аст, ки ин ибодати бузурги исломӣ дорад.
Қуръони маҷид дар як ҷумлаи кӯтоҳ ва бисёр пурмаъно, дарбора Ҳаҷ мефармояд:

« لِيَشْهَدُوا مَنافِعَ لَهُمْ؛ »

 (мардумро даъват ба Ҳаҷ кун) То шоҳиди манофеи гуногуни хеш бошанд!
Ин манофеъ фаровон аст, ки дар ривоёти исломии мо ба он ишора шуда аст, ки дар ин мухтасар ба намунае аз онҳо ишора менамоем:

1.     Асари тарбиятӣ

Тарбияти нафсҳо ва таҳзиби ахлоқ, тақвияти пояҳои тақво ва хулӯс аст. Таъбире, ки дар аҳодиси боло омада буд, ки Ҳаҷҷи мақбул сабаб мешавад то инсон ҳамонанди рӯзе, ки аз модар мутаваллид шуда аз тамоми гуноҳон хориҷ шавад, далели равшане барои таъсири Ҳаҷ, бар покии дил ва сафои рӯҳ ва зудудан ва нобуд кардани осори гуноҳони як умр аст. Албатта ин фоидаи бузурги ахлоқӣ ҳангоме ба даст меояд, ки зоирону ҳоҷиёни Байтуллоҳ ба асрори аъмол ва маносике, ки анҷом медиҳанд, дақиқан таваҷҷӯҳ дошта бошанд то ҳар қадаме, ки бар медоранд қадаме ба сӯи Худо ва маъбуд ва маҳбуби ҳақиқӣ бошад, ва ин ибодати бузург ва пурмуҳтаво барои онон ба манзалаи таваллуди дубора гардад.
Касоне, ки бо таваҷҷӯҳ ба асрори ин ибодат, ва бо ниҳояти хулуси ният, ин маросими бузурги рӯҳониро анҷом медиҳанд, осори амиқи онро дар даруни ҷони худ то поёни умр эҳсос мекунанд ва ҳар замон ба ёди хотираҳои ин сафари рӯҳонӣ ва саҳнаҳои моломол аз рӯҳонияту сафо ва ихлос бошанд, рӯҳу равони тозае дар онҳо дамида мешавад (ин асари тарбиятӣ ва ахлоқии Ҳаҷ аст).

2.     Асари сиёсӣ

«Осори сиёсӣ», ки дар канори осори тарбиятии Ҳаҷ қарор дорад, бисёр муҳим аст  чаро ки Ҳаҷ –агар ҳамон гуна ки Ислом дастур дода ва Иброҳими бутшикан, ҷаҳониёнро ба он фаро хонда аст анҷом шавад — сабаби иззату иқтидори мусалмонон ва маҳкам намудани пояҳои дин ва ваҳдати калима ва мояи қудрат ва шавкат дар баробари душманон ва бароату дурӣ аз мушрикони ҷаҳон хоҳад шуд. Ва ин гирдиҳамоии азими илоҳие, ки ҳар сол дар канори хонаи Худо ташкил мешавад, беҳтарин фурсатро ба мусалмонон барои бозсозии нерӯи хеш ва тақвияти пояҳои ухувват ва бародарӣ ва хунсо ва беасар кардани тавтеа ва найрангҳо ва нақшаҳои душманони Ислом дар тӯли як сол медиҳад.
Вале мутаассифона ҳамон гуна ки гурӯҳе аз мусалмонон ба умқи фалсафа ва ҳикмати ахлоқии Ҳаҷ намерасанд, аз фалсафа ва ҳикмати сиёсии он низ бехабаранд. Ин гурӯҳ танҳо ба зоҳир қаноат мекунанд ва аз рӯҳи ин ибодати бузурги илоҳӣ ғофиланд. Ба гуфтаи яке аз сиёсатмадорони ғарбӣ, ки дар нишасте гуфта аст: «вой бар ҳоли мусалмонон, агар маънии Ҳаҷро нафаҳманд, ва вой бар ҳоли душманони Ислом, агар мусалмонон маънии Ҳаҷро бифаҳманд!».

3.     Асари илмӣ ва фарҳангӣ

Яке дигар аз осори муҳимми Ҳаҷ, ки дар ривоёти исломӣ ба он ишора шуда аст, осори фарҳангии он аст чаро ки осори Расули акрам (с) ва ёрони ростин ва хонадони гиромии он ҳазрат дар ҷой-ҷойи Макка ва Мадина ва мавоқифи Ҳаҷ ба чашм мехӯрад ва ҳузури донишмандони бузурги исломӣ аз тамоми кишварҳо аз ҳамаи уламои бузурги динӣ, устодони фунӯни дигар ва гӯяндагону нависандагоне, ки ҳама сола дар Ҳаҷ ширкат доранд, фурсати хубе барои ҳамаи мусалмонони ҷаҳон барои мубодилаи иттилоот ва донистаниҳо дар тамоми заминаҳои динӣ ва илмӣ ҳосил мешавад. Аз ҳамаи инҳо муҳимтар, огоҳӣ аз вазъи ҳамаи мусалмонони ҷаҳон дар он муҳит пайдо мешавад, ки агар барои ин кор низ барномарезӣ шавад осори азими он дар ҷаҳони исломӣ ҳама сола зоҳир мегардад.

4.     Асари иқтисодӣ

Дар ривоёти исломӣ «фалсафа ва ҳикмати иқтисодӣ » низ яке аз асрор ва аҳдофи Ҳаҷ шумурда шуда аст. Мумкин аст афроде тасаввур кунанд, ки Ҳаҷ бо масоили иқтисодӣ чӣ кор дорад? вале агар дуруст ва санҷида таваҷҷӯҳ кунем, мебинем, ки маҳтарин мушкили мусалмонони имрӯз, ҳамон вобастагии иқтисодии онҳо ба душманони Ислом аст, ва дар канори маросими муқаддаси Ҳаҷ метавон гирдиҳамоӣ ва нишасту семинорҳои азиме аз иқтисоддонони ҷаҳони Ислом ба вуҷуд оварад, ва мусалмононро бо ин равиш ва мудирияти саҳеҳ аз зери султаи бегонагон, ки дар гӯшаву канори ин ҷаҳони паҳновар гирифтор ҳастанд, раҳоӣ бахшид. Бо таваҷҷӯҳ ва тааммул ба ин нукот аҳамияти ин мавзӯъ рушан мешавад.

Хулоса

 Ҳаҷ, асрори муҳим ва қобили таваҷҷӯҳе дорад, ки шоиста аст дар китобҳои ҷудогона тадвин ва ба ҳамаи мусалмонон, махсусан ҷавонони мусалмон, ки сармояи азими мо ҳастанд таълим дода шавад.


[1] Иститоат, яъне тавоноии дахлу харҷи роҳро дошта бошад.

Охирин матолиб

Аҳаммият ва ҳикмати Ҳаҷ дар Ислом

Ҳаҷ яке аз аркони муҳимми Ислом ва яке аз бузургтарин фароизи динӣ аст. Қуръони маҷид дар як иборати кӯтоҳ ва пурмаъно мефармояд: « وَ لِلهِ...

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...