ГУЗАШТАИ ҲИҶОБ ДАР ЯК НИГОҲ

Эй зан ба ту аз Фотима ин гуна хитоб аст,
Арзандатарин зинати зан ҳифзи ҳиҷоб аст.
     Пўшиш амре нест, ки Ислом ё адёни дигар онро дар саҳнаи зиндагии башар фаро хонда бошанд. Балки гароиши фитрии инсон аст, ки ўро ба навъе пўшиш фаро мехонад. Пушиш дар адён ва ақвоми пеш аз Ислом бесобиқа нест. Дар бархе аз онҳо ба сахтгириҳои шигифте нисбат ба пўшиш бармехўрем, ки дар зер ба чанд маврид аз онҳо мепардозем.
Вил Дуронт менависад:
Дар шариати яҳуд агар зане ба нақзи қонуни яҳуд мепардохт чунонки масалан бе онки чизе ба сар дошт ба миёни мардум мерафт ва ё дар кўча нах меришт ё садояш он қадар  баланд буд, ки ҳамсоягонаш метавонистанд суханони ўро бишнаванд, дар он сурат мард ҳақ дошт бе он ки маҳри ўро бипардозад ўро талоқ диҳад.
Дар ҷойҳои гуногуни  китоби осмонии “Таврот” ва китоби фиқҳии “Талмуд” ба таври равшан ба пўшиши сар аз номаҳрамон амр шудааст ва низ истифода аз чодар ва бурқаю рўбанд, (ки мукарраран дар Таврот омадааст) ҷудо будани маҳалли ибодати занон аз мардон дар каниса, ношо-иста шумурдани  шеърҳое, ки дар васфи зебоии занон суруда шуда аст, манъи гуфтугўи занон бо мардон,
пешгирӣ аз рафтан ба мактаб ва масҷид аз сираи амалии яҳудиён аст, ки ин худ баёнгари вуҷуби ҳиҷоб аст. Бинобар ин метавон гуфт, ки ҳиҷоби занон дар шариати яҳуд сахт ва шадид будааст.
Дар миёни масеҳиён ва аврупоиён низ ҳиҷоб чизи маъмулӣ ва оддӣ буд ва ин одат то асри сездаҳум сахт ривоҷ дошт ва аз он ба баъд кам-кам то асри 18-19 коҳиш ёфт. Имрўз ҳам дар баъзе аз ҷойҳои Аврупо осоре аз ҳиҷоб ба чашм мехўрад.
Попҳо ва кардиналҳои бузург, ки дастуроти динии онон аз тарафи калисо ва шариати масеҳият бояд иҷро мешуд, бо шиддате ҳарчи бештар занонро ба пўшиши комил ва дурӣ аз ороишҳои ҷисмӣ фаро мехонанд, ки чанд маврид аз он дастурҳоро дар зер меоварем:
— Барои зани мўъмини масеҳӣ дар назари Худованд писандида нест, ки ба зевар ороста гардад, зеро барои бинандагон хатарнок аст.
— Зани масеҳӣ набояд рўи худро урён нишон диҳад то дигареро бо нигоҳ кардан ба рўяш водор ба гуноҳ кунад.
Фарозҳое аз Инҷил:
— Ва ҳамчунин занон хештанро биороянд бо либоси ҳаё ва парҳез на бо зулфҳою тилло ва марвориду  рахти гаронбаҳо.
— Ҳар марде, ки сарпўшида дуо ё ибодат кунад сари худро расво менамояд, аммо ҳар зане сарбараҳна дуо ё ибодат кунад, сари худро расво месозад, зеро ин чунон аст, ки тарошида шавад.
— Дар дили худ инсоф диҳед оё шоиста аст, ки зан нопўшида назди Худо дуо кунад.?
Георг яке аз донишмандони масеҳӣ мегўяд:
“Агар мақсуд аз ҳиҷоб пўшонидани тан ва бадан аст ин кор қабл аз Ислом ва ҳатто пеш аз зуҳури дини Масеҳ оддӣ ва маъмул буда- аст ва диёнати Масеҳ ҳам дигаргуние дар он надода ва то охирҳои асри вусто дар Аврупо маъмул будааст ва осори он ҳанўз дар худи Аврупо боқӣ мондааст.”
Чунонки мулоҳиза мекунед ончӣ дар оини яҳуд ва қонуни “Талмуд” ва оин ва дастуроти масеҳият омадааст қавонин ва дастуроти сангине аст, ки таҳаммули он басе душвор менамояд.
Бинобар изҳороти Вил Дуронт тибқи одоби махсуси яҳуд муқаррароти сангине дар мавриди зани ҳоиз иҷро мешудааст. Лизо Абўдовуд дар шаъни нузули ояи
«و يسئـلونک عن الـمحيض»
менависад: “Анас ибни Молик гуфт: Одати яҳуд ин буд, ки агар зане аз онҳо ҳоиз мешуд ўро аз хона берун мекарданд. На бо ў таом мехўрданд ва на аз дасти ў об меошомиданд ва на бо ў дар як хона мезистанд. Барои ҳамин аз Расули Худо дар ин бора пурсиданд ва ин оят нозил шуд. Расули Худо аз дурӣ гузидан аз онҳо манъ карда ва фармуданд: ҷуз ҳамбистарӣ ҳеҷ мамнўияти дигаре надорад.”
Аз ончӣ дар Қуръон ва шаъни нузули он ворид шуда равшан мешавад, ки рафтори Ислом бо зани ҳоиз нисбат ба рафтори яҳуд комилан фарқ дорад ва Ислом бар хилофи яҳуд ҳеҷ гоҳ  зани ҳоизро ба унвони чизи палид надонистааст.
Дар ҳиҷоби исломӣ саҳлангориҳо ва сахтгириҳои бемаврид вуҷуд надорад. Ҳиҷоби исломӣ он гуна, ки ғарб таблиғ мекунад ба маънои ҳабси зан дар хона ё парданишинӣ ва дурӣ аз ширкат дар масоили иҷтимоӣ нест, балки ба ин маъност, ки зан дар муошират бо мардони бегона мўи сар ва андоми хешро бипўшонад. Бо таваҷҷўҳ ба ғаризаи оташини ҷинсӣ Худованд аҳком ва дастуроти Исломро ба гунае ташреъ кардааст, ки ин ғариза ба таври саҳеҳ ба кор бурда шавад. Ин дастурот чун аз ҷониби Худо ва мутобиқ бо ризои ўст қатъан бар салоҳи мо низ ҳаст, зеро вақте ба ҷомеаи имрўз нигоҳ мекунем, шоҳиди ин мешавем, ки он заноне, ки бидуни риояти ҳиҷоби исломӣ ва пўшиши лозим дар ҷомеа зоҳир мешаванд, худ аз ин кор эҳсоси ҳақорат ва нороҳатӣ мекунанд. Ва ин ҳиҷоб ва пўшиш аст, ки занро чун садаф мастур медорад ва боиси боло рафтани шаъну манзалати зан дар ҷомеа мегардад.

Хонум Ҳомия Бекова


Охирин матолиб

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.