Қуръон ваҳй илоҳӣ

vahu

vahuҚуръон ваҳй илоҳӣ

Ваҳй чист?

Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар воқеъ барои дарёфти сухани Худо байни Ӯ ва паёмбаронаш иртиботи маънавӣ эҷод мешавад, ки ба ин иртибот “ваҳй” мегӯянд.[1]

Ваҳй расондани маъно (ва фаҳмондани он) ба касе (паёмбар) аст, ки бояд паёмро дарёфт кунад, ба гунае ки дигарон аз дарёфти он паём оҷиз ва нотавон бошанд«.[2]

Ваҳй бар чанд навъ аст?

Қабл аз посух ба ин пурсиш беҳтар аст дар маънои ояти 51-исураи Шӯро диққат кунем.Худои Мутаол мефармояд: Ҳеҷ одаме наметавонад бо Худои худ сухан бигӯяд, магар аз роҳи ваҳйё аз паси парда ё Худо фиристодае (фариштае) бифиристад, пас ба фармони ӯ он чи хоҳад (ба ӯ) ваҳй кунад, ҳамоно ӯ воло мартаба ва ҳаким аст.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин оят ваҳй бар се навъ аст;

А) Ваҳйи бевосита

Яъне матолиби илоҳӣ бевоситаи фаришта дарёфт мешавад, ки дар ин сурат вақте Паёмбари Акрам(с) мехост ваҳйи илоҳӣ, яъне Қуръонро дарёфт кунад фишору сахтии зиёдеро таҳаммул мекард. Ин сахтӣ ба хотири бузургии ваҳйи илоҳӣ буд. Ҳазрати Муҳаммад(с) бо он ки аз кӯҳ устувортар ва собитқадамтар буд, дар айни ҳол таҳаммул ва дарёфти ваҳйи мустақим барои ӯ тоқатфарсо ва сахт буд.

Б) Ваҳйи бовосита

Яъне ваҳй аз ҷониби Худо бо воситаи ҳазрати Ҷабраил (а) ба паёмбарон (а) расонда мешавад. Дар ин сурат ҳазратиҶабраил(а) бар ҳазрати Пайғамбар(с) нозил мешуд ва ваҳйи илоҳиро ба он Ҳазрат (с) мерасонд.

В) Ваҳй аз пушти ҳиҷоб

Яъне каломи илоҳӣ ба гӯши паёмбарон (а) мерасид, ба гунае ки ба ҷуз онҳо касе намешунид.

Ҳамон тавр ки ҳазрати Мусо(а) ҳангоми интихоб шуданаш ба пайғамбарӣ дар кӯҳи »Тур« ба ҳамин шева каломи Худоро шунид. Бархе ваҳйҳои Худо низ дар олами хоб ба паёмбарони илоҳӣ (а) мерасид.[3]

Ҳазрати Ҷабраил барои расонидани ваҳй чигуна пешиПаёмбар(с) меомад?

Ҳазрати Ҷабраил (а) ба ду сурат пеши Расули Худо (с) меомад;

А) Гоҳе Худованди Тавоно, Ҷабраил(а)-ро ба сурати инсоне, тағйири шакл медод.Ӯ ба хидмати Пайғамбар(с) меомад ва ончиро Худованд ваҳй карда буд ба Паёмбар(с) мерасонд. Мутобиқи бархе аз ривоятҳо Ҷабраил (а) гоҳе ба сурати шахсе ба номи »Деҳяи Калбӣ« хидмати Паёмбар(с) меомад.

Б) Дар мавориди андаке ҳам Паёмбар(с) Ҷабраил(а)-ро ба сурати аслии худаш медид, ки гуфта шуда дар тамоми муддати нубуввати ҳазрати Муҳаммад(с) танҳо ду бор ҳазрати Ҷабраил(а)-ро ба сурати аслии худаш дидааст.[4]

Ниёз ба мӯъҷиза

Чаро бояд паёмбарон (а) дорои мӯъҷиза бошанд ва чаро Қуръон мӯъҷиза аст?

Вақте шахсе иддао мекунад, ки аз ҷониби Худованд омадааст, мардум барои ин ки бовар кунанд, ки рост мегӯяд аз ӯ мехоҳанд барои ростгӯии худаш далел биёварад. Паёмбарон (а) дар ҷавоб мегуфтанд:Нишонаи ростгӯии мо ин аст, ки Худованд ба мо тавоне додааст, ки метавонем корҳое кунем, ки ҳеҷ кас наметавонад анҷом диҳад. Масалан ҳазрати Исо(а) мефармуд:Далели ростгӯ будани ман ин аст, ки ба дуо кардан мурдаҳоро зинда мекунам. Ба ин гуна корҳо, ки мардум аз анҷом додани он нотавон ҳастанд, мӯъҷиза мегӯянд.

Паёмбари Аъзам (с) мӯҷизаҳои зиёде доштанд, монанди ду ним кардани моҳ ва баргардондани он ба ҳолати аввалаш,ба меъроҷ рафтан,сухан гуфтани дарахт бо он Ҳазрат ваҳаракати дарахт ва омаданаш ба назди Паёмбар(с), вале муҳимтарин ва ҷовидонатарини онҳо Қуръони Карим аст. Бо вуҷуди ҷойгоҳ ва аҳамияти Қуръонкасе ба суроғи мӯъҷизаҳои дигари Паёмбар (с) намеравад. Чунонки ҳангоми рӯз ситораҳо дар осмон ҳастанд, вале нури Хуршед он қадар зиёд аст, ки ситораҳо дида намешаванд.

Худованд Қуръонро бар ҳазрати Муҳаммад(с) нозил фармуд то мардум бо шунидани оятҳои илоҳӣ яқин кунанд, ки ҳазрати Муҳаммад(с) аз ҷониби Худованд сухан мегӯяд ва оятҳои Қуръон ба гунае мебошад, ки ҳеҷ кас наметавонад монанди Қуръон биёварад ва ин беҳтарин нишона барои исботи паёмбарии ҳазрати Муҳаммад(с) аст.

Муборизаталабии Қуръон

Чигуна бифаҳмем, ки Қуръон мӯъҷиза аст?

Чуноне медонед мӯъҷиза ба корҳои паёмбарон (а) ки мардуми оддӣ наметавонанд анҷом диҳанд- гуфта мешавад. Ҳоло мехоҳем бифаҳмем, киҚуръон мӯъҷиза аст ё не?

Муҳимтарин роҳ ин аст, ки аз мухолифон бихоҳем, кимисли Қуръон биёранд, агар тавонистанд мефаҳмем Қурон мӯъҷиза нест, вале агар натавонистанд, ки ҳатто як сура монанди Қуръон биёранд мефаҳмем, киҚуръон мӯъҷиза аст.

Худованд дар ибтидо аз мардум мехоҳад, ки агар метавонанд қуръоне монанди “Қуръони Маҷид”,биёранд, вале –чунон ки медонем- ҳеҷ кас натавонистааст чунин кореро то имрӯз бикунад.

Худованд дар оятидигар аз мардум мехоҳад,киагар дар ин ки Қуръоне, ки аз ҷониби Худованд нозил шуда шак доранд, фақат даҳ сура монанди Қуръон биёваранд.Дар ояти 13 ва 14-и сураи “Ҳуд” мехонем: “Оё мегӯянд:Ӯ ба дурӯғ ин (Қуръон)-ро (ба Худованд) нисбат медиҳад? Бигӯ:Агар рост мегӯед шумо ҳам даҳ сура аз пеши худатон монанди ин Қуръон биёред ва тамоми касонеро, ки метавонед ғайр аз Худованд, барои ин кор даъват кунед. Пас агар посухи шуморо надоданд, пас бидонед (Қуръон) танҳо бо илми илоҳӣ нозил шудааст….”

Агар касе метавонист даҳ сура монанди Қуръон биёварад беҳтар набуд кофирони замони Паёмбар(с) ва кофирони имрӯзӣ, ба ҷои он ки бо мусулмонон ҷанг кунанд ва хунҳои зиёде рехта шавад, даҳ сураи сохтагӣ қобили қабул ва хуб- ки хусусиятҳои Қуръонро дошта бошад- месохтанд ва Паёмбар(с) ва мусулмононро маҳкум мекарданд?

Ҳамчунин Худованд дар ояти 23-и сураи Бақара аз касоне, ки тардид доранд, ки Қуръон аз тарафиХудованд аст, мехоҳад, танҳо як сура монанди Қуръон биёваранд.

Ва агар дар бораи он чи бар бандаи худ (ҳазрати Муҳаммад(с)) нозил кардаем шакку тардид доред, (дасти кам) як сура ҳамонанди он биёваред ва гувоҳони худро ғайр аз Худованд (барои ин кор) фарохонед, агар рост мегӯед.

Ҷолиб он аст, ки Худованд дар ояти 24 ҳамин сура ошкоро эълом мекунад, ки мардум, ҳаргиз наметавонанд ҳатто як сура монанди Қуръон биёранд ва ҳамакнун пас аз гузашти беш аз 1400 сол мебинем, ки мӯъҷизаи Қуръон пояндааст ва ҳеҷ кас натавонистааст, ҳатто як сура монанди Қуръон биёварад. Ва ҳамин худ далел бар мӯъҷиза будани Қуръон аст.

Чаро арабзабонон натавонистанд монанди Қуръон биёваранд?

Қуръон аз чанд ҷиҳат мӯъҷиза аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба ин ҷиҳатҳо касе наметавонад каломе монанди Қуръон биёварад. Ба унвони намуна, яке аз ҷиҳатҳои он мӯъҷизаи адабии Қуръон аст, яъне Қуръон аз назари зебоӣ ва дилрабоӣ, ба гунае аст, ки ҳеҷ кас, чи араб ва чи ғайриараб наметавонад монанди онро биёваранд. Ҳоло барои ин ки матлаб равшантар шавад мисоле мезанем. Медонед, ки Ҳофизи Шерозӣ яке аз бузургтарин шоирони форс аст, ки беҳтарин ғазалҳоро сурудааст. Агар аз худи Ҳофиз бипурсем,ки чӣ кор кардӣ, ки шеърҳоят ин қадар зебо аст, ки шоири дигарнатавонистааст ба зебоии ту бисарояд? Медонед посухи ӯ чист? Мегӯяд:

»Ҳар чи дорам ҳама аз давлати Қуръон дорам«.

Ва дар шеъри дигаре ба мо насиҳат мекунад, ки агар мехоҳем ба он чи мақсуд ва матлуби мост дастрасӣ пайдо кунем бояд даст ба домони Қуръон бизанем.

Ишқат расад ба ҷонон, гар худ басони Ҳофиз,

Қуръон зи бар бихонӣ бо чордаҳ ривоят.

Агар Ҳофиз бо муроҷеа баҚуръон ва диққат дар нуктаҳои дақиқи он ба ҷое расидааст, ки касе то кунун натавониста ба хубииғазалҳои ин Ҳофизи Қуръон, ғазал бисарояд, чигуна мумкин аст як нафар, ки арабӣ медонад муъҷиза кунад ва Қуръоне биёварад? В-онгоҳ Қуръон насри маъмулӣ нест то нависандае битавонад насре монанди он бинависад. Чунон ки шеър ҳам нест то шоире битавонад монанди он тақлид кунад ва шеър бисарояд. Балки дорои назми нав аст, ки бо назм ва равиши шинохта шуда дар араб ва ғайриараб фарқ мекунад.

Тамоми он чи навиштем танҳо бо таваҷҷӯҳ ба мӯъҷизаи адабии Қуръон аст, дар ҳоле ки Қуръон аз чандин ҷиҳат мӯъҷиза аст ва фазоили Қуръон он қадар зиёд аст, ки ба ростӣ бояд гуфт:

Китоби фазли туро, оби баҳр кофӣ нест,

Ки тар кунам сари ангушту сафҳа бишморам.

Посухи бахши дувуми савол ин аст, ки:

Мӯъҷизаи ҳар паёмбаре бо таваҷҷӯҳ бо донишҳо ва маҳорати мардуми ҳамон замон буд. Дар замони ҳазрати Исо(а) дониши пизишкӣ пешрафти зиёде карда буд ва шояд ба ҳамин сабаб буд, ки мӯъҷизаҳои ҳазрати Исо(а) корҳоемонанди зинда кардани мурдагон, шифо додани кӯрони модарзод ва ғайра буд.

Дар даврони ҳазрати Мусо(а) мардум ба корҳои ҷодугарӣ, шуъбадабозӣ рӯй оварда буданд ва ба роҳатӣ ташхиси мӯҷиза аз шуъбада ва ҷоду барояшон имконпазир буд. Пас яке аз мӯъҷизаҳои ҳазрати Мусо(а) табдили асо ба аждаҳо буд ва аз аввалин афроде, ки ба ҳақиқӣ будани мӯъҷизаи ҳазрати Мусо(а) пай бурданд, худи соҳирон ва ҷодугарон буданд.

Дар замони ҳазрати Муҳаммад(с) низ даркишвари Арабистон- ки ба Ҳиҷоз маъруф буд- бозори илму дониш ва адабиёт ривоҷ дошт.Нависандагон ва шоирони забардаст ва зебопардозе зуҳур карда буданд, ки дар офариниши матнҳои адабӣ ва шеърҳои ҷаззоб тавоноии фавқулода доштанд. Дар чунин фазое, ки колои шеъру ҳунар харидорони фаровоне дошт, беҳтарин мӯъҷизаи Паёмбар (с) чӣ чиз метавонист бошад?

Чунон ки медонем ҳазрати Муҳаммад (с) охирин паёмбари илоҳӣ аст. Қуръон мӯҷизаи ҷовидони ҳазрат (с) барои ҳамаи замонҳо, маконҳо ва афрод аст. Дар ғайри ин сурат мумкин буд мардум бигӯянд:Чун мо мӯъҷизаро надидем ҳаққонияти Паёмбарро қабул надорем.

Пас мӯъҷизааш ҳам бояд ҷовидона бошад то ҳар кас то қиёмат битавонад бо муроҷеа ба Қуръон ба ҳаққонияти Ислом пай бибарад ва роҳи баҳонаҷӯӣ баста шавад.

Чаро дар бархе аз маворид ба назар мерасад оятҳои Қуръон бо ҳам ихтилоф доранд; масалан дар як оят мефармояд:“Вақте мехоҳем бандаҳои мӯъминро озмоиш кунем дороиҳо,дарахтони мева ва авлоди ӯро аз ӯ мегирем” ва дар ояти дигаре мефармояд:“Вақте бандае аз ёди мо ғофил шуд, мо зиндагиро бар ӯ сахт мегирем.”Оё ин ду оят бо ҳамдигар ихтилоф надоранд?

Яке аз мӯъҷизаҳои Қуръони Карим ин аст, ки дар оятҳояш ихтилофе вуҷуд надорад, яъне бо он ки оятҳои Қуръон беш аз бист сол дар мавқеиятҳои гуногун бар Паёмбар (с) нозил шудааст, вале ҳеҷ тазод ва мухолифате бо ҳамдигар надорад, чунон ки Худованд мефармояд:

Оё дар бораи Қуръон намеандешед, ки агар аз тарафи ғайри Худо буд, ихтилофоти фаровоне дар он меёфтанд.[5]

Пас агар ба ду оят бархурд кардем ва дар нигоҳи аввал фикр кардем, ки оятҳо бо ҳамдигар таорӯз доранд, бояд аз донишмандон ва рӯҳониёни муҳтарам маънои дақиқи оятҳоро бипурсем то мушкил бартараф шавад. Пас аз муқаддимаи боло посухи пурсишро бо ҳам мехонем:

Посухи аввал: Зиндагии танг (ва сахт), ки кофирон ва афроди ғофил аз ёди Худо ба он мубтало мешаванд, бо даромади кам, гуруснагӣ ва марги бархе аз хешовандон, ки дар бархе аз маворид хубон ба он дучор мешаванд тафовути зиёде дорад. Ба мисоли зер таваҷҷӯҳ кунед:

Яке аз сарватмандтарин афроди кофирро бо яке аз мӯъминон, ки даромади хеле зиёде ҳам надорад муқоиса мекунем ва мебинем зиндагии кадом як тангтар ва нороҳаткунандатар аст.

1- Фарди мӯъмин аз чизе наметарсад ва нороҳатӣ надорад, чун Худоро пуштибони худаш медонад, вале сарватманди кофир аз ҳама кас ва ҳама чиз метарсад, чун фикр мекунад, мехоҳанд дороии ӯро аз ӯ бигиранд ё ӯро терор кунанд в ғ. пас ҳамеша нороҳат аст.

2- Мӯъмин аз марг воҳимае надорад, чун биҳишт дар интизори ӯст, вале кофир аз марг бимнок аст, чун ҳама чизашро пас аз мурданаш аз даст рафта мебинад.

3- Мӯъмин оромиш дорад, чун такягоҳаш Худованд аст, вале кофир ҳамеша дар нигаронӣ ва изтироб ба сар мебарад ва хулоса ин ки ҳарчанд фарди мӯъмин пули зиёде надорад, зиндагии ширине дорад, вале кофир ҳарчанд пули зиёде дорад зиндагиаш талху танг аст.

Пас ояти 124 сураи Тоҳо –ки мефармояд: Ҳар кас аз зикри ман рӯй гардонад зиндагиаш танг шавад (ва сахтӣ хоҳад дошт), — бо ояти 155 сураи Бақара–ки мефармояд: Мо шуморо бо тарс, гуруснагӣ, коҳиши дороӣ ва ҷонҳо озмоиш мекунем, мунофоте вуҷуд надорад, чун мӯъмин ҳамеша оромиш дорад, аммо фарди ғофил аз ёди Худо, ҳамеша дар нороҳатӣ ва азоб аст, ҳарчанд сарватманд ва солим бошад.

Посухи дуюм: Беморӣ ва фақр, агар имтиҳоне аз тарафи Худованд бошад ва инсон аз имтиҳони илоҳӣ сарбаланд берун ояд хуб аст, чунон ки дороӣ ва саломатӣ, агар боиси дурӣ аз ёди Худо шавад бад аст. Ҳар ҷо сахтӣ ва мушкилот мӯҷиби наздик шудани инсон ба Худо шавад хуб аст ва агар сабаб шавад инсон аз Худованд дур шавад нописанд мебошад.[6]

Муҳаммадалии Муҳаммадӣ

 


[1]. Ваҳй дар луғат ба маънои ишораи сареъ мебошад ва он чи дар матн омада, маънои истилоҳии ваҳй аст. Ниг. Ҳусейни Ҷавонороста, Дарсномаи улуми қуръонӣ, бахши дуюм, фасли аввал ва Маърифат, Ат-тамҳид фи улумил Қуръон, ҷ.1, саҳ. 7.

[2]. Ал-мизон, ҷ.12, саҳ. 292.

[3]. Тамҳид, ҷ.1, саҳ. 250-30.

[4]. Тафсири Намуна, ҷ.20, саҳ. 485-501.

[5]. Нисо, ояти 82.

[6]. Ниг. Тафсири Намуна, ҷ.4, саҳ. 28-29

Охирин матолиб

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...