Чаро мехоҳед қурбонӣ кунед?

Иди Қурбон яке аз бузургтарин идҳои мусалмонон дар тӯли сол мебошад. Иди қурбон таҷаллии Тавҳид ва худопарастӣ буда ва намоде барои мубориза бо нафс аст

ва хоҳишҳои нафсонӣ ва ҳар ончӣ ки инсонро аз роҳи расидан ба Худо боз медорад. Иди Қурбон, рӯзи пирӯзии Инсон бар Шайтон ва рӯзи гузашт аз ҳама чиз барои анҷоми фармони илоҳӣ аст.

“Ид” ба маънои руҷӯъ ва баргаштан аст ва “Қурбон” ба маънои наздикӣ ва гузаш ва қурбонӣ ё ҳар ончӣ ки бо он битавон ба Парвардигор наздикӣ ҷӯст.[1]

Касе ки гусфандеро зибҳ мекунад, дар ҳақиқат бо ин ҳаракати зоҳирӣ, ки намоде дар байни мусалмонон гашта аст, қасди аз байн бурдани ҳавасҳо ва вобастагиҳояшро мекунад ва омодаи исору гузашт ва фидокорӣ мешавад. Чунонки имом Зайналобидин (а) аз Шиблӣ пурсиданд:

عِنْدَ مَا ذَبَحْتَ هَدْيَكَ نَوَيْتَ أَنَّكَ ذَبَحْتَ حَنْجَرَةَ الطَّمَعِ بِمَا تَمَسَّكْتَ بِهِ مِنْ حَقِيقَةِ الْوَرَعِ….؟

Оё ҳангоми сарбуридани қурбонӣ ният кардӣ, ки бо чанг задан ба ҳақиқати тақво гардани тамаъро (хостаҳои нафсониро) қатъ кунӣ? [2]

Бинобарин қурбонӣ кардани гӯсфандон дар рузи иди Қурбон бо ҳадаф ва нияти холис бошад ва ҷавоби ин саволро ҳамеша ҳангоми қурбонӣ дар зеҳн дошта бошед, ки чаро мехоҳед қурбонӣ кунед?

Мехоҳед ба пайрави аз ҳазрати Иброҳим(а) қурбонӣ кунед?

Мехоҳед бо ин қурбонӣ ба фақирон таом диҳед?

Мехоҳед тамрине бошад барои фидо кардани хостаҳоятон дар муқобили хости Худо?

Ё чун қурбонӣ яке аз аъмоли ҳоҷиён дар маросим пурбаракати Ҳаҷ аст бо ин кор мехоҳед дар аъмоли онҳо шарик шавед?….

Агар бо ин ниятҳо қурбонӣ кардед ҳатман дуо кунед ва аз Худо бихоҳед, ки Худоё ин қурбониро аз мо қабул кун.

Ёсин



[1] . Лисонулараб, калимаи “қурб”.

[2] . Васоил, ҷ. 10, саҳ 171.

Охирин матолиб

Ҳадиси ҳафта

  РасулиХудо (с) фармуданд: وَ هُوَ شَهْرُ الِاسْتِغْفَارِ وَ هُوَ شَهْرُ الصِّيَامِ وَ هُوَ شَهْرُ الدُّعَاءِ Моҳи Рамазон моҳи истиғфор, моҳи рӯза ва моҳи дуо...

Рӯза дар аҳодис ва ривоёт

Ривоят шудааст, ки Расули Акрам (с) фармуданд: “Рӯза мегӯяд: Эй Парвардигори ман, ин шахсро аз хӯрдан, нӯшидан ва ниёзҳои шаҳвонии нафс боздошта будам, имрӯз шафоати...

Нигоҳе ба масъалаи Рӯза

Рӯза яке аз ибодатҳои воло ва барҷаста ба шумор меравад. Дар ин навиштор матолиберо дар бораи ин ибодати муҳим пешкаши шумо мегардонем. Таърифи рӯза он...

Макорими ахлоқ

Қуръони Карим китоби ҳидоят ва роҳнамоии башар ба сӯи қуллаҳои камолу растагорӣ аст