Хонавода дар Қуръони карим

Бо назар ба оёти зиёди Қуръони маҷид дар хусуси калимаи “байт” (хона) чунин ба даст меояд, ки ин макони сақфдори маҳдуд аввалин муҳити рушду парвариши инсон буда мавриди инояти Ҳақ таоло мебошад. Хона дар Қуръон аз чанд ҷиҳат аҳамияти вижа дорад. Дар ин ҷо ба баъзе аз ин маворид ишора мешавад.

Маҳалли оромиш

Муҳимтарин нақши хона таъмини оромиши ҷисму ҷони аъзои он аст, ки албатта ин оромиш дар гарави амнияти ҳамаҷонибаи ин муҳит аст. Фазои маҳдуд ва амни хона маҳалли намоиши эҳсосот, баёни асрор, таъмини ғаризаҳо ва ниёзҳои ҷисмию рӯҳии инсон аст. Ин сукунат ва амниятро Худованд ба худ нисбат медиҳад ва мефармояд: “Худованд  хонаҳоро маҳалли сукунат ва оромиши шумо қарор дод.”[1]

Вожаи “сакан” ба маънои ҳар чизест, ки инсон ба василаи он таскин ёбад. Инсон илова бар сукунат дар хона, ба маҳалле барои таскин дардҳои рӯҳӣ, фориғ аз гирифториҳои иҷтимоӣ, истироҳати дилхоҳ, худтанӣ ва розу ниёз бо Худо ва маҳрамон ниёз дорад. Агар хона таъминкунандаи ин ниёзҳо набошад, маскан нахоҳад буд.

Маҳалли зикр ва тиловати оёти илоҳӣ

  “Он чи аз оёт ва ҳикмат дар хонаҳоятон хонда мешавад ёд кунед, бешак Худованд дақиқу огоҳ аст.”[2] Ояи зикршуда хитоб ба ҳамсарони Пайғамбари акрам (с) аст ва нукоте аз он бардошт мешавад:

  • Фазилатҳое, ки аз хона ва хонавода насиби инсон мешавад, арзишманд аст ва бояд барои ба коргирӣ дар зиндагӣ ҳифз шавад;
  • Хонаводаи Пайғамабари акрам (с) улгӯ барои ҳамаи хонаводаҳост;
  • Ҳар фард бояд нигаҳдорандаи мартабаҳо, мавқеъиятҳо ва обурӯи хонаводаи худ бошад;
  • Муҳити ором ва маънуси хона, муносибтарин маҳал барои андеша, зикри каломи Худо ва ёдоварии ҳикматҳои илоҳист;
  • Хона ҳамчун мактаб барои тарбияти инсонҳои фармонбардори ҳақ аст.

Ҷойгоҳи хона ва нақши он дар тарбияти насли солими ҷомеа онро макони мавриди эҳтиром қарор додааст. Аммо агар ин маҳал илова бар сукунат маъбаде низ барои бандагӣ ва зикри Ҳақ воқеъ шавад Ӯ таоло мақоми онро болотар мегардонад. Чунон ки хитоб ба Расули гиромияш (с) мефармояд:

“Рафъат ва баландии ҳақиқӣхоссиХудовандимутаъоласт. Хонаҳое, кимасҷидиХудованд ва маҳалли тасбеҳи ӯбошад, низбузургубаландмартабааст.[3]Ва ин ки дар ривоятҳо омадааст назар кардан ба хонаи олим ибодат аст шояд ба ҳамин хотир бошад, ки Худованд барои ибодати он олим дар ин хона ва заҳматҳое, ки дар роҳи дини Худо мекашад хонаи ӯро мӯҳтарам шумурдааст.

Маҳалли робитаи қудсӣ

“…ва ҳангоме, ки дохили хонаҳо шудед бар худ салом кунед, салом ва таҳияте пурбаракат ва покиза…”.[4]

Мақсад аз салом кардан бар худ, салом бар аҳли хона аст ва агар дар ин чо нафармуд: бар аҳли он салом кунед, хост ягонагии мусулмонон бо якдигарро бирасонад; чун ҳама инсонанд ва Худо ҳамаро аз як мард ва зан офаридааст. Илова бар ин, ҳама мӯъминанд ва имон онҳоро ҷамъ ва яке карда, чун имон барои ягонагӣ қавитар аст аз ваҳму хиёл ва ҳар омили дигар.[5]

Худованд мефармояд: Бар аҳли хона салом кунед. Аз он ҷо ки салом баёни таҳияти муборак аз назди Парвардигор аст, олитарин робита миёни аъзои хонавода аст. Агар аъзои хонавода бо таҳияту салом ба якдигар бархӯрд кунанд ва ёди Худо миёни онон бошад ин робита робитаи қудсӣ номида мешавад. Ва агар хонаҳо чунин шавад, ин адабу эҳтиром яқинан ба ҷомеа низ кашонда хоҳад шуд. Пас ҳақиқати салом, густариши амнияту осоиши миёни инсонҳост.

Зарурати ҳифзи ҳарими хонавода

Аз назари Қуръони маҷид хона ба андозае мақоми боло дорад, ки ҳифзи ҳарими он бар ҳамагон супориш шудааст. Худованди мутаъол мефармояд: “Эй касоне, ки имон овардаед! Ба хонаҳои ғайр аз хонаи худ ворид нашавед магар ин ки иҷозабигиредвабараҳлионхонасаломкунед. Инбароишумобеҳтараст. Бошад, киогоҳ шавед.”[6]

Дар ин оя санъати адабии ҳаср ба кор рафтааст. Бинобар ин чун ҳаср таъкидро мерасонад, маънои оя чунин мешавад, ки Худованд ворид шудан ба хонаи дигарро беиҷозаю салом қатъиян манъ мекунад. Ҳурмати ин ҳаримро муқаддас медорад ва зарурати ҳокимияти як фарҳанги саҳеҳ ва самимиро дар бархӯрд бо аҳли хона баён мекунад ва меомӯзад, ки аҳли хона бояд дар рафту омади якдигар, илова бар риояти ҳамаи маротиби инсонӣ дар бархӯрдашон, аз роҳи сӯҳбат, ки наздиктарин ва ошкортарин иртибот аст, низ ин ягонагиро баён кунанд. Ва салом калимаест, ки ин паёмро дорад. Илова бар ин, орзуи саломат ва амният аз ҷониби саломкунандаро мерасонад. Аз Аддӣ ибни Собит ривоят аст: Зани ансорие ба назди Пайғамбари акрам (с) омаду  гуфт: ман дар хонаи худ гоҳ-гоҳ дар шароите ҳастам, ки намехоҳам ҳеҷ кас маро бубинад, дар ин ҳол агар падар, фарзанд ё марде аз хешони ман ворид шаванд, чӣ кунам? Дар ҷавоби он ояти боло аз ҷониби Худованд фиристода шуд.

Дар сураи Нур низ вориди ҳар хонае ғайр аз хонаи худ шудан ба шарти иҷозат ёфтан аз сӯи соҳибхона зикр шудааст: “Ва агар касе дар он наёфтед дохили он нашавед магар ин ки ба шумо иҷозатдода шавад.”[7]

Илова бар ин ҳукми умумӣ, дар сураи Аҳзоб низ, ворид ба хонаи Пайғамбари акрам (с) бидуни иҷозат манъ шуда аст: “Эй муъминон, ба хонаи Пайғамбар ворид нашавед магар он ки ба шумо иҷозат диҳад.”[8]

Хонаводаи ормонӣдарҚуръонимаҷид

Гуфта шудааст, ки агар барномаи яксола доред, гандум бикоред, агар барномаи даҳсола доред дарахт бикоред ва агар барномаи садсола доред, инсон бисозед. Тарбияи инсон бо меъёрҳое, ки холиқи ӯ металабад ва ҳидоят фармудааст, сармоягузории садсола, балки абадист. “…ва ҳар кас инсонеро аз марг раҳоӣбахшадчунонаст, кигӯёҳамаимардумрозиндакарда аст.”[9] Тарбияти инсон аз нигоҳи Қуръони маҷид, зинда кардан ва дамидани ҷони илоҳӣ дар колбуди ӯст. Муҳити таҳаққуқ ёфтани ин амри муҳим, хонавода аст. Хонаводае, ки заминаи парвариши иносни қуръонӣ дар он фароҳам омадааст. “Ва замини поку омодаи кишт гиёҳаш ба иҷозатиПарвардигорашбармеояд. Ваонзамине, кинопокуномуносиб аст гиёҳаш ҷузандакубефоидабар намеояд.”[10] Ин оя бо киноя хонаводаро ба замин ва инсонро ба гиёҳи рӯйида аз он замин ташбеҳ кардааст. Бинобар ин хонаводаи ормонии Қуръон, хонаводае аст, ки омодаи пазириш ва парвариши инсон бошад.

Хонаводаи ормоние, ки Қуръони маҷид тарбият мекунад, чунин вижагиҳо дорад:

1)       Тавҳидмеҳварӣ, яъне аъзаи ин хонавода ҳама худоҷӯву ягонапарастанд;

2)       Ҷалби ризои Ҳақ, яъне худхоҳу хирасар нестанд ва он кореро анҷом медиҳанд, ки Худо бар он розӣ бошад;

3)       Адолатхоҳӣ, яъне ба касе зулм намекунанд, ва низ намегузоранд касе ба онҳо зулм кунад;

4)       Ахлоқмадорӣ, одобу русумашон тибқи шаръу оин ва ақлу мантиқ аст, на урфу хурофот;

5)       Вазифамадорӣ, яъне ҳар як аз афроди ин хонавода худро барои анҷоми баъзе корҳо вазифадор медонанд ва интизор надоранд, ки касе кори онҳоро анҷом диҳад ва агар ҳам касе дар корашон онҳоро кумак кард қадрдону сипосгузоранд;

6)       Риояти асли сулҳу эҳсон, яъне маслиҳатандешанд ва орзуи хайру салоҳи дигаронро дар сар мепарваранд ва ҳатто як лаҳза ҳам ба зеҳнашон фикри кинаву душманӣ бо касе намегузарад;

7)       Гузашт ва муҳаббат, яъне чун фақат ба хайру салоҳ меандешанд, бинобар ин агар касе аз рӯи нофаҳмӣ хатое кард ӯро зуд мебахшанд ва хатои ӯро баҳонаи сарзаниш кардан дигарон қарор намедиҳанд;

8)       Машварат, чун хонаводаи ормонии қуръонӣ ҳастанд ва дар Қуръон яке аз хусусиятҳои инсонҳои муъмин бо ҳам машварат кардани онҳо дар корҳояшон аст, бинобар ин аъзои ин хонавода ҳамеша дар корҳояшон бо ҳам машварат мекунанд.

Инҳо ки дар боло зикр шуд аз муҳимтарин вижагиҳои хонаводаи ормонии қуръонӣ буд. Вижагиҳои дигаре ҳам доранд, ки агар бихоҳем ба таври хулоса онро бигӯем ин аст, ки чунин хонаводаҳо хубиҳои дар Қуръон зикршударо ҳамчун либос бар тан кардаанд ва аз зиштиҳое, ки барҳазар доштааст, дурӣ кардаанд.

Утувории бинои хонавода

Худованд дар Қуръони маҷид, таъсиси бинои хонаводаро ба худ нисбат медиҳад ва ба покӣ, эҳтиром ва пойдории он инояти зиёд дорад. Дар ояи зер ин нисбат тасреҳ шудааст: “Ва Худованд барои шумо аз худатон ҳамсароне қарор дод ва аз ҳамсаронатон барои шумо писарону наводагоне падид овард ва аз покизаҳо рӯзиятон дод…”[11]

Аз ин оя се нукта перомуни мавзӯъ бардошт мешавад:

1)  Худованд хонавода ва маншаи ташкили онро ба худ нисбат медиҳад;

2)  Худованд баъд аз баёни ташкили хонавода, ба яке аз ҳадафҳо ва самараи он, ки бақои насл аст, ишора карда онро ба худ нисбат медиҳад;

3)  Худованд ҳимоят аз хонавода ва бақои онро дар қолаби рӯзӣ додан аз покиҳо, ки шомили ризқи моддию маънавӣ мешавад, ба худ нисбат медиҳад ва ҳамаи ин корҳоро арҷ мегузорад ва аз онҳо ба унвони неъмат ёд мекунад.

Худованди мутаъол дар саросари Қуръони маҷид барои ҳифзи бинои хонавода, аҳком ва усулеро қарор додааст ва ба риояти дақиқи он таъкид дорад. Аҳкоме чун вуҷуби ҳиҷоб[12], ҳурмати нигоҳ ба номаҳрам[13], риояти ҳадду марзи робитаи миёни зану мард, ҳукми иҷозат хостан[14], наҳй аз қазф[15], ҳурмати зино[16] ва аҳкоме перомуни нушуз[17], шиқоқ[18], ҳусни муъошират ва аҳкоме дар робита бо фарзандон ва ғайра ҳама ба хотири устувории як хонаводаи қуръонӣ аст.

Худованд барои пок нигаҳ доштани насли инсон ба унвони бартарин махлуқаш, хонаводаро, чун ҳарими амн, ба ин амри муҳим водор кардааст. Худованд ба ҳеҷ ваҷҳ иҷозати камтарин беҳурматӣ ва нийяти бад ба ҳарими муқаддаси хонаводаро намедиҳад ва муҷозоти сахте барои таҷовузгарон қарор додааст. Худованд барои ҳифзи покии конуни хонавода, зиноро ҳаром намуда ва сархттарин ҷазоро барои он таъйин кардааст ва мефармояд: “…ва набояд дар дини Худо нисбат ба онҳо, дастхуши тараҳҳум гардед”.[19] Яъне дар иҷрои ҳукми зино набояд раҳмдилӣ кард, зеро агар чунин ҳукмҳо дар миёни мардум иҷро нашавад, амнияти хонаводаҳо ва дар натиҷаи он амнияти ҷомеа ба ҳам мехӯрад. Аз ин маъно чунин истифода мешавад, ки зино мухолифати ошкор бо дини Худост ва покии хонавода ҷузъе аз ин диёнат аст.

Ҳукми дигаре, ки бар асоси ҳифзи каромати хонавода ва эҳтиром ба инсон қарор дода шудааст, ҳукми қазф мебошад. Худованд мефармояд: “Ва касоне ки ба занони покдоман нисбати зино медиҳанд, сипас чаҳор шоҳид намеоваранд, ба онҳо ҳаштод тозиёна бизанед…”[20]

Дар ҳукми зино назар бар он аст, ки аҳли хона (зану мард) хиёнате бар зидди хонавода ва ҳамсар муртакиб нашаванд ва дар ҳукми қазф, хонаро аз тирраси туҳмат, ифтиро ва хиёнати дигарон дар амон медорад, то ин ки илова бар ҳифзи хонавода ҷомеа низ тарбият шавад ва ҳадду марзи покиро бишносад.

Сахтгирии Қуръони маҷид дар исботи ин муҳаррамот (овардани чор шоҳид бо шароити дақиқи фиқҳӣ) танҳо барои ҳифзи мартаба ва хӯшномии хонаводаҳо ва пешгирӣ аз пахши фаҳшо дар ҷомеа аст. Дар сураи Муҷодила бо лаҳни сарзанишомез ҳукми зиҳорро[21] таъйин мефармояд: “Касоне, ки ҳамсарони худро зиҳор мекунанд, сипас аз гуфтаи худ боз мегарданд, бояд пеш аз омизеши ҷинсӣ, канизероозодкунанд. Индастурест, кибаонинзордодамешаведваХудовандбаон чи анҷоммедиҳед, огоҳ аст.”[22] Бо ин ҳукм низ Худованд ниҳоди хонаводаро пуштибонӣ мекунад ва аз зан ба унвони меҳвари ин конун ҳимояти хос дорад, зеро бо суст шудани ҷойгоҳи зан дар хонавода асли хонавода нотавон ва беқадр мешавад.

Аз аҳкоми дигаре ки Худованди мутаъол тавассути он покии хонаводаро замонат мекунад, мавзӯъи идда[23] баъд аз талоқ ва баъд аз марги ҳамсар аст. Ин ҳукм илова бар ҳифзи ҳурмати хонаводаи пешин ва эҷоди фурсат байни ташкили ду хонавода, аз шаку шубҳа дар бораи насле ки аз онҳо бавуҷуд меояд пешгирӣ мекунад: “Ва занони талоқдода то се покӣмунтазир бимонанд.”[24]

Албатта идда дар талоқ, фурсати муносиб низ ҳаст барои зану мард, то як бори дигар ба идомаи зиндагии муштарак ва бозгаштанашон биандешанд, шояд аз фурӯпошии як зиндагӣ пешгирӣ шавад.

Чизи дигаре, ки Қуръон барои устувор нигаҳ доштани хонавода бар он таъкид мекунад амнияти хонавода аст. Барои таъмини ин амри муҳим Қуръон қоидаҳоеро баён мекунад, ки риояти он сабаби оромишу амнияти аъзои хонавода мегардад. Яке аз онҳо ҳамон салом кардан ва иҷозат хостан барои ворид шудан ба хона аст, ки оёташро дар боло зикр намудем.

Пас бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳама қонуну қоидаҳое, ки Худованд дар Қуръон барои хонавода баён намудааст аҳамияти босазои хонаводаро дар рушду камоли насли инсон ва расидан ба ҳадафҳои олии инсонӣ, мерасонад.

Ёсин



[1] — Наҳл, 80

[2] -Аҳзоб, 34

[3] —  Нур, 36.

[4] —  Нур, 61.

[5] — Тафсири ал-Мизон, ҷ 15, саҳ 229.

[6] — Нур, 27.

[7] —  Нур, 28.

[8] — Азҳоб, 53.

[9] — Моида, 32.

[10] — Аъроф, 58.

[11] — Наҳл, 72

[12] — Зарурати пӯшиши ҳиҷоб; монанди рӯймоли занҳо дар берун аз хона.

[13] — Нигоҳ кардан ба номаҳрам, чи нигоҳи зан ба марди номаҳрам ва чи нигоҳи мард ба зани номаҳрам.

[14] — Монанди берун баромадани зан аз хона бо иҷозати мард.

[15] — Нисбат додани кори бад ба зани покдоман.

[16] — Ҳаром будан зино.

[17] — Зане, ки бидуни узр аз наздикӣ бо шавҳараш худдорӣ кунад, ношиза номида мешавад. Ва баррасии ин гуна масъаларо дар фиқҳи исломӣ аҳкоми нушуз мегӯянд.

[18] — Мухолифат кардан, душманӣ кардан.

[19] — Нур, 2.

[20]— Нур, 4.

[21] — Баъзе аз аъзои бадани зани худро ба аъзои модари худ монанд кардан

[22] — Муҷодила, 3.

[23] — Муддате, ки зан баъд аз вафоти шавҳар ё баъд аз талоқ дар он муддат аз интихоби ҳамсар худдорӣ мекунад.

[24]— Бақара, 228.

Охирин матолиб

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...