Фалсафаи закот ё садақаи фитр

Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

1.Закоти фитр мукаммил ва тамомкунандаи рӯза аст. Яъне инки шояд дар моҳи Рамазон инсон хато ё иштибоҳе карда бошад ва рӯзаи ӯ ноқис шуда бошад, закоти фитра боис мешавад, ки он рӯза комил шавад.

2.      Боиси қабулии рӯзаи моҳи мубораки Рамазон мегардад.

3.      Закот, ки ба маънои покӣ аст, лизо закоти фитр боиси пок шудани моли инсон аз ҳаром ва рӯҳи инсон аз гуноҳ мегардад.

4.      Сабаби ҳифзи инсон аз марг (марги бад ва ногаҳонӣ) дар он сол мешавад.

5.      Иди фитр, ки хушҳолии инсон барои пирузӣ бар шайтон аст, лизо Ислом хостааст, ки ин хушҳолиро фақирон ҳам дошта бошанд.

6.      Закоти фитра, таъмини фуқаро ва тазкияи ағниё.

7.      Пардохти фитрия омиле барои барқарории адолати иҷтимоӣ.

8.      Инсон бо як моҳ рӯза дарк мекунад, ки гуруснагон чи сахтиҳое мекашанд, он ҳам дар тӯли сол. Лизо Ислом авалин фурсатро дар охари Рамазон барояш медиҳад, он дарк ва фикрашро амалӣ кунад.

Охирин матолиб

Номҳои шаҳидони дашти Карбало

  Муқаддима Лозим ба зикр аст, ки номи ҳафтоду ду тане, ки дар ин навиштор омадааст, касоне ҳастанд, ки аз Мадинаи мунавара ҳамроҳи Имом Ҳусайн(рз)...

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони Имом Ҳусайн(рз) аст,...