Аҳаммияти тавҳид ва худошиносӣ

Марде назди Расули Худо(с) омад ва ба ӯ арз кард: “Ба ман донишҳои ғариба ва нав пайдоро биомӯз!” Пайғамбар(с) ба ӯ фармуд: “Бо асоси дониш чӣ кардаӣ, ки аз навпайдои он мепурсӣ?!

Он мард арза дошт: Асоси дониш чист? Пайғамбар(с) фармуд: Шинохти Худо он гӯна, ки шоистаи Ӯст. Он мард дубора пурсид: Чи шинохте шоистаи Ӯст? Пайғамбар(с) фармуд:

Ин ки Ӯро бе мислу шарик бидонӣ, якто ва ягона, ошкору пинҳон, аввалу охир, ки ҳамтое надорад. Ин аст шинохте, ки шоистаи Худо аст. Сипас Расули Худо(с) фармуд: Худоро бо монанд кардан ба ину он наметавон шинохт, балки Худо бо далел ва нишонаҳои мавҷуд дар ҷаҳон, ки бар Парвардигор будани Ӯ шаҳодат медиҳанд шинохта мешавад.”[1]

Маърифат ва шинохти Худои Мутаол болотарин дониш ва боарзиштарин фазилат аст. Бар ҳар инсоне воҷиб аст, ки Офаридгори худро бишносад ва бо шинохт ва маърифат, Ӯро ибодат ва итоат кунад. Дар ривояте дар тафсири ин оят: »Ҷин ва инсонро наофаридам магар барои он ки маро бипарастанд.«[2]омадааст, ки Худо инсонро барои маърифат офарида ва ибодату парастиши Худо дар пайи маърифати Ӯ мебошад.

[1] . Муснади имом Рабиъ ибни Ҳабиб, саҳ.311

[2] . Сураи Зориёт, ояти 56    

Охирин матолиб

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.