Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори сангинро дорад?

Дар муроҷиаи иҷмолӣ ба Қуръони маҷиди карим, мебинем, ки инсон ба унвони халифа ва ҷонишини Худованд бар рӯи замин ва мавҷуде, ки Худованд ӯро каромат бахшида ва амонатдори худ қарор дода аст муаррифӣ мегардад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ановини сегонаи “каромат”, “хилофат” ва “амонатдор” ихтисос ба инсон дошта ва дар бораи дигар мавҷудот ҳатто фариштагони муқарраби даргоҳи Боритаоъло низ ба кор нарафта аст. Бинобарин ин матлаб  баёнкунандаи манзалат, фазилат ва ҷойгоҳи вижжаи инсон аст Худованди маннон ба ӯ иноят фармуда аст.

Мақому манзалати халифатуллоҳии инсон, ки Қуръони маҷид аз он парда бардошта аст навъи хилофати таквинӣ аст ва на як амри эътиборӣ ва қарордодӣ ҳамонанди мансабҳо ва ҷойгоҳҳои иҷтимоӣ ва масъулиятҳои идорие, ки раис ва директори як муассиса ба коркунони худ ато мекунад. Ҳамчуноне ки дар ояи сиюми сураи Бақара аз хилқати Одам (алайҳиссалом) ба унвони қарор додани халифа бар рӯи замин ёд шуда аст.

» بسم الله الرّحمن الرّحیم، وَإِذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلاَئِكَةِ إِنِّي جَاعِلٌ فِي الأَرْضِ خَلِيفَةً قَالُواْ أَتَجْعَلُ فِيهَا مَن يُفْسِدُ فِيهَا وَيَسْفِكُ الدِّمَاء وَنَحْنُ نُسَبِّحُ بِحَمْدِكَ وَنُقَدِّسُ لَكَ قَالَ إِنِّي أَعْلَمُ مَا لاَ تَعْلَمُونَ «

Тарҷумаи оя: “Ва чун парвардгори ту ба фариштагон  гуфт: Ман дар рӯи замин халифа ва ҷонишине мехоҳам насб кунам, (фариштагон) гуфтанд: Оё дар замин касероҷонишин интихоб мекунӣ, ки дар он фасод эҷод кунад ва хунҳо бирезад ва дар ҳоле ки мо бо ситоиши ту (туро) муназзаҳ медонем ва ба тақдисат мепардозем, фармуд: Ман чизе медонам, ки шумо намедонед”.[1]

Аммо дар инҷо суоле матраҳ мешавад, ки аввалан мақоми халифатуллоҳӣ чист? Ва сониян ин мақом барои ҳамаи инсонҳо аст ё ихтисос ба ҳазрати Одам (алайҳиссалом) дошта аст?

 Дар посух ба пурсиши нахустин бояд гуфт, ки аз онҷое, ки хилофат ба маънои ҷонишинӣ аст ва ин амр ҳосил намешавад, магар онкии халифа, аз ҳар ҷиҳат ва дар тамоми шуъун ҳикоятгар ва намудори шахси ҳоким бошад. Бинобарин бо ин таъбире, ки аз халифа шуда аст, бояд халифаи Худо касе бошад, ки беш аз дигарон бо Худованди мутаол синхият ва ҳамоҳангӣ дошта бошад ва аз онҷое ки Худованди ҳаким манбаи ҳамаи хайроту  камолот аст ва афъолаш аз ҳар бадиву зиштӣ мубаррост, халифа ва ҷонишини Ӯ низ дар намоёндани камолоту хайроти зоти поки Худованд, бартарину шарифтарин махлуқот аст. Аз ояи фавқ бардошт мешавад, ки соҳиби ин мақому манзилат аз ҳамаи малоику фариштаҳои илоҳӣ, бартар аст, зерои аввалан малоик бо ишора ба фасодангезии инсон дар рӯи замин ва салоҳияту бартарии худ ба далели касрати ибодоташон, муҳтарамона аз Худованди таоло дархост карданд, ки ин мақом ба онҳои эъто шавад ва худованд бо тарҳи масаълаи илм ба асмои ҳуснояш нишон дод, ки расидан ба ин мақом воло ва баланд мартаба хусусияте металабад, ки малоики муқарраб бо он ҳама улувви дараҷот ва камолоти вуҷудиашон ин шойистагиро доро нестанд.

Сониян ҳамаи онҳо, ҳатто малоики муқарраби илоҳӣ амр шуданд то дар баробари Одам (алайҳиссалом) саҷда намуда ва хозеъу фурутан бошанд.

» بسم الله الرّحمن الرّحیم،  وَإِذْ قُلْنَا لِلْمَلاَئِكَةِ اسْجُدُواْ لآدَمَ فَسَجَدُواْ إِلاَّ إِبْلِيسَ أَبَى وَاسْتَكْبَرَ وَكَانَ مِنَ الْكَافِرِينَ «

Тарҷумаи оя: “Ва чун фариштагонро амр кардем, ки барои Одам (алайҳиссалом) саҷда кунед пас ба ҷуз Иблис, ки аз саҷда кардан иҷтиноб кард ва кибру ғурур варзид ва аз кофирон шуд, (ҳама) ба саҷда афтоданд. [2]

Аз оёти каримаи Қуръони маҷид, чунин истифода мешавад, ки маншаъ ва воситаи расидан ба ин мақоми илму маърифат ба «асмои ҳусно» аст, илму маърифате, ки инсон тавони дастёбӣ ба онро дорад ва малоик бо доро будани тамоми таҳорат ва тақаддуси хеш зарфияти вуҷудии онро надоштаанд ва ин тавоноӣ ва қобилияти башарӣ аз чунон арзише бархурдор аст, ки ҳамаи заъфҳо ва фасодҳо ва зиштиҳои одамиёнро таҳти таъсир қарор медиҳад ва интихоби халифатуллоҳро аз миёни башар тавҷеҳ меунад.

» بسم الله الرّحمن الرّحیم، وَعَلَّمَ آدَمَ الأَسْمَاء كُلَّهَا ثُمَّ عَرَضَهُمْ عَلَى الْمَلاَئِكَةِ فَقَالَ أَنبِئُونِي بِأَسْمَاء هَؤُلاء إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ «

Тарҷумаи оя: “Ва (Худованд) ҳамаи (маъонии) номҳоро ба Одам (алайҳиссалом) омӯхт, сипас онҳоро бар фариштагон арза намуд ва фармуд: Агар рост мегӯед, аз номҳои инҳо ба ман хабар диҳед”. [3]

Дар Қуръони маҷид баёни мустақим ва равшане барои ҳақиқати «асмои ҳусно» вуҷуд надорад вале муфассирони барҷастаи Қуръони маҷид бо истифода аз қароину шавоҳид, матолиберо дар ин маврид баён фармудаанд[4], ки аз ҳавсилаи ин посухи хориҷи аст.

Ба ҳар ҳол халифаи илоҳӣ ва ашрафи махлуқот дар ҳақиқат касест, ки аз ҷиҳати камоли рӯҳӣ ва маротиби илму маърифат ба ҷое мерасад, ки муаллиму мурабби малоика мешавад. Мусалламан ҳазрати Одам (алайҳиссалом) халифа ва ҷонишини илоҳӣ буда аст. Ғайр аз ҳазрати Одам (алайҳиссалом) дар оёти каримаи Қуръони маҷид ба халифа ва ҷонишин будани паёмбарони маъсуми дигаре низ ба монанди ҳазрати Довуд (алайҳиссалом) тасреҳ шуда аст, ки мефармояд:

» بسم الله الرّحمن الرّحیم ، يا داوُدُ إِنَّا جَعَلْناكَ خَلِيفَةً فِي الْأَرْضِ «

Тарҷумаи оя: “Эй Довуд! Ҳамоно мо туро халифа ва ҷонишини хеш дар рӯи замин қарор додем”.[5]

 Чуноне ки дар ривоёти исломии мо, бар лузуми вуҷуди халифа ва ҳуҷҷати илоҳӣ дар ҳар замоне таъкид ва суфориш шуда аст ва фарзандони поки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) низ ба унвони халифа ва ҷонишини Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), ки халифатуллоҳ буд,  муаррифии шудаанд. Амири мӯъминон, ҳазрати Алӣ (саломуллоҳ алайҳ) дар Наҳҷулбалоға мефармояд:

“اللهم بلي لا تخلو الارض من قائم لله بحجة… اولئك خلفاء الله في ارضه ”

Тарҷумаи ҳадис: “Оре, замин аз касе, ки бо ҳуҷҷати илоҳӣ ва барои худо қиём мекунад, холӣ намемонад … онони ҷонишин ва халифаи Худо дар рӯи заминанд”.[6]

Бинобарин иддаои халифа будани тамоми инсонҳо ғайри қобил қабул аст, зеро дар миёни онон касоне ҳастанд, ки ба таъбири Қуръони маҷид, аз ҳайвонот низ пасттару забунтаранд ва қалбҳояшон ба санг ва сахттар аз он ташбеҳ шуда аст. Танҳо матлабе, ки бояд гуфт, ин аст, ки замина ва шаъну истеъдод ва қобилияти расидан ба ин мақом дар фитрати ҳамаи инсонҳо қарор дода шуда аст. Аммо дар чӣ касоне ҳосил шуда ва ба зуҳур расида аст, ин матлаби ҷудогона ва дигаре аст, ки дар ҷои худ қобили баҳсу баррасӣ мебошад.

Дар мавриди каромати инсонӣ, ки ҳамон фазилат ва бартарии ӯст  Қуръони маҷид ҳамаи одамиёнро мавриди такрими илоҳӣ қарор дода ва мефармояд:

“بسم الله الرّحمن الرّحیم،  وَ لَقَدْ کَرَّمْنا بَنِی آدَمَ وَ حَمَلْناهُمْ فِی الْبَرِّ وَ الْبَحْرِ وَ رَزَقْناهُمْ مِنَ الطَّیِّباتِ وَ فَضَّلْناهُمْ عَلى کَثِیرٍ مِمَّنْ خَلَقْنا تَفْضِیلاً”

Тарҷумаи оя: “Ва ба ростӣ мо фарзандони Одамро гиромӣ доштем ва ононро дар хушкӣ ва дарё (бар маркабҳо) барнишондем ва аз чизҳои поку покиза ба онҳо рӯзӣ додем ва ононро бар бисёре аз офаридаҳои худ бартарии ошкоре бахшидем”.[7]

Ин каромати ом, ба сурати таквинӣ аст, яъне хилқати одамӣ ба гунаест, ки қобилияту зарфият ва тавоноиҳои хоссу беназире ба ӯ иноят ва марҳамат шуда аст ва ба воситаи ин вижагиҳои хосс, дар ҷойгоҳи бартаре нисбат ба бисёре аз махлуқот қарор гирифта аст. Дар мавориди мутаъаддиди дигаре бар ин муҳим таъкид шуда аст, ки осмону замин барои шумо халқ шуда аст ва дар хидмати инсонҳо қарор гирифтаанд.

“بسم الله الرّحمن الرّحیم، أَلَمْ تَرَوْا أَنَّ اللَّهَ سَخَّرَ لَكُم مَّا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ وَأَسْبَغَ عَلَيْكُمْ نِعَمَهُ ظَاهِرَةً وَبَاطِنَةً وَمِنَ النَّاسِ مَن يُجَادِلُ فِي اللَّهِ بِغَيْرِ عِلْمٍ وَلَا هُدًى وَلَا كِتَابٍ مُّنِيرٍ    ”

Тарҷумаи оя: “Оё надонистаед, ки Худованд ончиро ки дар осмонҳо ва ончиро, ки дар замин аст мусаххари шумо қарор дода ва неъматҳои зоҳиру ботини худро бар шумо тамом карда аст. Ва баръе аз мардум бе (онки) донишу роҳнамо ва китоби равшане (дошта бошанд) ба муҷодила бармехезанд”.[8]

Ва ҳамчунин дар сураи Бақара ояеро ба ҳамин манзур ба Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) нозил намуда ва мефармояд:

“بسم الله الرّحمن الرّحیم، هُوَ الَّذِي خَلَقَ لَكُم مَّا فِي الأَرْضِ جَمِيعًا ثُمَّ اسْتَوَى إِلَى السَّمَاء فَسَوَّاهُنَّ سَبْعَ سَمَاوَاتٍ وَهُوَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ   ”

Тарҷумаи оя: “Ӯст он касе, ки ончӣ дар замин аст, ҳамаро барои шумо офарид сипас ба (офариниши) осмон пардохт ва ҳафт осмонро устувор сохт. Ва Ӯ ба ҳар чизе доност. [9]

Бинобарин бояд инсон қадру манзилати хешро бишносад ва онро ба роҳатӣ ва осонӣ аз даст надиҳад.

Пас инсон огоҳу ҳӯшёр бошад, ки дар ин дунё ғайр аз ӯ ва Худованди маннон каси дигаре вуҷуд надорад. Ва ҳар чизе, ки дар ин дунёст, барои ӯст.

Абру боду маҳу хуршеду фалак дар коранд,

То ту ноне ба каф орию ба ғафлат нахӯрӣ.

Ин яъне чӣ ?!? ин матлаб маънояш чӣ метавонад бошад ?!?

Ҷуз иззату бузургии инсон, чизи дигаре ҳаст ?! Ба Худо қасам нест. Эй инсон! Ғайр аз ту дар ин ҷаҳон касе нест. Эй инсон! Огоҳ бош, ки ту халифатуллоҳӣ. Ҷонишину баргузидаи Худо дар рӯи заминӣ.

Дар баъзе аз ривоёт ба ин нукта ишора шуда аст, ки каромати волотаре барои мӯъминон аст ва дар воқеъ ба ҷиҳати каромати онон хилқат таҳаққуқ ёфта аст, ки албатта ин мунофоте бо каромати зотии инсон надорад.[10]

Бинобарин хилқати инсон ба гунаест, ки қобилият ва истеъдоди расидан ба мақомоти олии камол ва қурби илоҳӣ дар фитрати ӯ ниҳода шуда аст, агар чӣ фақат баъзе инсонҳо заминаҳои таквиниро шукуфо карда ва ба каромати волои инсонӣ ноил мешаванд:

» بسم الله الرّحمن الرّحیم،  لَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنْسانَ فِی أَحْسَنِ تَقْوِیمٍ (4)  ثُمَّ رَدَدْناهُ أَسْفَلَ سافِلِینَ (5)  إِلاَّ الَّذِینَ آمَنُوا وَ عَمِلُوا الصَّالِحاتِ فَلَهُمْ أَجْرٌ غَيْرُ مَمْنُونٍ»

Тарҷумаи оёт: “Ҳамоно ба ростӣ (ки) инсонро дар некӯтарин эътидол офаридам. Сипас ӯро ба пасттарини (маротиби) пастӣ бозгардонидам. Магар касонеро, ки имон оварда ва амали неку шоиста анҷом додаанд, ки аҷру подоши беминнате хоҳанд дошт”.[11]

Ва ҳамчунин дар сураи Ҳуҷурот мефармояд:

» بسم الله الرّحمن الرّحیم، إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِندَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ خَبِير «

Тарҷумаи оя: “Дар ҳақиқат арҷмандтарини шумо дар назди Худо, парҳезгортарини шумост. Бидуни шакку тардид, Худованд донои огоҳ аст”.[12]

Ва ҳамчунин  Амири мӯъминон Алӣ (саломуллоҳ алайҳ) фармудаанд:

» ليس علي وجه الارض اكرم علي الله سبحانه من النفس المطيعة لامره «

Тарҷумаи ҳадис: “Бар рӯи замин касе, ки  назди Худои субҳон, каримтар аз касе ки мутиъу фармонбардори авомири илоҳӣ бошад , нест”.[13]

Ва аммо амонатдор будани инсон, ки Худои субҳон дар сураи Аҳзоб, ояи ҳафтоду ду, инсонро ба унвони мавҷуде, ки бори амонати илоҳиро бар душ мекашад, муаррифӣ намуда аст.

» بسم الله الرّحمن الرّحیم ، إِنَّا عَرَضْنَا الْأَمَانَةَ عَلَى السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَالْجِبَالِ فَأَبَيْنَ أَن يَحْمِلْنَهَا وَأَشْفَقْنَ مِنْهَا وَحَمَلَهَا الْإِنسَانُ إِنَّهُ كَانَ ظَلُومًا جَهُولًا  «

Тарҷумаи оя: “Мо амонат (и илоҳӣ ва бори таклифро)-ро бар осмонҳову замин ва кӯҳҳо арза ва пешниҳод кардем, пас аз бардоштан (ва қабул кардан)-и он сар боз заданд (ва худдорӣ карданд, чун зарфияти вуҷудиашон иктифо намекард) ва аз он ҳароснок шуданд ва (ле) инсон онро бардошт (ва қабул кард, чун зарфият дошт).  Ба ростӣ ӯ ситамгари нодоне буд”.[14]

 Муфассирони Қуръони карим, дар бораи ин амонат, эҳтимолоти мутаъаддиде додаанд, вале ғолибан онро «ихтиёр» ё «таклиф» ва ё он чизе ки таклиф, мақдамаи расидан ба он аст, яъне вилояти илоҳӣ ва истикмоли илмӣ ва амалӣ ба воситаи ҳақоиқи динӣ ва убудияту бандагии Худованди таъоло донистаанд.[15] Инсон ба воситаи убудияту бандагӣ ва ихлосу муҷоҳида, метавонад ба мақоми вилояти илоҳӣ ноил гардад, яъне Худованд мутаваллии корҳои ӯ дар ҳамаи соҳаҳо мегардад ва мустақиман таҳти вилояти илоҳӣ ва тарбияти ӯ воқеъ мегардад.

Аз онҷо ки ҳам муқаддамоти ин камол ихтиёрӣ ва таклиф ва ҳам худи он камоли ихтиёрӣ аз худованд аст ва инсон дар доштани он аз худ истиқлолу ихтиёре надорад, аз он ба «амонати илоҳӣ» таъбир шуда аст амонате, ки инсон бояд ҳурматашро нигаҳ дорад ва аз муҷозоти дардноку тоқатфарсои хиёнат дар он, дар тарсу ҳарос бошад.

Ҳақиқат ин аст, ки дар миёни махлуқот, танҳо инсон аст, ки ба хотири сохтмони вуҷудӣ аз чунон истеъдод ва қобилияте бархурдор шуда аст, ки метавонад ба он камолоти ихтиёрӣ дастрасӣ дошта бошад ва ононро касб кунад. Ин воқеъият, ки инсон таквинан чунин қобилияте дорад ва дигар мавҷудот фоқиди он ҳастанд, дар забони тамсил ба лаёқати амонатдорӣ ва худдории дигар мавҷудот дар пазириши он ва ниҳоятан пазириши ин амри муҳим ва сарнавишсоз тавассути инсон таъбир шуда аст.[16]

Возеҳ ва рушан аст, ки мавҷуди соҳиб ихтиёр, гоҳе вақтҳо аз роҳи маърифат ва имони комил ва анҷоми амали солеҳ ба камоли ихтиёри худ мерасад, ки дар ин сурат олим ва одил аст ва гоҳе бо интихоби нодурусти хеш ва куфр ва фасодангезӣ, ҷаҳл меварзад ва бар хештан зулму ситам раво медорад ва аз камоли ниҳоии хеш боз мемонад. Яъне шаъни мавҷуди соҳиби ихтиёр, он аст, ки битавонад бар худ зулму ситам раво бидорад ва нисбат ба авоқиб ва паёмадҳои афкор ва аъмоли худ ҷоҳил бошад пас «залум ва ҷаҳул будан» лозимаи ихтиёри одамӣ аст ҳамон тавре ки адои амонати илоҳӣ ва ноил шудан ба саъодати бениҳояти абадӣ, бо ихтиёри одамӣ ва саъю талоши ӯ ҳосили мешавад.

Натиҷа

 Мақсуд аз ашрафи махлуқот  агар хилофат ва ҷонишинии илоҳӣ бошад, ки ихтисос ба баъзе аз авлиёи илоҳӣ дорад ва агар манзуру мақсад каромати инсонӣ бошад, дар як сурат зоти инсон ва вижагии ҳамаи одамиён аст, ки ба маънои қобилият ва истеъдоди дарёфти маротиби волои инсонӣ ва қурбу наздикӣ ба ҳазрати Парвардигор аст ва дар сурати дигар, ки касб карданӣ аст ва бояд инсон талошу кӯшиш намояд то ба онҷо бирасад, боз барои бархе инсонҳо ба наҳви атам ва акмал ҳосил мешавад. Ва аммо дар мавриди амонатдории инсон, ки ба баёни алломаи Таботабоӣ, дар Алмизон, ҳамон ихтиёр аст ва ин имкони расидан ба камоли ихтиёрӣ барои инсон таъбир ба амонат шуда аст. Пас ба шарте инсон ашрафи махлуқот аст, ки ба воситаи ин ихтиёр риояти амонат кунад ва каромати волои хешро пос дошта ва талошу кӯшиш кунад то шойистагии хилофати илоҳиро дар худ эҷод намояд.[17]

Таҳияи Сайидолими Сироҷ

Ёсин


[1] Сураи Бақара, ояи 30

[2] Сураи Бақара, ояи 34.

Инсон аз дидгоҳи Ислом, Аҳмади Воизӣ, саҳ 142

[3] Сураи Бақара, ояи 31

[4] Тафсири алмизон, Сйидмуҳаммадҳусейни Таботабоӣ, ҷ 1, саҳ 9 то 117

Тафсири Тасним, Абдуллоҳи Ҷаводии Омулӣ, ҷ 3, саҳ 19

[5] Сураи Сод, ояи 26

[6] Наҳҷулбалоға, калимоти қисор, 147

[7] Сураи Исро, ояи 70

[8] Сураи Луқмон, ояи 20

[9] Сураи Бақара, ояи 29

[10] Биҳоруланвор,  ҷ 69, саҳ 19

[11] Сураи Тин, оёти 4 то 6

[12] Сураи Ҳуҷурот, ояи 13

[13] Ғурарулҳикам ва дурарулкалим, ҷ 5, саҳ 92

[14] Сураи Аҳзоб, ояи 72

[15] Тафсири Алмизон, ҷ 16, саҳ 370 то 375

[16] Инсон аз дидгоҳи Ислом, Аҳмади Воизӣ, саҳ 147 то 149

[17] Инсони комил, навиштаи алломаи шаҳид, Муртазо Мутаҳҳарӣ

Охирин матолиб

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.