فَا للهُ أحَقُّ أن تَخشَوهُ إن كُنتُم مُؤمِنِينَ

Худованд сазовортар аст, ки аз ӯ битарсед, агар мӯъмин ҳастед.[1]                     

 Дар ҳақиқат  шоистатарин зот Худо аст, ки аз ӯ битарсем ва ин тарс хуб аст ҳамроҳ бо муҳаббат ва умедворӣ бошад. Тарс аз Худо мартабае аз маротиби дин ва фазилати инсонӣ аст. Мусулмонон бояд ҳамеша  бо ёди Худо буда тарс аз азамат ва ҳайбати ӯ дошта бошанд. Варзишкорон ва афроди нерӯманд бояд бештар аз ҳама аз Худованд тарс дар дил дошта бошанд,  то мабодо бо такя ба қувват ва қудрати худ  даст ба корҳои ношоиста бизананд  ва ноҳақ бар дигарон зулм кунанд.

Онҳо бояд ҳамеша тарс аз анҷоми гуноҳ, ғазаб кардан ва азоби Худо дошта бошанд. Ба ин маъно, ки дар тамоми корҳо ба ёди Худо буда Худоро ҳангоми анҷоми ҳар коре ҳозиру нозир бидонанд.

Инсон як мавҷуди саркаш ва якрав лаҷуҷ аст ва агар саҳифаҳои таърихро варақ бизанем ин ҳақиқат барои мо ошкор хоҳад шуд. Дар тӯли таърих касоне ҳам будаанд, ки аз Худо тарс надоштаанд ва бар қудрат ва нерӯмандии худ такя намуда Худоро фаромӯш кардаанд. Монанди  Фиръавн,  Намруд ва ғайра.

Худованд ҳам  ҳамаи онҳоро хору залил  намуда аз рӯи замин нобуд карда аст ва имрӯз аз онҳо ҷуз ба бадномӣ ёд намешавад.

Дар муқобили инҳо одамҳои худотарс ва солеҳе монанди паёмбарони Илоҳӣ  ва муъминони некӯкор ҳастанд, ки бо доштани корҳои муъҷизаосо ва қудрати бадании фавқулодда, дар баробари фармони Худо комилан таслим буда дар тӯли таърих муаллим ва роҳнамои башарият будаанд. Пас чаро роҳу равиши ин мардони Худоро сармашқи зиндагии худ қарор надиҳем?

Ҳақиқатан варзиш инсонро мағрур ва мутакаббир мекунад, чун варзишкор худро аз дигарон як қадам болотар мепиндорад. Агар инсон худсохта ва пойбанд ба дастурҳои ахлоқӣ ва исломӣ набошад,  наметавонад  дар баробари ин сифоти  бад ва паст муқовимат кунад. Маъмулан  варзишкороне худхоҳ ва мутакаббир мешаванд, ки имонашон заиф аст ва ба аҳкоми шаръӣ пойбанд нестанд ё ин ки пойбанд ҳастанд, вале ба эътиқодҳо ва аҳлоқ ва арзишҳои исломӣ таваҷҷӯҳ ва аҳамияти лозим намедиҳанд

     Аз ин рӯ варзишкор набояд  Худоро фаромӯш кунад  чунки майдатарин иштибоҳ ва дурӣ аз  Худо сабаби ба фасод кашида шудани ӯ мешавад. Дар ин ҳангом аз ҳавоҳои нафсонӣ ва шайтонӣ пайравӣ намуда  худашро ҳалок ва нобуд  мекунад.

       Мардони Худо ғайр аз Худованд аз ҳеҷ каси  дигар тарс надоранд. Ин инсонҳои заиф ва нотавон ҳастанд, ки дар муқобили мушкилот ва дигарон  метарсанд  чун шайтон аст, ки инҳоро метарсонад. Шайтон корҳои кӯчакро барои инҳо бузург нишон медиҳад .

Қуръони Карим мефармояд:

إنَّمَا ذَلِكُمُ الشَّيطانُ يُخَوِّفُ اَولِيَاءَهُ فَلا تَخَافُوهُم وَ خَافُونِ إن كُنتُم مُؤمِنِينَ

Ин шайтон аст, ки дӯстонашро метарсонад пас агар мӯъмин ҳастед аз ӯ натарсед, балки  аз ман битарсед .[2] 

   Инсон бояд  дар тамоми ҳолот ба ёди Худо бошад, махсусан дар ҳоли хашму  ғазаб,  чун ёди Худо инсонро аз корҳои бад ва ношоиста боз медорад.

     Варзишкорон ба василаи тарс аз Худо оромиши руҳӣ ва ҷисмиро ба даст оварда саломатии моддӣ ва маънавӣ ба даст меоварад ва дар ниҳоят тарс аз Худо сабаби ҳидоят ва растагории онҳо хоҳад шуд.                                

 Қуръони Карим мефармояд : هُدیً وَ رَحمَةٌ لِلَّذِينَ هُم لِرَبِّهِم يَرهَبُونَ

(Қуръон) ҳидоят ва раҳмат барои касоне аст, ки аз Парвадигори худ метарсанд.[3] 

Варзишкор  бояд таваҷҷӯҳ дошта бошад, ки тарс аз Худо инсонро ба роҳи рост ҳидоят мекунад  ва аз корҳои  нодуруст ва бад боз медорад.  Ангезаи амали солеҳро дар инсон ба вуҷуд меоварад  ва дар ниҳоят беҳтарин ҳадяе, ки касб мекунад  ризояти Худованд аст.                

 Қуръони Карим мефармояд :

رَضِيَ اللهُ عَنهُم وَ رَضُوا عَنهُ ذَلِكَ لِمَن خَشِيَ رَبِّه

Худованд аз онҳо розӣ аст ва онҳо аз Худо розӣ ҳастанд  ва ин (мақоми бузург) барои касоне аст, ки аз Парвардигори худ метарсанд.[4] 

مَن أمَنَ بِاللهِ وَ اليَومِ الاَخِر وَ عَمِلَ صَالِحًا فَلا خَوفٌ عَلَيهِم وَ لا هُم يَحزَنُون

Ҳар кас, ки ба Худованд ва рӯзи қиёмат имон оварда ва некӯкор бошад на тарсу  биме доранд ва на ғамгин мешаванд.[5] 

قَالَ رَسُولُ الله (ص): مَن خَافَ اللهَ عَزَّ وَ جَلَّ خَافَ مِنهُ كُلُ شئٍّ وَ مَن لَم يَخِفِ اللهَ اَخَافَهُ اللهُ مِن كُلِ شئٍّ

Паёмбари Худо(с) фармуданд: Ҳар кас, ки аз Худои Азза ва Ҷалла битарсад, ҳамаи ашё аз ӯ битарсанд ва ҳар касе, ки аз Худо натарсад Худованд ӯро аз ҳар чизе битарсонад.[6]

Нишонаи Худотарс

وَ اَمَّا مَن خَافَ مَقَامَ رَبِّهِ وَ نَهَي النَّفسَ عَنِ الهَوَی فَاِنَّ الجَنَّةَ هِيَ المَأوَي

Ҳар кас, ки аз азамати Парвардигори худ тарсид ва нафсашро аз ҳавову ҳавас боз дошт, ҳамоно биҳишт ҷойгоҳи ӯст.[7] 

قَالَ اِمَامُ الصَّادِق (ع): يَنبَغِي لِلمُؤمِنِ أَن يَخَافَ اللهَ خَوفًا كَأَنَّهُ بِشَرَفٍ عَلَي

النَّار  وَ يَرجُوهُ رَجَاءً كَأَنَّهُ مِن اَهلِ الجَنَّة

Имом Содиқ(а) фармуд: Сазовор аст, ки  мӯъмин аз Худо чунон битарсад , ки гӯё бар лабаи дӯзах қарор дорад ва ба ӯ чунон умедвор бошад, ки гӯё аҳли биҳишт аст. [8]

 

قَالَ عَلِي (ع): إِنَّ المُؤمِن لا يَصبَح الا خَائِفًا وَ إِن كَانَ مُحسِنًا وَ لا يَمسي الا خَائِفًا وَ إن كَانَ مُحسِنًا لِاَنَّهُ بَينَ اَمرَينَ: بَينَ وَقتٍ قَد مَضَي لا اَدرِي مَا اللهُ صَانَع بِه وَ اَجَلٍ قَد اِقتَرَبَ لا اَدرِي مَا يُصِيبُهُ مِنَ الهَلَكَات

Ҳазрати Алӣ(а) мефармояд: "Мӯьмин ҳарчанд некӯкор бошад шабу рӯзро дар тарсу ҳарос ба сар мебарад, зеро ӯ миёни ду ҳолат ба сар мебарад: замоне, ки гузашта аст ва намедонад Худо бо ӯ чи карда аст (оё гунуҳонашро бахшида аст ё не) ва аҷале, ки наздик аст ва намедонад чи хатарҳо гиребонгираш хоҳад шуд". [9]

Самараи тарс  аз Худо

وَ لِمَن خَافَ مَقَامَ رَبِّهِ جَنَّتَان

Барои касе, ки аз Парвардигори худ битарсад дуто биҳишт аст.[10]

من كَثُرَت مَخَافَتُهُ قَلَّت أفَاتُهُ

Он касе, ки тарсаш  (аз Худо) зиёд бошад камтар осеб мебинад.[11] 

من خَافَ العِقَابَ إنصَرَفَ عَنِ السَّيِّئَات

Касе, ки аз азоб ва иқоби Илоҳи битарсад аз бадиҳо дурӣ хоҳад кард.[12]

ألَم يَأنِ لِلَّذِينَ آمَنُوا أن تَخشَعَ قُلُوبُهُم لِذِكرِ الله وَ مَا نَزَلَ مِنَ الحَق

Оё вақти он нарасида аст, ки дилҳои мӯъминон дар баробари зикр ва ёди Худо ва ончи аз ҳақ нозил шуда аст хошеъ ва фурӯтан гардад.[13]

Дар ин маврид оёт ва ривоёти бисёре дар китобҳои мухталиф вуҷуд дорад ва барои мо кофӣ аст, ки фақат як бор ин оёт ва ривоётро бубинем. То инҷо ба сурати мухтасар дар мавзӯи тарс аз Худо ва осори он баҳс кардем. Мабоҳиси дигарро дар фурсатҳои баъдӣ дунбол хоҳем кард. Умедворем Худованд ҳамроҳ бо тақвияти бадан ба мо тавфиқи тақвияти имон ҳам диҳад.   Омин.

 



[1] . Тавба 13.

[2] . Оли Имрон 175.

[3] . Аъроф 154.

[4] . Байина 8.

[5] . Моида 69            

[6] . Мизонул-ҳикмат, ҷ. 4, с. 1573.

[7] . Нозиот 40 ва 41.

[8] . Мизонул-ҳикма, ҷ. 4, с. 1567.

[9] . Мизон-ул-ҳикма ,ҷ. 4, с. 1567.

[10] . Ар-раҳмон 46.

[11] . Ғурар-ул-ҳикам , ҷ.1, с. 345.

[12] . Ғурар-ул-ҳикам, ҷ.1, с. 345.

[13] . Ҳадид, 16.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить