Рузи маҳшар, ки ҷонгудоз бувад  Аввали пурсиш аз намоз бувад

Намоз робитаи мўъми- нон бо Худо аст.

 Намоз аввалин фармон аст.

 Намоз маросими махсусе барои парастиши Худо ва розу ниёз бо уст. Дар он лаҳза, одамӣ ба камол ва шукуҳи бениҳояти офарид- гори ҷаҳон меандешад, саропо шефтаи он мешавад, дилу ҷонаш ба хузўу хушўъ ва фурутанӣ мегарояд, бо оҳанги фитрат дар баробари он ҳама камол ва азамат сари таъзим фуруд меоварад, рукўъ мекунад, сар ба замин месояд, саҷда мекунад ва забон ба ситоиш мекушояд, ҳамду тасбеҳ мегўяд.

Паёмбар(с) мефармоянд:

Намоз шиори яктопа-растӣ аст ва мусалмонон ба ҳеч ваҷҳ набояд аз он ғафлат кунанд. Қуръони Карим ҳам мефармояд:

 Дар роҳи зиндагӣ аз шикебоӣ ва намоз кўмак бигиред, ҳар чанд намоз худ кори сангине аст, магар бар фурутанҳо, ки ақида доранд саранҷом пеши Худои худ мераванд ва ба сўи ў боз мегарданд.

Намоз ба одам нишоти маънавии хосс медиҳад ва аз пажмурдагӣ ва афсурдагии руҳӣ ҷилавгирӣ мекунад. Мо бояд дар намозҳо аз Худо бихоҳем, то гуноҳони мо ва  дигаронро  бибахшад, (яъне тавба кунем) ва бо Худои худ аҳд кунем, ки корҳои бадеро, ки анҷом додаем дигар такрор накунем ва онҳоро ҷуброн намоем. Худои мутаол мефармояд:

Эй бандагони исрофкори ман! Эй бандагони маъсият- кори ман, эй бандагони ман, ки бар худатон зулм кардаед, аз раҳмати ман ноумед набошед, биёед ба сўи ман, ман мепазирам, ман қабул мекунам, дар фазои тавба ворид бишавед. Ба ростӣ, ки Худованд раҳмону раҳим аст. Дар яке аз ҳадисҳои қудсӣ омадааст:“Нолаи гунаҳкорон дар  назди ман маҳбубтар аст аз тасбеҳи тасбеҳгуяан- дагон”.

Намоз барои муъмин сабаби мўҳкам шудани тақво ва пешрафти ў дар дурустӣ ва растагорӣ аст, ҳамон гуна ки бенамоз будан барои гунаҳкор сабаби бештар шудани гуноҳ  ва пешрафт дар шақоват ва торикӣ аст, то он ҷо ки гунаҳкорро ба дўзах мекашонад.

Тарки намоз

Дар Қуръон омадаст, ки баъзе аз аҳли ҷаҳаннамро дар ҳоле ки муаззаб ҳастанд, мепурсанд:  Шуморо чӣ андохт андар сақар?

Чӣ  чизе шуморо дар ҷаҳаннам қарор дод?

 Бигўянддар посух  ин нукта    боз,

Ки ҳар гиз набудем аҳли намоз.

Ба мискин надодем ҳар гиз таом,

Намудем парҳез аз ин маром.

Аз ин ҷо мефаҳмем, чаро намоз дар ислом инқадар муҳим аст, чаро Паёмбар(с) мегўяд:Намоз амуди дин аст. Чун агар намоз бошад ва ба дурустӣ иҷрошавад, ҳама чиз дуруст мешавад. Агар мо намозро тарк кунем, ҳам дар дунё зарар мебинем ва ҳам дар охират.

Зиёнкор ҳастанд аз ҳар ҷиҳат.

Чи дар дори дунё чидар охират.


Аҳамияти намоз дар Ислом

Дар ин  ҳол хонед комил  намоз

 Бигардед машғули розуниёз            

 Ки бар муъминон бапарвардигор

Бувад воҷиб ин ҳукм дар рузгор.

Намоз ибодате аст, ки дар вақтҳои хосс бар муъминон воҷиб гардидааст.

Оё ба посухи дузахиён гўш фаро намедиҳед,он ҳангом ки аз онҳо пурсиданд: Чи чизе шуморо ба инҷо (дузах) кашонда аст? Гуфтанд: Мо аз намоз- гузорон набудем.

Ҳамоно намоз, гуноҳон- ро ҳамчун баргҳои поизӣ фурў мерезад ва ғулу  занҷири гуноҳонро аз гардан мекушояд.

Паёмбари ислом(с) намозро ба чашмаи оби гарме, ки бар дари сарои марде ҷараён дошта бошад, ташбеҳ кард, агар рўзе панҷ бор худро дар он шустушў диҳад, ҳаргиз чирк ва олудагӣ дар бадани ў намонад. Ҳамоно касоне аз мўъминон ҳаққи намозро шинохтаанд, ки зевари дунё аз намоз бозашон наме- дорад, ва равшании чаш- машон яъне амвол ва фарзандон монеи намоза- шон намешавад. Худои субҳон мефармояд:

Ба касбу тиҷорат гуруҳе риҷол

Нагаштанд ғофил зи Рабби ҷалол

 Мардоне ҳастанд, ки тиҷорат ва хариду фурўш, ононро аз ёди Худо ва барпо доштани намоз ва пардохти закот боз намедорад. Расули Худо (с) бо вуҷуди инки башорат ба биҳишт дода шуда буд, худро дар намоз хондан ба заҳмат меандохт, зеро Худованд ба ў фармуд: Хонаводаи хешро ба намоз фармон деҳ ва бар анҷоми он шикебо бош.

Сайид Ҷамол


 

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить