Он мард арза дошт: Асоси дониш чист? Пайғамбар(с) фармуданд: Шинохти Худо он гӯна, ки шоистаи Ӯст. Он мард дубора пурсид: Чи шинохте шоистаи Ӯст? Пайғамбар(с) фармуданд: Ин ки Ӯро бе мислу шарик бидонӣ, якто ва ягона, ошкору пинҳон, аввалу охир, ки ҳамтое надорад. Ин аст шинохте, ки шоистаи Худо аст. Сипас Расули Худо(с) фармуданд: Худоро бо монанд кардан ба ину он наметавон шинохт, балки Худо бо далел ва нишонаҳои мавҷуд дар ҷаҳон, ки бар Парвардигор будани Ӯ шаҳодат медиҳанд шинохта мешавад.”[1]

Маърифат ва шинохти Худои Мутаол болотарин дониш ва боарзиштарин фазилат  аст. Бар ҳар инсоне воҷиб аст, ки Офаридгори худро бишносад ва бо шинохт ва маърифат, Ӯро ибодат ва итоат кунад.

Дар ривояте  дар тафсири ин оят: »Ҷин ва инсонро наофаридам магар барои онки маро бипарастанд.«[2]омадааст, ки Худо инсонро барои маърифат офарида ва ибодату парастиши Худо дар пайи маърифати Ӯ мебошад.

 

Ёсин



[1] . Муснади имом  Рабиъ ибни Ҳабиб, саҳ.311.

[2] . Сураи Зориёт, ояти 56.      

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить