انما المؤمنون في تعاطفهم وتراحمهم بينهم بمنزلة الجسد الواحد، إذا اشتكى منه عضو تداعى سائر الجسد بالحمى والسهر

Мӯъминон дар дустӣ, утуфат ва меҳрварзӣ ба ҳам монанди як пайкар ҳастанд, ва ҳангоме ки узверо дард фаро гирад дигар аъзои ҷасадро ҳам таб ва бедорӣ фаро мегирад.

   Ҳазрати Расул(с) дар ин ривоят ваҳдат ва иттиҳодро барои мусулмонон ба зеботарин шакл тарсим намуда аст ва ба онҳо меомӯзад, ки чи дидеро нисбат ба ваҳдати уммати исломӣ дошта бошанд.

   Ва дар бархе аз ривоёти набии Мукаррами Ислом(с) ҷиҳати манъ аз тафриқа ва дудастагӣ ва баёни аҳамият ва зарурати ваҳдати инсонҳоро ба галлаи гӯсфандон масал мезананд ва мефармоянд[2]:

إِنَّ الشَّيْطَانَ ذِئْبُ الْإِنْسَانِ كَذِئْبِ الْغَنَمِ يَأْخُذُ الشَّاةَ الْقَاصِيَةَ وَالنَّاحِيَةَ فَإِيَّاكُمْ وَالشِّعَابَ وَعَلَيْكُمْ بِالْجَمَاعَةِ وَالْعَامَّةِ والْمَسْجِدِ

Шайтон гурги инсонҳо аст, монанди гург барои гӯсфанд, ки гӯсфандонеро, ки аз галла дур мешаванд ё дар канор қарор мегиранд ё фирор мекунанд, мегирад. Аз ҷудоӣ ва фирқа-фирқа шудан бипарҳезед ва бар шумо бод, ки ҳамроҳи мардум ва ҷамоат ва масоҷид бошед.

   Ва дар бархе аз ривоёт ваҳдат ва иттиҳодро сабаби бақои зиндагӣ ва пешрафт муаррифӣ карда, чунонки мефармояд[3]:

لا تختلفوا، فإنّ من كان قبلكم اختلفوا فهلكوا "

Ихтилоф наварзед. Ҳамоно касоне, ки қабл аз шумо буданд ихтилоф варзиданд (онгоҳ) ҳалок ва нобуд гаштанд.

   Илова бар ин фармоишоти ҳазрати Расул(с) сираи амалии он ҳазрат ва таърихи гузаштаи мусулмонон худ гувоҳ бар аҳамият ва зарурати ҳифзи ваҳдати мусулмонон аст, чунон ки Паёмбар(с) дар аввалин рӯзҳои ташкили ҳукумати исломӣ дар Мадина баҳси ваҳдатро дар қолаби ухуввати динӣ матраҳ намуд ва мусулмононро бо ҳам бародар хонд. Ва таърих гувоҳ аст, ки чи дар даврони Паёмбар(с) ва чи дар давронҳои пас аз реҳлати эшон, дар ҳар куҷо мусулмонон иттиҳод ва ваҳдати худро ҳифз карданд, пирӯз шуданд аз қабили набардҳои Бадр, Хайбар, Аҳзоб, Ҳунайн, фатҳи Макка ва ҷангҳои бо муртаддини, Эрон, Рум ва ...

   Ва ҳар куҷо тарки ваҳдат карданд, ҳатто ба андозаи якчанд лаҳза, зарар ва таъми талхи онро чашидаанд, ҳамонгуна ки дар ҷанги Уҳуд чунин шуд ва солҳо баъд аз замони реҳлати ҳазрати Расул(с) императории исломӣ шикаст хурд ва кишварҳои исломӣ мавриди истеъмори ғарб қарор гирифтанд ва ҳатто имрӯз мусулмонон дар Фаластин, Афғонистон, Ироқ, ва дигар нуқоти дунё таъми талх ва зарари тафриқаро мечашанд.

   Аз ин рӯ калиди баргашт ба сарафрозӣ ва истиғно аз кишварҳои ғайри исломӣ баргашт ва амал кардан ба дастуроти китоб ва суннат аст, ки намунаи бориз ва атамм ва комили он дастуроти ҳифзи ваҳдат ва иттиҳод ва тарки тафриқа мебошад.

У Ганҷа

[1] . Бо каме тафовут: Фатҳ – ул – Бори, шарҳи Саҳеҳи Бухорӣ,10/439, ҷамъ байн – ул – саҳеҳайн – ул – Бухорӣ ва Муслим, 1/309,ҳ 806, Силсила –ул – Саҳеҳайн, 6/25, ҳ 2526, Мустадраки Сафина – ул – Баҳор, 1/73. Баҳор – ул – Анвор, 58/150 ва ...

[2] . Муснади Эмом Аҳмад ибни Ҳанбал, 5/243, ҳ 22160, Муҷозот – ул – Набавия, 1/347, Бағя – ул – Боҳис аз завоиди Муснад – ул – Ҳорис ибни Аби Усома, 2/635, ҳ 606, тафсири Қуръони Азим, 4/120 ва...

[3] . Ҷомиъ – ул – Саҳеҳ –ул – Мухтасар, 2/849, ҳ 2279, Мизон –ул –Ҳикма, 2/44, Муснади ибни Ҷаъд, 1/3, ҳ 464, Кашф – ул – мушкил аз ҳадиси Саҳеҳайн, 1/207, ва...

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить