Дар донишгоҳ ва донишкадаҳои тарбият ҷисмонӣ дар саросари дунё варзиш ба сурати илмӣ ва назарӣ тадрис мешавад ва мо имрӯз шоҳиди риштаҳои гуногуни варзишӣ ҳастем.

Бо таваҷҷӯҳ ба ниёз ва аҳамияти варзиш ва саломатии ҷисмии як мусулмон, ки дар Қуръон ва аҳодис ба он пардохтааст, табиист, ки мусулмонон низ бояд аз пешгомони саломатӣ ва тандурустӣ бошанд ва ин ҷойгоҳ бо варзиш ҳосил мешавад. Бадин манзур дар Ислом варзишҳои гуногун вуҷуд доштааст ва Паёмбари Аъзам(с) ба бархе аз ин риштаҳо ишора кардааст. Таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки Расули Худо(с) ба риштаҳои варзишие, ки дар замони он ҳазрат роиҷ ва мутадовил буда ишора кардааст. Талоши мо дар ин навиштор бар ин аст, ки варзишҳое, ки Паёмбар(с) ба онҳо ишора кардааст мисли шино, куштӣ, асбсаворӣ, вазнабардорӣ, куҳнавардӣ ва ғайраро барои алоқамандони варзиш баён кунем. Дар қисмати аввал ба муаррифии варзишҳои тирандозӣ, шино ва асбсаворӣ мепардозем.

Тирандозӣ

Бешак яке аз варзишҳое, ки мавриди таваҷҷӯҳи Паёмбари Ислом(с) буда тирандозӣ аст. Гарчи тирандозии имрӯз бо туфанг ҳам анҷом мешавад, вале пайк (пайкон) ва ғулак манзури он ҳазрат мебошад, Паёмбари Гиромӣ (с) мефармоянд:علیکم بالرمی فانه من خیر لعبکم[1]

Ба тирандозӣ рӯй оваред, зеро аз беҳтарин саргармиҳои шумост.

Ба назар мерасад тирандозӣ дар Ислом аҳамияти хоссе дошта ва дорад, ки Паёмбари Акрам(с) ба таълими он эҳтимом меварзид. Расули Худо(с) мефармояд:علموا بنیکم الرمی Тирандозиро ба фарзандони худ биёмӯзед.

Аҳамияти тирандозӣ дар ҳадде аст, ки Паёмбар(с) ҳозир нест, ки мусулмонон баъд аз ёд гирифтани ин варзиш онро ба роҳатӣ тарк кунанд ва дар ин маврид мефармояд:من علم الرمی ثم ترکه فلیس منا او قد عصی [2] Касе, ки тирандозиро фаро гирад ва сипас онро тарк кунад аз мо нест ё исёну саркашӣ кардааст.

Дар ин маврид ривоёти фаровоне вуҷуд дорад, ки мо аз нақли онҳо худдорӣ кардем.

Шино

Шино аз назари Ислом варзиши муфид ва фаолияти муҳим ба ҳисоб меояд ва мусулмононро ба фаро гирифтани он ташвиқ менамояд.

Расули Гиромӣ(с) мефармояд: خیر لهو المومن السباحه[3] Беҳтарин варзиш ва бозии мӯъмин шиност.

Паёмбари Акрам(с) дар ин ҳадис шиноро яке аз беҳтарин варзишҳо муаррифӣ кардааст ва дар ривояти дигар таъкид мекунад, ки онро ба фарзандони худ биёмӯзед. Ҳазрат(с) мефармоянд:علموا ابنائکم السباحه [4] Шиноро ба фарзандони худ биёмӯзед.

Аз ин ривоят фаҳмида мешавад, ки Паёмбар(с) варзиши шиноро аз маҳдудаи лаҳву лаиб (корҳои беҳуда ва беҳадаф) хориҷ кардааст, то бархе гумон накунанд, ки варзиш инсонро аз ёди Худо боз медорад.

Ҳазрат (с) мефармоянд: کل شیئ لیس من ذکر الله لهو و لعب الا ان یکون اربعه ملاعبه الرجل امراته و تادیب الرجل فرسه و مشی الرجل بین الغرضین و تعلیم الرجل السباحه[5]

Ҳар чизе, ки дар ҷиҳати ёди Худо набошад лаҳву лаиб аст, магар дар чаҳор маврид: бозӣ кардани мард бо ҳамсараш, тарбияти асб, роҳ рафтан (давидан ва пиёдаравӣ кардан) байни ду ҳадаф ва омӯзиши шино.

Асбсаворӣ

Ривояте аз Набии Акрам(с) бо ин мазмун ворид шудааст, ки Худованд хайру некиро дар асб қарор додааст.

Ҳазрат мефармоянд: الخیل مقعود فی نواصها الخیر الی یوم القیامه[6] То рӯзи қиёмат бар пешонии асбон хайру некӣ навишта ва баста шудааст.

Асбсаворӣ аз маҳбубтарин бозиҳо назди Худованд аст. Мутақии Ҳиндӣ ҳадисеро аз Паёмбар(с) нақл мекунад, ки Паёмбар(с) мефармоянд:

احب اللهو الی الله تعالی اجرائ الخیل و الرمی[7] Беҳтарин бозӣ назди Худованди мутаол асбсаворӣ ва тирандозист.

Метавон аз ин ривоёт ҷоиз будани баргузории мусобиқаро аз Расули Худо(с) истинбот кард. Дар ҳадиси дигаре аз он ҳазрат нақл шуда, ки ба таври возеҳ ва сареҳ шоҳиди ин аст, ки Паёмбар(с) мусобиқаи асбсаворӣ баргузор карда ва барои саворкорон ҷоиза додааст. Имом Боқир(а) мефармоянд: ان رسول الله سابق بین الخیل و اعطی السوابق من عنده [8] Расули Худо(с) мусобиқаи асбсаворӣ баргузор мекард ва ҷавоизро аз моли худ мепардохт.

Ба назар мерасад асбсаворӣ ва тирандозӣ дар Ислом аз аҳамияти болое бархурдоранд. Шояд дар он даврон асб яке аз беҳтарин василаҳо буда, ки инсон бо он сарукор дошт. Паёмбар (с) бино бар ҷойгоҳи асб дар ҷомеа тарбияти асбро аз маҳдудаи лаҳву лаиб хориҷ кардааст. Ҳазрат(с) мефармоянд: کل شیئ لیس من ذکر الله لهو و لعب الا ان یکون اربعه ملاعبه الرجل امراته و تادیب الرجل فرسه و مشی الرجل بین الغرضین و تعلیم الرجل السباحه[9]

Ҳар чизе ки дар ҷиҳати ёди Худо набошад лаҳву лаиб аст магар дар чаҳор маврид, бозӣ кардани мард бо ҳамсараш, тарбияти асб, роҳ рафтан (давидан ва пиёдаравӣ кардан) байни ду ҳадаф ва омӯзиши шино.

Барои ҳар мусулмоне шоиста аст, ки бо анҷоми ин риштаҳои варзишӣ дар қудрату саломати худ бикушад.

Дар шумораҳои баъдӣ ба баёни дигар риштаҳои варзишӣ мепардозем. Иншоаллоҳ.

[1] -Файзул қадир,(Алома Мановӣ) ,ҷ.2, с.274, ҳарфи айн

[2] .Фатҳул борӣ шарҳи Саҳеҳ Бухорӣ(Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ), ҷ,6, с.91, боби аттаҳрити рамй

[3] . Файзул қадир (Алома Мановӣ),ҷ.3, с.488, ҳарфи хоъ

[4] .Ҳамон, ҷ.4, с.327, ҳарфи айн

[5] .Канзул уммол(Мутақии Ҳиндӣ), ҳадиси 10862.

[6] .Умдатул Қорӣ, шарҳи Саҳеҳ Бухорӣ(Бадридин Айни), с.305, китоби чиҳод ва сайр

[7] .Канзул уммол, ҷ.4, с.344, ҳадиси 10812

[8].Шарҳи Саҳеҳ Муслим (Навави), ҷ.6, с.345, китобул имора, боби алмусобиқа байнал хайл.

[9] .Канзул Уммол, (Мутақии Ҳиндӣ), ҳадиси 10862.

Ҳақдоди Маърифат        

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить