Омурзиш дар ин моҳ

  Моҳи меҳмонии Худо, моҳи омурзиш ва поки аз гуноҳон аст. Бинобар ин имом Саҷҷод (а) дар видоъ бо ин моҳи муборак мефармоянд: "Дуруд бар ту эй ҳамсояе, ки дилҳо бар асари ибодат ва бандаги дар он нарм ва фурутан гардид ва гуноҳон бар асари омурзиш ва афви Худои Бузург дар он кам шуд. Дуруд бар ту! Чи бисёр гуноҳонро нобуд кардӣ ва чи бисёр бадиҳоро пушондӣ".

Меҳмони бе заҳмат

  Имом Саҷҷод дар қисмате аз дуои моҳи рамазон мефармояд: "Салом бар ту, ки ҳангоми видоъ мо эҳсоси хастаги накардем". Он ҳазрат дар қисмати дигаре аз ин дуо мефармояд: "Салом бар ту! Пеш аз онки биёйи, мо мунтазират будем ва акнун ҳам ки мехоҳи бирави, моро ғамгин кардаӣ. Салом бар ин меҳмони гаронқадре, ки ба баракати он Худованд бисёре аз балоҳоро аз мо бардошт ва хеле аз баракотро ба мо бахшид".

Видои ҷонсӯз

  Имом Саҷҷод (а) дар бахше аз дуои видои моҳи рамазон мефармоянд: "Акнун ин моҳ баъд аз онки бапоён расид, аз мо ҷудо шуд ва танҳоямон гузошт ва мо ин моҳро видоъ мекунем".[2] Видоъ бо ин моҳ видоъи сахте аст, ки аҳли рамазонро ғамгин мекунад. Аҳли маъно дар ин моҳ хайрашон бештар шуд ва касонеки гирифтори гуноҳ буданд дар ин моҳ гуноҳашон камтар шуд.

   Пас бо моҳе видоъ мекунем, ки рафтанаш барои мо сахт аст ва ғамгинамон мекунад. Моҳе, ки моҳи раҳмат Худованд буд ва ҳар лаҳзааш, хайре барои мо бавуҷуд меовард.

Худоё! Ин рамазонро, рамазони охири умри мо қарор мадеҳ.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 



[1] . Баҳор-ул-анвор, ҷ 98, саҳ 172.

[2] . Саҳифаи Саҷҷодия, дуои чиҳилу панҷум.

 

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить