1- Ваҳдат ва ягонагии уммат, дастоварди муҳимми нубуввати Расули Акрам(с):

  Дар хутбаи якуми китоби “Наҳҷ-ул-балоға”, ки хутбаҳо, номаҳо ва калимоти ҳикматомези ҳазрати Алӣ(к) дар он ҷамъоварӣ шудааст, яке аз дастовардҳои муҳимми нубуввати Паёмбар(с) эҷоди ваҳдат ва ягонагии уммати исломӣ шуморида шудааст. Дар ин хутба, имом Алӣ(к) ба баёни вазъи парокандаи мардуми он замон ишора карда мефармояд: »Қабл аз беъсати Паёмбар(с) мардум дар мазоҳиби гуногун буданд, ҳавоҳои парешон доштанд ва ҷамъиятҳои парокандае буданд. Дастае худро ба махлуқ ташбеҳ мекард, гурӯҳе мулҳиду бедин буданд ва ҷамъе маъбудҳои дигаре ғайр аз Худо доштанд. Аммо Худованди Мутаол ба баракати вуҷуди он ҳазрат, онҳоро аз гумроҳӣ бираҳонид ва аз нодонӣ наҷот бахшид. Мардуми замин ҳар даста ба оине гардан ниҳода буданд ва ҳар гурӯҳ аз паи хоҳише афтода ва дар хидмати оине истода ё Худоро монанди офаридагон дониста ё сифате, ки сазовори ӯ нест, ба ӯ баста ё ба буте пайваста ва аз Худо гусаста. Парвардигор онҳоро аз гумроҳӣ ба растгорӣ кашонд ва аз торикии нодонӣ раҳонд”.

  Гумроҳӣ ва нодонӣ аз иллатҳои тафриқа ва парокандагии мардум ва парастиши маъбудҳои мухталиф ва доштани мазоҳиби гуногун мебошанд, ки беъсати Паёмбар(с) ва раҳбарӣ ва рисолати он ҳазрат бо аз  байн бурдани ин мавонеъ, ваҳдат, улфат, тавҳид ва ягонагиро ба онҳо бозгардонд.

2- Ваҳдат омили иззат, шавкат ва қудрати умматҳо

   Ҳазрати Алӣ(к) бо баёни саргузашти умматҳои гузашта ва илали пешрафт ё нобудиашон мефармояд: »Иззату сарбаландӣ ва пешрафту тараққии ҳар уммат, дар ваҳдату ягонагӣ ва ҳамбастагии онҳост ва ваҳдату иттиҳод бузургтарин омили қудрату шавкати як ҷомеа аст. Дар муқобил зиллату сарафкандагӣ ва суқути ҳар уммат дар тафриқа ва парокандагии онҳо буда ва тафриқаву ҷудоӣ ва ихтилоф сабаби асосии заъфу нобудии он ҷомеа ва уммат мебошад«.

   Дар хутбаи 192, бо баёни саргузашти умматҳои гузашта мардумро ба ибрат гирифтан аз сарнавишти онҳо фаро хонда ва мусулмононро ба анҷоми корҳое, ки сабаби иззату шавкат ва қудраташон мешавад ташвиқ менамояд ва мефармояд:»Бингаред чӣ ҳоле доштанд, ҳангоме ки бо ҳам муттаҳид буданд, ҳадафу ормонашон як чиз, дилҳояшон ҳамоҳанг ва мувофиқ, дастҳо ва шамшерҳояшон дар як роҳ ва ҳадаф буд. Оё вақте ки чунин буданд, фармонравои ҷаҳон ва молики оламиён набуданд?!«

Ваҳдати давлату миллат

   Ҳазрати Алӣ(к) ваҳдати давлат ва миллатро яке аз авомили асосии устувор мондани дин ва пешрафти уммат медонад. Ҳазрати Алӣ(к) дар хутбаи 216 Наҳҷ-ул-балоға, рӯи ин нукта таъкид мекунад, ки мардум бояд аз ҳокими мӯъмин ва одил итоат кунанд, зеро нофармонии онҳо сабаби пайдоиши ихтилоф байни муслимин, фарогир шудани фасод, шикасти Ислом ва зарба хӯрдани дин мегардад.

  Пас аз он ки имом итоати волиро бар мардум лозим донист, ин матлабро тавзеҳ медиҳад, ки итоат аз ҳокими одил ва мусулмон барои ҳифзи ваҳдати муслимин ва тақвияту устувор сохтани Ислом ва наҷоти мазлумин аз чанголи ситамгарон аст; барои кӯбидани душман ва қатъи умеди ӯст то мусулмонон бо камоли сарбаландӣ дар масири азамат қадам бардоранд.           

4- Таъкиди имом Алӣ(к) бар ҳифзи равобити иҷтимоӣ

  Ҳар иҷтимое ниёз ба равобити байни афрод, хусусан робитаи байни аъзои тоифаи худро дорад ва ҳазрати Алӣ(к) ба ин нукта таваҷҷӯҳ намуда ва дар номаи 47 Наҳҷ-ул-балоға мефармояд: “Лозим аст равобити худро ҳифз кунед, дар роҳи Худо бахшиш намоед ва аз беэътиноӣ ва қатъи робита бо якдигар парҳез кунед”.

   Имом Алӣ(к) дар паи ҳифзи робита ба бахшиш ҳам таваҷҷӯҳ менамояд, ки худ василае аст барои ҳифзи иртибот байни мусулмонон дар ҷомеаи исломӣ. Алӣ(к) ваҳдат ва якпорчагии байни афроди ҷомеаро сабаби пешрафти маънавии ҷомеа медонад; “Шумо ва ҳамаи фарзандонам ва аҳли хонаводаам ва касонеро, ки номаи ман ба ӯ бирасад супориш мекунам ба тарс аз Худо ва назм дар умури зиндагӣ ва эҷоди сулҳу оштӣ бо якдигар...”[1] 

   Имом Алӣ(к) дар ин нома савоби ислоҳи байни ду нафарро болотар аз як сол намозу рӯза медонад. Ин ҳама савоб ба хотири ин аст, ки ихтилоф сабаб мешавад, ки афрод аз маънавият ақиб бимонанд. Бо бартараф шудани ихтилоф, ба маънавият бештар таваҷҷӯҳ шуда ва ибодатҳо авҷ мегиранд ва шахси ислоҳкунанда дар савоби онҳо саҳим аст.

Идома дорад ...

Акрамхон Зиёдулло

 

 



[1] . Номаи 47.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить