В) Ниёз ба бақо           

Ҳисси ҳамеша зинда мондан, яке аз майлҳо ва ниёзҳои муҳимми инсон аст. «Марг» яке аз хобҳои ваҳшатноке аст, ки ҳамеша таърихи башар, онро медида ва пешрафти илму технология низ натавонистааст роҳи ҳалле барои ин масъала пешниҳод кунад. Сабаби асосии тарс аз марг ин аст, ки ҳамаи инсонҳо «ҳубби бақо» ( ва ё худ ҳисси ҳамеша зинда мондан) доранд. Инсон аз тасаввури нобуд шудан ва нест гаштан, ба худ меларзад. Касоне, ки ҳақиқати вуҷуди одамиро фақат ҳамин бӯъди моддӣ (бадани инсон) медонанд ва мӯътақиданд, ки зиндагии инсон дар ҳамин ҳаёти дунявии ӯ хулоса мешавад ва пас аз марги инсон ва муталошӣ шудани бадани ӯ дигар ҳеч гуна ҳаёте боқӣ намемонад, аз ин ру маргро нест шудан мепиндоранд ва сахт аз он метарсанд, ва роҳи наҷотро дар ҷовидона сохтани зиндагии дунё мепиндоранд, ки он ҳам даст наёфтанӣ аст.

Дар ҳоле, ки дин ба ин майли фитрии инсон, беҳтарин посухро додааст ва ба инсон, оромиши хотир медиҳад, ки нестии ҳамешагӣ вуҷуд надорад ва марг, танҳо пуле аст, ки инсонҳоро ба олами бартар ва бузургтар мунтақил мекунад. Инсон барои охират офарида шудааст ва барои бақои дар  ин дунё офарида нашудааст;(5) балки бо марг аз ин саро ба сарои абадӣ, ки дар онҷо дигар марге нест, интиқол меёбад.

 Г)Ниёз ба фазилати ахлоқӣ

      Яке дигар аз ниёзҳои одамӣ, ниёзҳои ахлоқӣ монанди адолат, ростгӯӣ, вафои ба аҳд, адои амонат ва ғ. аст, ки макотиб (низомҳо)-и гуногуни ахлоқӣ, назариёти гуногун ва гоҳ зидди ҳам пешниҳод дадаанд, аммо дар андак замоне ҳамагӣ ба шикаст анҷомиданд ва башарият аз онҳо руй баргардонид. Аммо аз онҷо, ки тавсияҳо ва қонунҳои ахлоқии дин, вобаста ба воқеиятҳо ва ҳақиқатҳо буда ва бар фитрати илоҳии башар устувор аст, аз ин рӯ доимию ҳамешагӣ мебошад ва ҳамчун доруи шифобахше аст, ки рӯҳи башарро таскин мебахшад. Дин наҷоти инсонҳо ва ҷомеаҳои башариро дар садоқату ростӣ ва амонату вафодорӣ мебинад ва ҳалокату нобудии онро дар дурӯягию дурӯғгӯию хиёнат  медонад ва ба дигар масоили ахлоқӣ низ ба таври пурра пардохтааст.

    Д)Ниёз ба лаззат ва ризоят

Аз ҷумла майл-ҳое, ки дар вуҷуди инсон қарор дода шуда ва инсон, худ ба худ ба он таваҷҷӯҳ мекунад, гароиши фитрии ӯ ба лаззат ва роҳат- талабӣ аст; яъне сохтмони рӯҳу равони инсон ба гӯнае офарида шуда аст, ки қодир нест аз лаззат гурезон буда ба ҷои он, толиби ранҷу машаққат бошад. Аз ин ру Қуръони Карим низ на танҳо вуҷуди чунин гароишро инкор ва ё маҳкум намекунад, балки як силсила аз таълимоти худро бар асоси ин майли табиӣ поягузорӣ  кардааст. Қуръон ба инсонҳо ваъда медиҳад, ки агар дар роҳи Илоҳӣ қадам бардоранд, ба лаззат ва саодати абадӣ ва ҷовидон мерасанд ва онҳоро таҳдид мекунад, ки агар аз ин роҳ мунҳариф шаванд, гирифтори азобҳо, ранҷҳо ва бадбахтиҳо мегарданд.(6)

Бинобар ин Қуръон лаззатталабиро ба расмият мешиносад, вале ҳеҷгоҳ онро ба шакли афсоргусехта, раҳо намесозад. Ба таъбири дигар, аз назари Қуръон, саодати инсон дар ин аст, ки лаззати тулонитар, бодавом ва амиқтарро интихоб кунад ва гоҳе инсон дар шинохтани ин масъала дучори хатогӣ мешавад ва гумон мнкунад, ки лаззатҳои моддӣ ва дунявӣ аст, ки чунин хусусияте доранд. Аз инрӯ Қуръон тазаккур медиҳад, ки:

«Балки зиндагии дунёро бар мегузинанд дар ҳоле, ки зиндагии охират, беҳтар ва бодавамтар аст».(7)

  Е) Ниёзҳои табиӣ ва ғаризӣ

Ниёзҳои табиӣ ва ғаризии инсон аз қабили хӯрок ва пӯшок ва ғ. низ шинохташудаанд.

Оятҳои Қуръон бо таъбирҳо ва баёноти мухталиф ба ин масъала ишора карда ва ҳадду марзи хӯрдан ва ошомиданро ин гуна баён мефармояд, ки:

«Андозаро дар хурдан ва нӯшидан риоят кунед ва исроф накунед».(8)

Ва агар бархе хӯрданиҳо ва нӯшиданиҳо мамнӯъ аст, ба ин ҷиҳат аст, ки бо камолу мақоми рӯҳи инсон зиддият доранд. Дар натиҷа, хӯрданиҳо ва ошомиданиҳо мамнӯъ шудаанд, то зиёни ҷисмӣ ё руҳӣ ё ақлӣ барои инсон ё фасоде барои ҷомеаи инсонӣ ва ё зарари маънавӣ ва ухравӣ ба дунбол надошта бошанд. Ҳамчунин аст масъалаи либосу маскани инсон, ки Қуръон ба он ишора фармудааст; барои инсон он андоза аз либос ва маскан, ки  ниёзашро бартараф созад мубоҳ ва ҷоиз аст, вале агар бихоҳанд буте барои инсон шаванд, ба гунае, ки дилбастагӣ ба ин чизҳо, инсонро аз дигар камолот боз дорад, дар ин сурат, мамнӯъ ва мазмум аст. Ҳамчунин аст гароиш ва ниёз ба мошин, гароиш ва ниёз ба издивоҷ ва бароварда кардани ғаризаи ҷинсӣ, гироиш ва майл ба зинат ва ҷамол, ниёз ба мол ва фарзанд, ниёзҳои отифӣ ва эҳсосӣ аз қабили унсу улфат, муҳабат ва дӯстӣ ва ғ. ки ҳамаи инҳо аз тарафи дин ба расмият шинохта шудааст; бо ин шарт ки дар ҳамаи ин умур, ҷиҳатгириҳо Илоҳӣ ва маънавӣ бошанд ва аз ифроту тафрит, ки бо камоли рӯҳи инсон мунофот дорад ва ба такомули башар зарар мезанад, иҷтиноб намояд.

пайнавиштҳо:

  1. Наҳҷ-ул-балоға, номаи 31.
  2. Сураи Зухруф, ояти 71; Сураи Муҳаммад(с),ояти 15; Сураи Саҷда, ояти 16-17; Сураи Ҳуд, ояти105-106-108.
  3. Сураи Аъло, ояти 16-17.
  4. Сураи Аъроф, ояти 31.

 

 

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить