Суръат ва тез будани забон дар истиғфор ва талаби бахшиш тавбаи дурӯғгӯён аст, ки худи ин (тавба) тавба (кардан) мехоҳад. Он мард пурсид: Пас ҳақиқати тавба чигуна аст? Ҳазрати Алӣ(к) фармуданд: Тавба исме аст, ки шаш шоха (шароит) дорад:

1-     Пушаймонӣ аз гуноҳони гузашта.

2-      Амал ба фароизи гузашта (қазоҳо(.

3-       Баргардондани ҳаққи мардум.

4-     Об кардани гӯштҳои бадан дар роҳи пайравӣ аз Худованд (чунонки бо гуноҳ омадааст(.

5-     Чашидани сахтии итоат ба ҷону тан (чунонки ширинии гуноҳро мечашид).

6-       Гиря дар баробари ҳамаи хандаҳое, ки кардааст[1].

Таҳияи Саидбурҳони Акбар

[1] . Тафсири Руҳ-ул-Баён, ҷ.8 с.31.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить