Албатта як даста аз эҳтиёҷҳое ҳаст, ки наметавонем онҳоро надошта бошем. Монанди ғизо, либос ва дигар чизҳое, ки дар зиндагии мо лозим ва зарурӣ мебошад. Аммо як даста аз чизҳое ҳаст, ки башар аз худаш ба вуҷуд овардааст, на ин ки аз аввал дар зиндагии ӯ лозим ва зарурӣ бошад. Дар чунин ҳолате инсон ба он хосиятҳое, ки худаш дар нафсаш ба вуҷуд оварда буд, озодиашро аз худаш хоҳад гирифт. Монанди баъзе аз инсонҳо, ки худашонро ба чизҳое одат додаанд, ки ҳеҷ фоидае барояшон надорад. Мисли кашидани сигор, хӯрдани зиёд, хобидан дар ҷои нарм, сухан гуфтани зиёд ва ғайра. Инсон ҳар чи бештар ба ин ашёи дунёӣ ва ғайри зарурӣ худашро одат диҳад, бештар вобаста ва асири онҳо мешавад ва дигар наметавонад аз онҳо ҷудо зиндагӣ кунад. Пас дар натиҷа озодии камтаре хоҳад дошт. Аммо инсонҳое ҳастанд, бо ин ки лаззатҳои дунёиро бар худашон ҳаром накардаанд, мехоҳанд ба таври сода зиндагӣ кунанд то вобаста ва асири он чизҳое, ки ҳеҷ зарурате дар зиндагиашон надорад, нашаванд. Мехоҳанд дар дунё сабукбор ва сабукбол ҳаракат кунанд. Ба қавли шоир:

 Дар шатти ҳодисот бурун ой аз либос,

К-аввалбараҳнагист, ки шарти шиновар аст.

Касе, ки мехоҳад дар дарёи ҷомеа ва ҳалли мушкилоти он дохил шавад, аввал бояд бараҳна шавад. Яъне худашро аз он худхоҳиҳои зиёд холӣ кунад то дар ин дарёи пурталотуми ҷомеа ғарқ нашавад. Ба ҳамин хотир мебинем паёмбарони илоҳӣ ва раҳбарони ҷомеаи башарият ҳамеша сода зиндагӣ мекарданд. Зеро зиндагии пур аз дороӣ ва вобаста шудан дар он, бо раҳбарии сабукболона созгорӣ надорад. Аввалин чизе, ки дар таърихи зиндагии Паёмбари Ислом(с) мехонем ин аст, ки он ҳазрат дар зиндагиаш харҷи камтар доштанд ва ҳеҷ гуна сарвате ҷамъ намекарданд. Паёмбарони дигар(а) ҳам чунин будаанд. Ҳазрати  Алӣ(к) дар васфи ҳазрати Исо(а) мефармоянд:

[1] "دابَّتُهُ رِجالهُ وَ سِراجُهُ بِاللَّیل القَمَر"

" Маркабаш  пойҳояш буд ва шабонгоҳ чароғаш моҳ буд".

Раҳбари Ҳиндустон Гандӣ ҳам, ки мехоҳад ҷомеаи худашро аз чанголи истеъморгарон наҷот диҳад, комилан зоҳидона зиндагӣ мекунад ва ба миллаташ ҳам мегӯяд: Агар мехоҳед аз юғи истеъморгарон озод шавед, бояд дар марҳалаи аввал аз қайдҳои (вобастагиҳои) худатон озод шавед ва содазистиро пеша кунед.

4) Дарки лаззатҳои маънавӣ

Иллати дигари зоҳид будан ин аст, ки агар инсон дар лаззатҳои дунёӣ (ҳатто лаззатҳои ҳалол) ғарқ шавад, дар ҳамин дунё аз лаззатҳои маънавӣ маҳрум хоҳад шуд. Барои касоне монанди сабркунандагон, ростгӯён ва тавбакунандагон дар субҳгоҳон, намози шаб як лаззат ва шириние дорад, ки ҳеҷ вақт ва ҳатто барои як лаҳза  ҳам одами айёш он лаззати маънавиро дарк намекунад.

Барои мисол, агар мо аз аввали шаб даври ҳам биншинем ва ниме аз шабро бо гуфтан ва хандидан ва хӯрдан (агарчи ҳамаи инҳо аз роҳи ҳалол бошад) бигузаронем, оё тавфиқе пайдо мекунем, ки ду соат монда ба тулӯи офтоб бедор шавем то ин ки аз умқи рӯҳ ба ниёиши Худованд бипардозем? Ҷавоб равшан аст, ки дар чунин ҳолате ҳаргиз наметавонем Худовандро аз умқи рӯҳамон бипарастем.

Пас агар инсон бихоҳад лаззатҳои маънавӣ ва илоҳиро дарк кунад, бояд лаззатҳои дунёиро (ҳатто аз роҳи ҳалол бошад) камтар истифода кунад. Зеро касоне, ки ин гуна тавфиқи дарки лаззатҳои маънавӣ ва илоҳӣ доштанд, ҳаргиз ба лаззатҳои дунёие, ки мо ба онҳо дил бастаем таваҷҷӯҳе намекарданд. Ба таъбири Абӯалӣ Сино риёзат ва зӯҳди як ориф иборат аст аз варзиш додан ва омода кардани қувваи ваҳм, хаёл ва ҳис. Барои ин ки вақте инсон мехоҳад оинаи рӯҳи худро дар баробари малакути аъло бингарад, бояд онҳо (яъне ҳамон қувваи ваҳм, хаёл ва ҳис) дар муқобили рӯҳи инсон ба сурати монеъ ва парда набошад, дар натиҷа оинаи рӯҳи инсон метавонад рӯ ба тарафи Худо биистад то сифатҳои илоҳӣ дар ӯ намоён шавад.

Акнун бояд пурсид, ки оё зоҳид будан бо ин ҳадафҳо ва хусусиятҳое, ки аён шуд як зӯҳди мурда ва бефоида ба назар мерасад ё зинда?

Он касе, ки зуҳд меварзад ба хотири ин аст, ки мехоҳад аз худгузаштагӣ ва фидокорӣ намояд то битавонад бо бечорагон ва бенавоён ҳамдардии худро баён кунад. Инсони зоҳид мехоҳад дар ҷомеа сабукбор ва озод буда ва озодона бо худои худаш ба розу ниёз бархезад. Оё чунин зӯҳдро метавон як зӯҳди мурда ба ҳисоб овард? Дар ҳақиқат ин гуна зӯҳд сабаби ҳаёт ва зиндагии башар хоҳад шуд.

Зӯҳди Алӣ ибни Абӯтолиб(к) ва дигар пешвоёни уммат ҳам бар ҳамин асос будааст. Ҳазрати Алӣ(к) дар айни зоҳид будан раҳбари ҷомеаи худ ҳам буд. Пас ин зоҳидҳоеро, ки мо мебинем асоси зӯҳдашон бар ин аст, ки бо касе сухан нагӯянд ё бо касе коре надошта бошанд, зӯҳдашон як зӯҳди мурда ва бефоида мебошад ва зӯҳди исломӣ нест ва Ислом аз чунин зӯҳдҳо ва зоҳидҳо безор аст.

 

Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ

 



[1] . Наҳҷ-ул-балоға, хутбаи 160.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить